Бозтоби масоили об ва ҳифзи пиряхҳо дар матбуот

Дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола иду ҷашнвораҳо дар сатҳи баланд доир карда мешаванд. Азҷумла санаи 17-уми марти соли 2023 дар муассисаи мазкур бо ибтикори шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр мизи мудаввар дар мавзуи «Масълаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар матбуоти даврии тоҷик» баргузор гардид. Дар он директори пажуҳишгоҳ Абдуфаттоҳ  Аминов, олимону донишмандон Ҳасан Асоев, Мурод  Муродӣ, Аъзамҷон Азимов, устодону омӯзгорони макотиби олии кишвар, рӯзноманигорон иштирок карданд.

Дар оғоз  директори пажуҳишгоҳ  А. Аминов дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо суханронӣ кард.

Сипас, ходими калони илмии ПИТФИ, номзади илми филология Насриддин Охунзода дар мавзуи «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон: зарурат ва аҳамият»  суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки об ҳамчун омили муҳимми рушди пешрафти устувор ва зиндагибахши ҳаёти инсоният мебошад. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба об ҳамчун неъбати бебаҳо ниёз дорад ва он омили рушди кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад. Бо рушди пешрафти технология ва зиёд гардидани корхонаҳои саноатии бузург, тағйирёбии иқлим мушкилоти оби тозаро дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд овардааст.

Бо ташаббуси ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар самти об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Ходими калони илмии ПИТФИ, номзади илми филология Манижа Баҳромзода дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва инъикоси он дар ВАО андешаронӣ намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар бозтоби ташббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Ходими пешбари илмии ПИТФИ Эшонқул  Эшонқулов паҳлуҳои гуногуни масъалаи об ва раванди татбиқи онро дар воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дод.  Зикр гардид, ки инъикоси ин масъаларо дар маҷаллаи «Садои Шарқ» дар давраи истиқлол  ба ду марҳила метавон тақсим кард: якум, марҳилаи посухгӯӣ ва исботи бехатарии обанборҳо ва суди муштараки онҳо барои минтақа; дуюм, давраи ҳамгироии кишварҳо.

«Дар маҷалла агар аз соли 1993 то соли 2015 7 мақола дар масъалаи об ба табъ расида бошад, аз соли 2015 то 2022 14 мақола нашр шудааст» – зикр намуд Э. Эшонқулов.

Мақолаҳои марҳилаи аввал масъалаи захираҳои обро бархе мустақиман, бархе аз зовияи сохтмони Роғун ва мушкилаҳои экологӣ баррасӣ карда, бо санадҳо ва делелу арқоми илмӣ ба ошкор кардани таърихи масъала, сабабу натиҷаҳо ва роҳҳои ҳалли он мепардозанд, баъзе ихтилофоти давраи Шуравиро аз бойгониҳо расонаӣ мекунанд, ки аз ин ҷиҳат то андозае ба таҳқиқоти журналистӣ наздик мешаванд.

Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев  зикр кард, ки таъмини бо оби ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва мукилоти экологӣ танҳо метавон дар ҳамбастагӣ бартараф намуд. Дар самт, пеш аз ҳама,  маърифати экологии ҷомеаро баланд бардошт, бо сабзу хурррам намудани замин ва нихолҳо пеш ҳар гуна хатарҳои табииро метаовн пешгирӣ кард. Дар баробари ин, муҳаққиқону пажуҳишгаронро зарур аст, ки бо истифода аз технологияи муосир  роҳҳои нави раҳаҳои мушкилоти экологияро пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, докторони илми филология, профессор Мурод Муродӣ ва  Аъзамҷон Азимов доир ба мушкилоти ба оби ошомиданӣ таъмин намудани мардуми сайёра, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим  мулоҳизаронӣ карданд.

Дар охир кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-иадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Мирзоалӣ Ҷӯраев, Гулзира Каримова, Лайло Носирова ва Акобир Абдуллоев барои фаъолияти пурсамар бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Ҳамоиши мазкур барои ҳамагон аз манфиат холӣ набуд

 

Ифтихор Юсуфӣ,

мудири шуъбаи ВАО

ва табъу нашри ПИТФИ

барчасп: