28-уми октябри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории миллӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”ва Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Мизи мудавварро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илми филология Абдулфаттоҳ Аминов ифтитоҳ бахшида, мухтасар аз аҳамияти таърихӣ ва нақши боризи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарнавишти халқи тоҷикро дигаргун намуда, давлатдории миллиро пас аз ҳазор сол оғоз бахшид, ибрози андеша намуд.
Мавсуф зимни суханрониаш таъкид намуд, ки маҳз дар ин иҷлосияи таърихӣ Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани ҷумҳуриро ба миён гузошта, онро бо дастгирии мардуми кишвар бомуваффақона татбиқ намуданд.
Сипас, тибқи барнома мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри Пажӯҳишгоҳ Ифтихор Юсуфӣ дар мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсоз: аз давлатдории миллӣ то муносибатҳои байналмилалӣ” маърӯза намуд. Ӯ зимни суханронӣ қайд намуд, ки ин Иҷлосия дар ҳақиқат тақдирсоз буда, тақдири ояндаи давлату миллати тоҷикро муайян сохт. Маҳз дар ин Иҷлосияи таърихӣ XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо пешравиҳои зиёде шуд. Тоҷикистон бо як қатор мамлакатҳои дунёи шартномаҳои гуногуни ҳамкорӣ баста, дар Душанбе сафаротхонаҳои чандин давлатҳо ифтитоҳ гардид.
Баъдан ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии Пажӯҳишгоҳ Мунаввар Сафаров таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози сулҳу ваҳдати мардуми тоҷик” маърӯза ироа намуд. М.Сафаров дар баромади хеш нақши Иҷлосияи таърихиро дар роҳкушоӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ арзёбии амиқ намуда, дар ин зимнфикру андешаҳои иштирокчиёни бевоситаи ин рӯйдоди муҳими сарнавиштсозро оид ба ҷараёни баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далел овард.
Дар қисмати мубодилаи афкор доктори илми филология, профессор Мурод Муродӣ, роҳбари Маркази мероси фарҳангии тоҷикон, номзади илми филология Дилшод Раҳимӣ, директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” Содиқ Завқизода, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзоев ва дигарон фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ ва сарҷамъ намудани тоҷикон, ба вуҷуд овардани аркони давлатдорӣ ва оғоз бахшидани давлатдории миллӣ иброз доштанд.
Маҳфили илмиро директори муассиса А. Аминов ҳусни хотима бахшида, иброз дошт, ки вақт ва таҷрибаи таърихии солҳои пас аз истиқлолият собит намуд, ки қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурандешона ва хирадмандона буд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар исбот сохт, зеро мардуми шарифи мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки давлатдории миплиро оғоз бахшида, обрӯю нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Муовини директор оид ба илм
Ҷӯраев Мирзоалӣ