Дар заминаи омӯзиши маводи бойгонии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт (минбаъд МИҲД) маълум гардид, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори МИҲД-и ноҳия ва дастгирии молиявии соҳибкорони маҳал дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ як қатор корҳои назаррасу шоёни таҳсин амалӣ шудаанд.
Имрӯз дар ноҳияи Рашт 66 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 42 китобхона, 3 клуб, 13 хонаи фарҳангӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 қасри фарҳанг, 1 театри халқӣ, 2 ёдгории таърихии монументалӣ, осорхонаи назди бахши фарҳанг ва мактаби бачагонаи санъати ноҳия фаъолият доранд.
Қасри фарҳанги ноҳия дорои толори калони маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 480 ҷои нишаст ва аз 15 утоқи корӣ иборат буда, соли 2016 аз таъмири асосӣ бароварда шудааст ва худи бино бошад ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Шумораи кормандон 22 нафар мебошанд, ки аз ин: 1 нафар директор, 1 нафар муовини директор, роҳбари бадеӣ 1 нафар, мутахассиси пешбар 1 нафар, нозири кадрҳо 1 нафар, овозхон 4 нафар, мудири хоҷагӣ 1 нафар, кормандони техникӣ 12 нафар фаъолият доранд. Имрӯз барои пурра фаъолият намудани Қасри фарҳанг дар баробари бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани он, боз асбобҳои мусиқиву баландгӯякҳо намерасанд.
Дар бахши фарҳанги ноҳия 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб фаъолият доранд, ки аз ин шумора 10 ададаш дар биноҳои ҷамоатҳо, 1 ададаш дар бинои собиқ маркази саломатӣ, 1 дадаш дар бинои МТМУ №25, ва 1 ададаш дар тавозуни бахши фарҳанг мебошад. Аз шумораи 3 адад клубҳо 1 ададаш дар тавозуни бахши фарҳанг, 1 ададаш дар бинои собиқ маркази саломатӣ ва як адади дигараш дар бинои собиқ ҷамоати деҳот ҷойгир мебошанд. 2 адад клуби деҳотӣ ва 1 хонаи фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 8 адад хонаи фарҳангии дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки хонаҳои фарҳангӣ ва клубҳо аз норасоии 53 адад асбобҳои миллӣ, 13 адад асбобҳои барқӣ (синтизатор), 5 комплект асбобҳои тақвияти овоз танқисӣ мекашанд. Аз шумораи 29 нафар кормандони клубу хонаҳои фарҳангӣ бо маълумоти олии тахассусӣ 1 нафар, олии нопурраи тахассусӣ 2 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 8 нафар, бо маълумоти олии умумии нопурра 3 нафар, бо маълумоти миёнаи тахасуссӣ 1 нафарро ташкил медиҳанд. Дар қасри фарҳанг ва дар ҳама клубу хонаҳои фарҳангӣ мутахассисони асбобҳои мусиқӣ намерасанд. Ду хонаи фарҳангӣ ва 1 клуб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Дар бахши фарҳанг як театри халқӣ фаъолият мекунад, ки дар он 1 нафар саркоргардон, 1 нафар роҳбари бадеӣ, 1 нафар мутахассиси дараҷаи як, 1 нафар мутахассиси сару либос, 1 нафар сароянда, 4 нафар навозанда, 4 нафар рақоса, 1 нафар рассом - ороишгар, 1 нафар рассом - дизайнер, 6 нафар кормандони техникӣ фаъолият доранд. Аз тарафи театри халқӣ вобаста ба санаҳои муҳимми таърихӣ: “Рӯзи Артиши миллӣ” саҳначаи ҳаҷвии “Дар хизмати Ватан”, “Рӯзи Модар” саҳначаи ҳаҷвии “Дузана”, “Рӯзи ғалаба” саҳначаи театрӣ бо номи “Таня” пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Дар театр норасоии мутахассисони касбӣ, сару либоси саҳнавӣ, камераи наворбардорӣ ва компютер барои танзими намоишҳо ба назар мерасанд.
Дар ноҳияи Рашт 42 китобхона ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Фонди умумии китоб дар китобҳонаҳои ноҳия 138371 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин 104374 нусха дар китобхонаҳои деҳот мебошанд. Аз шумораи 138371 нусхаи китобҳои мавҷуда 62 фоизи онҳоро китобҳои бо дигар забонҳо нашршуда, ташкил медиҳанд. Таҳлил нишон дод, ки имрӯз китобхонаҳои ноҳия ба 87 адад миз, 234 адад курсӣ, 87 адад рафҳои китобмонӣ, 32 адад компютер ба эҳтиёҷ доранд. Шумораи мудирони китобхонаҳо 42 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 23 нафар мардон ва 19 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии мудирони китобхонаҳо 7 нафар бо маълумоти миёнаи тахассусӣ, 12 нафар бо маълумоти олии умумӣ ва 23 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Норасоии кадрӣ дар соҳаи китобдорӣ 35 нафарро ташкил медиҳад.
Дар китобхонаи марказии ноҳия 5 нафар кор мекеннанд, ки аз ин ҳисоб бо маълумоти миёнаи касбӣ 2 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 3 нафар мебошанд. Фонди умумии китобхона 11371 нусха китобро ташкил дода, шумораи хонандагон ба 01.06.2022 сол 310 нафар, диҳиши китоб бошад 1811 нусхаро ташкил медиҳад. Имрӯз китобхона ба кадрҳои баландихтисос, компютерҳои корӣ, 30 адад курсӣ, 8 адад рафҳои китобмонӣ ва 2 адад мизи корӣ ниёз дорад.
Дар китобхонаи бачагонаи ноҳия 2 нафар: 1 нафар бо маълумоти миёнаи соҳавӣ ва 1 нафари дигар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Фонди умумии китобхона 10024 нусха китоб, гардиши китоб бошад 1235 нусхаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ин китобхона ҳам аз нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ, компютерҳо, мизу курсиҳо танқисиӣ мекашад. Илова бар ин ин китобхона аз як утоқи хурди корӣ иборат буда, ба талаботи соҳаи китобдорӣ ҷавобгӯ нест.
Дар ноҳияи Рашт 1 мактаби мактаби бачагонаи санъат фаъолият дорад ва дар он аз рӯи 9 намуди бахшҳои таълимӣ ба 130 нафар хонандагон дарс медиҳанд. Дар бахши санъати тасвирӣ 30 нафар хонандагон аз шаҳраки Ғарм ва 24 нафар аз филиали шаҳраки Навобод, дар бахши омӯзиши асбобҳои зарбӣ (доира, таблак ва дабал) 20 нафар, дар бахши дуредгарӣ ва ихтироъкорӣ 20 нафар аз филиали МТМУ №52 Ғарми боло, дар бахши Солфеҷо (адабиёти мусиқӣ) 10 нафар аз шаҳраки Ғарм, дар бахши омӯзиши асбобҳои торӣ (миллии халқӣ) 10 нафар, дар бахши омӯзиши асбобҳои тории (эстрадӣ) 10 нафар аз шаҳраки Ғарм ба таълим фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумлаи хонандагони ин муассиса 38 нафар рассомони ҷавон, ихтироъкорон, навозандагон ва сарояндагон дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Таҳлил нишон дод, ки мактаби бачагонаи санъат аз нарасидани омӯзгорони асбоби мусиқии рубоб, сози зарбии доира, омӯзиши шашмақом, солфеҷо (фортепиано), сози най ва карнай, сози зарби таблак, сози нафасӣ танқисӣ мекашад. Илова бар ин, дар мактаб воситаҳои муосири техникӣ, асбобҳои барқию халқии мусиқӣ, мизу курсиҳо ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ намерасанд.
Дар бахши фарҳанги ноҳия 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳраки Ғарм ва Навобод фаъолият дошта, дар онҳо 4 нафар кор мекунанд. Боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳраки Ғарм ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони ноҳия ва меҳмонон табдил ёфтааст. Дар он 5 нуқтаи дилхушии кӯдакон, арғунчаку чархофалакҳо барои қабули кӯдакону наврасон дар ҳолати хуби истифодабарӣ мебошанд. Дар нимсолаи аввали соли 2022 бо дастгирии МИҲД-и ноҳия дар ин боғ зиёда аз 26500 дона гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Ҳамзамон МИҲД-и ноҳия барои бунёду азнавсозии боғи фарҳанги маркази ноҳия ва бо атраксионҳои замонавӣ таҷҳизонидани он, таъмиру аннавсозии толори калони Қасри фарҳанг ва бо асбобҳои тақвияти овоз, мусиқии нафасӣ таъмин намудани он ва дигар инфрасохтори фарҳангии ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида, корҳои бунёдкориву ободониро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳал тӯли солҳои 2014-2020 дар қаламрави ноҳия 15 китобхона сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҳисоби буҷети МИҲД-и ноҳия барои сохтмони ин биноҳо 485849 сомонӣ ва барои хариди таҷҳизотҳои китобхонаҳо 82 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Дар ин давра дар деҳаҳои Вардуч, Шаҳрисабз, Қазноқи Ҷамоати деҳоти Н.Махсум, деҳаи Хоҷаалии Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, деҳаҳои Зарифӣ, Порвоғи Ҷамоати деҳоти Тагоба, деҳаҳои Ваҳдат, Шолеи Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат, деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон, деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, деҳаи Қалъанаки Ҷамоати деҳоти Қалъанак, деҳаи Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман, китобхонаҳои деҳаи Қулло аз Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва деҳаи Ярхаб аз Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак аз ҳисоби маблағи соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд.
Бо ибтикори кормандони бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия ёдгориҳои бостонӣ: Қалъаи Шоҳон, Қалъаи Бобурхон, Духтарқалъа, Бачақалъа, Қалъаи Калон, Қалъаи Ялдамич, Қалъаи Ҳусен, Қалъаи Шул, Димнаи Сар, Қалъаи Сангин, Қалъаи Ҳисорак, Қалъаи Качамандӣ, Қалъаи Бунии Сафиён, Қалъаи Япалоқӣ, Қалъаи Турсун, Дидбонгоҳи Даҳана, Бошишгоҳи Гӯри Қазоқон, ёдгориҳои меъморӣ: оромгоҳи Ҳазрати Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ, мақбараи Хоҷаи Сабзпуш, мақбараи Хоҷа Машъала, мақбараи Хуҷумбори Валӣ ва ёдгориҳои монументалӣ: муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи Нусратулло Махсум, муҷассамаи Модари Ҳоит ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд. Инчунин руйхати боз 12 ёдгории таърихӣ, чор ёдгории монументалӣ, як ёдгории меъморӣ ва оромгоҳи 48 нафар шахсиятҳои барҷастаи замони гузашта барои ворид шудан ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Чунонки таҳлил нишон дод, новобаста аз тадбирҳои МИҲД-и ноҳияи Рашт баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳануз ҳам камбудиҳо дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус таъмини онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, лавозимоти муосири равшанидиҳанда, мизу курсиҳо ва адабиёти тозанашр ба назар мерасанд. Ҳамзамон дар ин радиф муассисаҳои фарҳангии ноҳия аз нарасидани мутахассисони баландихтисос танқисӣ мекашанд. Бинобар сабаби саривақт ва ба таври мукаммал маблағгузорӣ нагардидани сохтмони Қасри ҷавонон ва осорхона дар шаҳраки Ғарм, Қасри фарҳанг дар шаҳраки Навобод ва маркази ҷамоати деҳоти Ҳоит сохтмони онҳо то имрӯз нотамом мондааст. Мушкилоти дигари соҳа, – чунон, ки аз маводи пешниҳоднамудаи бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия бармеояд, – ин саривақт сертификат накардани қитъаҳои замин ва амволи муассисаҳои фарҳангӣ мебошад.
Барои ба шароити даврони соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳои мамлакат соли 2005 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» қабул гардида буд. Дар ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур дар қаламрави ноҳияи Рашт корҳои муайян анҷом дода шуда бошанд ҳам, имрӯз вазъи фаъолияти китобдорӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷавобгӯ нест. Дар ноҳия бинои 9 китобхона (25 %) дар деҳаҳои Аскалон, Воринг, Нимич, Ҷафр, Бедак, Поҷеи Поён, Лойёба, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагонаи шаҳраки Ғарм таъмирталаб буда, бинои 4 китобхона (8 %) дар шаҳраки Навобод, деҳаи Шул ва деҳаи Ҳалқарф дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамзамон 7 китобхона (18 %) дар деҳаҳои Ниёзбегиён, Шаҳринав, Варзигон, Қазноқ, Шуле, Тагоба бинои мустақил надошта, дар бинои дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳои шахсӣ фаъолият доранд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар таркиби фонди китобхонаҳои ноҳия теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ, бахусус ба забони русӣ афзалият дошта, танҳо 49,8 фоизи фонди онҳоро (67564 нусха) адабиёт ба забони давлатӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин “Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” дар ноҳия иҷро нашудааст. Масъулин тибқи нишондоди Барномаи мазкур уҳдадориҳои худро дар самти таъмини китобхонаҳо бо компютерҳо, пайвастшавии қитобхонаҳо ба шабакаи интернет, харидории барномаҳои махсуси китобхонавии мутамаркази иттилотӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ, таъсиси вебсайти қитобхонаҳо ва китобҳонаҳои электронӣ иҷро накардааст.
Аз таҳлили вазъи бавуҷудомада бармеояд, ки татбиқи мукаммали функсияҳои иҷтимоии муассисаҳои фарҳанг, самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини ҷараёни рушди устувори соҳа, ҳамзамон иҷрои бомуваффақияти тамоми чорабиниҳои тарҳрезишуда аз сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии кадрҳо вобастагии калон дорад. Маҳз савияи донишҳои назариявӣ, малакаҳои касбӣ ва ниҳоят салоҳиятнокии кадрҳо ба мундарича ва сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ таъсири амиқ мерасонад. Албатта корманди дорои маълумоти миёнаи умумӣ, аз уҳдаи таҳлили вазъи иҷтимоӣ-фарҳангии маҳали хизматрасонӣ, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг, истифодаи самарабахши технологияи муосири иттилоотӣ, ҷалби аҳолӣ ба маҳфилҳои гуногуни шавқовар, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ, ворид намудани навгониҳо ба фаъолияти муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ баромада наметавонанд. Илова бар ин, вазъи такмили ихтисос ва бозомузии кадрҳои соҳаи фарҳанг дар ноҳия ислоҳотро тақозо дорад.
Барои ислоҳи камбудиву норасоиҳои ишорашуда МИҲД-и ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар доираи «Барномаи рушди фарҳанг дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақша-чорабиниҳои он дар ҳаёт татбиқ намояд. Барномаи мазкур
бо мақсади татбиқи Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2005, № 501), «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 115) ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи фарҳанги ноҳия дар замони муосир мусоидат менамояд.
Дар заминаи таҳлили гузоришҳои марбут ба татбиқи нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди фарҳанг дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» дар солҳои 2021-2022 маълум гардид, ки аз ҷониби МИҲД-и ноҳия як қатор корҳо дар доираи барнома, аз ҷумла таҷлили “Рӯзи фарҳанг” бо иштироки оммаи васеи мардум ва кулли кормандони соҳаи фарҳанг дар толори калони Қасри фарҳанг бо шукӯҳу шаҳомат ва бо иштироки бевоситаи раиси ноҳияи Рашт дар сатҳи баланд баргузор гардидааст ва дар оғози чорабинӣ дар долони Қаср намоиши ҳунармандони ҷавони мактаби бачагонаи санъат, ҳайати дастаҳои маҳфилҳои назди хонаҳои фарҳангӣ ва дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг пешниҳоди ҳозирин гардонида шудааст. Ҳамзамон мутобиқи банди 7-и нақша-чорабиниҳои Барнома баргузор намудани чорабиниҳо дар доираи фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кудакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол», мутобиқи бандҳои 14-15-и нақша-чорабиниҳо иштирок дар гузаронидани фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан», «Иди атлас» ва тибқи банди 19-и Нақша баргузории семинар – машварати ноҳиявии кормандони соҳаи фарҳанг, дар сатҳи зарурӣ иҷро шудаанд. Илова бар ин, МИҲД-и ноҳия дар татбиқи бандҳои 20, 21, 22, 25,26, 29, 30, 34, 36, 37, 39, 41, 42, 43, 45, 48, 54-и «Барномаи рушди фарҳанг дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои мушаххас андешида, дар татбиқи бандҳои болозикр саҳм гузоштааст.
Тақвияти фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Рашт, ба андешаи мо, ҳалли чунин масъалаҳоро тақозо менамояд:
1. Таъмини тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияи Рашт бо мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу санъат;
2. Тавассути курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандони ин муассисаҳо;
3. Барои ҳалли саривақтии масъалаҳои болозикр дар маркази ноҳияи Рашт таъсис додани Коллеҷи фарҳанг ва санъат ба мақсаад мувофиқ мебошад;
4. Дар назди Донишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт таъсис додани филиали Дониишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат метавонад мусоидат намояд;
5. Бо ҷалби воситаҳои ғайрибуҷавӣ метавон музди моҳонаи кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияро баланд бардошт.
Ш. Комилзода,
М. Акобирова,
С. Наимов,
Г. Раҳмонова