Мардуми Куриё мисли мардуми тоҷик бо фарҳанги куҳан ва тамаддунофари хеш аз қадим маъмулу машҳур мебошанд ва санъати иҷроӣ ҷузъи муҳимтарини ин фарҳанг маҳсуб меёбад. Агар гӯем, Куриёро наметавон бидуни санъаташ тасаввур кард, ғалат намекунем. Зеро суруд ва мусиқии Куриё натанҳо дар ҳудуи мамлакаташ, балки дар сатосари олам маъмулу машҳур буда, намунаҳои барҷастаи ин риштаи фарҳанги куриёгиҳо чун мероси гаронарзиши башарият эътироф гардидааст. Дар ин росто мусиқии Куриё хеле бою рангин ва қобили таваҷҷӯҳ буда, ҳазорсолаҳо чун як шохаи беҳбудии ҳаёти ин халқ хизмат намудааст. Ин аст, ки ҳар санъати иҷроии ин халқ таҷассумгари таъриху тамаддун ва расму оини куҳани он аст:
Рақс бо веер
«Рақс бо веер»- рақсест, ки дар байни мардуми Куриё, Ҷопон ва Чин маҳбубияти махсус дорад. Веер ин бодпараки махсус аст, ки аз қадимулайём хоси занони олинажоди Куриё маҳсуб меёбад. Веер алорағми бодпараки оддӣ на дар як чӯб бо матои бамбукии ғафс, балки дар чанд чӯбча бо матои ҳарири абрешим омода мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳо ин рақс хоси раққосаҳои дарбори шоҳӣ буда, ҳаракатҳои он ифодакунандаи назокату нафосат ва шарму ҳаёи занон мебошад. Рақс бо веер аз ҳаракатҳои муштарак таҷассум кардани мавҷҳои обу равиши бод, гули нилуфар, таъзими хоси занонаи куриёгӣ ва чун нишони аз чашми бегона ва нурҳои зараррасони офтоб паноҳ додани рӯй бо веер иборат мебошад, ки ҳар як ин образҳои тавассути рақси мазкур эҷоднамудаи гулдухтарон рамзҳои махсуси худро дорад. Агар дақикан назар афканем, ҳаракоти ин рақс бо анвои “Рақси остин”, «Рақси қу» ва «Рақс дар саҳро»-и мо бошад.
Пансори
Мусаллам аст, ки ягон консерти гурӯҳҳои халқӣ ва ҳатто имрӯза гурӯҳҳои К-РОР-иро наметавон бидуни Пан ҳаго Сори ё худ Пансори (판소리) тасаввур кард. Зеро ҳар як консерти ҳунарии гурӯҳҳои этно-фолклории ин давлат ва сарояндаҳои Куриё, ки аксаран қалбашон лабрези муҳаббати миллаташон аст, барои ибрози ғурури миллияшон ҳатман ин мероси гаронбаҳои фарҳангияшонро дар номераҳои консертияшон ҷой медиҳанд. Пансори як мусиқӣ ё суруди оддӣ набуда, таҷассумгари таърихи ин миллат аст.
Пансори (판소리)- жанри махсуси мусиқии Куриёгӣ буда, ин калима аз ду реша: “Пан” (판)- Маконе, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд. Маҷлисгоҳ ва “Сори” (소리)- суруд иборат мебошад. Таърихи бавуҷудоии Пансори хеле ҳузнангез буда, аз ҳамлаи ғосибонаи Ҷопон ва Муғул ба хоки Куриё сарчашма мегирад. Зеро дар ин ҷанг бештар табақаи шоиру сароянда ва навозандагон осеб дида, эшон ба истисмори ғосибон тоб наоварда, маҷбур шуданд, ки ба ҷазираҳою кӯҳҳои наздисоҳилӣ паноҳ бурду дар ин росто дарди мардумро ба воситаи суруду мусиқӣ таҷассум намуда, бо эҷодиёти хеш рӯҳияи озодихоҳонро баланд бардоранд. Ин буд, ки аввалин пораҳои Пансори дар асри XVI ба вуҷуд омада, асри баъди намунаҳои зиёди он дар байни халқ пайдо шуда, чун гимни умумихалқии озодихоҳии мардуми Куриё дар ҳар гӯшаю канори он садо медод.
Таърихшиносон муътақид бар онанд, ки маҳз Пансори чун як мусиқии озодихоҳӣ тавонист, то дар озод шудани халқи куриёнажод аз асорати аҷнабиён руҳияи миллию озодихоҳиро будор намуда, эшонро ба инқилоби озодихоҳӣ раҳнамун созад. Чун Пансори фарёди қалби миллионҳо зани куриёии истисморшуда, ҳоҳиши бо ҳар қиммате, ки набошад озод шудани эшон зулми истисморгарон буд. Бо сабаби зиёдтар аз ҷониби занон садо додани Пансори онро ҳатто “Эпоси занона” ҳам меноманд. Пасориро “Операи Куриёгӣ” низ меноманд. Зеро барои сароидани он пеш аз ҳама овози боқуввати тембри баланддошта лозим аст.
Пас аз озод шудани Куриё аз асорат ва ба даст овардани истиқлолияти мутлақ шуҳрати “Пансори” натанҳо дар дохили Куриё, балки берун аз хоки он боло рафтан гирифт ва чандин мактабҳои махсуси донанда ва иҷрокунандагони он дар дохили Куриё ва марказҳои фарҳангии он дар хориҷа кушода шуд.
Ин буд, ки 7- уми ноябри соли 2003 “Пансори” аз ҷониби Созмони бонуфузи байналмилллалии ЮНЕСКО чун “Шоҳкории санъати лафзии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” пазируфта шуд.
Мавриди зикр аст, ки Пансори асосан аз ҷониби ду иҷрокунанда: Сориккун (소리꾼) – сароянда ва Косу (고수) – таблнавоз иҷро шуда, таҷассумгари муҳаббати поку беолоиши байни зану мард мебошад, ки аз якчанд достон ва хурддостонҳо иборат аст.
Мӯҳтавои ин эпос як кам бо эпоси машҳури «Гурғулӣ»-и мо шабеҳ аст.
Шинави
«Шинави»- мусиқии анъанавии куриёӣ буда, онро бештар мусиқии диндорони шохаи шаманизми дини будоӣ низ мегӯянд. Зеро дар аксар маъбадҳои будоии Куриёю Ҷопон ва Чин ин мусиқӣ садо медиҳад. Ҳарчанд шинави ба шаманизм ягон алоқа надошта, онро дар гузашта мазраадорону барзгарони куриёгӣ иҷро мекарданд. «Шинави» аз иҷроиши ҳамҷояи асбобҳои мусиқии халқии кореягӣ, аз қабили комунго, ҳеким ва най иборат аст.
Рақси “Пангут ҳаго Сого”
Рақси “Пангут ҳаго Сого” (Пангут ва Сого) рақси анъанавии мардуми Куриёст, ки таҷассумгари ба ҳарб гуселонидани мардҳост. Саҳнаи иҷроиши он бо сафи калон оростани иҷрокунандагон (асосан мардҳо) бо кулоҳи Бупо (кулоҳе, ки дар болояш чӯби бамбук ва дар нӯги он чанд тор ришта аз матои абрешим) мебошад. Зимни иҷрои ин рақс пойкӯбиҳо ва давр занонидани кулоҳ дида мешавад. Саҳнаи иҷроиши он мазмуни ба ҳарб гуселонидани афсар маҳбубашро дорад. Зарбҳо ва пойкубию саҳнаҳои акробатии ин рақс печутобхурӯии моҳӣ ва тоб додани бупои кулоҳашон ифодакунандаи ҷунбиши мӯйи гулмонанди муйсафед аст. Ин рақс образҳои мухталифро дар худ таҷассум намуда, шаҳодат аз сукунати ин мардум дар соҳили баҳр ва эътиқоду эҳтироми онҳо ба солорон аст, Ҳамчунин давр занонидани Пали Бупо ифодакунандаи «Чархи фалак ҳама чиро ба ҷойи қадимааш оварда мемонад»- ро дорад.
Ариран- (아리랑)
Ариран- (아리랑) - маъмултарин ва машҳуртарин мусиқии мардуми Куриё аст, ки натанҳо дар байни мардуми Куриё, балки халқҳои ҳамҷавори он амсоли Ҷопону Чин, Муғулистону Ветнам, Тайвону Тайланд маъмул гардида, ҳатто дар бархеи онҳо вариантҳои худро пайдо намудааст.
Ариран аз ду реша «Ари» (아리)- Худо, офаридгор ва «Ран(г)» (랑)- нидо иборат буда, маънои Нидо ба даргоҳи Худоро дорад. Он чандин асрҳост, ки дар миёни мардуми Куриё маъмул буда, таърихи аниқи пайдоишаш маълум нест. Зеро қариб ҳар як маҳали Куриё намунаи «Ариран»-и худро дорад. Аммо ривояти пайдоиши Ариран онро ба ба шӯриши омма бар алайҳи ҳокимияти худхоҳ рабт медиҳад:
«Замони бедодгарии ҳокимияти худхоҳ мардум косаи сабраш лабрез шуда, шӯриш мебардорад. Дар миёни шӯришгарон ду дилдода Ри Ран ва Сун Бу ҳам буданд. Онҳо аз таъқиби истисморгарон гурехта, ба макони касногузар рафта, бо ҳам ақд бастанд. Баъди муддати кӯтоҳе Ри Ран натавонист, ки дар муқобили бедодгариҳо хомӯш истад. Бинобар ҳамсари ҷавону зебояшро танҳо гузошта, ба назди халқ бармегардад. Сон бу рафтани ҳамсари маҳбубашро таҳамул накарда, ба қуллааи кӯҳ баромада, ин сурудро мехонад:
아리랑, 아리랑, 아라리요…
아리랑 고개로 넘어간다.
나를 버리고 가시는 님은
십리도 못가서 발병난다.
(Ариран, ариран, арариё…
Ариран когэро номоганда.
Нарыль пориго кащинын нимын
Симнидо моткасо пальбённанда.),
ки таҷумааш чунин аст:
Ариран (Бархе забоншиносон бар он ақидаанд, ки Сон Бу Ариран гуфта «А»- нидои эй ва «Риран»- гуфта, номи ҳамсарашро дар назар доштааст. Яъне, «Эй Риран! Биист!»)Ё худоё, Ё худоё, худоё, ин ағба,
Азизам, тасмим гирифтӣ, то аз он гузарӣ!
Мехоҳӣ маро танҳо гузошта биравӣ,
Вале дархотир дор, ки бе ман,
Ҳатто даҳ ли ҳам рафта наметавонӣ,
Зеро пойҳоят ҳатман ба дард медароянд.
Ин нидои Сон Бу аз қуллаи баланди ағба ба гӯши аҳолӣ мерасад ва он аз забон ба забон гузашта, чун гимни озодихоҳӣ минбаъд дар байни халқ садо медиҳад».
Ҳарчанд «Ариран» матни дурудароз ва комил ҳам набошад, минбаъд дар худ намунаҳои «Марши ҳуввият» ва озодихоҳию тарғиби ҷавонмардию рӯҳияи артишро баланд карданро дар худ гирифт. Ҳатто маҳбубияти «Ариран» боиси пайдо шудани вариантҳои чинӣ ва ҷопонии он шуд. Дар ибтидои садаи XXI «Ариран» шурӯи ҳар барномаҳои консертии сарояндагони ин кишвар гардида, ягон консерти сарояндагони куриёгӣ новобаста ба жанр бидуни «Ариран» барпо намешавад. Маҳз ҳамин маҳбубият ва таърихи хеле қадими доштанаш боис гардид, ки 6- уми декабри соли 2012 «Ариран» чун “Шоҳкории санъати лафзии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”- мероси фарҳангии Юнеско пазируфта шуд.
ФАРАНГИСИ ФАРМОН
ходими калони илмии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикон