Мушкилоти қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг дар ВМКБ ҳанӯз ҳам ҳалталабанд Падидаи некӣ рушди фарҳанг дар замони истиқлолият дигаргунӣ дар сохтор ва мазмуни фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тарбиятгари аҳолӣ ва тарғибгарӣ сиёсати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Яке аз омилҳои инкишофи фарҳанг бунёди қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг, ки ба талаботи имрӯзаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа муносиб буда, фаъолияти онҳо ба хотири ташаккули маънавии шаҳрвандон маҳсуб мегардад. Дар ҳақиқат фарҳанг пойдевори камолоти маънавӣ ва сарвати бебаҳои инсон буда, ҳозираву гузашта ва ояндаи ҳар як халқу давлатро бозгӯй мекунад. Дар марҳилаи ҷаҳонишавии босуръат маҳз таҳкими фарҳангу хештаншиносӣ имконият медиҳад, ки бо падидаву таҳдидҳои нав муқобилият нишон дода, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ ҳадафи асосӣ қарор гирад. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: “Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем”. Ҳамин аст, ки солҳои охир дар мамлакат муассисаҳои зиёди фарҳангӣ бунёду азнавсозӣ гашта, дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёдеро ба роҳ мондааст. Феълан агар дар худи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирем, аллакай қасрҳои боҳашамати фарҳангӣ қомат афрохта, сохтмони дигар иншоотҳои марбути соҳа бомаром ҷараён доранд. Аммо табиист, ки миёни сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва истифодаи самаранок аз муассисаҳои фарҳангӣ аз замин то осмон тафовут аст. Аз ин ҷиҳат, истифодабарӣ аз муассисаҳои фарҳангӣ, норасоии фарҳангчиён ва дигар масоил ҳанӯз ҳам ҷиддияти бештареро аз масъулини соҳа тақозо дорад. Ҳоло қасрҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнон мавҷуданду муассисаҳо дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Мувофтиқи маълумоти дастрасшуда, мушкилии асосии Шуъбаи фарҳанги вилоят дар он аст, ки дар ВМКБ мисли вилоятҳои Суғду Хатлони ҷумҳурӣ раёсати фарҳанг вуҷуд надошта, танҳо шуъба анқариб 10 сол фаъолият мекунад ва мо чор нафар кормандони шуъба дар навбати худ ҳашт бахши навоҳиву маркази вилоятро мувофиқи талаб сарпарастӣ карда наметавонем. Бар замми ин, масъулини шуъбаҳои фарҳанги вилоят аз надоштани ҷойи муайяни корӣ, автомобили хизматӣ, камчинии асбобҳои мусиқӣ давоми солҳои зиёд танқисӣ кашида, бахусус баҳри иҷора гирифтани чунин асбобҳо дар як чорабинӣ ба иҷорадиҳандагони шахсӣ маблағҳои иловагӣ месупоранд. То ҳозир дар назди шуъба ансамблҳои “Навои Бадахшон” ва “Эҳё” фаъолият доранд ва баҳри машқу омодагӣ ба чорабиниҳои гуногун маҷбурем, ки барояшон дар утоқҳои матбааи вилоятӣ ва таҳхонаи бинои мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ҷой диҳем,” – мегӯянд маъсулин. Дар ҳолати кунунӣ истифодабарӣ аз қасрҳои фарҳангии вилоят чандон қонеъкунанда нест. Ҳамаи қасрҳои фарҳангии вилоят танҳо дар идҳои бузурги миллӣ ё чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ истифода бурда мешаванду халос. Яъне бо сабаби кам будани музди меҳнати фарҳангчиёни шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти қасрҳои фарҳангӣ низ суст ба роҳ монда шудааст. Аммо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусиқишинос Соҳибназари Имомназар бар он ақида аст, ки феълан дар соҳаи фарҳанги вилоят мушкилии тақсимоти кадрҳо дар ҷойи аввал меистад. Зеро дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки дар ин ё он мактаби мусиқӣ раққоса ё худ таърихчӣ ба сифати директор кор мекунад. Ҳол он ки чунин афрод, масалан дар бораи таълиму тадриси фанни назарияи мусиқӣ ё ки асбобҳои фортепиано, ғиҷҷаку пионино тасаввуроте ҳам надоранд. Аз ин хотир, дар вазифаҳои калидии соҳа пеш аз ҳама бояд хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбӣ ба кор ҷалб шаванд. Дар мавриди дастрасӣ ба асбобҳои мусиқии халқӣ – анъанавӣ С. Имомназар афзуд, ки имрӯз устоҳои асбобтарош қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҳастанд ва бемамониат метавон асбобҳои халқӣ – анъанавиро аз онҳо бо нархи дастрасу арзон харидорӣ кард. Вале асбобҳои нафасиро метавон қулайтар аз шаҳри Душанбе харидорӣ намуд. Паҳлуи дигари масъала дар тарғибу ҳавасманд кардани ҷавонону наврасон аст, зеро ба фарҳангчиён лозим меояд, ки барои фарогирӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави санъату мусиқӣ корҳои ташвиқотиро дар мавсими муайян аз ҳарвақта бештар равнақ бахшанд ва дар ин ҷода тадбирҳои мушаххасро пиёда намоянд. Мутахассисони соҳа мегӯянд кадрҳои риштаи фарҳангро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба ба давлатҳои собиқ шӯравӣ ва берун аз он фиристода, касбияти онҳоро аз ҳар ҷиҳат тақвият медоданд. Баъдан аз шумули онҳо нафақат кадрҳои санъат ва мусиқӣ баромад, балки шахсиятҳои ворастаю комил ва олимоне ба камол расидаанд, ки дар риштаҳои гуногуни фарҳанг ҳамто надоштанд, - илова кард Юсуф Шодмонбеков. Ба гуфтаи мудири Бахши фарҳанги ноҳияи Рӯшон, дари қасри фарҳанги ноҳия мунтазам барои ҳамаи табақаҳои аҳолии ноҳия боз аст ва дар он қариб ҳама гуна чорабиниҳо баргузор мегарданд. Лекин мушкилоти камчинии воҳидҳои корӣ ва фарсуда будани лавозимоти техникӣ муддатҳои зиёд ҳалли худро намеёбанд, агарчи оид ба ин масъала ба идораҳои дахлдор чанд бор муроҷиат ҳам кардем. - Маҳз мушкили камчинии маблағ боис мегардад, ки муассисаҳо давоми чанд сол дар ҳолати ногувор қарор доранд, ё аз таъмири асосӣ бароварда нашуданд, - мегӯяд, - мудири хонаи фарҳанги деҳаи Рошорв Қурбонбек Шомуродов. Хушбахтона, феълан бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар чунин имкониятҳо бештар шуданд ва диққати ҳаматарафаи Ҳукумати мамлакат ба таълимоти касбӣ фаро гирифтани наслҳои имрӯзу фардо ва пешрафти фарҳанги миллӣ равона гардидааст. Дар ин росто чорабиниҳои гуногун, озмунҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ гузаронида мешаванд, ки ҳамаи ин танҳо ба хотири беҳбудии рӯзгор ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми кишвар аст. Аммо то ҳол на ҳамаи шаҳрвандон аз чунин имкониятҳо истифода мебаранд. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 91 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб буда, 37 адади онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Мо низ зимни боздид аз Шуъбаи фарҳанги вилоят, хусусан ноҳияи Рӯшон муайян кардем, ки қисми зиёди муассисаҳои фарҳангӣ бар асари заминларзаи соли 2017 зарар дида, фавран ба навсозӣ ниёз доранд. Инчунин дар вилоят баъзе мактабҳои санъат бинои худро надошта, барои теъдоде аз китобхонаҳои ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшону Ишкошим дар муассисаҳои таълимии навоҳӣ, хонаҳои хусусӣ ва вагонҳои бекор ҷойи муваққатӣ дода шудааст. Қобили зикр аст, ки ин қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг макони баргузории чорабиниҳои гуногун буда, барои дарёфти истеъдодҳои нав ба миллат ва мардуми шарафманди диёр хизмат мерасонад. Имрӯз мо метавонем Қасрҳои фарҳангро ҳамчун як маркази маърифатию тарбиявӣ муаррифӣ намоем, зеро онҳо тарбиятгари аҳли ҷамъият, яъне талқин кардани худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштани ватан, меҳан, модар ва тарғибгари фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ барои таъмиру бунёд ва ободу зебо гардонидани қасрҳои фарҳанг давлат кӯшишҳои зиёд намуда истодааст.
Гулҳаё Мадимарова