ЗАБОН – НИШОНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

3-юми октябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар мавзуи “Забон – нишони ҳастии миллат” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмиро мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳният гуфт. Дар зимн Раҳимӣ Д. оид ба таърихи пайдоиш, услубҳо ва рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ маълумот дод. “Забони тоҷикӣ таърихи хеле қадима дошта, аз гӯйиши махсуси забони форсӣ ба шумор меравад. Тибқи андешаи пажӯҳишгарон имрӯз 16 млн. аҳолии рӯи дунё бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.” – баён кард Д. Раҳимӣ. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки дар таҳкими забони тоҷикӣ дар асри гузашта саҳми олимону донишмандон, аз ҷумла С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Турсунзода, М. Шакурӣ, Л. Шералӣ, А. Турсун ва дигарон ниҳоят бузург аст.

Сипас, тибқи барнома маърӯзаи ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон, доктори илмҳои филологӣ Одинаев Нурмаҳмад дар мавзуи “Баъзе мулоҳизаҳо оид ба татбиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ироа гардид. Дар суханронии хеш Одинаев Н. нуктаҳои муҳими татбиқи қоидаҳои имлои нави забони тоҷикиро бо факту далелҳои мушаххас иброз намуд, ки барои рушди забони тоҷикӣ ва омӯзиши илми забоншиносии тоҷик аҳмияти калон дорад.

Баъдан ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, доктори илмҳои филологӣ Меҳроб Ҷумъаев таҳти унвони “Баъзе мушкилоти истилоҳ дар шароити имрӯзаи ташаккули забони тоҷикӣ” суханронӣ кард. Ҷумъаев М. ёдовар шуд, ки забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ доимо дар ташаккулу таҳаввул мебошад, яъне он баробари ҷамъият пеш меравад, тараққӣ мекунад, ривоҷу равнақ меёбад. Ба ибораи дигар, забон ҳамеша дар хидмати ҷамъият мебошаду муҳимтарин воситаи мубодилаи афкори байни аъзои ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ба ин далел, дар давоми ҳазор соли охир ду шохаи услубии забони тоҷикӣ – шохаҳои услуби гуфтугӯйӣ ва услуби китобӣ ё хаттии он ташаккул ёфт. Аз чор навъи услуби китобӣ се навъи он – яъне услубҳои илмӣ, бадеӣ ва коргузории расмӣ дар ин забон ниҳоят роиҷ буд.

Роҷеъ ба мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушду густариши забони давлатӣ” суханронии котиби илмӣ Носирова Лайло шунида шуд. Зимни суханронӣ Носирова Л. қайд намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва рушду такомул бахшидани он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа мебошад. Бо шарофати сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон як қатор дастуру санадҳои муҳим ба тасвиб расиданд. Инчунин таҳияи луғатномаҳои истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар барномарезӣ шуданд.

Сипас мубодилаи афкор сурат гирифт, ки иштирокдорон – ходимони илмии ПИТФИ д.и.ф. М. Муродӣ, профессор Ҷ. Обидпур, н.и.ф. Ш. Мирзоева ва дигарон оид ба Рӯзи забони давлатӣ ва масъалаҳои мухталифи ҳалталаби он фикру андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои филологӣ Раҳимӣ Д. қайд намуд, ки забон ҳамчун падидаи зиндаи ҷамъиятӣ мебошад ва бо мурури замон дар он мафҳумҳои нав ворид мегарданд. Бархе истилоҳҳое, ки барои тамоми дунё фаҳмоянд, ҳоҷати иваз намудани онҳо бо калимаҳои куҳна нест. Ҳамчунин боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо дар ВАО истифодаи ибораҳои дурушт ва тақлидҳои кӯр-кӯрона хеле афзудааст, ки ин ба азхудкунии забони тоҷикӣ дар доираи меъёрҳои муқарраршуда барои наслҳои оянда бетаъсир буда наметавонад.

Дар охири ҳамоиш аз ҷониби маърӯзагарон, олимон ва дигар иштирокдорон як қатор пешниҳодҳо ироа шуд, ки ҷиҳати ҷораҷӯӣ ва татбиқ ирсоли он ба муассисаву идораҳои дахлдор, бахусус Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебошад:

  1. Барои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тафсир ё шарҳномаи муфассале таҳия намуда, дар он оид ба иловаю тағйирот ва ҳатто ҳар моддаи ин дастурҳо маълумот додан лозим аст;
  2. Салоҳ мебуд, агар тамоми моддаҳои баҳсноки қоидаҳоро мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор дода, дар асоси забони мардум ва алифбои арабӣ имлои садонокҳо аз нав дида баромада шавад;
  3. Мавқеи имлои садоноки “Ӯ” дар калимаҳои иқтибосии арабии серистеъмол аз рӯи имконият аз нав дида баромада шавад (масалан, мавзӯъ, шурӯъ, шукӯҳ);
  4. Имлои баъзе исмҳои хос, ки аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудаанд, дақиқтар муайян карда шавад;
  5. Фарҳанги нави имлои забони тоҷикӣ бо инобати тағйироту иловаҳои нав таҳия намуда, ба ҳама шаҳрвандон ройгон тақсим карда шавад;
  6. Дар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ хуб мешуд, ки баробари тарзи дурусти навишти калимаҳо ҳамчунин заданокӣ низ ишора шавад;
  7. Ҳангоми ивази истилоҳоти иқтибосӣ бо вожаҳои худӣ на ин ки маъно ва тобишҳои маъноӣ, балки имконоти калимаву иборасозии ҳар як вожа-истилоҳ бояд ба назар гирифта шавад (масалан, курс пурра маънои бахшро намедиҳад. Муқоиса шавад: кори курсӣ ва кори бахшӣ, ҳамкурс ва ҳамбахш...).
  8. Барои муайян намудани меъёрҳои забон Лабораторияи фонологии забони тоҷикӣ ташкил карда шавад. Дар ин сурат мутахассисон метавонанд тавассути дастгоҳҳои махсуси сабти овозӣ ва барномаҳои ҷадиди таҳлили овозҳо ва тарзи дурусти талаффузи фонема ва калимаҳоро муаяйн созанд.  

 

барчасп: