ТАХТИ САНГИН – НАМОДИ ТАМАДДУНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

Гарчи худ дошт зи бегона таманно мекард.

Дар замони шӯравӣ Тоҷикистонро ҷаҳониён хуб намешинохтанд. Ҳама моро шӯравӣ мехонданд. Ёд дорам солҳои 1985 – 89 дар шаҳри Киркуки Ироқ ба ҳайси сартарҷумон кор мекардам. Рӯзе ду олмонӣ роҳгум зада, хаставу гурусна ба шаҳраки мо омаданд. Онҳоро бо палови тоҷикӣ меҳмондорӣ кардаму мошинашонро бо бензин пур. Ҳарчанд маблағ пешниҳод карданд, гуфтам ин дар оини меҳмондории мо нест. Онҳо хеле миннатдор шуда, пурсиданд, ки кистӣ ва аз куҷоӣ? Чун гуфтам: тоҷикам аз Тоҷикистон, китф дар ҳам кашиданд, яъне намедонем. Гуфтам, ки шояд кӯҳҳои Помирро донед. Онҳо хушнудона сар ҷунбонданд, ки медонанд. Бо ҳисси ифтихор гуфтам, ки кӯҳҳои Помир дар ватани мо Тоҷикистон  воқеъ гардидаанд.

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо он ифтихор дорад,  ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат бо ташаббусҳои оламгир  ва суханрониҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ ва таълифи китобҳои арзишманд, ки бо чандин забон тарҷума шуда, дар аксари кишварҳо паҳн гаштаанд, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён  ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо беш аз 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 150 давлат  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст.  Аз ин рӯ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳдату Истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кардан ва ба ободонию шукуфоӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ саҳми муносиб гузоштан мебошад. 

 Мавриди зикр аст, ки ёдгориҳои таърихии сарзамини тоҷикон дер боз таваҷҷуҳи  оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Бахусус баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар сол ҳазорҳо меҳмону сайёҳи хориҷӣ баҳри шиносоӣ бо осори таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори кишвар ба Тоҷикистон меоянд ва аз мероси бою рангини он баҳравар мегарданд. Ҳифз ва тармиму нигаҳдошти ин мероси қадима яке аз бахшҳои муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ба татбиқи амалии он диққати ҷиддӣ дода мешавад.

“Тахти сангин” яке аз намунаҳои осори фарҳанги қадимаи тамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад.

Субҳи 7 сентябри соли равон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳркадаи Тахти Сангин  як гурӯҳ коршиносону мутахассисон ва намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ   дар назди бинои Вазорат ҳозир шуданд, то ба ноҳияи Қубодиён сафар карда, бо чашми худ  осори ин ёдгории оламшумули таърихиву фарҳангиро бубинанд.

Ҳайатро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Манучеҳр Шарифзода роҳбарӣ мекард. Ростӣ, манзараҳои гирду атроф,  боғот, киштзорону биноҳои зебову барҳавои ду тарафи роҳ ва сокинони маҳалҳо, роҳҳои ҳамвор таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард ва аз пешравию рушди кишварамон шаҳодат медод. Чун ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён ворид шудем, қитъаҳои калони заминҳои бекорхобида ба чашм мерасид.

Ҳайатро  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён  раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат хайра мақдам гуфта, доир ба ҷараёни корҳо дар шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён маълумот дод. Аз ҷумла, иброз дошт, ки соли ҷорӣ ба ободониву шаҳраку деҳот диққати ҷиддӣ дода шуд ва бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ чандин кӯчаву роҳҳо асфалтпӯш гардид ва ин раванд идома дорад. Оид ба даъвати ҳарбӣ зикр кард, ки ноҳия дар даъвати гузашта дар вилоят саввумин шуда, уҳдадориро иҷро кард ва ҳоло 150 даъватшаванда дар курсҳои ронандагӣ ва кафшергарӣ маҷонан хонда истодаанд. Раиси ноҳия ба саволи он ки чаро дар ноҳия заминҳои бекорхобида ба назар мерасад, гуфт, ки ноҳия дорои 7 насос аст, ки аз замони Шӯравӣ кор мекунанд ва насоси 8-ум чанд сол ин ҷониб бо сабаби фарсудагӣ аз кор баромадааст.Тасмим гирифта шудааст, соли 2024 таъмир ва беш аз 500 га заминҳои бекорхобида шодоб гардад.

Сипас ҳайат ба Осорхонаи ноҳия рафта, нигораҳо, аз ҷумла бозёфтҳои “Тахти сангин” ва акси ҷавоҳироти “Хазинаи Амударё - ро, ки дар осорхонаи Англия маҳфузанд, диданд ва маълумот гирифтанд. Баъди меҳмондорӣ ва хӯроки чошт корвони мо роҳ ба сӯи “Тахти Сангин”-ро пеш гирифт. Ҳар қадар ки мо ба  мавзеи “Тахти Сангин” наздик мешудем, автобуси хурди “Принтер”– и мо бо душворӣ мехазид. Ростӣ роҳаш аз роҳҳои Айнӣ – Кӯҳистони Масчо ва баъзе ҷояш аз ағбаи Оббурдон, ки танҳо як мошин ҷой мегирад, фарқе надорад. Мутаассифона, чун ронанда дар роҳҳои кӯҳистон таҷрибаи кофӣ надошт дар рафту омад ҳам худу автобус ва ҳам мусофиронро ба вазъи ногувор гузошт. Тақрибан дар баъзе ҷойҳои душворгузар, ки дар умум 3-4 километрро дар бар мегирифт бо баҳонаи он ки “таги мошин мерасад” ҳамаро ҳатто духтаронро дағалона аз автобус фуровард. Ин роҳи ба қавле душворгузар фарогири ҳамагӣ 14 км асту халос. Умед дорем, ки то рӯзи ҷашн он тавассути техникаҳои пуриқтидори роҳсози ҳозиразамон росту ҳамвор мешавад.

Чун аз дур айвон ё болопӯши бузургеро дидем, яқин кардем, ки “Тахти Сангин” дар зери он қарор дорад. Дар ҳақиқат ҳамин тавр буд. Чуноне ки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва мусоидату дастгирии  Вазорати фарҳанг  тибқи Барномаи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ Муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ – истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ моҳи майи соли равон болопӯши маъобиди “Тахти Сангин”-ро дар ҳаҷми 54 х 24 бунёд кард. 

Ба гуфти бостоншинос Тӯрахон Хоҷагелдиев имрӯзҳо кормандон бо суҳулат дар зери сояи ин айвон ба кофтуков машғуланд ва ҳамзамон бозёфтҳо чун зерсутуну суфа ва ваннаву новаҳои сангӣ ва дигар девораҳо аз таъсири боду борон ва офтоби сӯзон пойбарҷо ва ҳифз мегарданд.

Як нуктаро бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз соли 1877 дар натиҷаи боронгарӣ сатҳи Амударё аз соҳилҳо баланд шуда, шояд бештари хазинаро бо худ бурд ва баъди паст шудани сатҳи об сокинон аз соҳил ҷавоҳироту ороишҳои тиллоиро чиданд. Аз ҳамон сол ганҷурхоҳони дунё ба ин ҷо бо чашми тамаъ менигаристанд ва борҳо кофтуков кардаанду бозёфтҳоро ба ғорат бурдаанд.

Чуноне ки зикр кардем, “Тахти сангин” яке аз намунаҳои осори фарҳанги қадимаи тамаддуни тоҷик буда, дар вилояти Хатлон,  дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш воқеъ гардидааст. Он аз ҷониби Тоҷикистон 17 апрели соли 2020 дар иҷлосияи 221-уми Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

11 ноябри соли 2021 дар иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин гузашт, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳри бостонии Тахти Сангин ва пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба 1050-умин солгарди зодрӯзи донишманди барҷастаи Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ ба Феҳристи санаҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 ҷашн мегирад, шомил шуд. Мақсад аз барқарору бозсозӣ ва шомили харитаи ҷаҳонгардӣ кардани ин макони муҳими таърихӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба як макони ҷаҳонгардӣ табдил додани ин осорхонаи таърихист.

Шаҳраки “Тахти Сангин” дар масоҳати 8 гектар доман паҳн кардааст. “Тахти Сангин” ном гирифтани онро олимон бо он сабаб мақбул донистаанд, ки, девору раҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Шаҳрак аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғавс иҳота гардидааст. Деворҳои баланди мустаҳками сангӣ аз ду қабат иборат буда, қисми болоӣ 4 метр, қисми поёнӣ 3 метр, ғафсии деворҳо 2,2 метр бо сутуну кунгура ва ҳалқаҳои зерсутуни сангин сохта шудааст.

«Тахти Сангин» бо «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар ҷаҳон маъруф аст. Он иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин ( 1300 номгӯй) аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинд «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Савдогарон дар роҳ аз ҷониби кӯчиёни дашти Пешовар ғорат шуданд. Ба яке аз савдогарон муяссар гардид, ки ба капитани сарҳадӣ Ф. Бартон арз намояд. Бартон бо ду нафар ҳамкораш шабона ба ғоре ворид шуд, ки ғоратгарон молҳои дуздидаро байни ҳам тақсим мекарданд. Дар натиҷаи задухурд ғоратгарон захмӣ шуда, фирор карданд. Онҳо рӯзи дигар хазинаро оварда ба соҳибонаш супурданд. Савдогарҳо ба Бартон барои ин хидматаш як дастпонаи тилоӣ туҳфа мекунанд. Онҳо хазинаро ба тоҷирони шаҳри Равалпинди мефурӯшанд Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли музейи Британия, ки дар шаҳри Лондон воқеъ аст, гардидаанд.  Овозаи ёфт шудани хазина ба тамом ҷаҳон паҳн шуд. Ҳама ганҷурхоҳони дунё ба ҷониби Бухорои Шарқӣ - Ҷануби Тоҷикистони имрӯза бо ҳавасу тамаъ менигаристанд. Аз рӯи баъзе иаълумот аз ин ҷо муҷассамаҳои тилоӣ низ ёфтаанд. Чунончи Н. И. Майев сармуҳаррири маҷаллаи “Туркистанский ведемости” ҳанӯз соли 1879 бо тахаллуси Ф. Жуков навиштааст, ки назар ба гуфти сокинони маҳаллӣ аз зери ахлоттудае муҷассами тилоии паланг ва дигар ашёҳои зарринро ёфта, сипас ба ҳиндувони Бадахшон бо нархи қимат фурӯхтаанд.

Номи «Хазинаи Амударё»-ро ба бозёфтҳои шаҳркадаи «Тахти сангин» муҳаққиқи англис О.М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд молҳои дигар низ ёфт шуда бошанд. Аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагини (1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ доранд.

Бобоҷон Ғафуров дар китоби хеш «Тоҷикон» менависад, ки «истеъдоди санъаткории Бохтариёни қадим, ҳунари ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи аробаи дучархаи ҷангии тилоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тилоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст. А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як ашрофи бохтарист. Ба ақидаи Р. Гиршман дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳтимол дар вақти ҳамлаи қушуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷуқи1 хароб гардида бошад. Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров «Дафинаи Амударё» барои омӯзишу тадқиқи ақидаҳои динию хурофотии халқҳои қадими Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин дафина беш аз ҳама анъанаи санъати бохтарҳо ва сакоиҳои кучманчӣ акс ёфтааст. Вале масъалаи тавзеҳи этникӣ ва мадании ин дафина ҳануз масъалаи баҳснок мебошад.

Натиҷаи кофтукови бостоншиноси нишон дод, ки дар шаҳраки “Тахти Сангин” маъбадҳое ёфт шуданд, ки ҳам ба оташкадаи зардуштӣ ва ҳам ба дини буддоӣ ва ҳам ба бисёрхудоӣ (худованди об - Вахшу) тааллуқ доранд. Ин нукта дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” хеле рушан ифода ёфтааст. Дар фосилаи тӯлонии Роҳи бузурги абрешим шаҳрҳо қомат меафрохт, баробари тиму тоқҳои тоҷирон ва бозору растаҳои савдогарон боз ибодатхонаву обидаҳои буддоӣ, насронӣ ва зардушти бунёд гардида, таъсири мутақобилаи ин динҳо ба якдигар меафзуд. “Шоҳроҳи абрешим худоён ва паямбарони тариқатҳои гуногуни диниро ба ҳам наздик месохт. Ҳурмузду Аноҳито Зевсу Апполон, Буддою Вишну бо маъбаду муҷассамаҳои муҳташами хеш дар канори ҳам мақом доштанд. Ва дар Бохтару Суғд баробари оташкадаҳои зардуштӣ маъбадҳои худоёни юнонӣ ва буткадаҳои юнонӣ амал мекарданд. Дар санъати ҳайкалтарошӣ ва меъмории аҳди давлати юнониасоси Бохтар муҷассамаи худоёни бохтарӣ пойсуту ва ва сарсутунҳои бо услуби юнонӣ асосёфта нуфуз пайдо мекунад. Бозёфтҳои Вахш дар “Тахти Сангин”, ки ба номи “Хазинаи Ому” машҳур аст, далели бевоситаи таъсири мутақобилаи санъати ориёӣ ва эллинӣ шуда метавонад”

Бешубҳа, дар хазина дар тӯли асрҳои 1V-1 то милод ашёҳои зиёди беназиру қиматбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки соли 1877 дар натиҷаи боришоти зиёд ва дамидани дарёву шустани хоктеппа шояд об қисми зиёди онҳоро бо худ бурда бошаду андаке дар соҳилҳо гузошта. Чуноне ки маълум аст, миқдори ганҷинаи хазинаро муайян кардан душвор аст. Чӣ миқдор аз он ба дасти мардуми гуногун афтод, ки ба манфиати худ истифода бурданд. Дар ин масъала ба ақидаи Шоҳзамон Раҳмон розӣ шудан мумкин аст. “Ҳамин қадар ҳам, ки аз Хазинаи Амударё ба даст омада дар осорхонаи Британияи Кабир маҳфуз мебошад, шукр гуфтан ба он мардум ва аҳсану офарин хондан кам аст. Агар хазина то англисҳо намерасид, кӣ медонад, аз ганҷур то имрӯз осоре буд ё не? Ҳамин “Хазинаи Амударё” буд, ки Қубодиён ба куллӣ набошад ҳам, як андоза омӯхта шуда, гузаштаи дури таърихию фарҳангиаш равшан гардид”

 Мувофиқи тадқиқоти таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои “Маъбади Окс”, ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин гаНҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, “Маъбади Окс” муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.

«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.

Ин нукта дар мақолаи Дилшод Раҳимӣ “Тасвиру тавсифи об дар асотири Эрони Бостон” хеле рушан ифода ёфтааст. Об дар баробари оташу хоку бод аз унсурҳои асосии ҳаёт ба шумор меравад ва дар офариниши тамоми таркиби олами мавҷудот мавқеи назаррас дорад. Дар асотири Эрони бостон Аредвисура Аноҳита номи олиҳаи обҳо буда, дар “Обоняшт”-и Авесто ситоиш ёфтааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки Аредвисура Аноҳита ҳамеша ба шахсони пешкашоваранда комёбӣ мебахшад. Ҳушанги пешдодӣ ба ӯ сад аспу ҳазор гову даҳ ҳазор гӯсфанд пешкаш овард ва аз Аноҳита талаб кард, ки ӯро бузургтарин шаҳриёри ҳамаи кишварҳо гардонад. Аноҳита ӯро кмёбӣ бахшид. Ҳамин тариқ, ӯ ба Ҷамшед, Фаридун, Гаршоспи Наримон, Ковус Кайхусрав, Тус ва дигарон, ки наздаш пешкашҳо оварда буданд, муродашонро ҳосил намуда, комравоӣ бахшид. Дар тасаввуроти асотирии хоразмиёну бохтариён Вахш (ба юнони Оксус) эзади ҳомии дарёи Ҷайҳун ба шумор мерафт. Олими бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ даР “Осор-ул-боқия”навиштааст, хоразмиён дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман иде доранд, ки “Вахшанком” ном дорад ва Вахш номи фариштаест, ки ки ба ҳама обҳо, махсусан ба наҳри Ҷайҳун муваккал аст. Академик Бобоҷон Ғафуров ба сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ такя карда, навиштааст, ки “дар маъхазҳои ҳиндӣ “Вахшу” гуфта, Амударё дар назар дошта шудааст. Дар санги кандакории осорхонаи Калкатта чунин дуоро ҳаккокӣ кардаанд: “Вахш худои яккаву ягона”

Ҳанӯз соли 1928 таҳти роҳбарии Б. П. Денике ва соли 1956 таҳти роҳбарии А. М. Менделштам тадқиқот гузаронда шуд. Аз соли 1976 Игор Пичикян ва Борис Литвинский дар партави “Экспедитсияи бостоншиносии ҷануби Тоҷикистон”-и шуъбаи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Тоҷикистони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кофтукови ҳамаҷонибаи маъбад ва ҳудуди атрофи он оғоз ёфт, ки то соли 1991, то парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ давом кард ва дар натиҷа ҳимояву посбонии ин ёдгорӣ барқарор карда шуд. Ҳисобот оид ба кофтуков ба забони русӣ дар се ҷилд дар давоми солҳои 2000-2010-ум ба табъ расид. Таҳти роҳбарии И. Р. Пичикиян дар қисми шимоли шаҳраки “Тахти Сангин” ибодатхонаи ҷомее ёфтанд, ки толораш 12х12м. буда, сақфашро чор сутун нигоҳ медошт. Ҳуҷраҳо васеу барҳаво буда, деворҳо аз санги сафед сохта шудаанд. Аз толору хамгашти даҳлез ва чуқуриҳои алоҳида беш аз 3000 маводу танга ёфт шуд. Масалан, дар ҷилди шамшер, ки аз устухони фил сохта шудааст, расми шер хеле бомаҳорат кашида шудааст, ки пойҳои оҳу доштааст.  Сари гов дар қисми поёни ҷилд тасвир ёфтааст. Ҳамчунин тасвирҳои шикори ду сайёди камонкаш, ҷуссаи рубоҳу гусфанду харгӯшон, омодаи ҳуҷум шудани модашер баҳри дифои фарзандонаш ба савораи асп, ки тимсоли  Искандари Мақдунист ва дар сар тоскулоҳи душоха дорад, меҳроби сангӣ, муҷассамаи писари найнавоз, ки Атроксос сохтааст, хеле зебо ва ҷолиб буда, ин ҳама ба Худованди Амударё эҳдо шудааст. Баъзе муҷассамаҳои шоҳону саркардаҳои аз гилу гаҷ сохташуда, ҳамчунин дурахши тимсоли Диадемаи тилоӣ аз санъати баланди он замон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамаи ин осори ёфтшуда ба замони бохтарию юнонӣ ва замони Кӯшониён рост омада, аз ҳодисаҳои зиёди сиёсӣ, рушди баланди истеҳсолот ва фарҳанг башорат медиҳад.     

“Тахти Сангин” шаҳраки қадимӣ буда, дорои маводи зиёди таърихию бостоншиносист. Он росткунҷа (200х250) буда, алҳол хароб аст ва намунаҳои зиёди тоқчаҳо, девор, таҳсутуну болорҳои сангин гӯё ҳамин ҳозир тарошида шуда бошанд, ҳар куҷо парешон хобидаанд. Ҳазорҳо сол муқаддам одамон бо ақли расову фаросати олӣ барои ҷомеа чӣ осоре аз худ ба ёдгор мондаанд.

 Минбаъд ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба кофтукови бостоншиносӣ халал расонд. Соли 1998 то соли 2010 Анжелина Дружинина дар партави Академияи илмҳои Тоҷикистон кофтуков гузаронд ва ҳисоботи пешакиаш дар бюлетени Осорхонаи Михо ба табъ расид. Гурӯҳи бостоншиносони франсузу тоҷик бо роҳбарии Матилдо Гелде аз Маркази миллии илмӣ-тадқиқотии фаронсавӣ соли 2013 хостанд, ки кофтуков гузаронанд. Вале бо сабаби муноқиша ва мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон танҳо соли 2014 як маротиба кофтуков гузаронида шуду халос. Аксари бозёфтҳои маъбад ва ҳудуди назди он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Шоҳзамони Раҳмон муаллифи китоби “Қубодиён сарзамини Тус ва Рашкиқамар” оид ба аҳамияти “Хазинаи Амударё” менигорад, ки он ганҷинаи беамсоли мардумони Бохтар, нақши дастони ҳунармандони ин сарзамин, парвози хаёлу андешаҳои бемонанд аст, ки дар фулузот-тилову нуқра, олоти маъданиву сангӣ ва деворҳо насб шудаанд. Ба ақидаи муаллиф “Хазинаи Амударё” ба мисли “Авесто”, “Шоҳнома”, “Тоҷикон” аҳамият ва қурбу манзалат дорад. Инҳо таърихи куҳанро дақиқ инъикос мекунанд. Дар онҳо пайванди маънавии форситаборони дунё, Руму Юнон, ҳамфикриву ҳамдастӣ бо Ҳинду Чин, илму фарҳанги дигар халқу миллатҳои мутамаддин инъикос шудааст, бозёфт, осори арзишманди тамаддуни ориёӣ, олитарин намунаи миллии бохтарист, ки дар асрҳои 5-3 то милод аз аҷдоди каёниён боқӣ мондааст.

Оид ба мансубияти “Хазинаи Ому” дар байни муаррихону бостоншиносон фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Аллома Бобоҷон Ғафуров навиштааст, ки “А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як хонаводаи ашрофи бохтарист. Р. Гиршман фарзияе пеш ниҳод, ки “Дафинаи Амударё” як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳтимол дар вақти ҳамлаи қӯшуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷӯқи 1 хароб гардида бошад. Ин фарзияро Р. Бэрнет, ки зимнан санаи дертари анҷоми таҳнишасти дафинаро (асри 11 пеш аз милод) пешниҳод кард, тарафдорӣ намуд. Бояд қайд кард, ки Р. Бэрнет дар санагузории худ, алалхусус, ба фикри В. В. Тарн бобати набудани тило дар Бохтар такя мекунад. Аммо ин ба ҳақиқат рост намеояд, зеро осори конҳои тило дар Бохтар боқист. Баъзе олимони Ғарб исбот мекунанд, ки дар хазина бисёр ашёи аз ҳориҷа оварда мавҷуд аст. Вале ба ақидаи Бобоҷон Ғафуров аксари бозёфтҳо маснуоти бохтарист. “Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи “Дафинаи Амударё” ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи аробаи дучархаи ҷангии тилоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тилоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тило, ки нугҳои он ба шакли сари буз зиннат дода шудааст, муҷассамаи тилоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда ба гуфтаи боло далолат мекунанд”. Дар ин ҷо ақидаи Р. Гиршманро дар бораи он, ки “Дафинаи Амударё” як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, тасдиқ кардан мумкин аст. Дар байни бозёфтҳо сари аз оҷ сохташудаи Искандари Мақдунӣ низ ёфт шуд, ки далели ба хазинаи маъбади худои об - Вахшу ҳадя шудани он аз тарафи худи Искандар ва ё муқаррабони он аст. Ғайр аз ин ривоятест, ки зани дӯстдоштаи Искандар -Раксана (Рухшона) гуё ба бемории асма гирифтор буд. Табибон ба ӯ як муддат табобат ва зиндагиро дар макони хушобу ҳаво – ҷое, ки ду дарё ба ҳам меомезанду аз оксиген бой аст тавсия доданд. Эҳтимол онҳо ба ин шаҳркада аз дари сулҳу осоиш ворид шуданд. Зеро дар ин ҷо ҳам оташкадаи зардуштӣ ва ҳам маъбади худои об-Вахшу ҷойгир буд. Агар Рухшона Аҳуромаздоро мепарастид, Искандар ба худоёни худ эътиқод дошт. Бинобар ин тибқи анъана ба маъбадгоҳҳо ашёҳои қиматбаҳо аз ҷумла сари аз оҷ сохтаи Искандарро ҳадя карданд.

Чунин муносибати боэҳтиромона ва ҳифзу ҳимоя нисбат ба маъбадгоҳҳоро ҳанӯз Куруши Кабир пеш гирифта буд. Ба қавли муаррихони аҳди қадим Куруши Кабир пеш аз ҳуҷум ба Бобул соли 539 қабл аз милод тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт. Куруши Кабир, алалхусус нисбат ба миллати Бани Исроил, ки аз замони Бахтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тилоиву нуқрагинро, ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Куруши Кабир маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эламро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Чуноне ки Пешвои миллат ишора кардаанд дар аҳди қадим ба маъбадҳо эҳтиром қоил буданд ва ба хазинаи онҳо ашёҳои қиматбаҳо эҳдо мекарданд.

Мо метавонем дар ин бобат чандин мисолҳоро аз таърихи пеш  ва баъди ислом орем. Ривоятҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, пайдоиши чашмаи Замзам ба Исмоилу модараш Ҳоҷара-зани Иброҳим паёмбар иртибот дорад, ки баъдан Каъба-Хонаи Худоро Паёмбар Иброҳим бо писараш Исмоил бино карданд. Бо гузашти садсолаҳо дар Хонаи Каъба бутҳоро ҷой доданд ва онҳоро парастиш карданд. Бути асосӣ Ҳубал буд. Рӯ ба рӯи Ҳаҷару-л-асвад ду бут ба номи Асоф ва Ноила меистод. Торихчаи ин ду бутро чунин мегуфтанд: Марде ба номи Асоф фарзанди Суҳайл ва зане ба исми Ноила духтари Зиъб достони ишқашон боло гирифт. Рӯзе даруни Каъба беихтиёр якдигарро дар оғӯш гирифтанд ва чун он аз роҳи шаҳват буд, ҳамон гоҳ санг шуданд. Мардум ин ду муҷассамаро ба намунаи интиқоми илоҳӣ нигоҳдорӣ карданд. Кам-кам онҳоро парастиш намуданд ва фикри дунболаи онро аз ёд бурданд. Дар ҳақиқат ишқбозии онҳоро дӯст доштанд ва охируламр ҳамонро парастиш карданд! Онҳо бо абзор ва ороишоти тилоӣ муҷаҳҳаз буданд. Чашмаи Замзам низ дар зери қуму рег пинҳон монд. Муаррихон чунин ҳадс мезананд, ки дар нимаи дуюми асри V1 пешвои қабилаи Қурайш Абдулмуталлиб – бобои Паёмбар Муҳаммад (с) пас аз дидани хоб дар назди Каъба се рӯз ба кофтани чоҳи Замзам машғул шуд. Аз он ҷо ду муҷассамаи оҳу ва шамшеру сипарҳои тилоӣ ёфт ва аз зери тобасанге оби чашмаи Замзам намоён шуд. Зимни тақсимот оҳувони тилоиро ба Хонаи Каъба ва ҳиссаи худ - сипару шамшерҳои тилоиро низ ба он бахшид.  Тӯли асрҳо Хонаи Худо дар Макка ва Масҷиди Набавӣ дар Мадина чандин маротиба бозсозӣ ва тавсеа ёфт. Охирин тавсеаро Ходими Ҳарамайни Шарифайн малик Салмон ибни Абдулазиз анҷом дод ва тибқи он масоҳати Масҷид–ул–Ҳаром 1,5 миллион метри мураббаъро ташкил кард, ки ғунҷоиши 1,8 миллион намозгузорро дорад. Дар Масҷиди набавӣ низ ҳадди аксар то як миллион нафар намоз мегузоранд. Бояд зикр намоем, ки арзиши ин лоиҳа 80 миллиард риёли саудӣ баробар ба наздики 21 миллиард доллари амрикоӣ буда, бузургтарин лоиҳаи васеъгардонии Ҳарами Макка дар 14 аср аз замони садри Ислом мебошад.

Масалан то имрӯз ҳар сол чодари сиёҳи Хонаи Худоро, ки қимати баланд дорад, иваз мекунанд. Тибқи маълумоти собиқ сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулазиз ибни Муҳаммад Албодӣ, Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар чорчӯби сарпарастии Масҷид-ул-ҳаром ва ободии он 44 сол пеш дар Маккаи мукаррама корхонаи тахассусиеро барои истеҳсоли чодари сиёҳи Каъба бунёд намуда буд, ки ҳар сол онро таҷдид менамоянд. Арзиши он наздик ба 6 миллион доллар аст. Дар корхонаи мазкур беш аз 240 нафар кор мекунад. Ин чодар ҳар сол як маротиба ҳангоми фаризаи ҳаҷ, баъди он, ки ҳоҷиён ба Арафот мебароянд, иваз карда мешавад. Чодари сиёҳ аз матои ҳарири табиӣ ва холиси ранги сиёҳ сохта шуда, сатҳи он 658 метри мураббаъ, баландиаш 14 метр ва дарозиаш 47 метр мебошад. Барои дӯхтани чодари Каъба 670 килограмм абрешими табиӣ ва наздик ба 280 килограмм тиллои холис сарф карда мешавад.

Чуноне ки далоил ва ривоятҳои таърихӣ нишон медиҳанд, инсоният аз офариниш то имрӯз дар тамоми динҳо дар маъобиду масоҷид Офаридгорро мепарастиду беҳтарин ва қиматбаҳотарин ашёву амволи худро мебахшид. Масалан, то имрӯз мусалмонон беҳтарин моли худро аз қабили гову шутуру бузу гусфанд дар Иди Қурбон қурбонӣ мекунанд. Дар ин бобат мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Бинобар ин бо итминон метавон гуфт, “Хазинаи Ому” ҳиссае аз ҳамон дафинаи маъбади Худои об - Вахшу мебошад, ки ба замони бисёрхудоӣ рост меояд.

Бояд як нуктаи муҳимро тазаккур дод, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мавзеи якҷояшавии дарёҳоро дар динҳо ҷойи муқаддас мешумориданд ва маъбадҳо бино мекарданд. Ба ақидаи олими таърихшинос Роҷерс қавмҳои қадимаи асри оҳани шимолу ғарбии Аврупо ҷои омезиши рудҳоро муқаддас медонистанд. Мардуми славянӣ то дини масеҳӣ дар ин гуна мавзеъ маъбади секунҷа бино карда, дар он ҷо одамонро қурбонӣ мекарданд ва дигар маросимро ба ҷо меоварданд. Дар Нижний Новгород Ока бо Волга омезиш меёбад ва дар назди он Ҷомеи муқаддаси Александр Невский воқеъ гардидааст.

Дар индуизм низ дар ҷойи якҷояшавии ду руд ҳаҷ мекарданд ва ғусли таъмидро ба ҷо меоварданд. Чунончи дар шаҳри Праграч дарёи Ҷамна, ки ба Ганг мерезад, ин маросимро ба сомон мерасонанд.

Чунин ҷойи муқаддас дар Ҷумҳурии Ироқ низ вуҷуд дорад. 84 километр дар самти шимоли Басра шаҳри Қурна воқеъ гардидааст, ки дар он ҷо рӯдҳои Даҷлаву Фурот ба ҳам мепайванданд. Мувофиқи устура гуё дар ин ҷо Дарахти Одам (Шаҷарату-ул-Одам) ва Ҷаннати Адн вуҷуд доштааст. Соли 1987, замоне ки дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа доштам он ҷойро тамошо кардам. Сайёҳони зиёде ба он ҷо, ки манзараи хеле зебо дорад, меомаданд. Баъзе аз арабҳо ба таги ҳамон дарахт омада ибодат мекарданд. Тибқи устура гӯё ин ҳамон дарахтест, ки Худованд Одаму Ҳавворо аз хӯрдани меваи он манъ карда буд. Дар шимоли кишвари Дониморк дар шаҳри туристии Аскогон ҷойе ки дарёи шимол ва дарёи Батик ба ҳам мерасанд, аммо бо ҳам идғом яъне намеомезанд, яке аз ин дарёҳо шур ва дигаре ширин мебошад. Ин яке аз муъҷизоти илоҳист, ки дар Қуръон, сураи Раҳмон, ояти 19 ишора шудааст: “Ду дарёро равон сохт то ба ҳам ҷамъ шаванд. Миёни ҳар ду ҳиҷобе аст, ки яке бар дигарӣ таҷовуз намекунад”. Ин падида дар дарёи Мадитрона ва уқёнуси Атлас, ки дар тангии кӯҳи Торуқ ба ҳам мерасад, дида мешавад. Мизони шӯрӣ ва ширинӣ аз ҳам ҷудост. Дар ин ҷо ва дар халиҷи Адан ва баҳри Сурх баҳрнаварди франсавӣ Ив Кусто таҳқиқот гузарондааст. Чуноне ки аз филми бардоштаи онҳо дида мешавад оби ду уқёнус ба ҳам мерасанду, вале махлут намешаванд ва ранги яке тираи сабзгун ва дигаре кабуд аст.

Ин мисолҳоро ба он хотир овардем, ки маъобиди “Тахти Сангин” низ дар он ҷойе, ки ду дарё-Вахшу Панҷ бо ҳам вомехӯранду якҷоя мешаванд, қарор дорад.

Чанд сол қабл Ҳукумати Тоҷикистон мавзуи бозпас гардонидани “Хазинаи Амударё”-ро аз осорхонаи Бритониёро матраҳ кард ва чанде аз нусхаҳои ин ёдгориҳо ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 аз мавзеи таърихии “Тахти сангин” дидан карда, ба Ҳукумат низ дастур дода шуд, то ҷиҳати барқарории ин ёдгорӣ иқдомоти лозим рӯи даст гирифта шавад. Вале бо сабаби нооромии вазъ дар Афғонистон корҳои барқарорсозӣ ба таъхир афтод. Дар натиҷаи кофтукови бостоншиносӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта, ёдгориҳои таърихӣ, назири олоти шикорӣ, табақҳои сафолӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор кашф шуда ва ҳоло дар осорхонаи воқеъ дар маркази ноҳияи Қубодиён нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳанӯз соли 2006 раиси ноҳияи Қубодиён М. Исмоилов дар номаи худ аз  сафири Британияи Кабир хоҳиш кард, ки ба қадри имкон дар дастрас намудани расм ё нусха барои осорхонаи ноҳияи Қубодиён аз осорхонаи Лондон мусоидат намоянд. Дар натиҷа чандин акси нигораи Хазинаи Амударё фиристода шуд, ки имрӯз дар осорхонаи Қубодиён гузошта шудааст.

Бостоншиносон дар ин шаҳри қадима устохона, ибодатгоҳ ва қасрҳои иқоматиро низ ошкор карда буданд. Онҳо ба ҳунари сохтмони сутуну сангҳои зербиноҳо дар ин шаҳри қадима баҳои баланд додаанд, ки бо гузашти беш аз 2000 сол ҳанӯз мавҷуданд. Шакли маъбад ё шаҳри «Тахти сангин» чоркунҷа буда, ҳар як қитъаи он 51 метр дарозӣ дорад. Мақсад аз барқарору бозсозӣ ва шомили харитаи ҷаҳонгардӣ кардани ин макони муҳими таърихӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба як макони ҷаҳонгардӣ табдил додани ин осорхонаи таърихист.

17 майи соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи ёдгории «Тахти сангин», ки дар сатҳи баланд омода гардидааст, ифтитоҳ шуд. Ба гуфтаи Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки «Тахти Сангин» ёдгории арзишмандест, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи «Хазинаи Амударё» то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад. «Тахти сангин», дар даврони Истиқлолият барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинатсияи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид. Ифтитоҳи нусхаи ёдгориҳои «Тахти Сангин» дар Осорхонаи миллӣ ба сокинони мамлакат меҳмонону сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо таърихи қадимӣ ва саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз наздик шинос шаванд.

Харобаҳои “Тахти Ҷамшед”, “Балхи куҳан”, “Кайқубодшоҳ”. “Тахти Сангин”, харобаҳои Афросиёбу Варахша ва садҳо шаҳрҳои сӯхтаву валангоршуда таърихи зиндаи ҳазорсолаҳои дур аст, ки ба наслҳои имрӯзаву оянда панд медиҳад. Панд аз оқибату ҷангу хунрезиҳо, оқибату кашмакашҳои тахту тоҷталабӣ, оқибати истилогариву кишваркушоиҳо ки чун далели бебаҳс пешорӯйи кас қарор мегирад.  Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки наслҳои имрӯзаву ояндаро аз оқибати ҷангу хунрезӣ кашмакашҳоӣ тоҷу тахтталабӣ, тохтутозу ғорат ва истилогарӣ ҳушдор медиҳад. Ин маъно дар қасидаи “Айвони Мадоин”-и шоири бузург Хоқонии Шервонӣ ифода ёфтааст, ки ибрати инсоният аст:

Ҳон, дидаи ибратбин, аз дида назар кун, ҳон!

Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон.

Як раҳ зи раҳи Даҷла манзил ба Мадоин кун,

В-аз дида дувум Даҷла бар хоки Мадоин рон.

Мақсад аз барқарору бозсозӣ ва шомили харитаи ҷаҳонгардӣ кардани ин макони муҳими таърихӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва ба як макони ҷаҳонгардӣ табдил додани ин осорхонаи таърихист. Тибқи иттилои масъулин даҳаи аввали моҳи октябри соли равон  дар  мамлакат  2500-солагии Тахти Сангин таҷлил мегардад. Ба ин муносибат  рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин, албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин натиҷаи корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ дар китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ»  то рӯзҳои ҷашн ба чоп хоҳад расид. Ҳамзамон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар рӯзҳои ҷашн таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мегардад.

Мунаввари Сафар,

мутахассиси пешбари Пажӯҳишгоҳи

илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

барчасп: