Об ба сифати мабдаи тамоми мавҷудот ва умуман нерӯи бунёддиҳандаи коинот дар олам шинохта шудааст. Тибқи нишондодҳои илмӣ, ҷузъи муҳими сохтори олам аз об иборат аст, ки кулли соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, ҳатто инкишофи покизагиву назофатро дар бар мегирад. Аҳамияти обро дар радифи ҳаво метавон баробар донист. Бидуни он олами ҳайвоноту наботот ва дигар ҷисмҳои зинда наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Донишмандону бузургон кишвареро сарватманду хушбахт донистаанд, ки дар он захираҳои обӣ фаровон бошад. Бояд гуфт ки аҳамияти об дар эътиқоду ихлоси мардум аз қадимтарин рӯзгор то замони имрӯз низ мавриди таваҷҷуҳ будааст.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим миёни тамоми он неъматҳое, ки Худованд барои инсоният офаридааст, об афзалтару муқаддастар ба шумор меравад. Чунки об манбаи ҳаёти инсон мебошад ва ҳамин аст, ки аз қадимулайём дар бораи он мардумони ориёӣ як силсила нақлу ривоят, зарбулмасалу мақол ва шеъру таронаҳо эҷод намудаанд. Дар бештари асарҳои шифоҳӣ нақши об дар рӯзгори ҷомеа инъикос гардида, муқаддас доштан ва эҳтироми об хеле равшан ифода ёфтааст.
Дар бораи об ва пайдоиши чашмаҳо нақлу ривоятҳо хеле зиёданд, махсусан дар бораи чашмаҳое, ки аз ҷониби мардум муқаддас шуморида мешаванду мавриди арҷгузорӣ қарор доранд. Қобили тазаккур аст, ки аксари чунин чашмаҳо ба зиёратгоҳу мазорҳо табдил ёфтаанд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки омили ба мавзеъҳои муқаддас табдил ёфтани чашмаву рудҳо бовару эътиқод мебошад, ки дар атрофи онҳо нақлу ривоятҳо ба вуҷуд омадаанд. Одатан чунин зиёратгоҳҳо дар навоҳии дурдаст ва мавзеъҳои кӯҳистони кишвар ҷойгир шудаанд ва табиист, ки мардуми кӯҳистон ба суннатҳои аҷдодӣ ва гуфтаву шунидаҳои мардумӣ, махсусан ходимони динӣ бо назари эҳтиром ва боварии махсус аҳамият медиҳанд. Аз ҷониби дигар пайдоишу густариши ривоятҳо дар атрофи чунин мавзеъҳои муқаддас метавонад барои ҷалби сайёҳон ба кишвар бевосита мусоидат кунад.
Яке аз чунин зиёратгоҳҳо мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ мебошад, ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Дар ин зиёратгоҳ ба ҷуз марқади Ҳазрати Султон Увайс, ҳамчун шахсияти бузурги диниву таърихӣ боз якчанд чашмаҳои мусаффо мавҷуд аст, ки ҳамчун обҳои шифобахш мавриди истифодаи зиёраткунандагон қарор гирифтааст. Тибқи ривоятҳо Султон Увайс аз деҳаи Қарани давлати Яман буда, дар замони пайғомбари ислом зиндагӣ кардааст.
Масалан, ривояте ҳаст, ки ҳангоми бемори вазнин будан, модараш аз Султон Увайсӣ хоҳиш мекунад, ки барояш оби хунук биёрад. Султон барои модараш аз чашма оби сард овардааст. Вақте ки косаи оби сард дар даст назди модар мерасад, аллакай модарашро хоб бурдааст. Султон фикр мекунад, ки косаи обро ба замин гузорад, мабодо модарам, ки чанд муддат хоб нарафтааст, бедор шуда нороҳат шавад. Бинобар ин косаи оби сард дар даст то бедор шудани модар наздаш дузону зада мешинад. Модар пас аз панҷ-шаш соат ва тибқи баъзе ривоятҳо саҳари рӯз бедор мешавад. Ту кай омадӣ?, гӯён аз Султон пурсон мешавад. Султон мегӯяд, ки каме пештар. Ва косаи обро ба модар дароз мекунад. Азбаски фасли зимистон будаасту ҳаво сард, косаи об ях карда дар дасти Султон мечаспад. Вақти гирифтани коса пӯсти дасти Султон бо коса якҷоя канда мешавад. Ва дасти ӯ хуншор мешавад. Модар пай мебарад, ки писараш соатҳои тӯлонӣ назди ӯ бо косаи об нишастааст. Ӯ дуо мекунад, ки илоҳо ба мартабаи баланд бирасӣ.
Чи тавре аз матни ривоят маълум шуд, соҳибмартаба гардидани Султон Увайс ба туфайли дуои модари ӯ буд, ки мехост ба модараш об диҳад. Дар ривояти мазкур пеш аз ҳама мавқеи об назаррас ифода ёфта, василаи ба бузургӣ расидани ӯ шудааст. Албатта миёни мардуми тоҷик мақолҳои зиёди халқӣ мавҷуданд, ки об додан ба ташнагон чи андоза савобият дорад, бахусус ба беморон. Иловатан ин навъи ривоятҳоро ривояти тарбиявӣ гуфтан мумкин аст, зеро тавассути ин гуна нақлу ривоятҳо метавон ҷавононро ба таблиғу ташвиқи эҳтироми волидайн раҳнамун сохт.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки илова ба зиёратгоҳи Султон Увайс дар дигар манотиқи кишвар низ чашмаҳои зиёди табобатӣ мавҷуданд, ки ривоятҳои дар атрофи онҳо мавҷуд буда, мазмунан ба ривояти болозикр шабоҳат доранд. Масалан, “Чилучорчашма” дар ноҳияи Шаҳритӯс, “Хоҷаобигарм” дар ноҳияи Варзоб, “Оби Гарм” дар шаҳри Роғун ва боз чанде дигар, ки мотиви асосии пайдоишашон аз рӯи ривоятҳо ба шахсиятҳои динӣ нисбат дода шуда, ҳамчун мавзеъи шифобахш мавриди таваҷҷуҳи зоирин қарор гирифтаанд.
Ҷанбаи дигари мазмуни ривоятҳои дар атрофи об бофташуда, аз рӯи таҳлилҳои мо ба кишту кор ва обёрии заминҳо рабт доранд. Зеро ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми тоҷик ҳамчун мардуми кишоварз ва заҳматқарин шинохта шуда, дар обёриии заминҳо ва бунёди боғҳо таҷрибаи мукаммал доштаанд. Барои дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбият намудани фарзандонашон аз донишу таҷриба ва малакаи хеш истифода менамудаанд, ки бешак яке аз роҳҳои аввалини тарбият барои насли оянда ривоятҳои халқӣ будааст. Зимни таҳқиқ муайян гардид, ки дар иртибот ба обёрӣ ва кандани наҳрҳо ривоятҳои зиёде вуҷуд доранд. Намунаи чунин ривоятҳоро, ки ба обёриву киштукор алоқаманд мебошад, аз забони мардуми ноҳияи Дарвоз шунидем, ки муҳтавояш чунин аст:
«Дар замонҳои пеш аз Инқилоби Октябр дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвози имрӯза як шайхе бо номи Мирзо зиндагӣ мекард. Ва аҳолии деҳа аз нарасидани об танқисӣ мекашиданд. Шайх як шабе хоб мебинад, ки ба деҳааш об овардааст. Саҳар хобашро ба ҳамдеҳагонаш нақл карда, онҳоро даъват мекунад, ки ҳар чи зудтар аз паи обёрӣ шаванд. Азбаски деҳаашон дар баландӣ қарор дошту ҷойи об меовардаашон дар пастӣ, мардум сухани шайхро бо тамасхур қабул карданд. Шайх ҳанӯз ҳам суханашро идома дода мегӯяд, ман фаши салламро кушода роҳ меравам то ҷое ки тамом шавад, аз ҳамон ҷо об меорем. Ҳамдеҳагонаш ба ҳолаш механданду ба ӯ хитоб карда мегӯянд: «Мирзо накан ҷун», яъне зӯри беҳуда назан. Аммо як ду нафар ихлосмандонаш ба ӯ эътимод мекунанду аз пасаш равон мешаванд.
… Ҳамин тариқ, аз он ҷое фашисаллаш тамом мешавад, обро ба деҳааш меоранд. Мардум обро дида ҳайрон мешаванд, дарҳол гӯсфандеро дар саргаҳи ҷуй сар зада қурбонӣ мекунанд. Ва ба шайх изҳори сипос карда, «Мирзо нек анҷум» мегӯянд, яъне оқибати кори Мирзо ба некӣ анҷом ёфт. Ҳоло ҳам сокинони деҳ аз он ҷӯй об менӯшанду истифода мебаранд, ки номи он ҷӯй «Мирзонеканҷум» ном дорад».
Зимни экспедитсияи мардумшиносӣ ба ноҳияи Дарвоз ин ривоятро нақл карда, илова намуданд, ки чанд сол пештар мардуми деҳаи Кеврон хостанд, дубора ҷӯйро тоза намуда барқарор карданд. Ҳангоме ки об канори роҳ расид, ин лаҳза гусфандеро як мошинироҳгузар нохост зер мекунад, мардум даррав онро забҳ карда, ҳодисаи рухдодаро фоли нек шуморида, ба ҳамон пири «Мирзонеканҷум» нисбат медиҳанд. Гӯё арвоҳи ин пири бузург ҳаминро тақозо дошт.
- баъдина, ки дар ҳошияи ривояти «Мирзонеканҷум» ба вуҷуд омадааст, боз ҳам боварии халқи оддиро ба ривояти мазкур устувортар намуда, мардум дар пайравӣ ба ривоят ҷӯйро ҳамеша тоза нигоҳ дошта, ба об эҳтиром мегузоранд. Ривояи мазкур ва умуман ривоятҳои дар атрофи обу обёрӣ ба вуҷудомада, характери ахлоқӣ-тарбиявӣ дошта, мардумро ба иттиҳод, ҳамдилӣ ва меҳнати софдилона даъват мекунад. Бори дигар нишон медиҳад, ки натиҷаи ҳар як кушишу заҳмат роҳат буда, шахс метавонад тавассути саъйу талош ба мақсади дарпешистодааш бирасад.
Дар радифи мавзӯҳои зикргардида, доир ба мавҷудияти “оби ҳаёт” ва дастрас набудани он барои мардум ҳам муҳаққиқон ривоятҳои гуногунро гирдоварӣ намудаанд. Агарчи будани оби махсусе бо номи “оби ҳаёт” асоси воқеии илмӣ надошта бошад, ҳам аз рӯи мазмуни ривоятҳо то кунун ба он боварӣ доранд. Сабаби асосӣ чуноне болотар дарҷ гардид ҷанбаи динӣ доштани мазмуни ривоятҳо мебошад. Табиист, ки чун сухан аз ҷониби рӯҳониёни машҳур гуфта шуда, қаҳрамони асосӣ пайғомбару авлиёҳо мегарданд, мардуми омма ҳуқуқи инкор кардани онҳоро надоранд.
Бино ба мазмуни ривоятҳо “оби ҳаёт” ҳам дар мифологияи исломӣ рабт дода мешавад ва аз рӯи муҳтавои аксари қиссаҳо бо сабаби ботақво будани нахустинсони рӯи замин Одам алайҳиссалом он бояд ба ӯ нӯшонида мешуд. Аммо бо таъсири душмани инсон шайтон ба дарахти арча рехта мешавад. Мазмуни аслии ривоят чунин аст:
“Ривоят мекунанд, ки боре Худованд ба зоғ оби ҳаёт дода мефармояд, ки бурда ба сари одамизод резад, то вай дигар намирад. Зоғ обро ба даҳон гирифта, ба ҷустуҷӯи одам меравад. Шайтон аз ин кор огоҳ шуда, ӯро бо санг мезанад. Зоғ, ки ин вақт дар болои дарахти арча буд, “қарр”-гӯён овоз мебарорад. Оби ҳаёт аз даҳони зоғ болои дарахти арча мерезад. Аз ҳамон рӯз гӯё дарахти арча ҳамеша сарсабз асту ҳаёти одамизод бошад бебақо. Одамон то имрӯз гӯё барои ҳамин зоғро бад мебинанду ӯро “шумхабар” мегӯянд.
Чуноне болотар зикр шуд дар афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо оби ҳаёт оби сеҳрноке мебошад, ки хусусияти шифобахшӣ ва муъҷизаофарӣ дорад. Дастрасӣ ба ин об имконнопазир буда, аз одамӣ танҳо ба Хоҷаи Хизр муяссар шудааст. Оби ҳаёт обест, ки гӯё Хизр нӯшидаву умри ҷовидона ёфтааст. Бинобар ҳамин Хизр дар адабиёти хаттӣ ва шифоҳӣ образи намирандагӣ ва абадӣ мебошад.
Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки нисбат ба дигар жанрҳои шифоҳӣ тасвири об дар ривоятҳо бештар ба назар мерасад. Такроран қайд менамоем, ки сабаби аввалиндараҷа муқаддас намудани об ҳамчун неъмати бебаҳои табиат дар миёни мардум ва арҷгузорӣ ба он мебошад. Зеро маҳз жанри ривоят нисбати дигар асарҳои шифоҳӣ дорои хусусияти диниву ахлоқӣ ва мазмунан инкорнашаванда мебошанд. Албатта дар жанрҳои дигар, бахусус дар жанрҳои назмӣ – рубоиву дубайтиҳо ва ҳатто паремиология – зарбулмасалу мақолҳо низ мафҳуми об зиёд истифода шудааст, аммо дар аксари жанрҳои номбаршуда об маънои маҷозӣ гирифта бештар ба дигар мақсад истифода мешаванд. Масалан, дар рубоиҳо баъзан ба маънои софдилӣ ва баъзан дарёву ҷӯйҳо ҳамчун рамзи ҷудоиву монеаҳо байни дилдодагон ба кор меравад.
Аз рӯи таҳлилҳои боло аён аст, ки дар ривоятҳо баръакси жанрҳои дигар об ба маънои аслӣ истифода шуда, баҳри тарбияи ҷомеа ҷиҳати тозаву озода нигаҳ доштани он ва ба меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ талқин намудани насли оянда офарида шудаанд.
Холмуродов З.
корманди ПИТФИ