РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда 16-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои фарҳангӣ” баргузор гардид.

Ҷамъомад бо сухани муқаддимавии директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз гардид. Дар оғоз А.Аминов меҳмононро, ки аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, МД Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, МД нашриявии “Ирфон”, МД таъминот ва савдои “Китоб” ва ВАО-и ҷумҳурӣ ҳузур доштанд, хайрамақдам гуфт. Мавсуф дар идомаи суханронӣ хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Сипас, мувофиқи барнома риштаи сухан ба директори МД Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дода шуд. Н.Амиршоҳӣ дар мавриди фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва аз нав эҳё шудани давлатдории тоҷикон далелҳои муътамадеро ёдовар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар марҳилаи таърихии дурудароз Эмомалӣ Раҳмон муборизтарин роҳбарони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Маҳз Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки қолабҳои куҳнаро шикаста, бо тамоми қишрҳои ҷомеае, ки тарафдори нестшавии миллати тоҷикон буданд, мубориза барад. Ӯ аз шахсиятҳое мебошад, ки давлати ба маҳвшавӣ гирифторро барқарор сохта, ба тамоми тоҷикони рӯи дунё умеди дубора бахшид. Барои ҳамин ҳам, амалу ташаббусҳои Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намудан ва барои расидан ба он ҳадафҳо саъю кӯшиш кардан вазифаи ҳар фарди ватандӯсти ҷомеа мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раҷабов Абдулло суханронӣ кард. Дар ҷараёни суҳбат ӯ баён намуд, ки аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат таъйин шудан Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон хидматҳои бесобиқа анҷом додаанд.

Ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуи “Инъикоси осори Пешвои миллат дар библиографияи тоҷик суханронӣ кард. Комилзода Ш. ёдовар шуд, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи китобдорӣ аксарияти маводи чопии Пешвои миллат дар шакли дастурҳои библиографӣ таҳия гардидаанд. Бори аввал соли 2001 дастури библиографӣ вобаста ба осори адабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омад, ки 457 номгӯро дар бар мегирифт. Баъдан солҳои 2011, 2013, 2017-2019, 2022 аз ҷониби муассисаву идораҳои гуногун феҳристи дастурҳои библиографӣ, ки инъикоси фаъолияти Президенти мамлакатанд, интишор гардиданд.

Тибқи барнома ходимони пешбари илмии пажӯҳишгоҳ, олимони ҷавон Мадимарова Гулҳаё таҳти унвони Пешвои миллат – абармарди таърихӣ ва Баҳромзода Манижа дар мавзуи Баррасии масъалаҳои глобалӣ дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” суханронӣ карданд. Дар маърӯзаҳои номбурдагон масъалаҳои муҳими ҷомеаи кунунӣ, аз ҷумла ҳимоят аз манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои бонувон ва проблемаи глобалии оби тоза ироа шуданд. Мадимарова Г. иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат шахсияти беназир ҳастанд. Аз рӯзи Сарвари давлат таъйин гардидан то инҷониб барои рушду такомул бахшидан ва ҳифз намудани манфиатҳои иҷтимоии аҳли ҷомеа талош меварзанд. Баробарҳуқуқии марду зан дар кишвар ва баланд бардоштани саҳми бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа далели гуфтаҳои болост. Дар мавриди панҷ ташаббуси бузургтарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита ба масъалаи глобалии ҷаҳони имрӯз табдил ёфтааст ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст, М.Баҳромзода андешаашро баён кард. Масоили обу иқлим аз мушкилоти бузургтарини сайёраи Замин буда, ҷиҳати ҳаллу фасли он ва роҳҳои самаранок истифода бурдан ҳиссаи Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Дар идомаи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар он директори МД нашриявии “Ирфон”, номзади илмҳои педагогӣ Ғуломзода Қурбон, директори МД таъминот ва савдои “Китоб” Содиқ Завқӣ, ходимони пешбари илмии пажӯҳишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ Мурод Муродӣ, доктори илмҳои педагогӣ Қурбон Хоҷаев ва дигарон суханронӣ карданд. Нотиқон зимни суханрониҳо ташаббусу корнамоӣ ва хидматҳои арзандаи Президенти мамлакатро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсияти таърихӣ буда, хидматҳои он кас барои давлату миллати тоҷикон беназир мебошад.

Мизи мудавварро бо сухани хотимавӣ директори пажӯҳишгоҳ А. Аминов ҳусни анҷом бахшид ва иловатан таъкид намуд, ки корнамоиҳои Сарвари давлатро қадр кардан, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат содиқона хидмат кардан вазифаи ҷонии ҳар як фарди хештаншиносу меҳанпарасти ҷомеа мебошад.

Носирова Лайло  

Котиби илмии ПИТФИ

 

барчасп: