Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
23.12.2022, шаҳри Душанбе
Оре, ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ҳимояи марзу буми Ватан барои ҳар як шаҳрванд қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург аст. Ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои сокинону низомиёни бонангу номусаш азизу муқаддас аст. Аслан ниёгони мо меҳри Ватанро ба меҳри модар баробар медонанд ва ҳифзи онро воҷиб мешуморанд.Чунончи Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар байни мардум мо ин гуфта хеле маъмул аст, ки ҳифзи Ватанро аз хифзи ҷон бартар медонанд: “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар. Ва ё иборае мавҷуд аст, ки дӯст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон» яъне, дӯст доштани Ватан аз имон аст.
«Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд.
Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро беҳуда бо меҳри модар дар як радиф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.
-Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, - мегӯяд Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, - балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад».
Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳиммат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд.
Фазилати хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан то ҳадде бузург аст, ки дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Худованди Бузург мефармояд: Ё аййаҳа-л-лазина оману асбиру ва собиру ва робиту ваттақу-ллоҳа лаъаллакум туфлиҳун.
Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад, ки растагор шавед!
Муфассирон мегӯянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардгор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.
Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, Ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – ҳимояи Ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварист.
Ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд).
Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол)
Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд)
Ҳомиён- марзбонони Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
ҚУРБОНИ ВАТАН БОШ, КИ ҚУРБОНАТ ШАВАНД
Ҳанӯз 17 сентябри соли 2022 дар феесбук матни зерин интишор ёфт, ки беш аз ҳазор нафар ҳамдиёрони азиз-шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ навишта изҳори ҳамдардӣ баён кардаанд:
Имрӯз на танҳо волидони Муҳаммад ва ақрабояш, балки тамоми ҳамдиёронаш-мардуми Дарғи шариф, ноҳияи Айнӣ, Зафаробод ва дар умум Тоҷикистон аз марги ин қаҳрамонписар, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан ҷонашро фидо кард, мотамзадаанду хун мегирянд. Ному корномаи ту, ки шарафи Ватан -Модарро ҳимоя кардӣ ҷовидонист. Ба падару модари азизат, ҳамсари меҳрубон ва фарзандон-нури чашмонат Худованди Бузург сабри ҷамил ато фармояд ва ҷоятро Ҷаннатулфирдавс гардонад.
Ва даст ба дуо бардошта мегӯем:
Ғариқи раҳматаш бинмо, Худоё,
Тариқи Ҷаннаташ бинмо, Худоё.
Аз ҷумла яке аз хоҳарони меҳрубон ва баору номуси мо эҳсоси ватандӯстӣ ва дилсӯзиашро нисбат ба ин афсари ҷонфидои Ватан-капитани амният Муҳаммад Одинаев чунин баён кардааст, ки хеле муассир аст: “Бар қошои зебот бимирам!” Оре, ин гуфта ҳамон масали мардуми моро ба хотир меорад ва бори дигар таъкид мекунад: “Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд”.
МУТТАҲИД ҶОНҲОИ ШЕРОНИ ХУДОСТ
Сароҳатан ва сидқан бояд гуфт, ки ҷонфидоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Ватану миллат, барои ваҳдату сарҷамъии мардуми тоҷик, ки сӣ сол қабл дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагӣ ва хатари нобудшавӣ қарор дошт, барои садсолаҳо намунаи ибрат аст. Чунин муҳаббату ҷонфидоӣ нисбат ба ҳифзу ободии Ватан дар хуни мардуми мост, ки ҳазорсолаҳо ба мерос мондаву дар осори ниёгонамон то ба имрӯз нигоштаву таъкид шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусу иқдом ва ҳидояти Пешвои миллат ҳисси худшиносии миллӣ баланд гардиду ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамгироии мардуми тоҷик таҳким ёфт.
Чун ғосибони давлати ҳамсоя таҳти раёсати чанде аз собиқ ҷинояткорони зиндонӣ, ки ҳукмронии худро бо шиори “Тафриқа андозу ҳукмронӣ кун” идома медиҳанд, борҳо аҳдшиканона марзро убур карда, аз аслиҳаи вазнин ба марзбонону мардуми осоишта оташ кушоданд ва дар натиҷа чандин марзбон ва сокинони назди сарҳадӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳатто намозгузорони масҷид аз бомби дронҳо ба шаҳодат расиданд, хашму ғазаби мардуми тоҷик ва аҳли сайёраро овард. Даҳаи сеюми сентябри соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҳазорҳо ҷавонону мардони баору номус ҷамъ омада, омодагии худро дар ҳимояи марзу буми Ватан баён намуданд.
Оре, яке аз бузургмардони мо бамаврид фармуда:
Ҷони гургону сагон аз ҳам ҷудост,
Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост.
МУҲАММАД БА ШАҲОДАТ РАСИД ВА ПИСАРАШ МУҲАММАД БА ДУНЁ ОМАД
Муҳаммад Одинаев 19 январи соли 1996 дар маҳаллаи Бахти ноҳияи Зафаробод дида ба олами ҳастӣ кушод. Падараш Ҳусейн Одинаев ҳанӯз соли 1991 дар қатори даҳҳо нафар аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ барои кушодани заминҳои навкорам ба Зафаробод кӯчид. Чун бобояш Муҳаммад Одинаев (мардум ӯро аз рӯи эҳтиром Мулломуҳаммад мегуфтанд), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хабари вилодати набераашро шунид, ба Зафаробод омаду ба ӯ номи худашро гузошт ва дуо дод, ки чун худаш муҳофизи Ватан ва маҳбуби мардум бошад. Дуои бобо мустаҷоб шуд. Муҳаммад баъди хатми мактаби миёна соли 2013 ба мактаби олии КДАМ дохил шуда, онро соли 2018 бомуваффақият хатм намуд. Беш аз ду сол дар ВАБК дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон адои хидмат кард. 27 майи соли 2021 ба муносибати 27 солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ бо медали ҷашнии 20-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд. шуд. Аз моҳи ноябри соли 2021дар Ворух дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон адои хидмат дошт ва 16 сентябри соли 2022 дар синни 26 солагӣ дар ҳифзи Ватан –модар ба шаҳодат расид.
Падараш Ҳусейн Одинаев зимни суҳбат бо дидагони пурнам лаҳзаҳои ҳаёти ҷигарбандашро ба ёд оварда, иброз дошт, ки шоири дӯстдоштаи Муҳаммад Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки шеърҳои ватандӯстонаи ӯро чун Савганди вафодорӣ дар баробари Модар – Ватан аз бар карда буд ва ҳамеша такрор мекард:
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳарчӣ гӯяд, адо мекунем.
Биҷангем чандон барои Ватан,
Ки душман шавад зери пои Ватан!
Чанде қабл падараш хабари хуш расонд, ки Шодона ҳамсари Муҳаммад 30-юми ноябр тифле ба дунё овард, ки номашро Муҳаммад гузоштанд ва апааш Марями 3-сола парвонавор гирдаш мегардад. Ҳама аҳли оила аз рӯи ин навзод нишонаҳои падарашро меҷӯянд...
Бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Қушунҳои сарҳадӣ, ба хонаҳои шаҳидон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда, таслият гуфтанд ва дасти ёрӣ дароз карданд. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Зафаробод, роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия ва дигар муассисаҳо чандин маротиба аз ҳоли оилаи Ҳусейн Одинаев хабар гирифтанд ва кумак расонданд.
Зимни суҳбат ва пурсишу посӯх бо Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, оид ба манзалати ҳифзи марзу бум дар дини мубини Ислом иброз дошт, ки бо ҳидояти Пешвои миллат роҳбарияти кумита ба се гурӯҳ тақсим шуда, ба хонаҳои фавтидагон рафта тасаллият баён карданд ва ба ҳар оила ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонданд. Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ба хонаҳои фавтидагон ба Ворух ташриф овард. Муовини якуми раиси Кумита Ҷалолиддин Пириев ба вилояти Хатлон ва худи ӯ ба ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла ба хонаи Муҳаммад рафтанд ва ба рӯҳи шаҳидон дуо карданд.
Ҳусейн Одинаев - падари Муҳаммад Одинаев барои таслият, қадрдонию ғамхорӣ дар ҳаққи аҳли оилааш дар он рӯзҳои вазнин, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси КДАМ Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода ва дигар азизоне, ки қадам ранҷа фармуданд, миннатдории самимии хешро баён месозад.
Муҳаммад дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро фидо кард ва ҳимояи марзу буми Ватанро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобид. Месазад, ки зодгоҳаш деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафарободро ба номаш гузоранд, то насли наврас аз қаҳрамонии ҷонфидоёни Ватан, бахусус Муҳаммади навзод, ки рӯи падарро надид ифтихор намоянд ва ҳомиёни ватандӯст ба воя расанд.
Ва дар охир мегӯем:
Аз чароғи нури имон манзилат обод бод,
Дар паноҳи раҳмати Ҳақ рӯҳи покат шод бод.
Мунаввари Сафар,
рӯзноманигор