РАҶАБ АМОНОВ: ВАҲДАТ ҒОЯИ АСОСИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

(Ба  ифтихори100 солагии академик Раҷаб Амонов)

Мусоҳиба  бо донишманди маъруф, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, устод Раҷаб Амонов соли 1999 сурат гирифт, ки дар рӯзномаҳои “Паёми Душанбе”, Ваҳдат”, “Ҷумҳурият” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” ба табъ расид. Аксари пешгӯиву пешниҳодот ва агар дақиқан гӯем васиятҳои  устоди зиндаёд ҷомаи амал пӯшиданд. Мусоҳибаи мазкурро барои дарку  тафаккур ва боз ҳам таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба хонандагони азиз пешниҳод менамоем.

-Устод, омили асосии баҳамоӣ, яъне ваҳдати миллиро дар чӣ мебинед?

-Мурод аз ваҳдати миллӣ мусоидати судманд ба эҷоди ҷамъияти демократии қонунасосии дунявист, ки бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳо ва нерӯҳои мансуби ин ва ё он ҳизб, ҷамъият, миллат, маҳал, минтақа, мазҳаб бунёд хоҳад гардид. Вале ин иқдом дар шароите, ки имрӯз вуҷуд дорад, бидуни ҷидду ҷаҳд чорабиниҳо, тадбирҷӯиҳои кулли табақаҳои ҷамъият самар нахоҳад дод. Алҳол чунон ки маълум аст, худшиносӣ ва ватанхоҳии мардум ба қадре, ки лозим аст, нашъунамо накардааст, ҳанӯз нерӯҳои аз ҷиҳати ғоя зидди якдигар амал мекунанд ва боиси нооромиҳо мегарданд. Дар чунин вазъият мо ба ғояе сахт эҳтиёҷ дорем, ки ба муттаҳид шудани ғояҳои мухталиф мусоидат кунад, қувваҳои мухталифи сиёсиро ба созиш оварад, аз тарафи ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва мардуми маҳалҳои гуногун писандида шавад ва дастгирӣ бинад. Ин ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи истиқлол аст. Чунин ғоя ҳамчун омили таъсиргузоре ба худшиносии мардум ва худогоҳии давлат ҳамчун омили барқарору устувор гардонандаи хотираи таърихӣ қодир аст тараққиёти ҷамъиятро ба сӯи қуллаҳои тамаддун такон диҳад.

Ғояи миллӣ мазмун ва мӯҳтавои мушаххас, алалхусус мақсадҳои дуррав дорад: мусоидат ба ворид намудани тағийроте ба тафаккур, ҷаҳонбинӣ, олами маънавии шаҳрвандон, водор намудани онҳо ба ҷустуҷӯи роҳҳои худислоҳсозӣ ва худинкишофдиҳӣ, дуруст дидаву фаҳмида муносибат кардан ба муҳити зист, роҳ надодан ба задухӯрдҳои харобиовар, таъсиргузории муносибат ва судманд ба сиёсати давлатдорӣ, пурқувват ва давомнок гардонидани раванди сулҳ; ширкат варзидан дар бунёди ҷамъияти мутараққии демократӣ ва монанди инҳо.

Лозим аст, ки ба ин мақсад, ба умеди табдил додани ғояи миллӣ ба ҳадафи ҳамарӯзаи рӯзгори маънавии мардум, ба умеди ба манфиати миллат равона намудани пиндору гуфтору кирдори ҳар як шаҳрванд ва аз тарафи ӯ эътироф гардидани он ҳақиқати маҳз, ки боиси озодии комили ӯ хоҳад буд, барномае эҷод гардад. Дар ин маврид чунин ҳақиқат дар мадди назар қарор бояд бигирад, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, дар ҳолати фақат мардуми тоҷик не, балки ваҳдати ҳамаи минтақаҳо, халқҳо, ҷамъиятҳо, ҳизбҳо, миллатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, билҷумла, тоҷикони ҷаҳон мустаҳкам ва пойдор хоҳад шуд.

Дар сурате, ки ҳамдигаркушии тоҷикон ва ғорату талаву тороҷ дар ҷамъият каму беш давом мекунад, дар сурате, ки худхоҳию манфиатталошӣ беш аз пеш қувват гирифта, ҳамон харобиву парокандагӣ ба миён меоварад, дар сурате, ки ба мусолиҳаи миллӣ ва эътидоли вазъи иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат талаботи бузурге вуҷуд дорад, омилҳои пуриқтидор ва тақдирсозе бояд ба кор андохта шаванд, ки ба ислоҳи вазъият босамар мусоидат кунанд, омилҳое, ки ҳар фардро барои амал кардан ба манфиати умум водор бисозанд ва иродаи ҳар фард ва ҷамъиятро ба маҷрои бунёдкориҳо ба манфиати умум, ба манфиати халқу миллат, ба маҷрои ҷустуҷӯиҳои беохири роҳҳои пешбурдӣ ворид бисозанд.

-Омили пойдории ваҳдати миллиро чи сон шарҳ медиҳед?

-Пойдор ва устуворшавии ваҳдати миллат ва яклухтии мамлакат, пеш аз ҳама, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳукумат вобаста аст. Ин ҷо бояд дар назар дошт, ки барои маҳфуз мондани ҳар як халқ, ҳар як миллат, давлат аввал шароити мӯътадили зиндагӣ лозим аст, ҳукуматдорон бояд тамоми имконият, қуввату донишу истеъдоди худро ба ҳамин мақсад равона кунанд.

Манфиатталошӣ ва худбинии ин ва ё он каси соҳибмақом ба вазъи зиндагии халқ зарари калон меоварад, ки инро лаҳзае набояд фаромӯш кард. Барои фароҳам овардани шароити мӯътадил дар пояи сиёсати ҳукумат ва амали он бояд таъмини баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон ва маҳалҳо қарор гирад.

Сиёсати давлат бояд бо назардошти мураккабиҳои воқеии вазъияти мавҷуда сурат гирад ва ба он равона гардад, ки ҳалли масъалаҳои ҳамагуна рақобат ва зиддиятҳое, ки ба сабабҳои гуногун ба вуқӯъ мепайвандад, аз доираи қонун хориҷ гардида, зиддиятро шиддат надиҳад ва задухӯрду талафот ба миён наоварад.

-Ифтихори миллиро чӣ гуна тафсир медиҳед ва он барои таҳкими ваҳдати миллӣ чӣ нақше мебозад?

-Муҳимтарини омилҳо ифтихори миллист. Ифтихори миллӣ, агар ҳамчун падидаи барӣ аз такаббур ва худхоҳӣ ҳамчун ифодагари ҳастии таърихии миллат ҳамчун вазифаи таърихӣ ва мақсаду мароми иҷтимоии он зуҳур кунад ва дар чорчӯбаи миллатгароӣ қарор нагирад, фишанги тавоное хоҳад шуд барои халосӣ аз ҳама гуна бӯҳронҳо ва барои инкишофи босуръати иқтисодӣ ва маънавии мамлакат, барои барқарор ва устувор гардидани адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон.

-Омилҳои ифтихори миллӣ, ки ба таҳкими иттиҳоди миллат мусоидат менамоянд кадомҳоанд?

-Чанде аз омилҳои ин падида, суруди миллӣ (гимн), байрақ ва нишони мамлакат (герб) ҳастанд. Зарур аст, ки мавҷудияти ин омилҳо зоҳирӣ сурат нагирад, онҳо бояд манфат  биёваранд, ба таҳкими иттиҳоди миллат ва пойдоршавии ифтихори миллӣ мусоидат намоянд.

Суруди Давлатӣ матни дилрас ва оҳанги мутантани ифтихорангез дорад. Кӯшиш бояд кард, то ки онро оммаҳо аз худ кунанд, дар доиншкадаҳо, муассисаҳо, корхонаҳо хурду калон дар ёд гиранду дар мавридҳои ҷашнгирӣ, маҷлисҳои тантанавӣ сароянд, Дар рӯзҳои ҷашн дар майдонҳо ва толорҳо ба таври оммавӣ иҷро намудани ин суруд расм бошад. Ба ин восита дилҳоро ба ҷӯш оварда, ҳиссиёти пурифтихореро тавлид карадан мумкин ва зарур аст.

Байрақи Тоҷикистони соҳбиистиқлол бояд дар ҳар хонадон вуҷуд дошта бошад ва дар рӯзҳои ҷашн дар ҳама ҷо, алалхусус дар сари иморатҳо ва бошишгоҳҳо, баланд шавад ва ҷилва кунад, ки ин як ҳодисаи дилафрӯзе ва ифтихорангезе хоҳад буд. Илова бар ин мо бояд аз он мамлакатҳое, ки ба ифтихори миллӣ заминаи мустаҳкаме гузоштаанд, ибрат биҷӯем, алалхусус миқдори зиёди нусхаҳои хурди байрақи миллиро муҳайё намуда, ба ихтиёри ҳамагон бидиҳем то ки дар мавридаш дастҳои зиёде онҳоро боло кунанду бо шодиву сарафрозӣ ҷилвагар созанд, анбӯҳи байрақчаҳо фазоро фаро гирифта, манзараи ҳаяҷонбахше падидор гардад.

Саъй бояд кард, ки нишони мамлакати мустақилу озод бештар манзур гардад ва аҳамияти бузурги таърихии истиқлолияти кишварро ба зеҳни оммаҳо нишонад.

Пойдор мондани якпорчагии кишвар низ аз муҳимтарин омилҳои ваҳдати мардумон аст, вале  шароити тибиии Тоҷикистон дар ҳолате, ки имрӯз дорад, ба суръат гирифтани раванди рақобати мардумони минтақаҳо, ривоҷ пайдо намудани робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба андозаи зарурӣ мусоидат намекунад. Ин ҷо чунин вазъиятро бояд дар назар дошт, ки гурӯҳҳои хурду калони одамон, дар ҳолати муддатҳо аз ҳам ҷудо будан ва бо ҳам алоқа надоштан, худро бештар мутааллиқи маҳалли зист медонанд, на мутааллиқи як миллат. Дар ин вазъият ривоҷ додан ва тезонидани сохтмони роҳҳо байни шимолу ҷануб, ғарбу шарқи ҷумҳурӣ, алалхусус роҳҳои оҳан ва зеризаминӣ зарурати дараҷаи аввал дорад.

- Одатҳои неки мардумӣ дар таҳкими ҳамраъйии аҳли ҷамъият чӣ нақше дорад?

-Одатҳои неки мардумӣ ба мисли ҳашар, худоӣ, меҳмоннавозӣ, симои ахлоқии ҷомеа ва зимнан махсусиятҳои миллиро дар худ таҷассум мекунад. Расму оин, ки силсилаи амалҳои падидорандаи ҳиссиёти амиқи инсонӣ ва ҳолати рӯҳии ҷомеаро дар бар гирифта, хоҳишу маром, орзую умед ва шавқу мароқи оммаҳоро ифода мекунанд, дар воқеъ таҷассумгари симои маънавии миллат буда, дар таҳкими ҳамраъйии аҳли ҷамъият аҳамияти хос доранд. Тавассути онҳо шавқи дилафрӯзе ба табиат, касбу кор, анвои ғизои моддӣ ва маънавӣ, ки ба инсон, алалхусус ба миллат мисли обу ҳаво лозим аст, шиддат мегирад ва меафзояд.

-Оид ба тавсеъа пайдо кардани истифодаи забони адабӣ ва омӯзиши алифбои ниёгон чӣ гуфта метавонед?

-Дар шароити ҷумҳурӣ мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷик, ки ба он аксарияти кулли мардум гап мезанад, ҳатман ба ваҳдати миллӣ кӯмак хоҳад кард. Яъне амалӣ кардани Қонуни забон, ки Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қабул кардааст, дар ҳамаи соҳаҳои рӯзгори ҷумҳурӣ, алалхусус дар коргузории идораҳои ҳукуматӣ ва давлатӣ, рушду такомули забони тоҷикиро таъмин менамояд ва ба афзудани эътибори он дар ҷамъият, бештар аз ин, барои ба забони умумихалқӣ табдил ёфтани забони адабӣ кӯмак мерасонад. То он даме, ки истифодаи забони адабӣ дар ҳамаи мақомҳо ва дар ҳамаи ҷанбаҳои рӯзгор ба пуррагӣ суръат пайдо карда, мавриди ифтихори миллӣ қарор нагирад, эҳсоси бегонагии мардуми маҳалҳо нисбати якдигар боқӣ мемонад. Дигар хел гӯем, пуртаъсиртарин воситаи бартараф намудани ин бегонагӣ, ки дар байни маҳалҳо як навъ омили тафриқаандоз аст барои зидди ҳамдигар ва шӯридани аҳолии маҳалҳои гуногун баҳона мегардад, ҳарчӣ бештар вусъат пайдо кардани истифодаи забони адабист.

Яке аз рукнҳои бунёди маданияти миллат алифбост. Алифбои ниёгон ба арзи вуҷуд кардани илму фарҳангу адабиёт мусоидат намуд, ки дар тӯли асрҳо ба ҷаҳониён бомуваффақият хизмат кард ва дар олам шинохта шуд. Аз худ намудан ва истифода аз ин алифбо ва мутолиаи китобҳои зиёди пурманфиат, ки дар мамлакатҳои мардумонашон эроннажод нашр мегарданд, пешрафт, тафаккури илмӣ ва фарҳангиро дар ҷомеаи мо суръат хоҳад дод.

Аз худ намудани алифбои ниёгон ба мардуми мо манфиати зиёд хоҳад овард. Тавассути забони форсӣ ва русӣ ва инчунин  забонҳои дигари барӯманд ва дастовардҳои судманд ва пурманфиати ҷаҳониён рӯ оварданҳо боиси нашъунамои иқтисодиёт, маънавиёт ва маданияти миллат хоҳад шуд.

-Дин аз назари шумо?

-Дин дар раванди ташаккули фарҳанг саҳми бузурге дорад, он дар ҳамаи замонҳо ба қонеъ гардонидани талаботи маънавии инсон нигаронида шуда буд. Дини ислом дар тӯли асрҳо барои мардумон як навъ ганҷинаи ҳикмат буд, ақлу шуури оммаро фаро мегирифт, дар мавриди костани ахлоқи ҷамъият ва туғён, пайдо шудани кинаву адоват ҳамчун дастури наҷот аз ин ҳолат хизмати беназир карда омад. Эътиқоди динӣ барои аз қайди ҳирсу тамаъ, ҳаромкорию ҳаромхӯрӣ, худбинию манфиатталошӣ ва монанди инҳо растан мусоидат мекунад.Вобаста ба ин бояд дар назар дошт, ки дин ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба одамон фарқ кардани ҳарому ҳалол, савобу убол, манфиати хайру саховат ва зарари бадию гуноҳро талқин мекунад.

Дини мубини ислом ҳамчун як ҷузъи ҷудоинопазири тамаддуни бостонии мардуми тоҷик метавонад ва бояд як ҳиссаи ғояи миллӣ бошад.

-Устод чуноне, ки маълум аст, Душанбе дар муддати на чандон тӯлонӣ дар пеши назари шумо ба шаҳри зебову обод табдил ёфт. Мехостем ақидаи худро оид ба нақши Душанбе дар пешрафти ҷумҳурӣ, мақоми он, ҳамчунин хотиротатонро, ки худ шоҳиди барпо гардидани шаҳри азизамон ҳастед, ба хонандагони гиромӣ баён кунед.

-Нақши Душанбе дар давоми 70 сол ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон, маркази ҳаёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва монанди онҳо дар пешрафти ҷумҳурӣ бузург буд. Душанбе беш аз пеш ободтару зеботару васеътар гардида ва ҳамчун пойтахт эътибори хос пайдо карда, дар ҳамбастагии халқи тоҷик хизмати таърихии худро адо карда меояд. Солҳои охир дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ, ки ин вазъият имкониятҳои марказгурезиро ба миён овард, мақоми худро каму беш аз даст додани пойтахт мушоҳида шуд. Барқарор намудан ва беш аз пеш устувор гардонидани мақоми Душанбе-мақоми пойтахти мамлакат амри қонуният ва ҳукми таърих аст.

Ман яке аз кӯҳансолтарин шаҳрванд ҳастам, ки синнам ба 75 расид ва дар айни замон дар Душанбе аз соли 1939 зиндагӣ мекунам. Соли оянда 60 сол мешавад. Вақте ки ман соли 1939 ба Душанбе омадам. Душанбе шаҳри хурдакак буд. Як кӯчаи марказӣ дошт, ки он аз вокзали Роҳи оҳан шурӯъ шуда, то Донишкадаи тиббӣ давом мекард. Ин кӯча ду ном, яъне як қисмаш номи Лоҳутиро то чойхонаи Роҳат ва нисфи дигараш номи Кировро дошт. Сонитар ин ду номро бардошта кӯчаро ба номи Ленин ном ниҳоданд. Биноҳои асосии шаҳр дар ду тарафи ҳамин кӯча воқеъ гардида буданд. Он вақт кӯча мумфарш не, балки сангфарш буд. Он солҳо автобусҳо намегаштанд танҳо фойтунҳо равуо доштанд. Дигар кӯчаҳо сангфарш набуд.

Ободонии Душанбе пеш аз ҷанг ҳам сар шуда буд, вале баъди ҷанг бо суръати беш давом кард. Дар натиҷаи Душанбе ба зеботарин ва калонтарин шаҳр табдил ёфт. Як нуқтаи муҳимро ин ҷо қайд карданӣ ҳастам, ки ҳамон солҳо барои ободонии шаҳр на танҳо ҳукумат ва коргарони махсус, балки ҳамаи шаҳрвандон иштирок мекарданд, ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил карда мешуд. Канал кофта шуд. Ман шахсан дар кофтани кӯли Комсомол иштрок доштам. Ҳамчунин дар сохтани фавораи назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ иштирок кардам. Мо бегоҳиҳо, ё рӯзҳои истироҳат барои ободонии шаҳр бо дили гарм кор мекардем. Ман шахсан дар шинондани дарахтҳои назди Бонки миллӣ ва донишгоҳ саҳми худро гузоштаам. Ҳамин хел худи мардум барои ободонии шаҳр шавқи зиёде доштанд.

Дар ҳамон давраҳо анъанаҳои хубе буд, ки имрӯз онҳоро бояд барқарор кард ва идома дод.

-Ташаккур, устод, барои сӯҳбати самимӣ.

-Саломат бошед.

Мусоҳиб Мунаввари Сафар

барчасп: