Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ПИТФИ) таи чандин солҳост, ки дар доираи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ, қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои илмии мухталифро роҳандозӣ намудааст. Айни ҳол, Шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ, баҳри татбиқи лоиҳа дар мавзуи «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021-2025), фаъолияти худро дар заминаи мавзуи илмии «Таҳқиқи вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) дар муассисаҳои китобдорӣ» роҳандозӣ намудааст. Муҳаққиқон бо мақсади татбиқи нишондоди ин мавзуъ дар асоси мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№3-08/308 аз 14 феврали соли 2023), моҳҳои апрел-майи соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов» (6-7.04.2023, ноҳияи Рӯдакӣ), Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати ба номи М. Атоев» (17.04.2023, ш.Душанбе), Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ» (28.04.2023, ш.Душанбе) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (12.05.2023, ш.Душанбе) тавассути пурсишномаи «Сатҳи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим (пурсишнома барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳаҳои фарҳанг ва санъат)» таҳқиқоти сотсиологӣ доир намуданд.
Сараввал таҳқиқоти мазкур дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов гузаронида шуд. Коллеҷ муассисаи давлатии таълимӣ буда, бо Ⱪарори Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ таъсис ва то интиҳои қарни ХХ бо ҳамин ном амал намудааст. Баъдан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми августи соли 2001, №365 «Дар бораи иваз намудани номи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ба литсейҳои касбӣ-техникӣ, техникум ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо» Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов» номгузорӣ шудааст.
Таҳлили натиҷаи пурсишномаҳо нишон дод, ки кормандони Коллеҷ дар фаъолияти омӯзгории худ ТИК-ро самаранок истифода менамоянд. Муайян шуд, ки омӯзгорон дорои собиқаҳои гуногуни корӣ (яъне аз 4 сол то 27 сол) буда, ба толибилмон аз фанҳои жанри “Фалак”, “Сози дутор”, “Адабиёти мусиқӣ”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Назарияи мусиқӣ” ва “Хоршиносӣ” дарс медиҳанд. Ҳамаи омӯзгорон (100%) дар пурсишнома қайд намудаанд, ки дар шароити имрӯза аз Интернет ҳар рӯз истифода мебаранд. Дар фаъолияти касбии худ бошад, ТИК-ро 66,7%-и омӯзгорон ҳар рӯз, 16,7% 1-2 маротиба дар як ҳафта ва 16,7% ҳафтае 3-4 маротиба бо мақсадҳои пажуҳиш ва интихоби маълумоти иловагӣ (33,3%), таҳия ва муаррифии дастурҳои мултимедӣ барои дарсҳо (16,7%), бунёди фонотекаи мусиқӣ (33,3%), чопи маводи ёрирасон барои дарсҳо (16,7%), истифодаи Интернет барои ҷустуҷӯи маълумот ва худомӯзӣ (33,3%), истифодаи донишномаҳои мусиқӣ ва барномаҳои таълими мусиқӣ (33,3%) ва доштани вебсайт ё саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ (50,0%) истифода мебаранд. Омӯзгорон барои дастрасӣ ба мақсадҳояшон ҳар кадоме вобаста ба фанни таълимии худ якчанд васоити ТИК-ро истифода мебаранд, аз ҷумла,
– муҳаррири матн –1 нафар (16,7%)
– ҷадвали электронӣ –1 нафар (16,7%)
– дискҳои мултимедиявӣ –3 нафар (50,0%)
– пойгоҳи маълумотҳои электронӣ –2 нафар (33,3%)
– барномаҳо барои таҳияи муаррифиҳо (презантации) –1нафар (16,7%)
– барномаҳо барои кор бо видео, садо ва санъати графикӣ – 2 нафар (33,3%)
– донишномаҳои рақамӣ ва луғатҳо –1нафар (16,7%)
– тахтаҳои интерактивӣ . – 2 нафар (33,3%)
– асбобҳои рақамӣ (сканерҳо, камераҳои рақамӣ ва видеоӣ, микроскопҳо, клавиатураҳои мусиқӣ ва ғайра) –5 нафар (83,3%)
– почтаи электронӣ –1 нафар (16,7%)
– дигар восита (нависед): 3 нафар (50,0%), аз ҷумла,
1 нафар “шабакаҳои умумиҷаҳонӣ”.
2 нафар барномаи “Силлабус”, тюнер, камертон”, Music speel Chanqer.
Дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумхуриявии миёнаи махсуси санъати ба номи М. Атоев» таҳқиқот дар байни 9 нафар омӯзгорон гузаронида шуд. Таҳлили натиҷаи пурсишномаҳои аз ҷониби 9 нафар корманди Муассисаи мазкур анҷомдодашуда муайян гардид, ки 5 нафар (55,6%) то 10 сол, 3 нафар (33,3%) аз 11 то 20 сол ва 1 нафар (11,1%) 43 сол собиқаи корӣ дошта, аз фанҳои таълимии “Фортепиано”, “Хори синфӣ”, “Асбоби зарбӣ”, “Рассомӣ”, “Сози чанг”, “Рубоби Бадахшон”, “Асбоби ғиҷҷак”, “Биология”, “Забон ва адабиёти тоҷик” дарс медиҳанд. Аз посухдиҳандагон дар шароити имрӯза аз воситаи Интернет 8 нафар (88,9%) ҳар рӯз ва 1 нафар (11,1%) 1-2 маротиба дар як ҳафта истифода мебаранд. Дар фаъолияти касбӣ бошад, ТИК-ро 5 нафар омӯзгор (55,6%) ҳар рӯз, 3 нафар (33,3%) 1-2 маротиба дар як ҳафта, 1 нафар (11,1%) 1-2 маротиба дар як моҳ, 2 нафар (22,2%) бо мақсади бунёди фонотекаи мусиқӣ, 3 нафар (33,3%) барои чопи маводи ёрирасон барои дарсҳо, 4 нафар (44,4%) барои ҷустуҷӯи маълумот ва худомӯзӣ ва 1 нафар (11,1%) барои истифодаи донишномаҳои мусиқӣ ва барномаҳои таълими мусиқӣ истифода мебаранд.
Дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумхуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ» афкору андешаҳои 9 нафар омӯзгор мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Таҳқиқот муайян намуд, ки 2 нафар (22,2%)
то 10 сол, 6 нафар (66,7%) аз 11 то 25 сол ва 1 нафар (11,1%) 33 сол собиқаи корӣ дошта, аз фанҳои таълимии “Дутор”, “Чанг”, “Мусиқӣ”, “Фортепиано”, “Биология”, “Забони русӣ”, “Забон ва адабиёти тоҷик” дарс медиҳанд. Ҷавобҳои посухдиҳандагон маълум намуд, ки аз воситаи Интернет 8 нафар (88,9%) ҳар рӯз ва 1 нафар (11,1%) 1-2 маротиба дар як ҳафта истифода мебаранд. Дар фаъолияти касбии омӯзгорӣ бошад, ТИК-ро 1 нафар (11,1%) ҳар рӯз, 1 нафар (11,1%) 1-2 маротиба дар як ҳафта, 5 нафар (55,6%) 1-2 маротиба дар як моҳ, бо мақсадҳои пажӯҳиш ва интихоби маълумоти иловагӣ барои омодагӣ ба дарсҳо – 1 нафар (11,1%), таҳия ва муаррифии дастурҳои мултимедӣ барои дарсҳо – 1 нафар (11,1%), бунёди фонотекаи мусиқӣ – 1 нафар (11,1%), муаррифии компютерии маърӯза дар дарс – 1 нафар (11,1%), чопи маводи ёрирасон барои дарсҳо – 2 нафар (22,2%), таҳия ва гузаронидани дарсҳо бо истифода аз ТИК – 1 нафар (11,1%), истифодаи Интернет барои ҷустуҷӯи маълумот ва худомӯзӣ – 1 нафар (11,1%), истифодаи донишномаҳои мусиқӣ ва барномаҳои таълими мусиқӣ – 2 нафар (22,2%) истифода мебаранд.
Дар натиҷаи таҳлили пурсишномаҳои аз ҷониби 21 нафар корманди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иҷрошуда муайян гардид, ки 11 нафар (52,4%) то 10 сол, 6 нафар (28,6%) аз 11 то 25 сол, 3 нафар (14,3%) аз 26 то 40 сол ва 1 нафар (4,8%) 50 сол собиқаи корӣ дошта, аз фанҳои таълимии “Технологияи иттилоотӣ” – 2 нафар (9,5%), “Барномаҳои сомонасозӣ” – 1 нафар (4,8%), “Забони тоҷикӣ” – 2 нафар (9,5%), “Забони русӣ” – 1 нафар (4,8%),”Забони англисӣ” – 1 нафар (4,8%), “Ҳуқуқ” – 2 нафар (9,5%), “Иқтисодиёт” – 4 нафар (19,1%), “Назарияи иқтисод, иқтисоди амволи ғайриманқул” –1 нафар (4,8%), “Географияи иқтисодии Тоҷикистон” – 1 нафар (4,8%), “Сотсиология” – 1 нафар (4,8%), “Математикаи олӣ”, “КТМ, Информатика” – 1 нафар (4,8%), “Экология” – 1 нафар (4,8%), “Менеҷмент ва маркетинг” – 1 нафар (4,8%) ва “Диншиносии илмӣ” – 1 нафар (4,8%) дарс медиҳанд. Аз посухдиҳандагон Интернетро 16 нафар (76,0%) ҳар рӯз, 4 нафар (19,1%) 1-2 маротиба дар як ҳафта истифода мебаранд ва 1 нафар (4,7%) умуман истифода намебарад. Дар фаъолияти касбӣ бошад, ТИК-ро 12 нафар (57,2%) ҳар рӯз, 6 нафар (28,6%) 1-2 маротиба дар як ҳафта, 1 нафар (4,8%) 1-2 маротиба дар як моҳ, 1 нафар (4,8%) дар вақтҳои зарурӣ, бо мақсадҳои пажӯҳиш ва интихоби маълумоти иловагӣ барои омодагӣ ба дарсҳо – 10 нафар (47,6%), таҳия ва муаррифии дастурҳои мултимедӣ барои дарсҳо – 2 нафар (9,5%), ҷамъоварии маълумот тавассути лабораторияҳои компютерӣ – 1 нафар (4,8%), муаррифии компютерии маърӯза дар дарс – 1 нафар (4,8%), чопи маводи ёрирасон барои дарсҳо – 4 нафар (19,1%), таъсиси базаи маълумот дар бораи шогирдон ва волидони онҳо – 1 нафар (4,8%), таҳия ва гузаронидани дарсҳо бо истифода аз ТИК – 8 нафар (38,1%), истифодаи Интернет барои ҷустуҷӯи маълумот ва худомӯзӣ –10 нафар (47,6%), истифодаи “манобеи рақамии таълимӣ” дар фаъолияти омӯзгорӣ –1 нафар (4,8%), доштани вебсайт ё саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ –1 нафар (4,8%) истифода мебаранд.
Таҳлили пурсишномаҳо нишон дод, ки омӯзгорони муассисаҳои таҳқиқшуда истифодаи ТИК-ро дар раванди таълим ҳамчун як омили муҳимми ёрирасон ва идоракунандаи фаъолияти омӯзгорӣ арзёбӣ менамоянд. Масалан:
– дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов бо истифода аз ТИК тибқи барномаи Силлабус, ки ба воситаи ин барнома транскриптсияи якранг хуб ба роҳ монда мешавад, таълими услуби ба нота гирифтани суруду оҳангҳо сурат гирифтааст. Омӯзгорони ин Коллеҷ дар фаъолияти худ ТИК-ро асосан барои дастрасӣ ба маълумот оид ба жанри сурудхонӣ ва шиносонидани толибилмон бо тарзи иҷроиши созҳои мусиқии ҷаҳонӣ истифода мебаранд;
– омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки он ҷо таълими ихтисосҳои “Технологияи иттилотӣ” ва “Барномаҳои сомонасозӣ” ба роҳ монда шудааст, барои омодагии саривақтӣ ба дарсҳояшон маводҳои таълимиро аз қабили: тест, барномаҳои корӣ, лексия, презентатсия ва чопи маводро тавассути истифода аз ТИК таҳия менамоянд. Ҳамзамон, омӯзгорони Донишкадаи мазкур қайд намуданд, ки бо истифода аз намудҳои гуногуни ТИК азхудкунии забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ)-ро ба роҳ монда, донишҳои худро дар ин самт такмил медиҳанд;
– омӯзгорони дигар муассисаҳои таҳқиқшуда низ дар фаъолияти худ, вобаста ба имконоти мавҷуда, бо истифода аз ТИК ба толибилмон маводи заруриро дастрас менамоянд.
Ҳамин тариқ, таҳлили пурсишномаҳо нишон медиҳад, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мавриди таҳқиқот қарордодашуда истифодаи ТИК ба роҳ монда шудааст. Махсус қайд бояд намуд, ки истифодаи ТИК тавассути 19 таваққуфгоҳи худкори корӣ ва муҷаҳҳаз бо васоити зарурӣ, ба монанди компютер, проектор, экран ва ғайра барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ бо хонандагон дар синфхонаи алоҳидаи Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ» роҳандозӣ шудааст.
Дар баробари ин, чунонки таҳқиқот нишон дод муассисаҳои таҳқиқшуда то кунун ба воситаи технологияи иттилоотии муосир аз нерӯи пажӯҳишӣ, иртиботӣ, маърифатӣ ва илмии ТИК васеъ истифода намебаранд.
Таҳқиқоти мазкур идома дорад ва умед аст, ки минбаъд тамоми муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи махсуси касбии соҳаҳои фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ дар фаъолияти касбии хеш имкониятҳои мавҷудаи ТИК-ро самаранок истифода намуда, баҳри такмили мазмуну мундариҷаи фанҳои таълимӣ ва боло бурдани сатҳи дониши толибилмон пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд.
Моҳира АКОБИРОВА,
Азиза РАҶАБОВА,
ходимони калони илмии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилооти
Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон