Дар мубориза ба зидди экстремизму терроризм бетараф набошем

Ҷомеаи имрӯзаро бе Интернет тасавур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар мардум ба он дастрасӣ доранд ва мувофиқи завқу талабот, инчунин дараҷаи заковат ва фаҳмиши худ аз он истифода мебаранд. Мутаассифона, бо он имкониятҳои васеъ ва бартарияту афзалиятҳое, ки Интернет ба мо фароҳам овардааст, он паҳлӯи дигар, манфии худро дорад ва гоҳҳо мо ноогоҳона ба сӯи он майл карда, ба қавле сари бебалои худро ба бало гирифтор мекунем.

Чунки имрӯз созмону равияҳои террористию экстремистие вуҷуд доранд, ки маҳз ин аудиторияи васеъро минбари хеш қарор дода, ақидаҳои носолими худро паҳн ва сафи ҷонибдоронашонро зиёд карданӣ мешаванд.   

Аз ин рӯ, бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониашон хатари ҷиддии таҳдиди эктремизму терроризмро баён намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: “Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.

Ҳоло аксари давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо экстремизу терроризм санадҳои меъёрию ҳуқуқии мушаххасро таҳия ва амалӣ месозанд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси санадҳои дохиливу байналмилалӣ мубориза бар зидди экстремизму терроризм густурда ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди экстремизму терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» сурат мегирад.

Дар доираи қонунҳои мазкур ва тақвият бахшидани мубориза бо терроризму экстремизм қаблан чандин санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул шуда, амалӣ гардид. Қобили тазаккур аст, ки дар натиҷаи татбиқи Стратегияи мазкур натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, аз ҷумла заминаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ташаккул дода шуданд; таъминоти иттилоотии фаъолият доир ба пешгирии экстремизм беҳтар карда шуда, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ ва як силсила маводи иттилоотию роҳнамоикунанда дар ин соҳа ба табъ расонида шуд; дар воситаҳои ахбори омма нашри пайвастаи мавод доир ба экстремизм ва терроризм ва хатари онҳо ба амнияти миллии кишвар ба роҳ монда шуд ва ғайра.

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаҳои ноилгардида бештар ҷанбаи иттилоотӣ доранд ва дар ин самт нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла электронӣ хеле калон аст.

Бо назардошти таҷрибаи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва тақвият бахшидани сиёсати пешгирифта роҳбарияти кишвар тасмим гирифтанд, ки санади навбатӣ- Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таҳия намоянд.     

Аз 1-уми июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

Мавриди зикр аст Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Ин Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Бояд қайд намуд, ки татбиқи Стратегияи мазкур се марҳила - марҳилаи аввал соли 2021, марҳилаи дуюм солҳои 2022-2023 ва марҳилаи сеюм солҳои 2024-2025-ро дар бар гирифта, ҳар марҳила вазифаҳои мушаххаси худро дорад.

Чорабиниҳои мушаххас доир ба ҳар як бахши Стратегия дар Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки ҷузъи ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад, пешбинӣ шудаанд.

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегия чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд.

Дар ин замина, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҷеъ ба татбиқи Стратегияи мазкур, ки айни замон мо дар марҳилаи дуюми амалишавии он қарор дорем, корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст. Бо фармоиши директори муассиса Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ гардидааст ва дар доираи он чорабиниҳои мухталиф гузаронида мешаванд.

Ҷамъомаде, ки дар доираи Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ  санаи 29 августи соли ҷорӣ гузаронида шуд, ба масъалаи истифода оқилона бурдан аз шабакаҳои Интернет ва худдорӣ намудан аз таҳияву паҳн кардани маводи марбут ба созмонҳои террористӣ-экстремистӣ бахшида шуд.  Тавре дар чорабинӣ қайд гардид, бо ҳалномаҳои Суди Олии кишвар як қатор сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳамчун расонаҳои таблиғкунандаи ғояҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди мамлакат манъ карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ варақаҳои иттилоотиеро, ки дар онҳо рӯйхати сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии мазкур дарҷ шудаанд, дастрас намуда, ба марказ ва шуъбаҳои муассисаи илмӣ ҷиҳати огоҳии бештар ёфтани ходимони илмӣ тақсим намуд. Дар ҷаласа иловатан таъкид гардид, ки кормандони пажӯҳишгоҳ ҳангоми истифода бурдан аз шабакаҳои Интернет эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу фарзандонашонро дар хатар нагузоранд. Зеро барои таҳия ва паҳн кардани маводи марбут ба созмонҳои террористию экстремистӣ эътирофшуда тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Дар мубодилаи афкоре, ки роҷеъ ба ҷараёни татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сурат гирифт, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илми филология А.Аминов, муовини директор оид ба илм М.Ҷӯраев, ходимони пешбари илмӣ М.Сафаров, Н.Одинаев ва дигарон фаъолона ширкат варзида, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.         

барчасп: