ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД ВА НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ (аз натиҷаи таҳқиқот)

Тибқи нақшаи корӣ кормандони шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ дар доираи лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (солҳои 2021 – 2025) вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор доданд.

Суҳбат бо омӯзгорони факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” имкон дод, ки афкору андешаҳои онҳо перомуни истифодаи ТИК дар раванди таълими дарсҳои тахассусӣ муайян карда шавад. Аз ин рӯ, ҷиҳати муайян намудани сатҳу сифати истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ тавассути пурсишномаҳо афкори 22 омӯзгор мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Доир ба ин масъала дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз низ таҳқиқот гузаронида шуд. Аз ин муассисаи таълимӣ 6 нафар омӯзгор ба саволномаҳои пурсишнома посух доданд. Таҳқиқ нишон дод, ки Кабинети технологияи иттилоотии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба шабакаи Интернет пайваст аст ва омӯзгорон дар раванди фаъолияти кориашон шабакаи Интернетро ҳар рӯз истифода мебаранд.

Таҳқиқот ҷиҳати истифодаи ТИК дар фаъолияти китобхонаҳои вилоятии дар шаҳри Хуҷанд мавҷудбуда низ доир гардиданд. Омӯзиши вазъи истифодаи ТИК дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ нишон дод, ки китобхона барои роҳандозии истифодаи ТИК шароити хуб дорад ва китобхона бо таҷҳизотҳои замонавӣ – 12 адад компютер, 4 адад принтер, 1 адад принтери ранга, 1 адад DVD, 1 адад проектор ва 1 адад сканер таъмин карда шудааст. Ҳоло захираи китобии китобхона 66428 нусхаро фаро гирифта, аз он ҷумла захираи ҳуҷҷатҳои электронии китобхона аз 1120 нусха иборат мебошад.

Вазъи истифодаи ТИК дар фаъолияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ низ қаноатбахш буда, китобхона бо таҷҳизотҳои замонавӣ – 40 адад компютер, 2 адад ноутбук, 3 адад принтер, 6 адад сканер, 7 адад дастгоҳи нусхабардорӣ, 2 адад проектор, 1 адад дастгоҳи аксбардорӣ таъмин мебошад. Ҳоло захираи китобии китобхона 465785 нусхаро фаро гирифта, захираи ҳуҷҷатҳои электронии китобхона аз 116567 нусха иборат аст (Барномаи ИРБИС), аз он ҷумла 45729 нусхаи китобҳои электрониро дар бар мегирад. Илова бар ин, таҳқиқот муайян намуд, ки барои такмили фаъолияти китобхона дар самти истифодаи ТИК бояд китобхона бо компютерҳои нав муҷаҳҳаз бошад ва дониши китобдоронро дар самти истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ такмил дода, барои корбарӣ бо барномаҳои нави соҳаи китобдорӣ омода намудан лозим аст.

Ҷиҳати муайян намудани сатҳи истифодаи ТИК дар фаъолияти китобдорони Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадқиқот гузаронида шуд, ки дар он 4 китобдор иштирок карданд. Таҳқиқ маълум намуд, ки махзани китобхона 150842 нусха адабиёти гуногунсоҳаро ташкил дода, захираи хуҷҷатҳои электронии китобхона аз 15 302 нусха иборат аст. Теъдоди хонандагон 15 526 нафар мебошад. Шароити моддии китобхона хуб ба роҳ монда шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ – 37 адад компютер, 5 адад принтер, 1 адад принтери ранга, 1 адад дастгоҳи аксбардорӣ таъмин шудааст.

Омӯзиши вазъи истифодаи ТИК дар фаъолияти Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нишон дод, ки барои такмили фаъолияти китобхонаҳои ин низом дар самти истифодаи ТИК бояд тамоми китобхонаҳои ноҳия ба шабакаи Интернет пайваст шуда, дорои феҳрист ва фонди ягонаи электронӣ бошанд.

Дар рафти сафари хидматӣ ҳамзамон вазъи истифодаи ТИК дар фаъолияти Мактаби санъати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор гирифт. Оид ба вазъи истифодаи ТИК дар фаъолияти мактаб директор, муовини директор ва 2 омӯзгор ба саволҳои пурсишнома ҷавобҳои мушаххас доданд. Илова бар ин, маълум гардид, ки компютери кабинети директори Мактаби санъати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шабакаи Интернет пайваст аст ва муаллимон дар раванди фаъолияти кориашон шабакаи Интернетро, аз ҷумла чопи маводи ёрирасон барои гузаронидани дарсҳо ва барои ба хонандагони Мактаби санъат пешкаш намудани сабти сурудҳо, ҳар рӯз истифода мебаранд.

Ҳамзамон барои муайяну мушаххас намудани нақшу мақоми “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар муаррифӣ ва тарғиби таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва таҳқиқи вазъи воқеии ёдгории таърихӣ-фарҳангии он муҳаққиқон зарур донистанд, ки тавассути пешниҳоди саволнома аз масъулини Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” посухҳои мувофиқ гиранд.

Ҳамин тавр, сафари хидматӣ ва дар доираи он омӯзиши вазъи истифодаи ТИК дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Гафуров имкон дод, ки маводи нав барои таҳияи мақолаву гузоришҳои илмӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Натиҷаи пурраи таҳқиқоти доиршуда дар шакли мақолаи илмӣ дар маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” дарҷ хоҳад шуд.

 

Оксана ТИТОВА,

  ходими пешбари илмии шуъбаи

фаъолияти китобдории ПИТФИ,          

  Азиза РАҶАБОВА,

 ходими калони илмии шуъбаи

фаъолияти китобдории ПИТФИ

 

барчасп: