ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИСТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик таваҷҷуҳи хосса намуда, дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар шароити имрӯз, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».

Ёдгориҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ ифодагари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Аз ин рӯ, тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳанги халқи тоҷик тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Дар як сафари хидматӣ ба ноҳияи Айнӣ ба мо муяссар гардид, ки ба мевзеъҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангии он ошноӣ пайдо намоем. Мавзеъҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин ноҳияро асосан мазорҳо, масҷидҳо, манораҳо, қалъаҳо, катибаҳои рӯйи санг, хонаҳои истиқоматӣ, мақбараҳо, муҷассамаҳо ва нимпайкараҳо ташкил медиҳанд. Миқдори умумии ёдгориҳои таърихии ноҳия 119 адад аст, аз онҳо 3 ададаш дараҷаи байналмилалӣ, 16 ададаш аҳамияти ҷуҳуриявӣ ва 100 ададаш дорои аҳамият маҳалианд, аз ҷумла қалъаи Муғ-асри 7-8, Меҳроби Искодар асри 10, манораи Варз-асри 11, манораи Рарз-асри 11-12, манораи Фатмев-асри 11-12, мақбараи Абдулқосим Гургонӣ-асри 12, Гардани Ҳисор, масҷидҳои Дар-Дар, Урметан, қалъаҳои Сангистон, Вуста, Пушти Ҳисор, Сарвода, Ҳисорак, Кум, мақбараи Шамси Табрезӣ, мақбараи Нақибхон Туғрал, хонаҳо-ландшавти деҳаи Вешаб, мавзеи Яғноб ва ғайра.

Мақомоти Ҳокимияти давлатии ноҳия ба тармим ва таҷдиди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла соли 2003 бо дастгирии бевоситаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақбараи Шайх Абдулқосими Гургонӣ дар маҳаллаи Лангари деҳаи Урметан бо хишти пӯхта азнавсозӣ шуда, манораи масҷид барқарор карда шудааст. Соли 2009 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони мақбараи Мулло Абдуллоҳи Валиро оғоз намуда, соли 2014 ба итмом расонид. Соли 2015 бо дастгирии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври замонавӣ маҷмааи фарҳангӣ дар деҳаи Зосун бо азнавсозии мақбара ва гузоштани пайкараи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар арафаи 150-солагии зодрӯзаш сурат гирифт.

Ноҳияи Айнӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостонӣ диққати меҳмонони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ҳар сол барои истироҳат ва дидани кӯҳҳои Фон, кӯли Искандар, кӯли Аловуддин ташриф овардани садҳо сайёҳони хориҷӣ далели ин гуфта буда метавонад.

Маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ деҳаи Варз тақрибан аз асри Х арзи вуҷуд дорад. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.

Манораи ин деҳа асосан аз масолеҳи маҳал санг ва хишти хом сохта шудааст. Таҳкурсӣ сангӣ буда, қисмати болоии он 13 метр аз хишти хом ва дохили он зинапоя дорад, ки то болои манор баромадан имкон медиҳад. Дар асри Х-Х1, дар қаламрави Зарафшон ин аввалин манора буд. Дар назди манора масҷиди қадима вуҷуд дорад, ки мардуми маҳал то ба имрӯз онро истифода мекунанд. Масҷид дар замони худ хеле боҳашамат ба ҳисоб рафта, устоҳои кандакор онро моҳирона пӯшонидаанд. Тахмин меравад, ки масоҳати масҷид ва манора хеле васеъ будааст. Ҳоло бошад танҳо бинои бе саҳн бо манора мондааст.

Дар ҳудуди ноҳия манораҳо асосан дар деҳаҳои Варз, Рарз ва Фатмев сохта шудаанд. Аз рӯйи ривоятҳо ин манораҳо ба шоҳи Ҳиндустон султон Ҷалолуддин Муҳаммади Халҷӣ тааллуқ доранд. Гӯё султон Ҷалолиддин Муҳаммади Халҷӣ баъд аз дидани хобҳои парешон бо фатвои муфтии аъзами Ҳинд дар кӯҳистони Зарафшон 7-то манора сохтааст, ки то замони мо 3-тои он боқӣ мондааст.

Бино ба ёдоварии муаллифи «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» Абдураҳмони Мустаҷир манораи деҳаи Фатмев дар асри XIV ё худ соли 1312 бино шудааст. Аз манора начандон дуртар масҷиди «Мир-хоҷа» воқеъ аст, ки бо кандакорӣ ва тарзи пӯшиш аз дигар масҷидҳо фарқ мекунад.

Ёдгориҳои дигар қалъаҳо мебошанд. Яке аз қалъаҳои қадима ва бузург қалъаи Сарвода аст, ки дар теппаи байни дарёҳои Пасрӯд ва Фондарё ҷойгир шуда, аз нодиртарин ёдгориҳо маҳсуб меёбад. Аз ин қалъа тагоби Фон, дараи Пасрӯд ва дараи Искандар хуб дида мешавад.

Қалъаи дигар дар деҳаи Такфон, дар соҳили рости дарёи Ремон, дар баландии начандон васеъ ҷой гирифтааст, ки бо номи «Қалъаи Калон» ёд мешавад. Қалъа дар рӯ ба рӯи кӯҳҳо ҷойгир буда, масоҳаташ 10х25 ва баландии девораш аз 2 то 3 метр аст. Аз қалъа то назди дарёи Ремон роҳи зеризаминӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин дар ин деҳа қалъаҳои «Залгӯш» ва «Қалъаи Боло» дар масофаи 2 км дуртар аз якдигар ҷойгиранд, ки аз баландии онҳо гирду атрофро назорат кардан мумкин аст.

Қалъаи Муғ дар деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Дар-Дар, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, низ таърихи қадима дорад. Бунёди ин қалъа ба асрҳои VII-VIII мелодӣ рост меояд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо он ба шоҳи суғдзамин Деваштич тааллуқ дошта, ҳамчун қалъаи ҳарбӣ истифода мешудааст. Бостоншинос О. И. Смирнова А. Ю. Якубовский, Фрейман, Б. Я. Ставитсий, Ю. Якубов дар ин ҷо тадқиқотҳо гузаронида, аз он ҷо зиёда аз сад ашёи антиқа ва 74 дона ҳуҷҷати муҳим дарёфт кардаанд. Мутаассифона, ёдгориҳои таърихии аз ин ҷо ёфтшуда, асосан дар Эрмитаҷи шаҳри Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла, ҳуҷҷати хаттие, ки ақди никоҳи ду дилдодаи суғдӣ Дугдонча ва Намимончаро тасдиқ менамояд, дар ҳамин ҷой маҳфӯз аст. Қалъа аз ду қисм иборат буда, дар дохили он 35 бино мавҷуд аст, ки 25-тои он кофтуков шудааст. Деворҳои қалъа то ҳол қисман боқӣ мондааст. Паҳмии деворҳо аз 2 то 4 метр назди даромадгоҳи дарвозаи асосии қалъа бо деворҳои паҳнои 6 то 14 метр мустаҳкам карда шудааст.

Нодиртарин бозёфтҳои ин қалъа инҳоянд:

- тангаи нуқрагини драхма, ки дар шаҳри Самарқанд охири асрҳои VII-VIII сикказанӣ шуда аз рӯи тангаҳои варахрану аксбардорӣ шудааст.

- як тангаи мисин, ки ба давраи шоҳ Тархуна тааллуқ дорад.

- тангаи мисини дигар, ки ба давраи шоҳ Гурека рост меояд.

- се тангаи мисин, ки ба давраи шоҳии Чикин-Гур аз Панҷакент рост меояд.

Мавзеъҳои дигари муқаддаси ин ноҳия оромгоҳҳо мебошанд, ки мардум ҳамчун зиёратгоҳ қабул доранд. Яке аз чунин зиёратгоҳҳо оромгоҳи Мавлоно Шамси Табрезӣ аст, ки дар деҳаи обшор ва зебоманзари Вешаб ҷойгир буда, зиёратгоҳи ҳамагон гаштааст. Аз ҷумла, 8-уми июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи кӯҳӣ ин оромгоҳро зиёрат кардаанд.

Баъзе олимон бар он ақидаанд, ки оромгоҳи Шамси Табрезӣ ва Ҷалолиддини Румӣ, яъне ин ду нафар пир ва мурид, дар шаҳри Кунияи давлати Туркия воқеъ будааст. Олимону таърихшиносони дигар мавҷуд будани оромгоҳи Шамси Табрезиро дар водии Зарафшон, деҳаи Вешаб маънидод мекунанд. Номи аслии вай Муҳаммад, номи падараш Алӣ, номи бобояш Маликдод буда, Шамсулҳақ лақаб ва Шамси Табрезӣ тахаллуси ӯст.

Чунин оромгоҳҳо қариб дар аксари деҳаҳои ноҳия мавҷуданд. Аз ҷумла дар деҳаи Шаватки Поён оромгоҳи Мавлони Шайх Амир Аҳмад ибни Мавлоно Муҳаммад Амир Бахтиёр, Шайх Деҳқон, Шайх Муборак, фарзандони духтарони ӯ Ҳаҷҷоҷахотун ва Ҷаҳонсултон маҳфӯз аст.

 Мавлоно Амир Аҳмад соли 820-и ҳиҷрӣ дар оилаи яке аз шоҳзодагони вилояти Самарқанд ба дунё омада дар он ҷо илмҳои нуҷум, фалсафа ва тибби замони худро омӯхтааст. Ривоят аст, ки Самарқандро тарк намуда, ба водии Зарафшон сафар менамояд. Зимни сафар ин деҳаи зебоманзар ва хушбоду ҳаворо макони зист интихоб намуда, то охири ҳаёт соли 904-и ҳиҷрӣ он ҷо мемонад. Оромгоҳи ӯ дар шакли мазор ва қадамҷо эҳтироми сокинон ва меҳмонон гардидааст.

Зимни таъмири оромгоҳи Мавлоно Шайх Аҳмад ва масҷиди деҳаи Шаватки Поён шаш адад қайроқсанги навишташудаи асри XIII дарёфт шудааст. Дар якеи аз онҳо омадааст:

Бикандам ман дар ин санги ягона,

Бимонад аз мани мискин нишона.

Агар пурсанд, ки он мискин куҷо шуд?

Бигӯ бигрехт аз дасти замона.

Шайх Деҳқон-уламои машҳури қарни XIV-XV байни мардум бо тахаллуси Шайх Деҳқон шуҳрат ёфтааст. Дониши хуби дунявӣ ва динӣ дошта, сокинони водиро аз илмҳои риёзӣ, нуҷум ва асарҳои файласуфон сабақ медодааст. Шайх Муҳаммад Деҳқон писари Миршайхи Шамтучӣ, номи пуррааш дар қайроқсанги калони оромгоҳаш чунин ҳаккокӣ шудааст. Шайх Муҳаммад Деҳқон ибни Шайх Ҳайдар ибни Шайх Муҳаммади Шамтучӣ соли вафоташ соли 843 ё худ мутобиқ ба соли 1439-1440 аст.

Яке аз зиёратгоҳҳои нисбатан ихлосманд  Хоҷа Исҳоки Валӣ аст, ки дар деҳаи Махшевад воқеъ мебошад. Хоҷа Исҳоки Валӣ тӯли 1500 сол арзи вуҷуд дорад. Дар ин зиёратгоҳ меҳмонхона ва дар рӯ ба рӯи он масҷиде қомат афрохтааст, ки таърихи қадима дорад.

Ҳамчунирн дар деҳаи Дарғ зиёратгоҳҳои  Хоҷа Музлим, Хоҷаи Ғор, Хоҷаи Сабзпӯш, Хоҷа Абдураҳмони Қозӣ  ва «Ҳазрати Мулло» мавҷуд аст.  «Қадамҷои Ҳазрати Мулло» таърихи зиёда аз 500-сола дорад. Он дар домани деҳа ҷойгир аст. Солҳои 60-уми асри ХХ аз тарафи устоҳои маҳалла Ёрмуҳаммад Худоёров, Мирзо Саидов, Мирзо Ҳамдам Шарифов, Шодиев Азиз, усто Бобои Ниёз болопӯш, пешайвон ва дару равзанаҳо ба шакли меъмории моддӣ аз нав таъмиру таҷдид карда шудааст.

Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати одилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масҷидҳо ҳамчун ибодатгоҳи мардум истифода мешаванд. Мардуми деҳа, масҷидҳо ва атрофи онҳоро хеле хуб таъмир кардаанд. Имрӯз дар аксарияти деҳаҳои ноҳия масҷидҳо мавриди истифода қарор доранд. Аммо на ҳамаи онҳо таърихи тӯлонӣ дошта, ҳамчун ёдгории таърихӣ муаррифӣ мешаванд.

Яке аз масҷидҳои нисбатан куҳан масҷиди  деҳаи Искодар аст, ки бунёди он ба асри Х рост меояд. Меҳроби чӯбҳои гулбурикардашудаи ин масҷид маҳсули дасти устоҳои кандакорӣ аз Гардани Ҳисор ёфтшуда ба кандакории Искодар, сарсутунҳои Урметан, Обурдону Курут шабоҳат доранд. Баъзе тадқиқотчиён тахмин намудаанд, ки нақшаҳои меҳроби Искодар, сутунҳои Обурдону Урметан маҳсули дасти устоҳои шаҳрҳои Самарқанд ва дигар марказҳои мадании Осиёи Миёна мебошад. Мутахассисон бар онанд, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд доштааст.

Масҷидҳои нисбатан қадимаи дигар дар водии Яғноб Шайх Муслиҳиддин (асри XI), деҳаҳои Фатмев (асри Х), Зосун (асри ХII), Зеробод (асри ХIII),  Кум (асри ХIII),  Хушекат (асри ХIII), Похут (асри ХIII),  Куруд (охири асри 14),  гузари Лангар, Сарчашма ва Исковати деҳаи Урметан (асри 19) воқеъ гардидаанд.

Тарҳ ва ороиши ин масҷидҳо гуногун аст. Масалан, масҷиди деҳаи 

Зосун бо номи ҳаждаҳдара машҳур аст. Вале дар асл чунин нест. Он се дар ва дар намуди хонаи дуошёна тирезаҳо дошта, баландиаш 7 метр аст. Он васею барҳаво буда, 4 сутуни дохилаш ва болору вассаҳояш кандакорӣ шудааст. Дар гузашта мардуми  18 дараи гирду атроф ин ҷо ҷамъ шуда, намоз мегузоштанд. Фориғ аз намоз ба шеърхониву панду насиҳати ҷавонон пардохта, ҳамдигарро ба дӯстиву рафоқат даъват мекардаанд. Мегӯянд, чӣ тавре ки онро бинокорони вақт сохтаанд, ҳамон гуна боқӣ мондааст. Посутунҳои ғафсу бо мурури замон каме фарсудаи кандакоришуда аз қарнҳои гузашта ёд меоранд. Танҳо боми онро шиферпӯш  намудаву деворҳояшро рангубор намудаанд.

Мавзеъҳои дигари таърихӣ мазорҳо маҳсуб меёбанд. Таърихи пайдоиши мазорҳо низ гуногун аст. Яке аз мазорҳои маъруф Ҳазрати Лангар аст, ки ба Мавлоно Муҳаммади Хатиб тааллуқ дорад. Мавсуф дар асри XIII аз авлодҳои Хоҷа Баҳовиддини Балогардон омада дар мавзеи Лангар зиндагӣ мекардааст. Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб-муридаш, Усулхотум-хоҳари Мавлоно Муҳаммади Хатиб дар мавзеи Сангистон хобидаанд. Ривоят мекунанд, ки онон аз шаҳри Бухоро омада, миллаташон тоҷик аст ва Мавлоно Муҳаммади Хатиб як муддат дар Маккатулло дар Ҳарамайни шарифайн хизмат намудааст.

Деҳаи Пасрӯд бо мазори Мавлоно Шамсиддин шинохта мешавад. Ин мазор ба аввалҳои асри XIX мутааллиқ буда, бо айвони ба тариқи кандакорӣ ва чӯбкории хос пӯшонида фарқ мекунад.

  • ҳо аз ҷумла мазорҳои деҳаи Сангистон – Мавлоно Муҳаммад Алӣ, Марди ғайб, Чил тани пок гувоҳи онанд, ки халқи тоҷик ба гузаштагон эҳтироми хос дорад. Дар дохили мазорҳо гӯрхона ва айвонҳои барҳаво пӯшонида шуда, атрофи онҳо бо панҷараҳои зебои чӯбин иҳота карда шудааст. Ихлосмандон ба зиёрат меоянд. Бо эътиқоди зиёд мардони сарватманди деҳаҳо усто даъват намуда, масҷиду мазорҳоро  аз нав бо нақшу нигор ва кандакории хосса таъмир мекунанд.

Мазори Мулло Мавлонои Фахриддини Румӣ воқеъ дар деҳаи Пои Мазор,  тибқи нишондодҳои таърихӣ  ба асри 12 тааллуқ дорад. Мавлоно Фахриддини Румӣ зиёда аз 48 китоб навиштааст. Яке аз китобҳои ӯ 50 кг буда, дар Аврупо нигаҳдорӣ мешавад.

Хона-ландшафтҳо асосан дар водии Яғноб воқеъ гардидаанд. Чунин хонаҳо, бо тахмини олим А. Мухторов ҳанӯз дар асрҳои XV-XVI аз ҷониби кандакорони номии водии Яғноб Султон Ҳусейн, Малик калон, ки дар навиштаҷотҳои солҳои 832 (1428-1429), 837 (1462-1463) омадааст, сохта шудаанд. Аз «Кандакориҳои чӯбин дар водии Зарафшон» бармеояд, ки дар кандакориҳои чӯб нақши растанӣ ва шаклҳои геометрӣ, нақшаҳои зооморфӣ, нақши мор, архари кӯҳӣ, сари инсон наққошӣ мешудааст. Дар ислом чунин амалҳо манъ бошад ҳам, то охири асри XVI чунин наққошиҳо дар водии Яғноб дида мешуд. Аз ин ҷиҳат урфу одат ва забони суғдӣ то ҳол дар водии Яғноб побарҷост.

Сарзамини тоҷикон яке аз қадимтарин бошишгоҳҳои инсон ба шумор меравад, ки дар он одамон аз ҷараёни зиндагии худ осори зиёде боқӣ мондаанд. Ёдгориҳои гуногуни таърихӣ дар шакли теппаҳои сунъӣ, қалъаю шаҳрҳои вайрона, гӯрхонаҳои қадим дар сар то сари ҷумҳуриамон мавҷуданд.

Қисми зиёди ёдгориҳо ҳоло ҳам ном надоранд ва бо унвонҳои сохта  ба монанди Аҷинатеппа, Маразтеппа, Чилдухтарон, қалъаи Муғон, қалъаи Қаҳқаи ҷоду ва амсоли онҳо машҳуранд. Сирру асрори ин теппаю қалъаҳои куҳан ҳамон вақте кушода мешавад, ки дар онҳо бостоншиносон кофтуков баранд.

Ноҳияи Айнӣ дорои ёдгориҳои таърихиву фарҳангии қадима буда, аз хеле куҳан будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди аз назари  муаррихон, бостоншиносон ва фарҳангшиносон дур намондан, ин ёдгориҳо ҳоло ҳам бо омӯзиш, тармим ва таҷдид ниёз доранд.  

Шамсуддин Абдуллоев,

 Ҷамшед Ғафуров,

ходимони калони ПИТФИ

 

барчасп: