Чашмаи табобатии “Қӯтурбулоқ”

Эҳтиром ба об ҳамчун як унсури табиат ва муқаддас донистани он аз қадимулайём сарчашма мегирад. Зеро вай асоси зиндагии тамоми мавҷудоти рӯи замин мебошад. Гузаштагони мо хусусан оби чашма, дарё ва кӯлҳоро муқаддас медонистанд. Дар қиссаву ривоятҳои зиёде нақл карда мешавад, ки гӯё оби чашмаҳои муайян чашми нобиноро бино мекунад, мӯйсафедонро ба ҷавонӣ бармегардонад, ба занҳои бефарзанд фарзанд ато мекунад, хулоса дардҳои мухталифро даво мебахшад. Имрӯз низ чунин эътиқодҳо ба назар мерасанд, ки мардум барои эҳтиёҷоте ба чашмаву кӯлҳои «муқаддас» рафта аз он ҷо ҳар гуна хостаҳоро талаб менамоянд.

Дар воқеъ, дар миқёси ҷумҳурӣ чашмаву кӯлҳои бисёре мавҷуданд, ки бо таркиби химиявӣ-моддаҳои органикӣ, моддаҳои ҳалшудаи онҳо ва хосиятҳои физикии худ хусусияти табобатиро дар худ касб кардаанд. Масалан, “Бибифотимаи Заҳро”, “Гармчашма”, Баршор, Обигарм, Оби шифо, Арзана, Хирманак, Хоҷаобигарм, Ҷилучорчашма, Ҳавотоғ ва ғайра аз чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки барои табобати бемориҳои гуногун аз дохили ҷумҳурӣ ва хориҷа одамон пайваста ташриф меоранд. Албатта, ҳар нафар бо як ниёз ё хостае ба чашмаҳои шифобахш меравад, то дардашро дармон бахшад.

Дар қатори чашмаҳои калон боз чашмаҳои нисбатан хурд ва кӯлҳо ҳастанд, ки аксари онҳо низ хосияти шифобахшӣ дошта, барои мардуми ин ё он маҳал хидмат мекунанд. Мавзеи Қӯтурбулоқи ноҳияи Ғончӣ (имрӯза Деваштич) дар қисмати ҷанубу шарқии маркази ҷамоати деҳоти Яхтан, тақрибан 7 км тавассути роҳи мошингард ва 3 км пиёдагард мебошад, ки дар деҳаи ӯзбекнишин воқеъ гардидааст. Чашма дар қисмати шимолу шарқии шаҳраки Ғончӣ ҷойгир буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 20 км дур аст.

Қӯтурбулоқ калимаи сирф ӯзбекӣ буда, тарҷумааш бо забони тоҷикӣ «шукуфачашма» ё худ «ушкафа чашма» - чашмаи табобатии касалиҳои пӯст мебошад. Аз ҳамин лиҳоз чашма бо хусусияти табобатияш номи Қӯтурбулоқро гирифтааст.

Чашма таърихи хеле қадимӣ дошта, аз давраи пайдоиш то имрӯз ба мардуми деҳотҳои гирду атроф ҳамчун мавзеи табобатӣ хидмат менамояд. Дар атрофи чашмаи номбурда ривояте паҳн гаштааст, ки то имрӯз мардуми ҷамоати деҳоти Яхтан ба он эътиқоду боварӣ доранд. Тибқи ривояти халқӣ қабилаи найманҳо дар рустоҳои серчарогоҳи водиҳо маконе барои худ интихоб намуда, назди ин чашма маскун мегиранд. Бо мурури вақт аспашон гирифтори касалии қӯтур (яъне шукуфа) мешавад. Бори аввал аз оби ин чашмаи мусаффо барои табобати асп истифода менамоянд, ки дар натиҷа асп шифо меёбад. Баъди ин амал онҳо мефаҳманд, ки оби чашма хусусияти шифобахшӣ дорад. Найманҳо, ки аслан қабилаи туркзабон буданд, пас аз шифо ёфтани асп ба ин чашма, номи Қӯтурбулоқро мегузоранд.

Ба чашмаи қӯтурбулоқ асосан одамон барои табобати бемориҳои пӯст меоянд. Онҳо дар қисмати поёнии чашма ҷойҳои шукуфашудаи баданашонро шустушӯ мекунанд ва ҳангоми бозгашт дар зарфҳо ба миқдори муайян аз он об мебаранд.

Қӯтурбулоқ то ҳол ба сифати чашмаи табобатӣ вуҷуд дораду назар ба солҳои пешин оби он нисбатан кам шудааст ва аз ҳар гӯша барои табобати худ аҳолӣ ташриф оварда, аз оби он ҳамчун оби шифобахшу дармонбахшандаи дардҳо бо ихлос истифода мебаранд. Дар баробари шифобахш будан нисбати ин чашма мардуми маҳаллӣ эҳтирому ихлоси беандоза доранд. Мардуми маҳаллӣ чашмаи қӯтурбулоқро ҳамчун “як ҷойи назаркардаи Худо” медонанд. Шахсони мутасаддӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани дарун ва атрофи чашма, хушк нагардидани сарчашмаи оби он чораҳои зарурӣ андешанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир нисбати ҷойҳои муқаддас ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ беэътиноӣ зоҳир карда мешавад. Ҳатто ҳолатҳои худсарона барҳам дода, ба манзили истиқоматӣ ва замини кишт табдил додани чунин ҷойҳо хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Хуб мешуд, ки баҳри нигоҳубин ва ҳифзи мавзеъҳои табобатӣ ва барои мардум муқаддас тадбирҳои судманд андешида шавад. Зеро як макони табиии табобатӣ метавонад қарнҳо барои манфиати одамон мавриди истифода қарор гирад.

Носирова Лайло

котиби илмии ПИТФИ

барчасп: