ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЁТҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ДАВРОНИ ИСТИⱩЛОЛ

Аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, дар доираи мавзӯи илмии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол», аз ҷумла рушди кори интишорӣ дар ҷумҳурӣ, яъне, вазъи фаъолияти интишории муассисаҳои табъу нашри кишвар дар тӯли солҳои 1991-2021, мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар натиҷаи баргузории таҳқиқот тавассути пешниҳоди саволномаҳо ба муассисаҳои табъу нашр дар хусуси таърихи таъсисёбӣ ва вазъи фаъолияти онҳо маълум гардид, ки дар қатори нашриёту матбааҳои куҳан ба монанди «Адиб», «Дониш», «Ирфон», «Ношир», Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар даврони истиқлол як қатор муассисаҳои нави табъу нашр ба монанди «Адабиёти бачагона», «Аржанг», «Истеъдод», «Контраст», «Меъроҷ», «Хуросон», «ЭР-граф» ва ғайраҳо таъсис дода шуда, фаъолият доранд. Айни ҳол, ба Пажӯҳишгоҳ ҳамагӣ 22 муассисаи табъу нашр, аз ҷумла, «Адиб», «Адабиёти бачагона», «Аржанг», «Балоғат», «Дониш», «Илм», «Ирфон», «Истеъдод», «Истиқбол» (маҷалла), «Истиқбол» (ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ), «Контраст», «Ⱪонуният», «Меъроҷ», «Мубориз», «Номаи Донишгоҳ», «Ношир», «Русская литература», «Сарбоз», Сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, «Хуросон» ва «ЭР-граф», маълумотномаҳои худро доир ба маҳсулоти интишорнамудаашон дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 500 саҳифа пешниҳод намудаанд, ки онҳо айни ҳол мавриди омӯзишу таҳлили олимони Пажӯҳишгоҳ қарор доранд. Дар маводи мазкур доир ба номгӯю теъдод ва соли бароришу ҳаҷми (яъне, миқдори саҳифаю ҷузъи чопии) нашрияҳо маълумот дода шудааст.

Камина, ки иштирокчии бевоситаи таҳқиқи дар вилояти Суғд баргузоргардида мебошам, ба таваҷҷӯҳи хонанда таҳлили вазъи фаъолияти муассисаҳои табъу нашри ин вилоятро пешниҳод менамоям.

Дар вилояти Суғд таҳқиқот дар асоси саволномаю пурсишномаҳо дар хусуси вазъи фаъолияти нашриёту матбааҳо бо ҷалб кардани масъулини нашриётҳои хусусии шаҳри Хуҷанд «Меъроҷ», «Ношир», «Нури маърифат» ва «Хуросон», инчунин идораҳои рӯзномаҳои вилоят доир гардид.

Дар ҷараёни таҳқиқот бо роҳбарони нашриётҳои дар боло номбурда ҷиҳати таърихи таъсисёбӣ, муттаҳидшавӣ бо дигар муассисаҳо ё барҳамхӯрии нашриётҳо, ҳаҷми маҳсулоти интишорнамудаи онҳо таи солҳои фаъолияташон аз рӯзи таъсисёбӣ то соли 2021, пешниҳоди нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти интишоршуда ба мақомоту муассисаҳои дахлдор вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида шуда, маводи маълумотӣ ҷамъоварӣ карда шуд.

Тибқи Маълумотномаи пешниҳоднамудаи Матбааи нашриявии «Меъроҷ», муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Файзибоев Мумин Мансурович соли 2015 таъсис дода шуда, аз рӯи Шаҳодатнома барои ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Феҳристи ягонаи давлатии соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст ва вазифаҳои худро дар асоси Шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ноширӣ ва фаъолияти полиграфӣ ба анҷом мерасонад.

Таҳлили Маълумотномаи пешниҳоднамудаи матбааи мазкур нишон дод, ки дар ҳафт соли фаъолияти худ нашриёт ҳамагӣ 112 номгӯйи китобро бо теъдоди 70957 нусха дар ҳаҷми 1622,24 ҷузъи чопӣ интишор намудааст, ки аз ҷумлаи он 95 номгӯй ба забони тоҷикӣ, 13 номгӯй ба забони ӯзбекӣ, 3 номгӯй ба забони русӣ ва 1 номгӯй маҷмӯаи ҳикояву машқҳо ба забонҳои тоҷикию англисӣ мебошад. Яъне, маҳсулоти интишорнамудаи нашриёт дар ҳар як сол ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 16 номгӯйи китоб буда, теъдоди он 10136 нусха ва 231,74 ҷузъи чопиро ташкил додааст. Аз 112 номгӯйи китобҳои чопшуда ҳамагӣ 2 номгӯй 1000-нусхагӣ (солҳои 2016 ва 2017), 1 номгӯй бо теъдоди 10000 нусха (соли 2016) ва 2 номгӯй дар мавзӯи сиёсӣ 20000-нусхагӣ (солҳои 2017 ва 2018), ки ҳамагӣ 5 номгӯйи китобро ташкил медиҳат, чоп шудааст. Боқимонда 107 номгӯйи дигар бо теъдоди хеле кам (аз 40 то 500 нусхагӣ) чоп шудаанд. Омӯзиши маводи маълумотии пешниҳоднамудаи нашриёти «Ношир» доир ба маҳсулоти чопии солҳои 1998-2021 интишорнамудааш нишон дод, ки нашриёти мазкур дар зарфи 24 сол ҳамагӣ 915 номгӯйи китоб чоп намудааст, ин ба ҳисоби миёна дар як сол ҳамагӣ 38 номгӯйро ташкил медиҳад. Дар ҷадвали пешниҳодшуда, мутаассифона, теъдоди маҳсулоти то соли 2012 интишоршуда нишон дода нашудааст. Аз маълумоти доир ба солҳои 2012-2021 (яъне, таи даҳ сол) пешниҳодшуда бошад, бармеояд, ки аксари китобҳо ба теъдоди хеле кам (масалан, 40, 100, 150, 200, 400, 500) чоп шудаанд. Ҳамагӣ 19 номгӯйи китобҳо бо теъдоди 1000-ададӣ, 1 номгӯй бо теъдоди 5000 адад нашр шудааст.

Зимни сӯҳбат бо директори Муассисаи давлатии маҷаллаи илмии «Номаи Донишгоҳ» Зафар Шафиев, ки асосан фаъолияти худро дар матбааи «Нури маърифат»-и МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ мондааст, маълум гардид, ки вазифаҳои асосии матбааи «Нуи маърифат» қабл аз ҳама чопи маҷаллаи илмии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров «Номаи Донишгоҳ» ва осори илмию методии омӯзгорони ин Донишгоҳ, бахусус китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Хушбахтона, нусхаи ҳатмии ҳар як шумораи маҷаллаи илмии «Номаи Донишгоҳ» ба Китобхонаи илмии электронии Русия, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи Донишгоҳ ва дигар китобхонаю муассисаҳои таълимию илмӣ фиристода мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби матбааи мазкур бо дархости шахсони воқеию ҳуқуқӣ китобҳои дигар доир ба соҳаҳои мухталифи дониш низ ба табъ мерасанд. Масалан, дар тӯли солҳои 2018-2021 ба миқдори 107 номгӯйи китобу ҷузваҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд. Аммо, мутаассифона, ин матбаа ҳам бо теъдоди ниҳоят кам (100-200 нусха) китобҳоро нашр мекунад, ки бо чунин теъдод қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни хонандагон имконнопазир аст.

Ҳангоми сӯҳбат бо директори ҶДММ «Хуросон» Набиҷон Юлдошев (хатмкардаи Донишкадаи полиграфии шаҳри Москва) маълум гардид, ки муассисаи интишории «Хуросон» ҳамчун матбааи нахустини хусусӣ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1991 барои расман сабти ном кардан ҳуҷҷатҳои худро аввал ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сипас ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намуда, баъд аз якуним сол соҳиби иҷозатнома гардида, фаъолияти худро оғоз намудааст. Матбаа барои ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудан, сараввал таҷҳизоти муосирро харидорӣ намуда, мутахассисони чашмикордонро ба кор ҷалб намудааст. Маҳз ҳамин омилҳо имкон додаанд, ки матбаа дар бисёр озмунҳои соҳаи ноширии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, дар самти ороиши бадеию полиграфии китобҳо соҳиби ҷоизаҳо гардад. Тавре роҳбари матбаа қайд намуд, ҳар як китобе, ки матбааи мазкур нашр мекунад, пеш аз ҳама бо тавсияи ниҳодҳои дахлдор, масалан, агар китобҳои илмӣ бошанд, бо тавсияи Шӯрои илмии Донишгоҳу донишкадаҳои вилоят, агар китоб мазмуни динӣ дошта бошад, бо тавсияи Шӯрои уламои вилоят, ва ё, агар, мазмуни бадеӣ дошта бошад, бо қарори Шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои чоп қабул карда мешавад, яъне, вазифаи нашриётро ҳамин ниҳодҳо иҷро мекунанд. Дар солҳои аввали фаъолият дар назди ҶДММ «Хуросон» нашриёт ҳам мавҷуд будааст, аммо, мутаассифона, бинобар набудани мутахассисони ҳирфаӣ, пешбурди кори нашриёт ғайриимкон гардидааст.

