ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

«Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифз ва гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда интиқол додани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди ҷомеаи имрӯза мебошад. Зеро мероси фарҳангии гузаштагон қимати баланди таърихию миллӣ дошта, муаррифгари тамаддуни халқи тоҷик ба шумор мераванд. Бо мақсади омӯзиш ва таҳқиқи мероси фарҳангии тоҷикон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот лоиҳаи “Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон”-ро барои солҳои 2021-2025 таҳия намудааст.

Мувофиқи лоиҳаи мазкур ҳамасола ходимони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот  (ММФТ) ба шаҳру навоҳии мухталифи кишвар экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддасро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Охири моҳи октябри соли 2023 як гурӯҳ ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сафари хидматӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни сафар онҳо якчанд ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла, мадрасаву масҷидҳо, зиёратгоҳу дигар мавзеъҳои табиӣ ба қайд гирифта, дар бораи онҳо маълумот ҷамъ оварданд.

Ёдгориҳои таърихию меъморӣ асоси инкишофи маданияти халқ маҳсуб меёбанд ва онҳо аз ҳунари волои гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд. Конибодом яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар аҳди бостон яке аз шохаҳои Роҳи абрешим тавассути он мегузаштааст. Дар китоби “Ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории шаҳри Конибодом” маълумоти фаровоне дар бораи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддаси ин шаҳри қадимӣ инъикос гардидаанд. Тибқи маълумотҳои ҷойдошта, дар шаҳри Конибодом пеш аз Инқилоби Октябр 6 мадраса, 105 масҷид мавҷуд будаанд.

Зимни сафар чанде аз ёдгориҳои фарҳангӣ, таърихӣ, табиӣ, мазорҳо ва дигар ҷойҳои муқаддаси шаҳри Конибодом омӯзиш карда шуд. Мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳ; Мадрасаи Ойим; Мадрасаи Хоҷа Рӯшноӣ; Мадрасаи Мутавасситаи Абӯ Ҳанифа; Манораи Норчабой; Дарахти ёдгории «Ҳафт арча»; Мақбараи Лангари Бобо; Мазори Хоҷа таккаробурд; Мазори Ҳазрати Бобо ё Лангар Бобо; Мазори Ҳоҷатбарор; Масҷиди ҷомеъи Савр-масҷиди панҷвақтаи имрӯзаи маркази шаҳр;  Масҷиди Гузари Сари Мазор; Масҷиди Ҷомеаи Арабои Бобо; Масҷиди Ҷомеаи Тезгузар аз ҷумлаи онҳоянд. 

Мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳ ёдгории меъмории охири асри 16 ва аввали асри 17 маҳсуб меёбад, дар мавзеи Ҷӯйи Лабиҷар ном маҳалла соли 1656-1660 (ҳиҷрӣ) бо ташаббуси ҳокими он замон Мирраҷаб Додхоҳ аз хишти пухта сохта шудааст. Бино ба вақфномае, ки соли 1883  навишта шудааст, мадраса ба домулло Олим ном марди хирадманде тааллуқ доштааст. Мадраса аз чор толор, айвон, манора ва зиёда аз 15 ҳуҷра иборат аст. Дар гузашта, дар ин мадраса хонандагонро аз синни 13 солагӣ ба омӯзиши таълимоти динӣ, қироати Қуръон, табиёту риёзӣ, фалсафа ва ғайра ҷалб менамуданд. Тибқи маълумотҳои таърихӣ дар бинои ин мадраса солҳои 1922-1924 мактаби “Доррутадрис” ва солҳои 1924-1928 мактаби дараҷаи дуюми курси дусолаи муаллимтайёркунӣ ва интернат амал мекард. Баъдтар, то солҳои 1965-1967 он ба унвони хобгоҳи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №18 хидмат кардааст. Аз соли 1983 дар заминаи мадраса музейи таърихӣ-кишваршиносӣ ташкил карда шуд, ки то имрӯз ҳамчун ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ ва нигоҳдорандаи мероси ниёгон арзи ҳастӣ мекунад. Дар баробари дарсгоҳ ин ҷо намозгоҳ низ мавҷуд будааст, ки бо даҳлез аз дарсгоҳ ҷудо карда шудааст.

Ин мадраса аз тарафи Ҳукумати шаҳри Конибодом зери назорати қатъӣ гирифта шуда, 4 нафар корманд фаъолият мекунанд. Дар натиҷаи тадқиқот муайян шуд, ки қисме аз ҳуҷраҳо таъмирталабанд, қисми дигарашон дар ҳолати нисбатан хуб қарор доранд.

Дар китоби “Ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории шаҳри Конибодом” ёдгории таърихии дигар зикр шудааст, ки дар назди масҷиди маҳаллаи Мирмӯъмин дар кӯчаи Кушкакӣ воқеъ буда, “Мазори Ҳоҷатбарор” ном дорад.

Мувофиқи нақли калонсолон, мазори мазкур таърихи беш аз 1000-сола дорад. Аз 7 дарахти сарв, ки гӯё, ба хотири 7 бародарони араб шинонида шуда будаанд, то имрӯз яктоаш боқӣ мондааст. Ҳоло ғафсии ин дарахт 7,5 метр буда, баландиаш 25-30 метрро  ташкил медиҳад. Мазорро барои он ҳоҷатбарор меноманд, ки қаблан касе бо кадом нияте ин мазорро зиёрат мекард ба мақсадаш мерасид. Ҳоло ҳам мазор аз тарафи аҳолии шаҳр ва мардуми деҳаҳои атрофи он зиёрат карда мешавад ва таъмиру тармим мегардад.

Тавре ки дар китоби мазкур нигошта шудааст: “Ҳама ба осонӣ медонанд, ки нишонаи охирини волидон дар қабристон аст. Аз ин рӯ, қабристон на барои рафтагон аст, балки он барои зиндаҳо вуҷуд дорад. Бинобар он кӯшиш бояд кард, ки ин манзили охирини инсон обод, тозаву озода бошад”. Бо навишти чунин суханҳои тарбиявии воло муаллиф мардумро ба беҳдошту тозагии чунин мавзеъҳо талқин менамояд.

Мутобиқат ба ин мазори “Хоҷа таккаробурд” ва ё номи дигараш “Хоҷа Неъматуллои Валӣ” ё кӯтоҳ ба забони мардумӣ “Хоҷа такровут” меноманд, ки дар нишебии хушманзараи қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯҳи деҳаи Маданияти ҷамоати ба номи Эргаш Шарифов мавҷуд аст. Мазор солҳои 1988, 1997 аз ҷониби сокинони маҳалӣ таъмир карда шудааст ва айни ҳол ба унвони масҷид хидмат карда истодааст. Мазор яке аз ёдгориҳои қадимтарини шаҳр ба шумор меравад. Ривоят мекунанд, ки “Хоҷа Неъматуллои Валӣ дар ҷанг ярадор шудаасту ба наҷоти ӯ гӯё Худои таъоло як таккае мефиристад. Такка Хоҷаро ба пушташ савор карда ба ғор бурдаасту бо ин роҳ ба сафари ҳаҷ равона шудааст”.

Албатта ин як ривояти бофтаи омиёна аст ва номи ин зиёратгоҳ метавонад “Хоҷа Такровут” (Такработ, яъне работи поён), ё ин ки “Хоҷа Такаббур” бошад, ки аз сабаби талаффузи зиёд ба “Хоҷа таккаробурд” табдил ёфтааст.

Дар деҳотҳои шаҳри Конибодом мазору зиёратгоҳҳи шахсиятҳои таърихӣ ва динӣ хеле зиёданд. Ҳар кадоми ин маконҳо гувоҳу нишона аз ҳаёту фаъолияти шахсони маъруф ва мададрасони мардуми ин сарзамин мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар аксари мазорҳо дарахтони куҳансол ва махсус (чанор, бед, арча ва ғайра) шинонида шудаанд. Арчаҳои зебо дар маконҳои гуногуни шаҳри Конибодом – Сари Мазор, Арабхона, Лаклакхона, Қазоқон, масҷиди Савр, мазори Ҳоҷатбарор шинонида шудаанд. Дар атрофи ин ёдгориҳо ривоятҳои мухталиф гуфта шудаанд, ки тавассути мутаваллиҳои мазор ва дигар шахсони мутасаддӣ аз давраҳои пеш то инҷониб интиқол ёфта омадаанд. Тибқи яке аз ривоятҳо, гурӯҳе аз тоҷирони шаҳри Марғелони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади савдогарӣ ба Оренбург мераванд ва ҳангоми бозгашт, чанд тани онҳо дар роҳ мефавтанд. Тоҷирон дар масҷиди Сари Мазори Конибодом таваққуф карда, ҷасади шариконашонро дар мавзеъҳои мухталифи ин макон дафн мекунанд ва барои гум нашудани турбати эшон дар сари қабри ҳар кадом яктоӣ дарахти арча мешинонанд. Аз ин хотир, он ҷойро   “Ҳафт арча” меноманд.

Мазмуни ривоят ва натиҷаи тадқиқотҳо муайян намуд, ки дар назди мазору зиёратгоҳҳо шинонидани дарахт аз як тараф хусусияти рамзӣ дошта бошад, аз тарафи дигар ҳамчун соябон ва нишонаи қабри шахси фавтида дониста мешавад.

Дар маҷмуъ ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, мавзеъҳои табиӣ ва ҷойҳои муқаддаси шаҳри Конибодом зиёда аз 90 ададро ташкил намуда, ҳамчун мероси гаронбаҳои мардуми тоҷик ба шумор мераванд. Омӯзишу таҳқиқ ва таъмиру тармими онҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Абдуллоев Шамсуддин,  

Хоҷамов Фурқат,

Ходимони калони илмии

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии

 фарҳанг ва иттилоот

 

барчасп: