Нимаи дувуми моҳи апрели соли 2022 Фестивал-консерти мактабҳои бачагонаи мусиқӣ (санъат)-и пойтахт, таҳти унвони «Шаҳри зебои ман – Душанбе» дар толори консертии мактаби бачагонаи мусиқии №1 ба номи П.И. Чайковский баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо иқдоми Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, хонандагони 5 мактаби бачагонаи мусиқӣ (санъат)-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Фестивал ба рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе бахшида шуда буд.
Консертро дастаи хонандагони мактаби ба номи Муҳиддин Аминзода бо суруди дар васфи «Душанбе», мусиқии Ҷӯрахон Обидпур ва шеъри Сайдалӣ Маъмур ҳусни оғоз бахшид. Ҳарчанд, суруд хеле хуб сабт шуда буд ва хорсароён ба он сабти овоз ҳамроҳ сароиданд, вале иҷрои он барои шунаванда то андозае таъсирбахш набуд. Суруд тариқи фонограмма иҷро гардид. Мебоист хори бачагона ин сурудро зинда иҷро намояд.
Номераи навбатиро хонандаи ҳамин мактаб Каримов Зубер – барандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», суруди композитор А. Затсепин бар шеъри А. Ҳоҷикасимов дар васфи «Душанбе»-ро тариқи фонограмма иҷро кард. Каримов З. овози форам дорад, вале сурудро дар шакли фонограмма иҷро карданаш як андоза таъсирбахш набуд. Мебоист ин суруд зинда иҷро шавад.
«Экспромт» ном пиесаи композитор Ференс Шубертро аз ҳамин мактаби мусиқӣ, барандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Нуруллоева Румия дар роял бо техникаи расо ва эҳсосоти баланд иҷро намуд. Ӯ ҳама нозукиҳои пиесаи иҷрокардаашро риоя намуда, санъати хуби пианинонавозии сатҳи мактабхониро баръало ба ҷо овард.
Гурӯҳи хонандагони дойранавоз ва таблакнавози мактаби мусиқии ба номи П.И. Чайковский «Навбаҳор» ном оҳанги (?) С. Фозиловро (чунин эълон шуд) иҷро намуданд. Ин номераро нашояд «оҳанг» номид. Дуруст мебуд, агар онро «зарбу усулҳои тоҷикӣ» эълон мекарданд. Қобил ба зикр аст, ки шогирдони мактаби мазкур дар баромадашон якчанд усулҳои дар ин созҳо мувофиқро иҷро намуданд, вале навозиши онон як андоза якранг буд, таъсирбахш набуд.
Хонандаи мактаби мусиқии ба номи П.И. Чайковский Шоҳмирзоев Абдулло «Валс»-и композитор Тофиқ Кулиевро дар рубоб бо ҷӯршавии роял (консертмейстер Ф. Шарипова) ба самъи шунаванда расонид. Ин шогирд техникаи хуби навозандагӣ надошт. Аз ин сабаб «резаш» дар рубоб дағал садо дод, тобишҳои оҳанг («нюансировка») хуб риоя нашуданд. Чунин навозиш ба шунаванда ҳаловат бахшида натавонист.
Дастаи хорсароёни мактаби мазкур «Ватан» ном суруди композитор Шарофиддин Сайфиддиновро бар шеъри У. Хол хеле тоза, бо ҳиссиёти баланд зинда сароиданд. Суруд хеле таъсирбахшу эҳсоснок садо дод. Роҳбари даста Н. Бобокалонова, консертмейстер Л. Шамилова буданд.
Шогирдони мактаби бачагонаи мусиқии ба номи П.И. Чайковский Парпиева Фарангис ва Шарипова Милана «Карлсон» ном пиесаи Ю. Веснякро дар ду роял бо техникаи хуб, садои дилнавоз ва шавқи баланд иҷро намуданд. Онҳо хусусияти хушоҳангии пиеса, иборабандию тобишҳои динамикиро хуб риоя намуданд.
Пиесаи «Сӯзи ишқ»-и композитор Фритс Крейслерро хонандаи мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи А. Ленский Давлатмамадова Тамила дар скрипка бо ҷӯршавии роял (консертмейстер А. Турсунова) тоза ва бо ҳиссиёт, садои дилнавоз ва шавқовар иҷро кард.
Номераи навбатиро аз ҳамин мактаб бо номи «Савсан», мусиқии Қурбони Қурбониён Аҳмадзода Мавлуда дар дутор бо ҷӯршавии роял (консертмейстер А. Турсунова) ба самъи шунаванда расонд. Навозиши ин шогирд якранг, дилнишин набуд. Тобишҳои динамикии пиеса якандоза риоя нашуданд. Навозиши ин шогирд таъсирбахшӣ надошт.
Дастаи рубобнавозони мактаби бачагонаи мусиқии ба номи А. Ленинский суруди «Ранҷида нигорам омад» (бе матн), мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ (роҳбар Рауф Бобоев) ба самъи шунаванда пешкаш карда шуд. Мутаасифона, иҷрои варианти созии ин наво дар шакли навозиш якранг буд. Ба шунаванда ҳаловат набахшид.
Ансамбли эстрадӣ (ҳайат: ду роял, ду скрипка ва флейта)-и мактаби бачагонаи мусиқии №6 ба номи Ш. Соҳибов «Рог» ном пиесаи композитор Градескийро пешкаши шунаванда гардонид. Даста пиесаро дар зарбу усули «ҷаз» бурро бо эҳсос иҷро намуд. Навозандагон ритми пиесаро хуб риоя намуда, хусусияти хушобурангии онро хуб тасвир карда тавонистанд.
Хонандаи ҳамин мактаб Қаҳҳорова Малика «Дилоро» ном пиесаи Ҷ. Обидпурро дар такмили А. Мусоев, ки барои рубоб ва фортепиано навишта шудааст, дар флейта бо ҷӯршавии роял (дар роял Т. Одинаева). Дар тафсир («интерпретатсия»)-и пиеса таъсирбахшӣ эҳсос нашуд. Илова бар ин, консертмейстер баланд навохт ва якканавоз хуб шунида нашуд.
«Ҷаз-Валс» ном пиесаи композитор М. Шмитсро хонандаи мактаби бачагонаи мусиқии №5 ба номи А. Шукуҳӣ Нурматова Озода дар роял хеле таъсирбахш навохт. У пиесаро бо техникаи расо, садои мулоиму дилнавоз иҷро намуд. Ибораҳои мусиқиро хуб ҳис карда, хусусияти пиесаро дуруст ифода карда тавонист.
Шогирди дигари мактаби мазкур, гитаранавоз, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Бобоев Иброҳим «Кашмир» ном пиесаро аз репертуари гурӯҳи «Лед зеплинг» бо маҳорати хеле баланд ва таъсирбахш навохт. Бояд зикр кард, ки Иброҳим нозукиҳои маҳорати гитаранавозиро бисёр аъло аз худ карда, пиесаро бо ҳиссиёти баланд иҷро намуд. Ӯ аз навозиши худ таъсироти фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.
Фестивалро ансамбли скрипканавозони мактаби бачагонаи мусиқии №5 ба номи А. Шукӯҳӣ хотима бахшид. Даста (ҳайат: 4 скрипка, сози зарбӣ ва роял) «Сюитаи шарқӣ»-и композиторон А. Бородин ва Э. Энгинро дар такмили Д. Тукаев бо ритми бурро, ҳиссиёти баланд, якҷоянавозии хуб иҷро намуданд. Даста ҳангоми иҷрои пиеса зарбу усули онро хуб риоя намуда, хусусияти тафсири хушоҳангии асарро дуруст дарк намуда, онро бо кайфият ва обуранги хоса иҷро намуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки аксарияти номераҳои дар фестивал иҷрошуда ба ин чорабинӣ дуруст интихоб шудаанд, ки бо иҷрояшон табъи шунавандаро болида сохтанд. Ва мо низ то андозае сатҳи таълимро дар ин муассисаҳои давлатӣ тавонистем муайян созем.
Аллалхусус, номераҳои дар консерт иҷронамудаи Нуруллоева Румия - «Экспромт», дастаи хорсароён – «Ватан», Парпиева Фарангис ва Шарипова Милана – «Карлсон», Давлатмамадова Тамила – «Сӯзи ишқ», ансамбли эстрадӣ – «Рог», Нурматова Озода – «Ҷаз-Валс», Бобоев Иброҳим - «Кашмир» ва ғ. бисёр бо бадеияти баланду таъсирбахш иҷро гардиданд. Чунонки зикр шуд, дар барномаи консерт номераҳое буданд, ки сатҳи консертро як андоза коҳиш доданд.
Чанд мулоҳиза оид ба фестивал-консерти имсола:
- барномаи фестивалро мебоист роҳбари бадеӣ саришта мекард. Боиси таассуф аст, ки чунин як чорабинии сатҳи ҳукумати шаҳр роҳбари бадеӣ надошт;
- эҳтимол яке аз сабабҳои нодурусти барномарезӣ, набудани роҳбари бадеии фестивал буд. Яъне барномарезӣ (бо риояи болоравӣ) дар консерт ба назар нарасид;
- дар барномаи фестивал-консерт номераҳое ҷой доштанд, ки сатҳи консертро як андоза паст бурданд;
- барои дар озмунҳо, фестивалҳо, консертҳо иштирок варзидан ва пиесаи менавохтаатро дар сатҳи лозимӣ иҷро намудан, истеъдоди баланди техникаи навозиш зарур аст. Чунин таҳкурсӣ аз мактаб ибтидо мегирад;
- аз 5 мактаби бачагонаи мусиқии пойтахт, аз созҳои нафасӣ (кларнет, труба, тромбон, валторна, гобой ва ғ.) танҳо як нафар – флейтанавоз баромад кард;
- аз гурӯҳи созҳои миллӣ (най, чанг, қонун, рубоби бадахшонӣ, дутори бас, ғижак, ғижаки алт ва ғ.) навозандагони сози рубоби қошғарӣ ва дутор ширкат варзиданд.
- ба андешаи мо, чунин фестивал ҳар сол дар рӯзи пойтахт ё ҳеҷ набошад, дар 2-3 сол як маротиба бояд ҳатман гузаронида шавад.
- ҳама номераҳои барномаи Фестивал бояд зинда иҷро карда шаванд.
Ҷӯрахон ОБИДПУР,
профессор,
Нигина ОБИДОВА
дотсент,