Нависандаи машҳури олмонӣ Герман Гессе навиштааст: “Ҳар касе, ки дар зиндагӣ роҳи махсуси худро пеш гирад, қаҳрамон аст”. Ин гуфтаҳоро ҳамбаста ба зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари устоди донишманд, ростқавлу поквиҷдон ва қавиирода, яке аз фолклоршиносони барҷаста Дилшод Раҳимӣ метавон ёдовар шуд. Имрӯз ин марди дарёдилу оромтабиат ва нексиришт зодрӯз доранд.
Дар ҷаҳони имрӯз илм нақши муҳим дошта, ба рушду инкишофи давлат мусоидат мекунад. Илми фолклоршиносӣ баъди нимаи аввали асри ХХ то ҷое дар омода намудани олимону донишмандони соҳаи мазкур ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст ва Раҳимӣ Дилшод низ аз зумраи он шахсиятҳоест, ки дар пажӯҳишу таҳқиқоти илми тоҷик хидматҳои арзандаеро анҷом додаанд. Қазовати ин донишманди асили аср он аст, ки дар риштаи фолклоршиносӣ ва мардумшиносӣ осори бисёр муҳим ва пурарзишеро рӯи қоғаз овардаанд, ки шояд таълифоти ин муаллифи пуркор ва нуктасанҷ тайи даҳсолаи охир собиқа надошта бошад. Тавре шоираи ширинкалом Фарзона фармудааст: “корҳое, ки дар умури маънавӣ анҷом мешаванд, аз корҳое, ки дар умури моддӣ сурат мегиранд, ҳамеша поянда ва пурояндатаранд”.
Саодати ҳамнишинӣ бо ин шахси маъруф солҳост моро насиб гардида, ки дар ин муддат аз донишу одамияти ин инсони шариф шогирдона баҳравар гаштаем. Устод Дилшод Раҳимӣ пайваста аз таъриху фарҳанги миллати хеш сухан меронанд ва ифтихор аз он мекунанд, ки мардуми тоҷик дорои чунин тамаддуну фарҳанги бою ғанӣ ва қадимианд. Хислати ҳамидаи дигаре, ки дар ин марди наҷиб зоҳир гардидааст, эҳтиром гузоштан ба суханони ҳар як ҳамсуҳбат ва ботамкинона матраҳ намудани масъалаҳо мебошад, ки ин фазилати писандида танҳо хоси соҳибдилон аст.
Донишманди пуркору шинохта, дар рушду нумӯи илми фолклоршиносӣ саҳми боарзиш гузошта истодаанд. Дастоварди бузурге, ки дар ин ҷода Раҳимӣ Дилшод ба анҷом расонидаанд, ин таҳияи китобҳои “Фолклори тоҷик”, “Чинори пургул”, “Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон”, “Ҳамосаи “Гӯрғӯлӣ” ва шинохти он” ва ғайра мебошанд, ки ҷиҳати пешрафти илми фолклоршиносӣ арзиши нотакрор доранд. Инчунин мураттаб ва такмили “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” (солҳои 2014, 2016, 2018, 2020, 2022), “Фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” (бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), силсилакитоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” (шумораҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 8, 9, 12), “Феҳристи хӯрокҳои анъанавии мардуми тоҷик” натиҷаи заҳматҳои устоданд.
“Нарӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон”, “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ”, “Сада – ҷашни гармию нур”, “Наврӯз – ҷашни замину офариниш”, “Шаби Ялдо – Шаби оғози чилла”, “Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон”, “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон: масъалаҳои ҳифз, муаррифӣ ва рушд” ва амсоли инҳо низ ба қалами Раҳимӣ Дилшод мансубанд. Дилшод Раҳимӣ ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ва ботаҷриба дар таҳия ва таҳрири Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (ҷилдҳои 1, 2, 3) ҳамкории судманд намудаанд.
Баробари олими сухансанҷ будан дар илми фолклоршиносӣ хидматҳои устод дар рушду густариши соҳаи мардумшиносӣ – муаррифии фарҳанги ниёгон ва таҳияву пешниҳоди онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ қобили зикр ва ёдоварист. Номинатсияҳои “Наврӯз”, “Оши палав”, “Чакан”, “Фалак”, “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” аз ҷумлаи намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, баҳри шиносонидани онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ заҳматҳои Раҳимӣ Дилшод хеле бузурганд. Як қатор унсурҳои дигари фарҳангӣ аз қабили: “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ”, “Рубоб”, “Ҷашни Сада”, “Ҷашни Меҳргон”, “Кашидадӯзӣ” ва ғайра, ки баёнгари мероси гузаштагони мост, бо талошҳои пайвастаи мутахассиси коршинос – Раҳимӣ Дилшод ҷиҳати сабт намудан ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ба дафтари ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд.
Ин олими масъулиятшинос дар нишастҳои илмӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои мухталифи фолклоршиносӣ ва мардумшиносӣ дар хориҷа ва аз кишвар (тариқи онлайн) бо маърӯзаву гузоришҳои пурмуҳтаво азамату шарафи илм ва фарҳангу тамаддуни тоҷикро ҳимоят намудаанд.
Таҳқиқу пажӯҳишҳои илмии Дилшод Раҳимӣ хеле фарох ва серсоҳа буда, бо қалами ӯ беш аз 200 осори илмӣ таълиф гардидааст. Хизматҳои шоистаи ин шахсияти наҷибро метавон бо ибораи “фотеҳи куллаҳои илм” ифода намуд. Оре, устод Дилшод Раҳимӣ аз зумраи соҳибназарони миллати тоҷик дониста шуда, кору фаъолияташон дар сафҳаҳои дурахшони зиндагиашон мояи ифтихори мо шогирдон ва ҳаводорон аст. Зеро тадқиқотҳои анҷомдодаи пурқиммати илмию таҳлилии ин донишманди шинохтаро бо як ибораи пурмуҳтаво “на борон бишӯяд, на бодаш барад” метавон арзёбӣ намуд.
Зодрӯз муборак, устоди гиромӣ ва арҷманд!
Кормандони ПИТФИ
Носирова Лайло,
Абдуллоев Акобир,
Ғафуров Ҷамшед