Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг

Тибқи талаботи мавзӯи илмии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол барои солҳои 2021-2025», ки бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот амалӣ мегардад, гурӯҳи ходимони илмии пажӯҳишгоҳ вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалингро мавриди омӯзиш қарор доданд. 

Ҳоло дар бахши фарҳанги ноҳия 34 адад муассисаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла 1 қасри фарҳанг, 1 клуби сайёр, 6 клуби деҳот, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 2 осорхонаи шахсӣ, 1 осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳриявии ба номи Восеъ, 1 мактаби санъати бачагонаи ба номи Ф. Тешаев, 1 мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 2 амфитеатр ва 17 китобхонаи оммавӣ ба аҳолии ноҳия хизмати фарҳангӣ мерасонанд. Дар ҳудуди ноҳия 66 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Шумораи умумии кормандони соҳаи фарҳанг дар ноҳия 124 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 47 нафар корманди техникӣ мебошад. Аз 77 нафар корманди асосӣ, 9 нафар бо маълумоти олии соҳавӣ, 13 нафар бо маълумоти олии ғайрисоҳавӣ, 28 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ, 15 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ ва 12 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кору фаъолият мекунанд. 

Омӯзиш ва таҳлили маводи марбут ба фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияи Ховалинг нишон дод, ки кулли муассисаҳои фарҳангии ноҳия тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, дар ташкил ва баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ ва ҷашнвораҳои миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Таҳлил нишон дод, ки дар даврони истиқлол бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда дар ноҳияи Ховалинг ба бунёдкориву ободонии муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия заминаи моддию техникии бештари муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ сол то сол тақвият ёфта, дар қаламрави ноҳия муассисаҳои нави фарҳангӣ бунёду азнавсозӣ шудаанд. Масалан, соли 2006 мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шуд ва ин мамнуъгоҳ бо қарори раиси ноҳия ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронида шуд ва имрӯз ба яке аз мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатии на танҳо сокинони ноҳия, балки барои тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва берун аз он табдил ёфтааст. Соли 2012 дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии деҳаи Садбарг китобхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Соли 2013 клуби деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнов бо саҳмгузории корхонаи «Тилои тоҷик» бо маблағи 7800 сомонӣ таъмир карда шудааст. Соли 2014 дар ҷамоати деҳоти Сари-осиёби деҳаи Зардакӣ аз тарафи соҳибкор С. Эмомов китобхонаи нави замонавӣ бо маблағи 35000 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст ва ҳамин тавр ободкориву созандагӣ дар солҳои минбаъдаи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи фарҳанг рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Соли 2021 бинои Китобхонаи марказии ноҳия бо кӯмаки соҳибкор Зафар Сафаров бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст. Соли 2022 мактаби бачагонаи санъати ба номи Фатҳиддин Тешаеви ноҳия бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов (беш аз 1,5 миллион сомонӣ) ба бинои наву замонавӣ таъмин гардид, ки дорои шароити хуби корӣ буда, барои роҳандозии раванди таълим тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар маркази ноҳия Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ дар ду ошёна ва дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳия Амфитеатри замонавӣ бо 2000 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои оммавӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зина ба зина таъминоти соҳа бо мутахассисон беҳтар гардида, музди маоши кормандон зиёд шуд ва талаботи мардум нисбат ба ин соҳа афзуд. Имрӯз 20 нафар ҷавонон пас аз хатми матабҳои таҳсилоти умумӣ тибқи роҳхат ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои фарҳангӣ дохил шудаанд. 55 нафар бо маълумотӣ олӣ ва 12 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ба кор ба ноҳия баргаштанд. Ҳоло ду нафар дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсил дорад.

Ошноӣ ба фаъолияти осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг имкон дод, ки ба нодиртарин нигораҳои таърихӣ, ки бозгӯйкунандаи тамаддуни миллати сарбаланди тоҷик мебошанд аз наздик шинос шавем. Воқеан ин осорхона ҳамчун маркази илмӣ-фарҳангии на танҳо сатҳи ноҳиявӣ, балки сатҳи ҷумҳуриявӣ метавонад тавассути нигораҳояш дар муаррифии таърихи халқи тоҷик саҳми бузург гузорад. Чунки бештари нигораҳои ин осорхона ҳамчун ёдгории аҳди қадим беназиранд ва аз таърихи 1 миллионаи халқи тоҷик нақл мекунанд. Осорхонаи мазкур дар заминаи осорхонаи ташкилкардаи яке аз шахсиятҳои маъруфи ин сарзамини бостонӣ, адиб, рӯзноманигор, кишваршинос Амирхон Саидзода (Амир Сайиди Мункӣ) дар асоси қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 5 майи соли 2002 таъсис ёфта, зимни мактуби ӯ бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2006, таҳти рақами 2/2 ва дар ҳамин замина бо қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 30 сентябри соли 2006 ташкил карда шуд ва аз 1 январи соли 2007 фаъолияти худро бо таври расмӣ оғоз намудааст. Имрӯз масоҳати умумии осорхона 116,5м2-ро ташкил намуда, аз 6 ҳуҷраҳои хурди намоишгоҳ, анбор ва ду ҳуҷраи кормандону роҳбарият иборат мебошад. Масалан, бо ташаббуси роҳбари осорхона А. Саидзода дар нимсолаи якуми соли 2022 корҳои зиёд, аз қабили 30 вохӯрию ҷамъомадҳо, маҳфилҳои гуногуни адабӣ-фарҳангӣ, суҳбату конференсияҳо бо иштироки 360 нафар тамошобинону хонандагон гузаронида шуда, 47 экскурсияҳо, 22 намоишҳои сайёр оид ба ҷашщнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ, ташкил ва баргузор карда шудаанд. Дар давоми нимсола, дар маҷмӯъ осорхонаро 2770 нафар тамошо карданд. Аз ҷониби директори осорхона А. Саидзода дар давоми 6 моҳ 13 мақола доир ба таърихи ноҳияи Ховалинг, шахсиятҳои маъруфи ин диёр ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангии он дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Хатлон» ва «Ҳақиқати Ховалинг» нашр намуда, китобҳои «Ховалинг: қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ», «Топонимикаи Ховалинг», «Мадрасаҳои Ховалинг: сад сол пеш», «Беназир», «Ибратманд»-ро барои чоп омода кардааст.

Ҳамзамон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ саҳми Китобхонаи марказии ноҳия калон аст. Бо ташаббуси сарвари китобхона, собиқадори чашми кордон Маҳсиддин Сайтоҷов тибқи нақшаи корӣ бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ силсилаи чорабиниҳо баргузор шудаанд. Дар китобхона гӯшаи махсус барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил карда шуда, китобҳои марбут ба талаботи низомномаи озмун ба намоиш гузошта шудааст. Бо ҷалби китобдорони ноҳия дар китобхона семинар-тренингҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мукаммалгардонии фонди китобхона бо адабиёти ниёзи хониш, услуби ташкил ва баргузории чорабиниҳои тахассусӣ дар китобхонаҳо, доир гардиданд.

Бо вуҷуди дастовардҳои назарраси осорхонаву китобхона дар пешбурди фаъолияти онҳо як қатор камбудиву нарасоиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, мизу курсӣ, ҷевонҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ, воситаҳои техникию компютерии муосир дар осорхона намерасанд. Бинои осорхона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. То имрӯз бо истиснои китобхонаи марказӣ дар китобхона-филиалҳои низоми китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳия ягон намуди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вуҷуд надорад. Аз 17 китобхонае, ки дар ҳудуди ноҳия амал мекунанд, танҳо 6-тои онҳо бо биноҳои алоҳида таъмин карда шудаанду халос. 3 китобхона дар бинои мактабҳо, 2 – дар бинои муассисаҳои фарҳангӣ, 1 – дар бинои ҷамоат, 3 – дар хонаи шахсӣ, 1 – дар бунгоҳи тиббӣ ва 1 – дар дигар ташкилот фаъолият доранд.

Ба андешаи мо, барои беҳтар намудани фаъолияти муассисиҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияи Ховалинг, бахусус китобхона-филиалҳо ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба талаботу вижагиҳои ҷомеаи муосир, қабл аз ҳама, зарур аст, ки дар доираи барномаи дурнамои рушди фарҳанги ноҳия барои рафъи мушкилоти ҷойдошта маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда шавад. Азбаски чунин камбудию норасоиҳо дар ҳаёти фарҳангии дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба мушоҳида мерасанд, бисёр хуб мешуд, ки барномаҳои давлатии «Рушди осорхонаҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2033» ва «Рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2025-2034» таҳия ва қабул карда шаванд.

Ш. Комилзода, М. Акобирова,

С. Наимов, Г. Раҳмонова,

ходимони илмии

Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии

 фарҳанг ва иттилоот

барчасп: