Натиҷагирии сафари хидматӣ аз мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон (дар мисоли синфхонаи санъати рассомӣ)

Бо мақсади  омӯзиш ва баррасии барнома, нақша, рафти таълиму тарбия, дастурҳои  методӣ  ва китобҳои дарсии замони истиқлол дар муассисаҳои санъати бачагонаи ҷумҳурӣ ҳайати ходимони илмии шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ноҳияи Муъминободи Вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом додем. Дар ҷараёни сафар бо роҳбаладии мудири бахши фарҳанг Баротов Исроил гурӯҳи корӣ муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъати ноҳияро мавриди пажӯҳиш қарор доданд. Ёдовар бояд  шуд, ки рафти кори муҳаққиқон аз рӯи пурсишнома ва варақаи саволномаи инфиродии қаблан таҳиянамуда сурат гирифт.

Ҷараёни омӯзиш ба мо имкон дод, ки аз рушди санъати рассомии мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод дидан намоем. Дар муассиса танҳо як синфхонаи рассомӣ фаъолият менамояд. Муаллимаи рассомӣ Шаҳнозаи Нодир мебошад, ки аз ин фан ба талабаҳо дарс мегӯяд. Аз мусоҳибаи анҷомдода бо муаллима аён гардид, ки санъати рассомӣ давоми 1 соли охир (соли 2022) ба роҳ монда шудааст. Аниқтараш аз моҳи сентбри соли 2022 омӯзиши фанни рассомӣ дар муассиса роҳандозӣ  гардидааст. Шумораи  хонандагон 30 нафар буда, ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ шудаанд, ки дар ду баст таҳсил мекунанд: басти саҳар ва пас аз нисфирӯзӣ. Аммо аз рӯи мушоҳидае, ки дар дарсҳо иштирок доштем қисми хеле ками хонандагон (5 нафар хонанда) ба дарс ҳузур доштанд. Ин аз хуб ба роҳ намондани тадрис дарак медиҳад.

Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки Шаҳнозаи Нодир ҳамчун муаллимаи рассомӣ барномаи дарсӣ  ва  нақшаи таълимӣ дошта дар рафти санҷиш муаллима  гуфтанд, ки  нақшаи нимсолаи якумро ва нимсолаи дуюмро аз худи шаҳри Кулоб рафта овардам.  Дар баробари ин аз ҳама чизи муҳим ин надоштани китоби дарсӣ буд, ки ҷанбаи нигаронкунанда барои таҳқиқоти мо гардид. Як ҷиҳати паст рафтани сатҳи таълим ин надоштани китобҳои таълимӣ мебошад. Муаллима ҷараёни таълимро бештар аз рӯи шабакаи интернетӣ ба роҳ монда, толибилмонро бо ин роҳ дарс меомӯзонад. Ин албатта, хуб аст, зеро тавассути технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ роҳандозӣ намудани дарс ба манфиати кор мебошад. Вале додани дониши назариявӣ ба хонандагон – истеъдодҳои ояндаи соҳаи рассомӣ ҳамчун таҳкурсӣ заминаи мусоид мегузорад. Муаллима Шаҳнозаи Нодир хатмкардаи Коллеҷи санъати ба номи К. қурбонов мебошад. Ӯ аз нозукиҳои санъати рассомӣ огоҳ аст. Ӯ пайваста кӯшиш менамояд, ки ба хонандагон тарзу воситаҳои наву замонавӣ ва нозукиҳои соҳаро омӯзонад. Ҷаҳду талош ва натиҷаи он дар савияи дониши андӯхтаи толибилмон дида мешуд. Яке аз ин истеъдодҳо хонандаи мактаби санъати бачагонаи ноҳия Раҷабзода Шаҳноза мебошад. Дар санъати рассомӣ ӯ қобилияти хуб дошта, тасвирҳои аҷоиберо рӯи қоғаз овардааст. Ҳангоми пажӯҳиш маълум гардид, ки Шаҳноза дар синфи чорум таҳсил намуда. Расмҳои тасвирнамудаи Раҷабзода Шаҳноза хело диққатҷалбкунанда буда, бинандаро бо як ҳисси кунҷкобӣ ба худ ҷалб мекунад. Ба монанди тасвири расмҳои паланг, гурба, лона ва дигар ҳайвоноту ашёҳо. Толибаи фаъолу доно муаррифгари чеҳраи намоёни омӯзгор аст.

Муаллима Шаҳноза барои ҷолибияти дарси хонандагон ба ҳар тариқ мавод ҷӯстӯҷу мекунад, то онҳоро хубтару беҳтар омӯзонад. Дар оянда орзу дорад, ки хонандагони фаъоли худро дар самти озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ омода намояд. Дар чорабинию маҳфилҳо ширкат варзанд.  

Аз таҳлилу натиҷагирии сафари анҷомдода аён гардид, ки  синфхонаи расомии муассисаи таълимии санъати бачагонаи  ноҳияи Муъминобод дар вазъи хуб қарор дорад.

Шарипов Абдусамад

ходими илмии шуъбаи илмӣ-методӣ

барчасп: