27-уми сентябри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили илмӣ таҳти унвони “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров-омили ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил ходимони илмии муассиса моҳияту муҳтаво ва арзиши илмию таърихии китоби “Тоҷикон”-ро баррасӣ намуданд.
Маҳфили илмиро директори ПИТФИ, номзади илми филология Абдуфаттоҳ Аминов ифтитоҳ намуда, дар ин зимн қайд намуд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат, огоҳии комил аз таърихи куҳану пурғановати тоҷикон, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватану ватандорӣ, ҳифзу муаррифии тамаддуни ниёгони хеш китоби аллома Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” бо сифати баланд ва теъдоди зиёд нашр шуда, дастраси ҳар хонадони кишвар гардонида шуд.
А.Аминов дар идомаи суханрониаш моҳияту муҳтавои китоб мазкурро мухтасар муаррифӣ карда, хотиррасон намуд, ки шароити ногувори муосир ҷомеаи ҷаҳониро ба буҳрону зиддиятҳо гирифтор кардааст ва маҳз дар ин айём омӯзишу шиносонидани таъриху фарҳанги гузашта барои мардуми тоҷик аҳамияти дучандро касб намудааст. Имрӯз асари мазкур бояд китоби рӯимизии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ қарор гирад, зеро дар он бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ сокинони бумии ин сарзамин будани тоҷикон ва нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башар собит шудааст.
Сипас, доктори илми филология, профессор Мурод Муродӣ дар оғози суханронӣ аз таърих ва омилҳои пайдоиши худшиносии миллии тоҷикон ёдовар шуд. Дар ин замина мавсуф таъкид намуд, ки китоби академик Бобоҷон Ғафуров -“Тоҷикон” дар садаи гузашта ҳамчун китоби “Намунаи адабиёти халқи тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштани асолати миллии халқи тоҷик ва шиносонидани тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Китобҳои зикршуда як навъ шаҳодатномаи миллати тоҷик дониста шуда, дар роҳи худогоҳии тоҷикон таҳаввулоти ҷиддӣ ворид намудаанд.
Ба вижа, Бобоҷон Ғафуров тавассути китоби “Тоҷикон” тавонист, ки бо далелҳои илмию раднопазир ва бо истифода аз маъхазҳои муътамади таърихӣпайдоиши миллат, нақшу манзаллати тоҷиконро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз давраҳои қадим то ба замони имрӯз исбот намояд. “Тоҷикон” боис гардид, ки мо худро, гузаштаи пурифтихори худро бишносем ва он дар роҳи баланд бардоштани ҳувияти миллӣ заминаи амиқро фароҳам овард.
Профессор М.Муродӣ қайд намуд, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров асари пурарзиши таърихию илмӣ буда, дар он таҳлилу таҳқиқ бартарият дорад, ки даркаш барои омм душвортар аст. Аз ин лиҳоз мавсуф пешниҳод кард, ки дар оянда барои боз ҳам осон намудани дарку маърифати хонанда аз муҳтавои ин китоб аз ҷониби муаррихони пуртаҷриба тафсири “Тоҷикон” ба роҳ монда шавад.
Дар қисмати мубодилаи афкор профессорҳо Қ.Хоҷаев, Ҷ.Обидпур, номзадҳои илми филология Д.Раҳимӣ, М. Ҷурғосиев. ва дигарон суханони нотиқонро тақвият бахшида, фикру мулоҳизаҳояшонро нисбат ба китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров ва аҳамияти илмию таърихии он иброз доштанд.
Маҳфили илмиро директори муассиса А.Аминов ҳусни хотима бахшида, чорабинии мазкурро дар шинохт ва арзёбии умумии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров иқдоми аввал ҳисобид ва ҳамзамон иброз дошт дар маҳфилҳои минбаъда, ки ҳар моҳ гузаронида мешаванд, бахшҳои алоҳидаи он мавриди муҳокимаи амиқу муфассал қарор хоҳанд гирифт.
Ходими калони илмӣ
Ғафуров Ҷамшед