Барои таҳлил аз ҷониби ҶДММ «Хуросон» рӯйхати китобҳои чопкардаи матбаа дар солҳои 2013-2021 пешниҳод гардид. Мутобиқ ба ин рӯйхат, тӯли солҳои 2013-2021 ҳамагӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуросон» 195 номгӯйи китоб бо теъдоди 47560 нусха ба табъ расидааст. Теъдоди нашри китобҳо ниҳоят кам буда, аз 50 то 1000 нусхаро ташкил медиҳанд. Масалан, танҳо китобҳои «Иҷлосияи наҷотбахш» (с. 2013), «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ (с. 2015), «Осори мунтахаб»-и С. Исфарангӣ (с. 2017), «Пешвои миллат ва 24 соли нусратҳо», «Анатомияи одам»-и Н. Усмонов (с. 2018), «Найсон»-и Фарзона (с. 2020), «Ҳамболи офтоб»-и Лоиқ Шералӣ бо теъдоди 1000-нусхагӣ ҳар кадоме интишор ёфтаанд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки барои таҳқиқи амиқи мавзӯъ мусоидат менамояд, ин таҳлили маҳсулоти чопӣ аз рӯи соҳаҳои дониш, жанр ва таъиноти суроғавӣ мебошад. Вале, мутаассифона, дар маълумотномаҳои пешниҳодкардаи муассисаҳои интишории дар боло зикргардида, осори нашршуда тибқи соҳаҳои дониш, жанри адабӣ, таъиноти хонандагӣ ва дигар аломатҳо тасниф нашудаанд ва нашриётҳо ба ҷавоби ин саволи мо изҳор доштанд, ки онҳо ин гуна таснифотро надоранд, илова бар ин, дар захираи чопхонаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ нашудани тамоми маҳсулоти чопшуда барои муайяну мушаххас намудани вижагиҳои нашр ва таҳлилу ташхиси он монеъаҳо эҷод мекунанд.

Ҳамин тариқ, тавре дар боло зикр гардид, дар натиҷаи таҳлили маводи дастрасшуда боз якчанд саволҳои ҷиддӣ ба миён омаданд, ки дақиқу саҳеҳсозии ҷиддиро бевосита дар маҳалли ҷойгиршавии объектҳои номбурда тақозо менамоянд.

Мувофиқи Ⱪарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» (№453 аз 31.08.2012) нашриётҳо бояд ба Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти интишорнамудаашонро ба тариқи ройгон дастрас намоянд. Вале, дар натиҷаи омӯзиши масъалаи мазкур маълум гардид, ки ин талабот аз ҷониби муассисаҳои табъу нашр на дар ҳамаи ҳолатҳо риоя карда мешавад.

Масъалаи пешниҳоди нусхаҳои ҳатмӣ ба мақомоти дахлдор низ таҳқиқи дақиқ, яъне саҳеҳсозии мушаххасро тақозо менамояд. Нашриётҳо бояд муваззаф карда шаванд, ки доир ба фаъолияти худ дар самти пешниҳоди нусхаҳои ҳатмӣ дар хусуси ба кадом мақомот, дар кадом мавзӯъ ва ба чанд миқдор пешниҳод карда шудани нусхаҳои ҳатмӣ маълумоти кушодаю васеъ пешниҳод намоянд. Аз ин лиҳоз, олимони ПИТФИ тасмим гирифтаанд, ки таҳқиқи масъалаи мазкурро дар соли 2023 ба нақша гиранд.

Ҳамин тавр, таҳлили маводи пешниҳодшуда ва натиҷаи баргузории таҳқиқоти сотсиологӣ нишон доданд, ки дар фаъолияти муассисаҳои табъу нашри вилояти Суғд, дар радифи дастовардҳо, камбудиву норасоиҳо вуҷуд доранд. Ⱪайд бояд намуд, ки камбудиву норасоиҳо асосан бинобар вуҷуд доштани сабабҳои объективӣ ба миён омадаанд. Масалан,

– то кунун барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи табъу нашр дар ҷумҳурӣ донишкадаи алоҳида таъсис дода нашудааст;

– бештари муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, бахусус матбааву нашриётҳои вилоят аз нарасидани коршиносон-барномарезон танқисӣ мекашанд.

Барои беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти ноширӣ, ба андешаи мо, ҳалли чунин масоил зарур аст:

– дар назди Идораи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил намудани бахши табъу нашр, ки фаъолияти муассисаҳои интишоротии вилоятро ба танзим дароранд;

– пешниҳоди нусхаҳои ҳатмӣ аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ роҳандозӣ карда шавад.

Акобирова Моҳира,

ходими пешбари илмии ПИТФИ

 

барчасп: