Иштироки мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ дар Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид

Аз 16 то 18 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид баргузор шуд, ки дар он намояндагони беш 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумлаи мутахассисон ва коршиносону ходимони фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо сарварии Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат ҳайати расмӣ -  Мунира Дадаева – Директори Театри русӣ-академии ба номи В. Маяковский, Миралӣ Достизода – Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи   Т. Сатторов, Камолиддин Сайфиддинзода – Директори Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Дилшод Раҳимӣ – мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ дар кори Форум иштирок ва суханронӣ доштанд.  

Суханронии  Д. Раҳимӣ тибқи барномаи Форум рӯзи 16 ноябр, дар бахши «Мероси этнофарҳангии ниёгон ҳамчун роҳи муътамад ба якдигарфаҳмии халқҳо» сурат гирифт. Бахшро директори Муассисаи давлатии Россия – Хонаи эҷодиёти халқ ба номи В.Д. Поленов, номзади илмҳои санъатшиносӣ Пуртова Тамара Валентиновна барандагӣ мекард.

Маърӯзаи Д. Раҳимӣ дар мавзуи “Таҷрибаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва омӯзиши мероси фарҳанги ғайримоддӣ” буд, ки дар он мухтасар дар бораи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҷрибаву дастовардҳои олимони тоҷик маълумот дода шуд. Таваҷҷуҳи шунавандагон ба ин гузориш хуб эҳсос мешуд ва пас аз анҷоми ҷаласа суҳбатҳо ва табодули андешаҳо оид ба масъалаҳои мазкур сурат гирифтанд. Д. Раҳимӣ дар чорчӯбаи ҳамоиш бо Пуртова Т.В., директори Хонаи эҷодиёти халқ ба номи В.Д. Поленов, Зураб Ҷотович Ҷапуа – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Абхозистон  мулоқотҳои кутоҳ ҷиҳати ҳамкориҳои оянда баргузор карда, ба Пуртова Т. китоб-албоми мусаввари «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон»-ро ба забони англисӣ тақдим намуд. Ҳамчунин Пуртова Т. ба Раҳимӣ Д. китоби «Антология народной культуры: 100 объектов нематериального культурного наследия народов Российской Федерации»-ро туҳфа кард. Қарор шуд, ки дар оянда дар самти омӯзиши мероси фарҳанги ғайримоддӣ байни Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва Муассисаи давлатии Россия – Хонаи эҷодиёти халқ ба номи В.Д. Поленов ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ монда шаванд.

Дар давоми рӯзҳои ҳамоиш, аз 16 то 18 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург барномаҳои бошукӯҳи фарҳангӣ барпо шуда, иштирокдорони Форум осорхонаҳо ва намоиши нигораҳои таърихиву фарҳангиро тамошо карданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Қасри Деҳаи Шоҳона (Царское Село) ва осорхонаи бузурги Эрмитажро тамошо карданд. 

З. Холмуродов

барчасп: