КОНСТИТУТСИЯ – ҲАМЧУН САНАДИ МУҚАДДАС

Рӯзи 03.11.2023 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавиро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва барои миллати тоҷик муҳим таҳният намуд.

Баъдан тибқи барнома ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимои-фарҳангӣ, доктори илмҳои филологӣ Хоҷаев Қурбон дар мавзуи “Ваколатҳои соҳаи фарҳанг дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ кард. Дар зимн ӯ иброз дошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд, ки ҳар кадоми онҳо барои дақиқ ва возеҳ дарҷ намудани паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, сиёсати давлат ва амсоли инҳо кӯшидаанд. Барои ҳамин ҳам ҳар як масъалаҳои қишри ҷомеа дар Конститутсия инъикоси худро ёфтааст. Хусусан саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Сарвари давлат аз аввал ҷонибдори ҳуқуқу озодиҳои инсон буд. Аз ҷумла барои рушди соҳаи фарҳанг аҳамияти ҷиддӣ дода, дар бораи фарҳанги ҷомеа хидматҳои Пешвои миллат мавқеи намоёнро касб кардааст. Дар идомаи суханронӣ Қ. Хоҷаев қайд намуд, ки имрӯз бояд ҳар фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқи ҳамидаи хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Сипас, таҳти унвони “Нақши ВАО дар оммавигардонии Конститутсия” маърӯзаи ходими калони илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, номзади илми филология Охунзода Насруддин ироа гардид. Охунзода Н. дар суханронияш баён намуд, ки Конситутсия барои манфиати давлату ҳукумат ва мардум санади муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро дар меҳвари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 34 моддаро дар бар мегирад, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он қарор дорад. Ба ин далел, пеш аз он ки ин санади тақдирсоз тасдиқ гардад, лоиҳаи он тавассути ВАО ба саъми аҳолии кишвар расонида шуд. То ҳар фарди ҷомеа тавонад аз Конститутсия ва аҳамияти он огоҳ бошад, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои хешро баён созад. Албатта, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба инобат гирифтани нуқтаи назари мардум ба таври райъпурсии умумихалқӣ тасдиқ шудааст. Қобили зикр аст, ки он як санади одӣ набуда, таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни бошукуҳ шодии ҳамарӯзаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи ҳамоиш ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуи “Конститутсияи Тоҷикистон ва 10 хусусияти он” суханронӣ кард. Комилзода Ш. хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятноки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 6 ноябри соли 1994 тасдиқ шудааст бо Конститутсияҳои қаблӣ муқоиса намудааст. Аз ҷониби худи халқ тасдиқ шудани Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, эътирофи забони тоҷикӣ, эътирофи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, шакли идоракунии президентӣ, парламенти думаҷлиса, шаклҳои гуногуни моликият ва ғайра аз қабили онҳоянд.

Дар бахши мубодилаи афкор ходимони илмии пажӯҳишгоҳ – Муродӣ М., Раҳимӣ Д., Мирзоев С., Сафаров М., Абдуллоев Ш. ва дигарон суханронӣ карданд. Ҳамчунин ҷанбаҳои гуногуни аҳамият ва зарурати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ба вуҷуд овардани сулҳу ваҳдат, мустаҳкам намудани пояи давлатдории тоҷикон, ба низом даровардани санадҳои дигари соҳаҳо ва қабулу тасдиқи қонуну қарорҳои нав мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикон, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ пешниҳод кард, ки баргузор намудани конференсияи илмӣ-назариявӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нақша-чорабиниҳои соли 2024-и пажӯҳишгоҳ ба инобат гирифта шавад. 

барчасп: