«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
“Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон” таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар доир гардид, ки дар он намояндагон аз муассисаҳои Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, МД Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва ВАО-и кишвар иштирок доштанд.
Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов шурӯъ шуд. Зимни суханронӣ Аминов А. ёдовар шуд, ки ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи дирафш машҳур буд. Масалан, диравши давраи Сосониён чор ранг: сурх, сафед, сабз ва зард дошт, ки ҳар як ранг рамзеро ифода мекард. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 24 ноябри соли 1992 дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз ҳамон сол то инҷониб Тоҷикистони соҳибистиқлол парчами худро дорад, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ дониста мешавад. Парчами давлатӣ ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён ва дӯстию бародарии халқҳои сокини давлати тоҷикон мебошад.
Дар мизи мудаввар маърӯзаҳои ходимони илмии пажӯҳишгоҳ “Арҷгузории Парчами давлатӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат” – номзади илмҳои филологӣ Ҷӯраев Мирзоалӣ, “Арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии парчамҳо”, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ, “Нақши Парчам дар таъриху тамаддуни тоҷикон” мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр Ифтихор Юсуфов ва “Парчам инъикосгари ғурури миллии мо” ходими илмии шуъбаи илмӣ-методӣ Миҷгона Наслохонова шунида шуд.
Муҳтавои маърӯзаҳо инъикоскунандаи суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста аз арзиши баланд доштани Парчами миллӣ сухан меронанд, парчамҳои тоҷикон ва рамзҳои он дар таърихи тамаддуни давлатдорӣ, аҳамияти Парчам дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин муаррифии миллати тоҷик тавассути Парчам дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихор дониста шудани он буд, ки ба сомеон таъсири амиқ бахшид.
Дар зимн қайд гардид, ки яке аз парчамбардорони давлату миллати тоҷик, шахсияти таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки пайваста ба Парчами миллии тоҷикон арҷгузорӣ менамоянд. Дар яке аз суханрониҳо моҳияти қабули Парчами давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат чунин маънидод шудааст: “Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем”.
Раҳимӣ Дилшод дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар таърихи башарият парчам василаи интиқол ва маълумотдиҳии як гурӯҳ ё қабила ба гурӯҳҳои дигар буд. Аз ин сабаб, таърихи парчам роҳи 7-8 ҳазор соларо тай намудааст. Миллати тоҷик ҳам аз қадимулайём навъҳои гуногуни парчамро доштанд, ки ҳамчун муқаддасоти миллии хеш медонистанд. Ҳар дирафше, ки дар марҳилаҳои таърихӣ муаррифгари давлатҳои гузаштаи ориёиҳо, бахусус тоҷикон буд, шаклу намудҳои мухталиф дошта, ҳар як тасвир ва ранг рамзу маънии бузургро ифода мекард. Парчами кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави худ миллати тоҷикро муттаҳид намуда, дар замири мардум ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро бедор месозад.
Муовини директори МД Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб М. Баёнӣ, ходимони илмии ПИТФИ – Ш. Комилзода, М. Сафаров, С. Мирзоев, Ҷ. Обидпур, С. Рустамова, А. Абдуллоев ва дигарон ба музокира баромада оид ба эҳтироми муқаддасоту арзишҳои миллӣ, нақши Парчам дар муаррифии давлату миллати тоҷикон, ва амсоли инҳо суҳбат намуданд. Ҳамчунин дар мубодилаи афкор пешниход шуд, ки то таҷлили ҷашни навбатии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маълумотномаи мукаммали библиографӣ оид ба Парчами миллӣ таҳия карда шавад.
Мизи мудавварро директори пажӯҳишгоҳ А. Аминов ҳусни хотима бахшида, таъкид намуд, ки Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад.
Лайло Носирова
Котиби илмии ПИТФИ