Баррасии проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол

Ҳамасола дар муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ бахшида ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун ҳафтаи илм дар шакли конференсияи илмӣ – назариявӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто фаротар аз он қайд карда мешавад.

Санаи 25-уми апрели соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи фаъолияти китобдорӣ ва роҳбари лоиҳаи илмии «Таҳқиқи рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021-2025) Шариф Комилзода конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» бо иштироки меҳмонон аз шаҳру навоҳии мамалакат баргузор карда шуд. Конференсияро директори ПИТФИ н.и.ф. Аминов Абдуфаттоҳ бо сухани ифтитоҳии худ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зикр кард, ки бо сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг хеле пеш рафта истодааст.

Баъдан, мутасаддии чорабинӣ н.и.п., дотсент Ш. Комилзода зимоми бурдани кори конфронсро ба дӯш гирифта, андешаҳояшро пиромуни мавзӯи ҳамоиш мухтасар баён намуд. Пасон аз тарафи меҳмонон ва ходимони илмии ПИТФИ маърӯзаҳо дар шакли зайл ироа гардиданд, ки бозгӯкунандаи мазмуну муҳтаво ва натиҷаи кори конфронс буданд:

  1. Рушди қонунгузории фарҳанг дар даврони истиқлол. Суханрониии номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода.
  2. Инъикоси масъалаҳои фарҳанги миллӣ дар матбуоти даврӣ (дар мисоли рӯзномаи «Баҳори Аҷам» ва маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг»). Суханронии мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Ифтихор Юсуфӣ.
  3. Бедор намудани ҳусни таваҷҷуҳи ҷавонон ба фарҳанги миллӣ. Суханронии доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Хоҷаев.                              
  4. Истиқлолият ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Хатлон. Суханронии мудири шуъбаи автоматикунонии Китобхонаи оммавии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Бибиҳоҷара Ашурзода.
  5. Рушди муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Рашт дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо. Суханронии ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ Моҳира Акобирова.
  6. Рушди библиографияи тоҷик дар даврони истиқлол. Суханронии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода.
  7. Нақши библиографияи кишваршиносӣ дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ. Суханронии муовини директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и ДИПҶТ Гадобек Маҳмудов.
  8. Нақши Хона-осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода дар баланд бардоштани худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон. Суханронии ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ Шодӣ Қурбонов.
  9. Нақши фаъолияти иттифоқҳои эҷодии соҳаи фарҳанг дар рушди фарҳанги миллӣ. Гузориши муовини директори ПИТФИ оид ба илм, номзади илмҳои филологӣ Мирзоалӣ Ҷӯраев.
  10. Омӯзиши вазъи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии “Тахти Сангин” ва “Хоҷа Машҳад”. Гузориши ходими пешбари илмии ПИТФИ Мунавар Сафаров.

      Дар охир рӯнамоии дастурҳои библиографии “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (иборат аз 2 ҷилд) ва “Библиографияи библиографияи Тоҷикистон”, ки аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ ҷамъоварию чоп гардид, сурат гирифт. Оид ба китобномаҳои мазкур мураттибон, аз ҷумла роҳбари лоиҳа маълумоти ҳисоботӣ доданд. Маълум гардид, ки дар 2 ҷилди дастури “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” 5015 номгӯи асару мақолаҳо доир ба масъалаҳои мубрами фарҳанги миллӣ ҷамъоварию гурӯҳбандӣ шудаанд. Дар дастури “Библиографияи библиографияи Тоҷикистон” 814 номгӯи нишондиҳандаҳои библиографии дар даврони истиқлол интишорёфта, номнавис шудаанд. Дар мубодилаи афкор директори Китобхонаи марказонидашудаи ноҳияи Дӯстӣ Ширин Кабиров, фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ, библиограф Гадобек Маҳмудов ва дигарон фаъолона ширкат варзида, фикру ақидаҳояшонро дар атрофи мавзуъ ба таври мушаххас ва илмӣ баён намуданд.

      Конфронси мазкур барои ҳамагон аз манфиат холӣ набуд.

Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ

Ифтихор Юсуфӣ, Акобир Абдуллоев

 

барчасп: