Масҷид солҳои 1892-1895 дар тӯли 4 сол бо супориши Амири Бухоро Абдулаҳадхон (солҳои ҳукмрониаш 1885-1910) сохта шуда, ки таърихи бунёди он чунин аст: Муллонаврӯз писари Мирафзал, ки баъдан бо номи Эшони Қорӣ Наврӯз (1856-1942) ва лақаби “Булбули Қуръон” маъруф гардид, дар синни 12-солагӣ ба мадрасаи Мири Араб дохил шуда, дар 19 соли таҳсил улуми диниро омӯхт ва Қуръонро азбар кард. Рӯзе аз баҳори соли 1888 зимни гирифтани сабақ устодаш бо нигаронӣ хабар дод, ки бо амри амир бояд яке аз шогирдонаш рӯзи ҷумъа Қуръонро дар ҳузураш сари по истода, хатм кунад, ҳол он ки ӯ ин гуна шогирд надорад. Қорӣ Наврӯз ин масъулиятро ба зимма гирифт. Ӯ ҳамон рӯз дар назди амир ва муқаррабонаш бо садои фораму ҷаззоб Қуръони Каримро сари по истода хатм кард. Амир ба устодаш хилъат пӯшонд ва аз Қорӣ Наврӯз аҳли куҷо ва чӣ хоҳиш доштанашро пурсид. Қорӣ Наврӯз бо тавозуъ ва адаб иброз дошт, ки аз қаряи Дарғи Фалғар асту дар зодгоҳаш масҷиди ҷумъахонӣ нест. Он масҷиди қадимае, ки мардуми деҳоти атроф дар он намози ҷумъа мегузоштанд, дар ҳодисае сӯхтаву вайрону валангор шуду аз он осоре намондааст. АмирАбдулаҳадхон бо қатъият гуфт, ки бо амри мо дар қишлоқат масҷиди калони ҷумъахонӣ месозанд. Бо супориши амир сарватманде аз Бухоро ба Қорӣ Наврӯз як саноч тангаи тилои бухорӣ дод ва чанд нафар наҷҷору наққош ва гаҷкор барои бунёди масҷид сафарбар гардиданд. Арбоби деҳа Муҳаммадшариф (1857-1934, Маҳашариф оқсаққол) барои санҷиши маҳорати устоҳо аз ҳамон ҳисоб барои худ хона сохт, ки солҳои 1932 - 1952 ҳамчун мактаб истифода гардид ва аҷраш бароварда шуд. Бо пайгирӣ ва таъкиди сармоягузор бо гузашти беш аз се сол аз додани маблағ сохтмони масҷид бо сарварии арбоби деҳа соли 1892 оғоз ёфт ва соли 1895 ба анҷом расид. Мардум барои бунёди чунин масҷиди зебову муҳташам, ки ба таври ҳашар дар чор сол сохта шуд, садҳо беду сафедор ва бузу гӯсфанд ва дигар масолеҳ бахшид. Масҷидро устоҳои маҳаллӣ бо ҳамкории устоҳои Истаравшан сохтанд, ки он аз ибодатгоҳи зимистона, айвон ва таҳоратхона иборат буд. Чӯбкорӣ кандакорӣ ва ва панҷаракории масҷид аз тарафи наҷҷорон усто Ғафур, усто Абдухолиқ, усто Абдураҷаббой, усто Соқибой анҷом ёфтаанд Нақши рангаи шифт ба мӯқалами усто Мирмақсуд тааллуқ дорад. Сақфи зебову мунаққаши ибодатгоҳи зимистона аз нуҳ равоқ иборат буда, он дар болои чор сутуни кӯзагии мобайн устувор аст ва масоҳаташ 9х9 яъне, 81 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Айвон аз даҳ равоқ ва ҳафт сутуни кӯзагии байни ҳам панҷаракоришуда, иборат буд.
Масҷид дар замони Шӯравӣ аз тарафи ҷамоати деҳот шиферпӯш гардид ва тӯли чанд сол ҳамчун китобхона истифода бурда шуд. Он замон рассом ва наққоши чирадаст Саидмир Назриев баъзе аз нақшҳо, аз ҷумла пештоқи масҷидро барқарор карда буд. Нақши дасти ин ҳунарманд дар чанде аз хонаҳои сокинони Дарғ ва чойхонаву тарабхонаҳои ҷумҳурӣ ба ёдгор мондааст. Ҳама наққошони сонӣ шогирдони ин устоди ҳунаранд.
Масҷид соли 1998 бо маблағгузории ҷавонмарди саховатманд Ҷалолиддин Шарифов тунукапӯш шуд.
Октябри соли 1999 бо ташаббус ва роҳбарии Саидасрор Ҳамдамов ва дастгирии Мирзо Саидов, Мулло Шамсиддин устоҳои ҳунарманд Ҷумъа Бадалов, Ёрмаҳмад Шарифов, Мусофир Сафаров, Бобоҷон Ниёзов, Ниёзи Бобои Ниёз, Сайфиддин Боев, Камолиддин Ёров, Мирзошариф Шарифов, айвони масҷид тавсеъа ёфт, ки ба он 13 равоқ ва 17 сутун илова гардида, масоҳати умумӣ ба 333 метри мураббаъ расид. Дар ин кори хайр устоҳои ҳунарманд-наҷҷорону наққошони Дарғи Шариф ва мардуми сарбаланду баору номӯси он ширкат доштанд. Сокинони деҳа барои тавсеаи масҷид даҳҳо арараву беди бузург ва беҳтарин дороиву амволи хешро бахшиданд, зеро хуб дарк кардаанд, ки ин инъому эҳсон ва заҳмату меҳнати эшон ҳамчун садақаи ҷория дар номаи аъмолашон навишта мешавад.Чунончӣ Муллошамсиддин яке аз аввалинҳо буданд, ки арараи падарашон-Муллошодӣ шинондаро доданд, ки ба гуфти усто Ёрмаҳмад 36 болор шуд. Наққошии сақфи айвони масҷид аз тарафи наққош Миршариф Шарифов ва шогирдонаш бо маҳорати баланд ба анҷом расид, ҳамчунин даҳ равоқи қаблӣ барқарор карда шуд, ки худ саҳмгузор буд. Гаҷкорӣ амали устоҳои Шамтуч мебошад. Поли масҷид ва дари кандакории даромадгоҳ амали усто Доро Ниёзов мебошад. Қобили зикр аст, ки амали устоҳои маҳаллӣ аз кори устоҳои гузашта ҳеҷ камӣ надорад. Аз ин ҷост, аксари онҳо дар бунёди чойхонаву тарабхонаҳои пойтахт ва шаҳру навоҳии кишвар ва хориҷ аз он ширкат доштанд.
Мардум то имрӯз Қорӣ Наврӯзро, ки бо иҳтимом ва саъйи ӯ 130 сол қабл Масҷиди ҷомеи Дарғи Шариф барпо гардид ва онҳое, ки дар ин кори хайр саҳми худро гузоштаанд, бо некӣ ёд мекунанд.
Ёдгори мо дар ин даҳр чун хати меъмор монд,
Гарчӣ оташ мурд, аммао дуд бар девор монд.
Мунаввари Сафар