ЗАМЗАМАИ ВАҲДАТ

Хештанро кушта- кушта то ба Ваҳдат омадем,

Аз ғазаб озод гашта сӯи раҳмат омадем,

То наҷоти миллати кишвар насиби мо бишуд,

Гирди хони неъмати пуршони давлат омадем.

 

Ҳамватанхо шодии Вахдат муборак ҷовидон

Тоҷикистон гашта чун гулбоғ дар рӯи ҷаҳон

 

Эй Ватан, ҳастӣ кунун ту файзбору навбаҳор,

Накҳати Ваҳдат бипошад бар сари халқи диёр,

Ҳар чӣ буд аз нобасомонӣ гузашт, шукурона кун,

То бигардад Тоҷикистон боз ҳам овозадор.

 

Ҳамватанҳо Тоҷикистонро чамансимо кунем,

Бо ҷадал бо меҳри худ гаҳвораи дунё кунем.

 

Имрӯз   ҳамаи мо шукургузорем, ки мардуми диёрамон осудаву оромона думболи кору зиндагии хешанд, аммо биёед нигарем лаҳзаи на он қадар дур. Ҳамагӣ андаке бештар аз 23-25 сол дар чи гуна рӯзҳои даҳшатбор мезистем. Инсонҳо чун барги хазон рӯи хок мерехтанд ва дардовараш он буд, ки ағлаби онҳо ҷавононе буданд, ки тавре мегӯянд, аз сад гули онҳо якеаш нашукуфта буд. Кӯҳро зананд талқон мешуд, аммо аз тири бародар фано гаштанд. Фазо тираву дилҳо пурхун буданд. Бародар дар қасди ҷони бародар буд.

Чунон чи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд:

    «Ҳар касе ки ниҳоле сабзонида бошад медонад, ки дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва Ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзидаамонро чашидем. Ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».  

Воқеан ҳам Ваҳдат ин беҳтарин неъмат барои ҳар миллату давлат аст. Имрӯз мардуми мо дунболи ободию созандагиҳост, хотири шукуҳу шаҳомати фардои рангини диёрамон заминаҳо ва пояҳои воқеӣ мегузорад. Мардуми соҳибтаъриху соҳибтамаддуни мо бо заҳмату талошҳои хеш ба рӯзи нек, ба сулҳу салоҳ, ба хомӯш кардани даҳшатноктарин ҷанг-ҷанги бародаркушӣ расид.

Дар хақиқат ҳам ҳаминтавр буд, ба ин рӯзи накӯ расидан сангин буд. Вақте 27 июни соли 1997 Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти  иттиҳодияи мухолифини тоҷик созишномаро дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд ва маҳз бо вазидани боди форами ҳамин созишнома дар пайкари мардуми тоҷик хун дамиду дар дилҳо сурур ва дар дидаҳо  нуру рӯшноӣ.

Хушбахтона, воқеае, ки дар таърихи миллати куҳанбунёдамон рӯйи кор омад, миллати моро дигарбора зинда гардонид, ба он нерӯи  беҳамтоеро тақдим кард, то да роҳи созандагиҳо бунёдкориҳо пеш равад. Мардуми тоҷик созишномаи умумӣ ва дурнамои онро дар мавриди истиқрори воқеии сулҳ ва ризояти миллӣ самимона ва бо хушнудӣ пазируфт, зеро сулҳу салоҳ ин оромию ободии мамлакат, рушду нумуи он аст.

 

Шоире фармудааст:

 

Ҳар чӣ дар олам харобӣ ру диҳад,

Чун бубинӣ аз нифоқ аст, аз нифоқ

В-он чӣ таъмири харобиҳо кунад

Дар ҳақиқат иттифоқ аст, иттифоқ.

 

Ходими калони илмӣ

Гулнора Саидшозода  

барчасп: