ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАНОН

Имрӯз дар Пажӯхишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, ҳама бонувони муассисаро ба Рӯзи Модар табрику муборакбод намуд.

Аминов Абдуфаттоҳ қайд кард, ки Модар чӣ вожаи хушу гуворо ва гушнавоз аст. Барои ҳамаи мо азизу муътабар Модар. Ӯст сарчашмаи зиндагӣ ва идомабахши ҳаёти ҳар яки мо. Ҳастии мо зи ҳастии ӯст ва мебояд ба қадраш расид, то ин фариштаи поксириштро ҳамеша ҷовидон бимонад.

Модар чӣ калимаи зебост,

Дар чеҳраи ӯ ҷаҳон ҳувайдост,

Дунё ба ҳама бузургиҳояш,

Дар қалби азизи модарон ҷост!

Оре, зан – модар олиҳаест беҳамто.

Инчунин ӯ баён дошт, ки саҳми бонувони корхона дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии Пажӯҳишгоҳ хеле назаррас буда, арҷгузорӣ ба заҳматҳои онҳо вазифаи ҳар яки мо мардҳост.

Баъдан баҳри болида гардонидани хотири иштирокдорон, бахусус бонувон шоирону нависандагон ва шахсони хушгуфтор Фармон Давлатов ва Саъдӣ Мирзоев шеърҳои эҷодкардаи хешро дар бораи зан – модар қироат карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ходимони илмии пажӯҳишгоҳ профессор Ҷӯрахон Обидпур, номзади илмҳои филологӣ Мирзоалӣ Ҷӯраев, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр Ифтихор Юсуфов, сармуҳосиб Амирҳамза Асозода ва дигарон оид ба Рӯзи байналхалқии занон, нақши зан дар ҷомеа, дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони тоҷикро ибрози ақида намуданд. Дар фарҷоми суханрониҳояшон бонувони ПИТФИ ва дар симои онҳо тамоми бонувони Тоҷикистонро табрику таҳният гуфтанд.

Ҷаласаро муовини директор оид ба илм Ҷӯраев Мирзоалӣ ҳусни анҷом бахшида, бо як эҳтироми хоса ба тамоми бонувони кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз аз умқи дил бори дигар ин рӯзи фархундаро муборакбод намуд.

Миҷгона Наслохонова

ходими илмии шуъбаи

илмӣ-методӣ

барчасп: