ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ: АЗ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ТО МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ҳаёти мардуми тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия ба хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, сомон додани низоми сиёсӣ, ва шакл гирифтани тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 1992 ба фаъолият шуруъ намуд.

Яке аз муҳиммияти гузаронидани ин Иҷлосия ба мушкилоти сиёсиву ҷанги дохилӣ алоқамандӣ дошт. Дар натиҷа ин ҷанг дар мамлакат пасомадҳои нохушеро аз қабили марги садҳо ҳазор одамони бегуноҳ, қаҳтӣ қариб дар ҳамаи манотиқ ва фалаҷгардии мақомотҳои дахлдор ба бор овард. Масоили баррасишаванда дар иҷлосия бештар рӯҳияи бартарафкунии ин мушкилотро доштанд. Тамоми мардум аз ин Иҷлосия умеди зиёде дошт. Ва эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби дигар мамолик ҳамчун давлати мустақилу ором маҳз аз ҳамин шӯро ва тасмимҳои дар он гирифташуда пайвастагӣ дошт. Яке аз муваффақиятҳои кори шӯро ин интихоби депутати ҷавон Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ дар давоми фаъолияти худ Раисии ин Шӯроро ба ӯҳда гирифт ва маҳз ба шарофати ӯ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш ва гурезагон ба ватан баргардонида шуданд. Дар ҳамин давра ӯ давлатеро бунёд кард, ки асоси он манфиатҳои миллӣ буданд. Ӯ чуноне ваъда дод ба Тоҷикистон сулҳ овард

Ҳамчунин дар ин давра масъалаи қабули Парчаму Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия баррасӣ ва ҳал карда шуд. Ғайр аз ин додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба фарзонафарзандони ҷоннисори тоҷик нишоне аз ифтихор ва арҷ ба хизматҳои онҳост.

Дар ин зимн тамоми соҳаҳо аз қабили фарҳанг, маориф, иқтисод ва ғайра рушд карданд. Ташкили комиссияи оштии миллӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ соли 1997 низ аз дастовардҳои ин Иҷлосия ба ҳисоб меравад.

То Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тоҷикистон бо 49 давлат муносибати дипломатӣ дошт. Баъд аз Иҷлосия ин шумора 129 адад зиёд гардид. Дар ҷумҳурӣ пас аз оташбас як қатор сафоратхонаҳо бино ёфтанд. Имрӯз дар Душанбе 22 сафоратхонаҳои давлатҳои гуногун фаъолият карда истодаанд, ки филиали баъзеашон дар дигар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ низ мавҷуданд ва Тоҷикистонро қариб 200 давлати дунё ба расмият мешиносанд, ки ин ҳам аз баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ифтихор Юсуфӣ

мудири шуъбаи

ВАО ва табъу нашр

 

барчасп: