БИГЎ, КУҶОСТ МАЗОРИ ТУ?

Бо адиби ҷангноманависи тоҷик Раҳмон Сафар солҳо боз ошноӣ доштам.Чандин маротиба бо ў мусоҳиб шуда, дар рўзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Ҷумҳурият» ба табъ расондам. Раҳмон Сафар соли 1978 бо рутбаи майор дар синни 46 солагїба истеъфо баромад. То он дам чандин матлаб дар бораи корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик навишта буд. Ба гуфтаи худаш ўро барои муайян кардани қисмати ҷанговарони шаҳиди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамӣ ва қабри онҳо шахсан Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов таҳрик ва ҳидоят карданд ва барои ин кор ва роҳ ёфтан ба архивҳои муътамад маблағҳои ҳангуфт ҷудо карданд. Соли 1985 ҷилди аввали китоби «Ҳазору як корнома» ба табъ расид ва ҷилдҳои минбаъда то соли 2016 интишор ёфтанд.

Моҳи апрели соли 2005 ба ифтихори 60 – солагии ҶБВ зимни мусоҳиба пурсидам: -Оё медонед, ки аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ чор бародар – Ҳаёт, Мирзо, Давлат ва Саид Сафаровҳо ба ҳимояи Ватан ба фронт рафта, ҳар чор нафар шаҳид шуданд.

-Хотираи онҳоро бояд пос дошт, -ва илова намуд, -оё ту медонӣ, ки соли 1942 дар Муъминобод арўсро ба хонаи домод оварданду, ҳамон лаҳза домодро ба ҷанг фиристоданд. То ҳол ҳамон духтар кампир шудаасту шавҳарашро интизор аст…

Умед дошт, ки ба муносибати ҷашни 60 – солагӣ хидматҳои ҷоннисорона ва беназири ўро қадрдонӣ карда , унвони генералиро барояш арзонӣ медоранд. Вале 4- майи соли 2005 ин дунёро падруд гуфт…

ОХИРИН УММЕДИ ИН УММЕДВОРОН ЗИНДА БОД

Беихтиёр холаи Курбонҷон, ки дар ҳамсоягии мо, зиндагӣ мекард, ба хотирам омад. Писари ягонааш Домулло Шарифовро баҳори соли 1943 ба ба фронт фиристонданд. Ў дар ин ҷанг беному нишон шуд. Вале модараш – холаи Қурбонҷон эътимоди қавӣ дошт, ки рўзе писараш, писари азизаш меояд. Холаи Қурбонҷон бузи бисёр дошт ва аз мағоза тамоми асбобҳои навтарини рўзгорро мехариду барои писару келиншавандааш куртаву ҷома медўхт. Мо мактаббачаҳо солҳои шастуму ҳафтодум ҳамеша ба короҳояш ёрӣ мерасондем. То охири умр, то нафасҳои вопасин - охири солҳои ҳаштодум омадани писарашро интизор буд. Худо раҳмату мағфираташ кунаду ҷояшро ҷаннат.

Назар ба гуфти мўйсафедон писари холаи Қурбонҷон ҷавони хеле зебо ва муаллим буд. Ў ҳанўз дар шиками модараш буд, ки падараш Мулошариф аз дунё гузашт. Падараш аҳли савод – домулло буд. Ҳангоме ки тифл ба дунё меояд ба ў номи падарашро мегузоранду аз рўи эҳтиром ҳама Домулло мегуфтанд.

ДАР СУҲБАТИ ВЕТЕРАНҲО ВА ЗАРОФАТИ ОНҲО

Аз деҳаи Дарѓ 86 нафар ба ҷанг рафта, 54 нафари онҳо, аз ҷумла Домулло шаҳид шуд. Худованд ҳамаашонро биомурзад ва рањҳмату мағфират кунад.

Солҳои 60 ва 70-ум ҳангоме, ки мактабхон будем, иштирокчиёни ҶБВ дар ҳар як ҷашну чорабинии мактабӣ иштирок ва суханронӣ мекарданд. Бахусус Кӯчак Раҷабов, ки доим бо камзули сталинӣ мегаштанд ва пеши синаашонро аз ҳама беш ордену медалҳо оро медод ва шахси сухандону ҷасур буданд, дар ҳама маъракаҳои муҳим суханронӣ мекарданд. Маълум буд, ки аз ҳама бештар корнамоӣ нишон додаанд. Иштирокчиёни ҷанг дар ҳамаи маъракаҳои деҳа болонишин ва ба қавле гули сари маърака буданд. Ҳамаи мардум, бахусус мо мактаббачагон қиссаҳои ҷангӣ ва корнамоии онҳоро хеле дўст медоштем. Онҳо ҳамзамон, хеле шуху зиндадил ва хушсуҳбат буданд. Боре дар як маърака сари хони пурнозу неъмат, ки аксарашон иштирокчиёни ҷанг буданд, раиси колхоз Султонов низ иштирок дошт. Чун ҳамеша Кўчак Раҷабов дар бораи корнамоиҳои худ қисса карданд ва иброз доштанд:

-Дар хандақе камин гирифта , бо наздик шудани немисҳо гранатаеро қулочкаш ба мошини онҳо партофтам ва чанд нафари пиёдагардҳоро, ки аз қафои он ҳаракат доштанд паррондам.

Раис ба иштирокчии ҷанг Хайрулло Нуров, ки марди хеле шуху бебок буданд, рў оварда пурсиданд:

-Хайрулло, шумо ҳам ягон немисро паррондаед?

-Не, раис, мо то ба фронт расидем, ки Кўчак ҳамаашро парронда буд, - бо ҷиддият ҷавоб доданд, Хайрулло ва садои хандаи ҳозирин баланд шуд.

АСРОР И ЗИНДА МОНДАН

Иштирокчии дигари ҶБВ Раҷаб Холов соли 1941 ба фронт сафарбар гардида, дар чандин муҳорибаҳо ва озод кардани кишварҳо корнамоиҳо нишон дода, бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст. Ин марди шуҷоъ то Берлин расида, соли 1947 бо сари баланд ба Ватан баргаштааст ва дар ободонии диёр саҳми муносиб гузоштааст. Бо ў дар тўли зиндагиаш чандин маротиба ҳамсуҳбат шуда, асрори зинда монданашро дар тўли ҳафт сол пурсидам.

-Аввалан, ин қисмату насибу тақдир будааст. Мо бо марди хеле оқилу донову ҷасур, ки забони русиро аз русҳо ҳам беҳтар медонисту тоҷики сокини Самарқанд буд, дўст ва ҳамхизмат будем. Ҳама ўро муаллим мегуфтем ва хеле эҳтиромаш мекардем. Одатан зимни ҳуҷум дар муҳорибаҳо ба афсарону аскарон барои нотарсу шердил шудан арақ ё спирт медоданд. Баъди нушидан хама рўирост «урра»-гуён ба ҳуҷум мегузаштанду ҳадафи тири немисҳои дар каминбуда мегардиданд. Ин ҳолатро муаллим мушоҳида карда, моро таъкид мекард, ки арақ ё спиртро зинҳор ба даҳон набарем, зеро он ақлу фаросатро гум мекунад ва ҳадафи тири душман мешавем.Баракс, зимни ҳуҷум дар паси дарахтҳо ва ё хандақҳо пинҳон шуда душманро ҳадафи тир қарор диҳем. Ў ин нуқтаи назари хешро борҳо ба командирону ҳатто генералҳо гуфта буд. Аммо онҳо гуфтаҳои ўро ба назари эътибор нагирифтанд ва баъди чанд муддат ўро аз мо ҷудо карданд. Ман бо насиҳати ў ҳафт сол ҷангидам ва гарчанде чанд бор захмҳои сабук бардошта бошам ҳам шукри Худо сиҳат саломат ба Ватан баргаштам.

Худованд ҳамаашонро биёмурзад ва ҷояшонро ҷаннат гардонад.

Ходими пешбари ПИТФИ

Мунаввари Сафар

барчасп: