АЗ ДИДИ ХИРАД БОЯД БИНГАРЕМ

Мо аз Истиқлолияти кишвар шукргузорем, ки беш аз сӣ сол аст дар фазои оромиву осудагӣ ва хуррамиву сериву пурӣ умр ба сар мебарем. Дар фазои озод  ва иршод пайи пажуҳандагӣ ва таълиму тарбияи ҷавонони сарзамини хеш қарор дорем. Хушбахтона, мо дигар аз ҷиҳати таърих ва фарҳангу забон пойбанди кишвари дигаре, хосатан Россия нестем. Забону фарҳанг, таъриху адаби мо мустақилу озод дар ихтиёри ҷомеа аст. Ба қонуну ҳуқуқҳои умумибашарӣ қариб ҳамрадифем. Дар тӯли 30 сол ағлаби анъана ва ҷашнҳои ниёгонамон ва санадвораҳои мутафаккирони барҷаста аз нав эҳё гардиданд. Мавзеъҳои таърихӣ – кишваршиносӣ мавриди пажуҳиш қарор гарифта, тармиму таҷдид шуда, осорхонаҳо бунёд ёфтанд. Роҳу шоҳроҳу нақбҳо имрӯз манотиқи кишварро бо ҳам мепайвандад, неругоҳҳои хурду калон сохта шуда, манзили ҳар як сокини Тоҷикистониро мунаввар мегардонад. Ҳамин тавр, агар дар боби рӯз то рӯз рушду нумуи кишвари тоҷикон ҳарф занем, саҳифаҳо бояд навишт.

Табиист, ки ҳамаи ин  бурдбориҳо ва комёбиҳо бемуболиға натиҷа ва самараи роҳбарӣ ва ғамхориҳои беназири Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалии Раҳмон аст. Ин дастовардҳо на қиссаву афсона, балки воқеият аст, ки аз он чашм пӯшидану нодида гирифтану аз паси панҷа назар кардан кӯрнамакист.

Ба ҳамаи ин дастовардҳо, бунёдкориҳо ва комёбиҳои беназир чашм пӯшидаву ба эътибор нагирифта, баъзе афроди зишттинат ва бадхоҳу бадкирдор амсоли мору каждум  шабу рӯз ва пайваста дар фикри зарар ва хатар расонидани ин мамлакати ба ҷон парвардаи мо ҳастанд. Наход ин бадхисолон надонанд, ки бе ин ҳам мо дар байни обу оташем ва мадорову муросо карда, бо ҷаҳони саъбу парешон гаваккашон пеш меравем. Дар урфият мегӯянд, ки “Бадхоҳи касон ҳаргиз ба мақсад нарасад.” Ин зумраи бадкирдорон бар ивази он ки мувофиқи пешаи худ омада, дар ободии кишвару меҳани хеш саҳми муносибе гузоранд, ба рафтору кирдору аъмоли зишт табъи аҳли ҷомеи мо, бахусус сарвари мунису ғамхори моро хира ва тира менамоянд. Ин тоифаи бесубот, ки аз бурдбориҳои кишвар ҳасад мебаранд ва хашму хушунат дар замиру сиришт мепарваранду сангу кулух дар бағал дар паси сангарҳову пасманзари кишвари бегона пинҳон мешаванду ниқорталабона эътироз баён менамоянд, чӣ мақсад дошта бошанд ва аҳдофи онҳо чист?

         Шоири ширинбаён Сайидо мегӯяд:

                                                                                            Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

                                                                                            Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Иғво андохтан ва ҷомеаро безобита кардан пешаи ҷавонмардӣ нест. Пӯшида намонад, ки ҳар як ҷомеа бе камбудӣ нест ва чуноне ки мегӯянд: “Зар бенуқсону моҳ беайб нест.” Тадриҷан ноқисиҳо ва камбудиҳо ислоҳ мешаванд ва ин набояд боиси дар хориҷи кишвар воҳима барангехтану аз магасаке фил сохтан шавад. Саволе ба миён меояд, ки худи ҳамон нокасон ба Меҳани хеш чӣ хидмате кардаанд? Ҷавоб яктост: Ғайр аз сӣ соли иғвою шӯрангезӣ ва шайтонӣ дигар ҳеҷ. Боз мехоҳанд, ҷомеаро безобита намоянд, шӯру қиёме барангезанд, маҳалгароиро аз нав эҳё намоянд, маърифат ва фарҳанги ҷавононро, ки дар пайи сайқалёбист, баръакс ба сӯйи хурофоту ҷаҳолат мекашанд.

                   

Хоҷаев Қурбон

Доктори илмҳои педагогӣ

Ходими пешбари илмии ПИТФИ

барчасп: