Санаи 05.09.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол” баргузор гардид.
Ҳамоишро директори ПИТФИ, номзади илми филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ карда, ташрифи меҳмононро ба ин ҳамоиш хайрамақдам ва фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳният гуфт. Ҳамзамон аҳли нишастро ба Рӯзи китоб, ки санаи 4-уми сентябр дар саросари кишвар доир гардид, муборакбод намуда, иброз дошт, ки дар самти рӯ ба китоб овардани аҳли ҷомеа ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” такони ҷиддӣ гардид. Он яке аз иқдомҳои саривақтии Сарвари давлат буда, баҳри рушду пешрафти соҳа ва баланд бардоштани маърифатнокии мардум, хусусан наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Боиси зикр аст, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ низ тасмим гирифт, ки ба ин муносибат ва ҳам ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мазкурро доир намояд.
Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ Моҳира Акобирова дар мавзуи “Истифодаи ТИК дар фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ: натиҷаи таҳқиқот” суханронӣ кард. Дар зимн М.Акобирова қайд намуд, ки кормандони шуъбаи фаъолияти китобдорӣ дар доираи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни солҳои истиқлолияти давлатӣ оид ба соҳаи китобдорӣ қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои мухталифро роҳандозӣ намудаанд. Дар соли ҷорӣ низ аз рӯи лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол барои солҳои 2021-2025” ходимони илмӣ фаъолияти худро дар заминаи пурсишномаҳои пешакӣ тасдиқгардида ба роҳ монда, Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов (н.Рӯдакӣ), МД Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати ба номи М. Атоев (ш.Душанбе), МД Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ (ш.Душанбе) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро (ш.Душанбе) маврди омӯзиш қарор доданд.
Натиҷаи пажӯҳиш нишон дод, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мавриди таҳқиқ қарордошта истифодаи ТИК ба роҳ монда шудааст. Устодону хонандагон дар баробари дарсҳои анъанавӣ барои васеъ намудани донишу малакаи касбии хеш аз ТИК ба таври густурда истифода менамоянд.
Баъдан мудири шуъбаи номбурда Саломудин Наимов дар мавзуи “Рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии вилояти Хатлон дар даврони истиқлол” суханронӣ кард. С.Наимов ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили қасру хонаҳои фарҳанг, клуб, китобхонаву осорхона, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, қалъаву ёдгориҳои таърихӣ ва мақбараву мавзеъҳои фарҳангӣ таъмиру таҷдид ва азнавсозиву тармим гардидаанд, ки ҳар кадоми онҳо барои муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷик хидмат менамоянд. Бештари муассисаҳои фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ифтитоҳ ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Метавон иброз намуд, ки дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус вилояти Хатлон иншооти зиёди фарҳангӣ бунёд гардида, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ободу навсозӣ шудааст, ки дар маҷмӯъ барои инкишофи тамоми соҳаҳои фарҳангу санъат ва рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Тибқи барномаи конференсия маърӯзаи директори МД Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб–Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода зери унвони “Рушди библиографияи давлатӣ дар даврони истиқлол” ироа гардид. С.Нодирзода баён дошт, ки дар АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон нусхаҳои ҳатмии осори чопии китобу маҷалла ва рӯзномаҳову авторефератҳо аз солҳои 1900-ум инҷониб нигоҳдорӣ карда мешаванд. Саҳми Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва библиографияи давлатӣ дар даврои истиқлол хеле бузург буда, нусхаҳои маводи солҳои 1920-1960-и асри гузашта тариқи дастгоҳҳои махсус электронӣ карда шудаанд. Ин иқдом метавонад дар нигоҳдории фонди ҷумҳуриявӣ кумак расонад.
Ҳамчунин ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, н.и.п. Шариф Комилзода таҳти унвони “Нақши ПИТФИ дар рушди фаъолияти китобдории тоҷик” суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Ш. Комилзода қайд кард, ки дар даврони истиқлол Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тавассути ташкил ва баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳими соҳаи китобдории тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Дар ин давра бо ташаббуси олимони ПИТФИ теъдоди зиёди барномаву китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ, маҷмӯаҳои илмӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ омодаву нашр гардидаанд. Илова бар ин, барои такмили бойгонии иттилоотии илмӣ оид ба соҳаи китобдорӣ ва бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии марбут ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо силсилаи китобномаҳо таҳияву интишор шудаанд. Ҳамзамон аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ силсилакитоби “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”, китобномаи “Библиографияи библиографияи Тоҷикистон” ва осори зиёди соҳавӣ рӯи чоп омадаанд, ки мутахассисони соҳа мавриди истифода қарор додаанд. Дар идомаи суханронӣ Ш. Комилзода таъкид ба амал овард, ки агар ҳисси китобхониву китобдӯстии ҳар як фарди ҷомеа баланд бошад, маърифати миллии мо ҳеҷ гоҳ коста намегардад.
Дар идомаи ҳамоиш Ш.Комилзода китоби “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (ҷилди 2) муаррифӣ намуд, ки дар китоб таҳқиқоти анҷомдодаи ходимони илмии ПИТФИ дар шакли мақолаҳо гирдоварӣ шудааст. Мақолаҳо ба шаш бахши соҳаи фарҳангу санъат тақсимбандӣ гардида, фарогири рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол мебошанд.
Сипас мубодилаи афкор сурат гирифт, ки меҳмонон ва иштирокдорон – оид ба ҷашни бузурги Истиқлолият, Рӯзи китоб ва нақши соҳаи китобдорӣ дар пойдор гардонидани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш директори пажӯҳишгоҳ, номзади илми филология А.Аминов бори дигар ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи китоб ва фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният карда, дар фаъолияти илмию таҳқиқотиашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Носирова Лайло,
котиби илмии ПИТФИ