ТАНЗИМИ ОИЛА: ИН МОДАРИ СОЛИМ, КӮДАКИ СОЛИМ, ОИЛАИ СОЛИМ, ҶОМЕАИ СОЛИМ ВА МИЛЛАТИ СОЛИМ АСТ
Масъалҳои ҳифзи саломатии модар кӯдак, тарбияи наслҳои солим ва таьмини ояндаи неки онҳо бояд ҳамеша дар мадди авал бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
(Ин мусоҳиба ҳанӯз моҳи марти соли 2002 бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Аламхон Аҳмадов дар мавзӯи басо муҳим сурат гирифт, ки 30 марти ҳамон сол дар рӯзномаи “Ҷумҳурият ба табъ расид ва то ҳол қимати худро гум накардааст. Бинобар ин матлаби мазкур пешниҳоди хонандагони гиромӣ мегардад).
-Мӯҳтарам Аламхон Аҳмадов, чуноне, ки ба ҳамгон маълум аст суханронии Перзденти Чумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси умумиҷумҳриявӣ доир ба прблемаҳои тараққиёти демографӣ ва танзими оила, ки 20 феврли соли 2002 баргузор гардид, таваҷҷӯҳи ҳамаи сокинони мамлакатро ба худ ҷалб намуд. Бешубҳа, баррасии чунин масъалаи муҳим ҳамчун таҳаввулоти фитрист, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамовозӣ ёфт.
Бигӯед, омӯзиш, таҳқиқ ва ҳалли масъалаҳои демографӣ ва танзими оила дар Тоҷикисоно аз нуқтаи назари тиббӣ чӣ нақши муҳимро мебозад ва Вазорати тандурустӣ таи даҳ соли охир ба масъалаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандон, хоса модару кӯдакон ва тарбияи наслҳои солим ба кадом дастовардҳо муваффақ шудааст?
-Сиёсати пешгирифтаи Презденти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ дар баробари истиқрор ва таҳкими сулҳ, ваҳдат, ин беҳбудӣ бахшидан ба сатҳ ва сифати сиҳатию солимӣ ва оромиву осудагии мардум буд.
Мақсади асосии баромади Сарвари давлат оид ба масъалаҳои демографӣ, рушди уствор ва танзими оила, ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон, хоса модарон кӯдакон, афзудани давомнокии умр, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагиву масърифатнокии аҳолӣ, тарбияи насли солим, таъмини ояндаи неки онҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, болоравии фарҳанги маърифати мардум буда, бешубҳа, кафолати рушди устувори ҷомеа мебошад.
Бояд таъкид кард, ки аз ҳама чизи пурқимматарин барои инсон ин ҳаёт ва саломатии ӯст. Ҳеҷ кас дар олам ба маънои аслӣ, умри дубора наёфтааст.
Бинобар ҳамин, ҳар як инсон бояд бикӯшад, ки зиндагиро, ҳаётро ба қавли шоири классикамон Ҳаким Умари Хайём ин сармояи мулки ҷаҳонро бо хушӣ, накӯкорӣ шодмонӣ ва саодатмандӣ гузаронад. Зеро, ки онро, чи тавре, ки гузаронӣ, ҳамон тавр мегузарад.
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон,
Умр аст, бад- он сон гузаронӣ, гузарад
Табибӣ ин пешаест, ки дар ҳама давру замон одамон ба он ниёзманданд. Табиб ҳамеша бо гавҳари пурқимати инсонӣ ҳаёт ва саломатӣ сару кор дорад. Баромади Сарвари давлат бо асноду далелҳои қотеъона ва раднопазир собит намуд, ки танзими оила кафолати рушди устувори ҷомеа буда, масъалаҳои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон, тарбияи насли солим ва таъмини ояандаи неки онҳо дар мадди аввал меистад.
Танзими оила ин дарки дурусти ба низом даровардани ҳомиладориро аз ҷониби зану шавҳар бо розигии тарафайн ба миён мегузорад, ки мақсад аз он танзими таваллуди кӯдаки дилхоҳ, солим, дар фосилаҳое, ки ба саломатии ҳам модару ва ҳам кӯдак бехавф буда, ба мустаҳкамсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд ҳисси масъулияти онҳоро нисбат ба тарбияи фарзандон дар назди ҷомеа баланд мебардорад. Пеш аз ҳама мақсад аз танзими таваллуди фарзандон дар он аст, ки модарон имконият пайдо бикунанд то ба кӯдаконашон ба таври бояду шояд сина макконанду саломатии хешро барқарор бисозанд ва тифлонашро бе нуқсон ба воя бирасонанд. Илми тиб кайҳо исбот кардааст, ки шири модар на танҳо ғизои ҷисмонӣ, балки ғизои маънавӣ меҳру муҳаббат, садоқат ва тамоми фазилатҳои неки инсониро тавассути он ба фарзанд медиҳад. Ҳамчунин яке аз хосиятҳои шири модар дар он аст, ки кӯдаконро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамояд. Дар баробари ин, ҳангоме ки модар ба кӯдакаш шири худро медиҳад, ҳомиладоршавии бармаҳал низ истисно мегардад. Баъзе модарон ба кӯдак як муддати кӯтоҳ сина мемаконанду бо ҳар баҳона зуд аз он даст мекашанд. Ба онҳо шири ғайр медиҳанд, ки дар натиҷа ҷисми кӯдакон заиф гардида, боиси гирифтории онҳо ба бемориҳои мухталиф мешавад. Чунин кӯдакон аксаран фавт меёбанд ва ё носолиму ноқис ба воя мерасанд ва дар зиндагӣ як умр азобу уқубат мекашанд. Ҳамин тавр чунин фарзандон на дастгири падару модар, балки доғи волидайн шуда, таъсири он ба фарзандони минбаъд тавалудшуда низ мерасонад. Зеро шайх Саъдӣ фармуда
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ана ҳамин тавр, умри азизи хешро бо оҳу надомат ва ғаму кулфат мегузаронанд. Дар баробари ин, дар асоси баъзе омӯзишҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки кӯдакони бо шири модар ба воя расида, раҳмдилтару оқилтар ва зеҳни хубтар доранд. Бояд қайд кард, ки танзими шумораи кӯдакон дар оила аз лиҳози имкониятҳои ҷисмониву, таълимӣ ва тарбиявӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар мамлакат шумораи бачаҳои бепарастор зиёд гардидааст. Аксари онҳо аз оилаҳои серфарзанду камбизоатанд, ки дар кӯчаву бозорҳо аз паи ёфтани ризқу рӯзӣ ба ҳар гуна корҳои ба монанди аробакашию мошиншӯӣ, ҳаммолӣ, пойафзолтозакунӣ ва ғайра машғуланд. Онҳо дар мактаб намехонанд ва аз илму дониш баҳрае надоранд. Оқибати оворагию сарсонӣ ба дуздию авбошӣ ва майзадагию нашъамандӣ бурда мерасонад. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат дар баромадашон ишора карданд, ки барои рушди ҷомеаи солим насли солим зарур аст.
Масъалаи солимии репордуктиви зан - модар дар ҷумҳуриамон яке аз масъалаҳои муҳимтарини на танҳо соҳаи тандурустӣ, балки тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати тандурустии мамлакат як қатор чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд ва дар ин самт дастовардҳо низ ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки то ҳол сатҳ ва сифати саломатии занону модарони мамлакат ташвишовар буда, рушди самараноки татбиқи барномаҳою нақшаҳои амалшудаистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустиро талаб менамояду дар ин самт муносибатҳои навоварон ва ҳамкориҳои бисёрҷабҳаро на танҳо миёни шохаҳои гуногуни соҳавӣ, балки миёни шохаҳои гуногуни давлатдории марказию маҳаллӣ талаб мекунад. Таи солҳои охир сатҳи нишондоди фавти модарон мунтазам ба пастравӣ моил дорад. Агар ин нишондод дар соли 1995 ба 96, 3 нисбати сад хазор зинда тавлидгардида баробар бошад, дар солҳои 2000 – 2001 –ум ин нишондод мутаносибан ба 49, 9 ва 51, 1 – ро ташкил мекунад.
Дар баробари ин таи даҳсолаи охир нишондоди исқоти хамл, ки солиёни зиёд ҳамчун як воситаи ба танзим даровардани таваллуд мавриди истифода қарор дошт, хеле кам гардидааст.
–Чи тавре ки маълум аст, бештари фавти занон ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ба вуқӯъ меояд. Аз нуқтаи назари тиббӣ дар кадом ҳолатҳо ҳомиладорӣ пешгирӣ карда мешавад ва фосилаи байни ҳомиладоршавӣ бояд чанд муддатро дар бар гирад?
–Пешгирии ҳомиладорӣ аз он хотир ҷоиз дониста мешавад, ки онро ба мақсадҳои нек истифода баранд. Баъзе сабабҳо нисбат ба дигараш қобили қабул буда, баъзеашон то дараҷае ҳатмист, ки ризояти зан бояд сарфи назар карда шавад.
Мувофиқи тадқиқоти илмӣ якчанд бемориҳои ниҳоят хавфнок мавҷуд аст, ки ба ҳаёти модар ва кӯдак хатарноканд. Илми тибби имрӯза зиёда аз 90 намуди касалиҳоро муайян кардааст, ки дар ҳолати гирифтор шудан ба ин бемориҳо ҳомиладорӣ бояд манъ карда шавад. Аз он ҷумла дар ҳолати зуҳур ёфтани 19 намуди бемориҳо, ба монанди бемори сил, саратон касалии қанд касалиҳои вазнини роҳҳои пешоб ва гурда, дил, ҷигар, камхунии шадид, касалиҳои рӯҳӣ ва ғайра ҳомиладоршавӣ бояд қатъиян манъ карда шавад.
Бояд гуфт, ки пешгирии ҳамли номатлуб аз нигоҳи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории ислом ва нуқтаи назорати тибби ҳозиразамон мувофиқ меояд . Чунон ки он сабабҳои узрнок дар китоби ҳуқуқшиноси ислом Абдураҳими Умрон “Танзими оила дар ислом”оварда шудааст. Дур намудани хатари таҳдидкунанда ба саломатии модару кӯдак аз тариқи ҳомиладории такрор, сабаби аз ҳама маълум ва ҷоиз пешгирии ҳомиладорӣ шуморида мешавад ва сабабҳои асосӣ аз инҳо иборатанд. Таҳдиди хатар аз модари ҳомиладор ба кӯдаки ширхор, хатари дарди таваллуд ба модар, хатари ҳомиладор ба модаре, ки тифли ширхор дорад, хатари хомиладории пайдарпай ба модар, хатари ҳомиладории фосилааш кӯтоҳ ба модар ва кӯдак, хатари гузаштани бемориҳои ирсӣ ва сирояткунанда ба насл.
Муфтии Миср Шайх Муҳаммад Тантавӣ фатвои худро ҳанӯз соли 1988 дар бораи танзими оила хеле пурмазмун, қатъӣ ва самимӣ гуфтааст.
Ӯ танзими оиларо бо сабабҳои иқтисодӣ, моддӣ во сиҳатию саломатӣ ба таври озод иҷозат додааст, Шайх Тантавӣ таъкид намудааст, ки халқу миллатҳо дар айни замон аз иқтидори илмию техникии худ фахр мекунанд, на аз миқдору шумораи аҳолӣ.
-Бо ташаббуси Шумо китоби олим Абдураҳими Умрон “Танзими оила дар ислом” аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, ба табъ расид. Зарурати нашри китоби мазкурро дар чӣ мебинед?
- Аз солҳои 90 –ум сар карда сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳоли паст шуд, ки ба солимии аҳолӣ, хоса ба модару кӯдак бетаъсир намонд. Нишондодҳои фавти модарон ва тифлон баланд гардид, ки яке аз сабабҳои он ин таваллуди бенизоми, ҳомиладории онҳо дар ҳолати носолимӣ, паст будани маърифати шаҳрвандон оид ба танзими оила ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҳамин лиҳоз Вазорати тандрустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзу беҳдошти сиҳатӣ ва беҳтар гардонидани саломати модару кӯдакон ва паст намудани нишондодҳои фавти онҳо, беҳтар ба роҳ мондани танзими оиларо ҳамчун яке аз равандҳои асосии фаъолияти худ пеш гирифта, ки он ба таҷрибаи умумиҷаҳонӣ мувофиқ мебошад.
Мутаассифона, дар байни баъзе аз гурӯҳҳои аҳолӣ ақидаҳои хилофи танзими оила пайдо шуданд. Онҳо дар чунин ақида буданд, ки гӯё танзими оила хилофи аҳкоми шариат ва дини мубини Ислом аст ва гӯё одамон ҳуқуқи ба он дахолат карданро надошта бошанд. Бинобар ҳамин барои дастрас намудани адабиёти зарурӣ, ки ба ин масоил рӯшанӣ андозад, ба ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандрустӣ (ТУТ) ва Хазинаи нуфуси аҳолии СММ муроҷиат кардем. Онҳо ба мо китоби профессор Абдураҳими Умрон “Танзими оила дар ислом” –ро ба забони англисӣ дастрас намудаанд, ки онро бо кӯмаки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Хазинаи нуфуси аҳолии СММ ба забони тоҷики тарҷума карда ба табъ расондем, ки ҳоло пешкаши хонандагони сершумор гардидааст.
Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш хеле бамаврид қайд карданд “Пурсишҳо ва омӯзишҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки бисёриҳо назари исломро оид ба ин масъала намедонанд. Ҳарчанд ки мо чанд сол муқаддам Қуръони маҷидро бо ҳуруфи криллӣ чоп кардем ва он имрӯз дастраси мардуми Тоҷикистон аст. Кам нестанд падару модароне, ки дар натиҷаи надонистани аҳкоми дини мубини Ислом танзими таваллудро гуноҳ мешуморанд ва аз он худдорӣ мекунанд. Ҳол он ки дар чаҳони ислом чандин сол боз раванди таҷдиди назар кардани масъалаҳои таваллуд ва банақшагирии оила идома дорад”
Бинобар ҳамин бояд ба ҳар як ҳодисаю воқеа аз рӯи дарки ақлу фаросат ва масъулият муносибат намоем. Чунончӣ Закариёи Розӣ дар фасли якуми “Тибби рӯҳонӣ”, ки ситоиши фазилати ақл мебошад, гуфтааст “...гузашта аз он ба кумаки он (ақл) чавҳари аслро дарёфт мекунем, зеро ки ақл беҳтарин туҳфаи Худовандӣ буда, ба мо қудрати судманд мебахшад. Мо ба шарофати ақл ҳастии” оламро дарк мекунему бо мақсаду мароми хеш мерасем. Ба мо воҷиб аст, ки онро аз мартабаи олияш фуруд наоварем дараҷаи виқори онро кам накунем ва инчунин ба ҳокими маҳкумкунандаи он табдил наёбем. Мо онро лаҷом назанем, то ки вай дар ҳолати лаҷомзада монад, зеро ки ақл роҳбар аст на мутеъ”.
Агар мо ба оятҳои Қуръони карим суханҳои Паёмбар, аҳкоми дини мубини Ислом, фалсафаи олимону хирадмандон ва ҳакимони бузурги гузаштагонамон назар андозем ва аз онҳо бархӯрдор бошем, то кадом андоза ботил будани афкори мардуми мутаассиб ва хурофтпарастро дарк мекунем.
- Чуноне ки маълум гардид, аз модари солим кӯдаки солим ба дунё меояд. Риоя накардани фосилаи байни ҳомиладорӣ ба чӣ оқибатҳои ногувор бурда мерасонад?
Таҳлил нишон медиҳад, ки дар солҳои охир қариб зиёда аз 20 %. модарони фавтидаро онҳое ташкил медиҳанд, ки зиёда аз 5 маротиба таваллуд кардаанд. Дар байни мардуми олам, аз он ҷумла дар байни мардуми мо чунин ақида хеле маъмул аст, ки ҳангоми таваллуд аз ҳаёт то марг як қадам аст. Оре, модар дар он ҳангом дар байни зиндагиву марг ҷонбозӣ мекунанд. Ҳар қадар, ки зан бештар ва бефосила таваллуд кунад. Ӯ ҳамон қадар ба ҳамин ҳолати дар боло зикргардида дучор шуда, ҳамон қадар саломатиаш коста мегардад. Танзими оила бошад ба хотири нигоҳдории тандурустӣ, мустаҳкамкунии вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо ва тақвият додани ҳисси масъулияти падару модар нисбат ба фарзандон ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Табиатан шохаи дарахте, ки меваи аз ҳад зиёд дорад, эҳтимолияти шикастанаш зиёдтар аст. Дар баробари ин, дар табиат дарахтони мевадиҳандае ҳастанд, ки агар як сол мева диҳанд, соли дигар бор намеоранд ва худро барои соли оянда барқарору омода месозад.
- Ба фикри Шумо, барои беҳбудии саломатии модару кӯдак ва риояи меъёрҳои тиббӣ ҳангоми ҳомиладоршавӣ ва тавалуди фарзанд дар мамлакат боз кадом чораву тадбирҳоро пеш гирифтан мумкин аст?
- Дар воқеъ, дар ҳалли масъалаҳои ҳифз ва беҳдошти саломатии модарону кӯдакон на факат муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ, балки тамоми ҳукумати шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои вобаста, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, алалхусус худи шаҳрвандон ва умуман бояд тамоми ҷомеа фаъолона саҳмгузор бошад. Чунон, ки дар боло ишора намудем, бояд фосилаи байни таваллуд на камтар аз 2.5–3 сол бошад, то модар имконият пайдо намояд, ки саломатии худро барқарор намуда, дар солиму бенуқс ба воя расондани кӯдаки худ шароити беҳтаре дошта бошад.
Марду зан бояд дарк намояд, ки дар ҳолати риоя накардани фосила ва таваллуди зиёд саломатии зан ҳамон қадар коҳиш меёбад. Пешгирӣ кардани ҳамли номатлуб миёни занҳое, ки ба “гурӯҳи хавфнок” дохиланд (занони синашон то 20–сола ва зиёда аз 35 сола, занҳои гирифтори ҳаргуна бемориҳои ғайригениталӣ, занҳое, ки зиёда аз се исқоти ҳамл гузаронидаанд, занҳое, ки фосилаи таваллудкуниашон аз ду сол камтар аст, занҳое, ки зиёда аз 5 кӯдак таваллуд кардаанд), на танҳо дар муассисаҳои тандрустии мамлакат, балки, дар тамоми ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон кори авалиндараҷа гардад. Чунки эҳтимолияти фавти онҳое, ки ба “гурӯҳи хавфнок” дохиланд, ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва баъд аз он хело зиёд аст. Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум оид ба танзими оила яке аз омилҳои асоси баланд бардоштани сатҳ ва сифати саломатии занону модарон ва кӯдакон мебошад ва таълимот дар ин самт бояд аллакай дар мактаби ҳамагонӣ оғоз карда шавад”.
Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди таваллуди фарзандро махдуд наменамоянд. Аммо воқеияти зиндагии имрӯза моро водор месозад, ки пеш аз таваллуд андешаи таълиму тарбияи ӯро дошта бошем, то дар оянда фарзанди ба дунё овардаи мо дар ҷомеа ҷои худро дарёфт намуда, барои пешрафти он саҳмгзор бошад.
Мехостам як нуқтаи бисёр муҳимро дар ин ҷо баён созам, дар кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст. (модаи 55 банди 1). Аммо дар кодекси номбурда синни ҳабдаҳсолаги муқарар карда шудаст (модаи 13). Чуноне, ки мебинем, дар ин ҷо ихтилоф вуҷуд доранд ва ин масъала бояд аз тарафи ҳуқуқшиносони варзида мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Мувофиқи тавсияномаи Созмони Милали Муттаҳид шахсон аз сини 10 то 19 сола – наврасон, аз сини 15 то 24 сола – ҷавон, аз сини 10 то 24 сола бошад – шахси сини ҷавон ҳисоб шудаанд.
Вобаста ба ин далел, чунин муқаррароти байналхалқӣ бояд дар қонунгузории мамлакат мавриди истифода қарор бигирад. Инкишофи минбаъдаи қонуунгузори мамлакат дар доираи ҳифз ва беҳдошти саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ нақши басо муҳимро мебозад.
Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани савияи маърифатнокии аҳолии мамлакат оид ба танзими оила ва дарки друсти масоили тараққиёти демографӣ нақши воситаҳои ахбори умум, телвизиону радио бағоят калон аст. Мехостам аз тариқи телвизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори умум оид ба ин масъалаҳои ниҳоят муҳим олимону мутахассисон мунтазам баромад карда моҳияти онро ба аҳоли фаҳмонанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд мақсад ва ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст дарк намоянд, зеро танҳо модари солим фарзанди солим ба дунё овардаю онро тарбия карда метавонад. Танзими оила – ин модари солим, кӯдаки солим, оилаи солим, ҷомиаи солим ва миллати солим аст.
Мунаввари Сафар,