Нашри китоби Мунаввари Сафар “Фарҳанг ва таҳаввули он дар замони истиқлол”, ки онро Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расондааст, муборакамон бод.
Дар китоб маҷмӯи мақолаҳо оид ба рушди фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлол ва матолиб дар заминаи ташаббусу ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии миллату давлат аст ва фарогири мавзуи илмии “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (2021-2022) мебошад, гирд оварда шудааст. Дар китоб ҳамчунин, матолиби ҷолиб дар доираи ин мавзуи илмӣ оид ба омилҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳӣ, фарҳанги муносиботу ҳамкориву ҳамдилӣ, рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ дарҷ ёфтаанд. Ин маҷмӯа барои кормандони соҳаи фарҳангу санъат, устодону донишҷӯёни шуъбаи фарҳангшиносӣ ва рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, ҳамчунин, хонандагони касбу кори гуногун пешниҳод мегардад.
Ба хонандагони арҷманд яке аз матолиби китоб, ки фарогири саҳифае аз ҳаёт ва фаъолияти шоири арабзабони тоҷик, дипломат, сафири собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳ Назар аст, пешниҳод мегардад.
РАВЗАНАЕ БАЙНИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКУ АРАБ
Назруллоҳи Назар 30 январи соли 1949 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1963, баъди хатми мактаби 7-солаи деҳа ба Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент дохил шуда, соли 1967 баъди хатми он, донишҷӯи факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (шуъбаи арабӣ) шуд.
Соли 1974, ҳанӯз дар вақти донишҷӯи курси панҷум будан, барои кор ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ ба Ироқ сафарбар гардид. Аз соли 1975 то соли 1978 ҳамчун корманди Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият намуда, аз соли 1978 то соли 1982 ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ хидмат кардааст. Инчунин, аз соли 1982 то соли 1987 ҳамчун корманди Шӯро оид ба умури дини назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон адои хидмат кардааст. Солҳои 1987-2002 котиби масъул, сипас вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африқоро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2002 то соли 2007 ба ҳайси муовини сардор, сипас сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Ҳамчунин, 6 августи соли 2007 сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб таъйин шудааст.
Устод Назруллоҳи Назар аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муаллифи теъдоди зиёди асарҳои бадеӣ ва тарҷумавӣ мебошад.
Устод Назруллоҳи Назар тавассути тарҷумаҳои хеш фарҳангу адаби тоҷикро ба мардуми араб ва шеъри чанде аз шоирони арабро ба хонандаи тоҷик муаррифӣ кардааст:
- Қаҳрамони кишвари офтобӣ. Ҳикояҳои халқии узбекӣ. Тарҷума аз русӣ ба арабӣ (ҳамроҳ бо дигар тарҷумонҳои араб), нашриёти «Прогресс», Тошканд, 1978.
- В стране царицы Савской, ба забони русӣ, «Ирфон», Душанбе, 1989.
- Абуҳомиди Ғазолӣ. Насиҳат-ул-мулук. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ бо тавзеҳот. «Ирфон», Душанбе, 1989.
- Абдулазиз ал-Мақолеҳ, Ҷоми ашк. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳ бо устод Гулназар), «Ирфон», Душанбе, 1990.
- Рубоиёт. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ, «Ирфон», Душанбе, 1992.
- Луғати мухтасари арабӣ ба тоҷикӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1992.
- Зи рахшанда кавокиб ёздаҳ. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1992.
- Гулназар. Диёрам Тоҷикистон. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1992.
- Миршакар. Табассуми ғунчаҳо. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1998.
- Луғати тоҷикӣ ба арабӣ. Душанбе, 1998.
- Ҳафтяки шариф. Матн, тарҷума ва тафсир (ҳамроҳ бо Муҳаммадҷон Умаров), Душанбе, 1999 ва 2006.
- Суод-ас-Сабоҳ. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳ бо устод Гулназар), Душанбе, 1998 ва Москва, 1999.
- Низор Қаббонӣ. Садои дард. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ (ҳамроҳ бо устоб Қутбӣ Киром ва устод Гулназар), Душанбе, 2002.
- Муҳовараи тоҷикӣ-арабӣ. Душанбе, 1999 ва 2002.
- Се саҳна аз Тоҷикистон (асарҳои саҳнавии С. Улуғзода, М. Бахтӣ Ҷ. Қуддус). Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ (ҳамроҳ бо тарҷумони суриягӣ Ғассон Муртазо), Димишқ, 2002.
- Гули рухсор ва гули назар. (маҷмӯаи ашъори Гулназар ва Гулрухсор). Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. Кувайт, 2006.
Ҳамчунин, асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар 3 муҷаллад таҳти назар ва таҳрири Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Қоҳира нашр карда шуд. Қобили зикр аст, ки маҷмӯаи мақолаҳои Сарвари давлат таҳти унвони "Назаре ба мероси Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нуъмон" таҳти назари ӯ ба арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Ар-Риёз чоп карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки тарҷумаҳои устод аз тарафи хонандагони араб хеле хуш пазироӣ ёфтаанд.
Боиси ифтихор аст, ки тарҷумаи арабии “Суруди миллӣ”-и Тоҷикистон низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад ва хеле мутантан садо медиҳад:
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
عَزيزةٌ أنتِ عَلينا يَا بِلادَنا
وفي سبيـلِ عِزِّكِ اجْتِهادُنا..
جِهادُنـا
وجاءَ مِنْ عُمقِ القُرونِ امْـتدادُنا
خَفَّاقَةٌ راياتُـكِ فوقَ الرُّؤُوسِ
واصْطِـفـافُنا بِظِلِّها .. وإتحادُنا
فَلْتَعِشْ يـا وَطـَنْ
طاجكستانُ حُرَّةً !
Китобаш таҳти унвони “Хамосаи панҷгона” дар шаҳри Риёз нашр шуд, ки дар он ашъори панҷ шоири муосири тоҷик: Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва Доро Наҷот ба забони арабӣ аз тарафи устод Нарзуллоҳи Назар тарҷума шудааст.
Ҳамчунин, китоби шоир Доро Наҷот зери унвони “Хаёлвораи Шеър”, ки мутарҷими шеърҳои эшон низ устод Нарзуллоҳ Назар мебошанд, дар Кувейт соли 2019 нашр шуд.
Китоби дигараш дар нашриёти «Шамс»-и Қоҳира бо номи «Авроқун мутафарриқа» («Парокандабаргҳо») бо забони арабӣ ба нашр расид. Боби аввали китоб шеърҳои худи муаллифро дар васфи диёраш дар бар мегирад. Дар қисмати дувуми ин китоб намунаҳои ашъори шоирони номдори тоҷик ва дигар шоирони маъруфи кишварҳои ИДМ, ки тайи солҳои гуногун дар тарҷумаи Назруллоҳи Назар дар матбуоти арабӣ нашр шуданд, гирд оварда шудааст. Бахши дигари ин китоб шеърҳои шоирони араб, аз ҷумла Муҳаммад Солеҳ Баҳрулулум (Ироқ), Муин Бсису (Фаластин) ва Ҳасан Иброҳим ан-Наққошро (Ироқ), дар бар мегирад, ки дар васфи Тоҷикистон гуфта шудаанд.
БОЗ ҲАМ ШЕВОТАР
Назруллоҳ чанд сол қабл достони “Ҷони ширин”-и устод Турсунзодаро ба арабӣ тарҷума карда, онро ба рӯзномаву маҷаллаҳои Кувайту Аморати Муттаҳидаи Араб ва Яман равона карда буд, ки онро ба табъ расонданд ва хонандагони араб онро бо самимияти хоссае қабул карданд. Зеро достон бо ҳамон малоҳату балоғат, фасоҳату тобишҳои маъноӣ ва равонию оҳанг ба забони арабӣ тарҷума шуда буд. Боре як гурӯҳ арабҳо аз Кувайту Саудия зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки бо тарҷумони достон мулоқот намоянд. Занги дар садо доду Назруллоҳ онро кушод ва дар рӯ ба рӯяш панҷ нафар меҳмонони ношиносро дид. Роҳбалад онҳоро бо ҳам шинос кард. Меҳмонон Назруллоҳро чун шиноси дерин ба оғӯш кашида, сипас достони “Ҷони ширин”-ро ба арабӣ аз ёд қироат карданд. Маҳфили шеъргӯӣ чанд соат тӯл кашид. Онҳо ваъда доданд, ки достони мазкурро ба оҳанг медароранд. Зеро худи онҳо ба ваҷд омада буданд ва зери лаб онро замзама мекарданд. Яке аз онҳо зимни суҳбат пурсид, оё достон дар забони асл ҳамин тавр ширин ва шевову гуворост?
-Оре,-гуфт Назруллоҳ,-он ба забони тоҷикӣ боз ҳам шевотару гуворотар аст.
ТАРҶУМАИ МУСТАҚИМ
Соли 1989 Меҳргонро дар стадион ҷашн гирифтанд. Барандагон шеър мегуфтанду ҳофизон месуруданд. Меҳмонони араб, аз он ҷумла шоире аз Сурия дар он ҷо иштирок дошт, ки Нарзуллоҳ ба онҳо мустақиман тарҷума мекард. Ҳангоми тарҷумаи шеъру сурудҳо шоири Сурия ба ваҷд омада, аз ҷой ҳар дам бархоста мегуфт: Ин шеър аст! Ин шеъри асил аст! Сипас аз Назруллоҳ пурсид:
-Магар шумо ин шеърҳоро пешакӣ тарҷума кардаед?
-На,-гуфт ӯ,-ман онҳоро мустақиман тарҷума кардам.
МАГАР ИН ШЕЪРРО ҲАМ МЕДОНӢ?
Чанд сол қабл ҳокими музофоти Санъои Яман ба Тоҷикистон омад. Ӯро ба дараи Варзоб ва истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм бурданд. Меҳмон аз манзараҳои зебои диёрамон ва шеърдонию шеъргӯии Назруллоҳ ба ваҷд омада буд. Меҳмон аз Назруллоҳ хоҳиш кард, ки дафтару қаламашро муҳайё созад, то шеъри асилеро, ки ӯ медонад, ҳамчун хотира бинависад. Ӯ мисраи аввалро гуфт ва Назруллоҳ бошад мисраҳои минбаъдаро аз ёд хонд. Меҳмон бо ҳайрат ба рӯяш нигариста гуфт:
-Магар ин шеърро ҳам медонӣ?
ШИНОСОӢ
Иброҳим Бобоев ном ҷавони тоҷик, ки дар Қувайт ба ҳайси тарҷумон адои хидмат менамуд, дар яке аз маҳфили шоирони Кувайт иштирок дошт. Шоирон бо навбат шеърҳои хешро қироат мекарданд. Иброҳим аз онҳо иҷозат хоста, рубоии устод Лоиқро дар тарҷумаи Назруллоҳ қироат кард. Ҳама офарин хонда кафкубӣ карданд ва яке аз шоирон иброз дошт, ки ӯ Назруллоҳро ғоибона аз рӯи тарҷумаҳояш хуб мешиносад. Иброҳим, ҳангоме ки ба Душанбе омад, Назруллоҳро суроғ карда, бо ӯ аз наздик шинос шуд.
ШЕЪРИ ГУЛНАЗАР ӮРО ГИРЁНД
Ҳангоми таҳияи филми “Боз як шаби Шаҳрзод” коргардони маъруфи филми мазкур Абдураззоқ Ғоним ва чанде ҳунармандон аз Сурия иштирок доштанд. Дар яке аз шабнишиниҳо Назруллоҳро даъват карда, шеърхонӣ карданд. Назруллоҳ рубоии Гулназар: “Ту рафтӣ, бесафо шуд маҳфили ман”-ро хонд. Авзои Абдураззоқ дигаргун шуд ва хоҳиш кард, ки бори дигар онро такрор намояд. Чун бори дигар такрор намуд, дар чашмони Абдураззоқ ашк пайдо шуд. Ҳозирон дар таҳайюр монда, аз Назруллоҳ пурсиданд, чӣ ӯро гирёнд?
Назруллоҳ дар ҷавоб гуфт:
-Рубоии Гулназар ӯро гирёнд.
Муртазо Остонаев, ки соли 1988 мудири меҳмонхонаи “Тоҷикистон” буд, гуфт:
-Ин чӣ шеър аст, ки шунавандаро мегирёндааст? Ку барои мо ҳам бихон. Рубоиро ба забони тоҷикӣ қироат кард:
Ту рафтӣ, бесафо шуд маҳфили ман,
Ту рафтӣ, бебақо шуд манзили ман.
Ба монанди паи деҳи хароб аст,
Нишони ишқи ту андар дили ман.
МАГАР ТОҶИКИСТОН ҶАННАТ АСТ?
Назруллоҳ боре ҳангоми бо яке аз роҳбарони воломақоми араб суҳбат кардан, бартарии хешро дар забондонӣ нишон медиҳад. Мусоҳиб мепурсад, ки аз куҷост ва забони арабиро ба ин фасоҳат аз куҷо омӯхтааст. Назруллоҳ мегӯяд, ки зодаи Тоҷикистонам. Мусоҳиб аз дусар Тоҷикистонро бори аввал шунид, зеро дар замони шуравӣ тамоми ҷумҳуриҳо дар мамолики араб бо номи «Иттиҳоди суфийати» ном бурда мешуданд. Бинобар ин, хоҳиш мекунад, ки онро тавсиф намояд. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки Ватани ман Тоҷикистон кишварест, ки шаҳру деҳоти сарсабзу хуррам, кӯҳҳои осмонбӯс ва дараҳои зебо дорад. Дарёҳои софу шӯх аз кӯҳҳо ҷорӣ шуда, водиҳоро шодоб гардондаанд. Тасаввур кунед, ки шумо дар болои кате нишастаеду аз зери он наҳраки шӯху зулол мегузарад. Болои катро дарахтони мевадор, аз ҷумла токи ангур, сояафкан аст. Шумо дароз шуда як ѓунчаи шаҳдбори онро меканеду дар оби софу сарди наҳр шуста, ба даҳон мебаред. Аз чунин тавсиф мусоҳиб луоби даҳонашро фурӯ бурда, оятеро аз Қуръони маҷид «ва таҷри мин таҳтиҳ-ал- анҳору…»-ро қироат карда, мегӯяд, ки магар Тоҷикистон ҷаннат аст?
Назруллоҳ ҳанӯз аз овони донишҷӯ буданаш дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба забони арабӣ шеър менавишт ва бо тахаллуси Назруллоҳ Сабо онҳоро дар рӯзномаву маҷаллаҳои арабӣ, ки дар Маскав ба монанди “Анбау Муску” (Навиди Маскав), “Алмаръа Суфития” (Зани шуравӣ) нашр мешуданд, ба табъ расонидааст. Ҳамзамон, аз ашъори шоирони машҳур Расул Ғамзат, Файзу Алиеви Доғистон, Зулфияи Ӯзбекистон, ҳамчунин “Мактаби кӯҳна”-и устод Садриддин Айнӣ, ашъори Ата Атаҷонови Туркманистон, Максим Танки Белорус, “Зебӣ”-и Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар порчаҳои назмиву насрии як қатор шоирону нависандагонро ба арабӣ тарҷума кардааст. Дар машқи шеър ва тарҷумаи ашъори шоирон устоди забони арабӣ Ҳасан Иброҳими Наққош роҳнамояш буд ва илми арӯзро аз ӯ омӯхт. Устодаш ба ӯ таваҷҷуҳи хоссае дошт.
Ҳасан Иброҳими Наққош солҳои тӯлонӣ ба шогирдони шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз забони арабӣ дарс гуфтааст. Ҳамаи он шогирдоне, ки аз устод сабақ гирифтаанд, ӯро ҳамчун падари арабшиносии тоҷик медонанд, бо некӣ ёдоварӣ мекунанд ва хотираи некашро пос медоранд. Аз ин ҷост, ки Назруллоҳ он муҳаббати хешро дар ҳошияи китоби шоири маҳбуб Гулназар, ки онро ба забони арабӣ бо номи “Диёрам Тоҷикистон” тарҷума карда, соли 1997 ба табъ расондааст, чунин баён ёфта: “Ба он ироқие, ки Тоҷикистонро ватани хеш, дилҳоро бо фазлу илм фатҳ ва хоки онро манзилгоҳи вопасин қарор додааст, ба устод Ҳасан Иброҳими Наққош мебахшам”.
Ҳамин тавр, тӯли солҳо шеърҳои шоирони муосири тоҷик дар тарҷумаи Назруллоҳ дар рӯзномаву маҷаллаҳои мамолики араб: Кувайт, Миср, Сурия, Фаластин, Яман ба табъ расидаанд. Достони “Сипар”-и Гулрухсор дар тарҷумаи ӯ дар Марокаш рӯи чопро дид.
Рӯзномаи “Ал-Қабас” (Оташпора), ки дар ҳаҷми 50 саҳифа дар Кувайт ба табъ мерасад, шеърҳои шоираҳои тоҷик Мавҷуда Ҳакимова, Ҳадиса Қурбонова, Зулфия Атоӣ, Фарзона ва Меҳринисоро дар тарҷумаи Назруллоҳ борҳо ба табъ расонидааст. Ҳамчунин ду қасидаи Исфандиёр дар ин рӯзномаи бонуфуз низ чоп шуд. Аз идораи рӯзномаи мазкур ба Назруллоҳ тавассути телефон шукргузорӣ намуда, хоҳиш кардаанд, ки аз тарҷумаи ашъори Фарзона, Исфандиёр ва дигар шоирон ба унвони идораи рӯзнома ирсол намояд. Назруллоҳ як шеъри Фарзонаро баъди занги телефонӣ фиристод, ки онро бо ҳуруфоти калон дар як саҳифа ба табъ расонданд.
– Шеъри тоҷик, – мегӯяд Назруллоҳ,-чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз хоност, зеро балоғаташ баланд буда, хонандагон онро меписанданд, хусусан, ба хонандаи араб хеле маъқул ва ба завқи онҳо мутобиқ аст. Бояд як нуктаро таъйид кард, ки завқи хонандаи араб баланд аст. Арабҳо шеърдӯст ҳастанд ва шеъри хубро меписанданд. Ҳатто бадавиҳо – он арабҳои биёбонгард, гарчанде хондану навиштан натавонанд ҳам, шеъри зиёд азёд медонанд. Арабҳо аз наср бештар ба назм дилбастагӣ доранд. Дар мамлакатҳои Миср, Сурия, Лубнон, Фаластин ва ғайра нависандагони бузург хеле зиёданд. Вале дар мамолики халиҷ ба монанди Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қаттар, Баҳрайн бештар ба назм дилбастагӣ доранд. Гуфтан мумкин аст, ки аз деҳқони одӣ ё аз чӯпон то подшоҳашон шеърдӯсту шоиранд. Масалан, ноиб-амири Дубай, ҳокими Шарҷа шоирони маъруфанд.
Ҳанӯз соли 1978 нашриёти “Прогресс”-и Тошканд “Афсонаҳои халқи ӯзбек”-ро аз забони русӣ ба арабӣ ба табъ расонд. Тарҷумаи як қисми китоб ба зиммаи Назруллоҳ афтода буд. Назруллоҳ ҳангоми тарҷумаи қиссаи Тоҳиру Зӯҳро кӯшиш намуд, порчаҳои шеърии он дар забони арабӣ низ шеърият дошта бошанд. Вале муҳаррир онро қабул накард ва маҷбур шуд, ки онро таҳтуллафзӣ, чуноне ки дигар тарҷумонҳо дар Маскаву Ленинград дар ҳамон қолаби кӯҳнаи қабулшуда иҷро мекарданд, адо намояд. Нашриёти “Прогресс” Назруллоҳро ба кор даъват намуд, вале ӯ қабул накард.
Дар замони шуравӣ тамоми асарҳо фақат аз забони русӣ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума мешуданд. Яъне, асарҳои шоирону нависандагони дигар ҷумҳуриро аввалан ба забони русӣ, сипас ба забонҳои хориҷӣ тарҷума меёфтанд. Бевосита аз забони асил ба забони хориҷӣ тарҷума кардан манъ буд. Асарҳои нависандагони тоҷик аз он ҷумла достонҳои Мирзо Турсунзода ба монанди “Садои Осиё” аз забони русӣ ба арабӣ тарҷума шудаанд, ки онҳо асолати худро гум кардаанд. Он малоҳату балоғат ва фасоҳату санъатҳои шеъриро, ки дар забони асл вуҷуд доранд, ифода наёфтааст.
- Бинобар, ин аз забони асл тарҷума кардан, - мегӯяд Назруллоҳ, - шеъриятро медиҳад, зеро забони тоҷикӣ ба забони арабӣ наздик буда, ҳамаи он қолабҳо як аст. Ҳамон ташбеҳу истиора ва санъатҳои бадеӣ дар ҳар ду забон як хел аст, фақат забон фарқ мекунад. Он санъатҳое, ки арабҳо истифода мебаранд, мо ҳам истифода мебарем. Бинобар ин аз тоҷикӣ ба арабӣ тарҷума кардан афзалиятҳои бештаре вуҷуд дорад. Завқи мардуми араб чун тоҷикон баланд аст. Яъне ба завқи арабҳо шеъри мо мутобиқ аст. Қоидаи тарҷумонӣ ин аст, ки онро бояд арабҳо тарҷума намоянд. Масалан, шеъри Турсунзодаро ягон шоири араб, ки дар ҳамон поя аст, бояд тарҷума кунад. Назму насри шоирону нависандагони тоҷик дар пояи баланд аст. Масалан, “Мавҷҳои бародарӣ”-и Мӯъмин Қаноат беҳтарин шеъри дӯстӣ ва инсонпарварист. Ҳамчунин беҳтарин рубоиёт, ки дар сатҳи рубоиёти Умари Хайём эҷод шудаанд, рубоиёти Лоиқ Шералӣ мебошад. Агар онҳо пурра тарҷума карда шаванд, маҳбуби ҳар як хонадони араб мегарданд.
Ман чанде аз рубоиёти Лоиқро тарҷума кардам, ки ба арабҳо хеле маъқул аст. Масалан, яке аз онҳо “Ман тоҷи ҷаҳонаму вале бетоҷам” мебошад, ки қофияаш дар худаш, ҳамон тавре ки ҳаст, омадааст: тоҷ, мӯҳтоҷ ва амвоҷ.
Оре, ҷои ифтихор аст, вақте ки ҳазорҳо фарсах дур аз Тоҷикистон мардуми араб номи тоҷиконро бо як эҳтиром ва садоқат ба забон меоранду шеърҳои шоирони мо маҳфилҳояшонро оро медиҳад ва онҳоро ба ваҷд меорад. Вақте ки кӯдакони яманӣ шеърҳои бачагонаи Мирсаид Миршакарро аз ёд мехонанду меҳри ватанро дар дили кӯчаки онҳо ба ҷӯш меорад, вақте ки занҳои араб образи Фирӯзаи романи “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромиро намунаи ибрат дониставу дар асоси ин филми бисёрсериягӣ офаридаанд, боиси сарфарозист.
- Таърих гувоҳ аст, - мегӯяд Назруллоҳ, - тоҷикон ба сари қавму миллати дигар шамшер набардоштаанд, вале бо илму маърифат ва фарҳанги хеш дили оламиёнро тасхир кардаанд. Фарҳанг дар забони арабӣ “сақофа” буда, як маънои калимаи “сақафа” гузаштан, сӯрох кардан мебошад, ки ба паҳн ва тавсиъа ёфтани он ягон марзу бум халал намебинад. Мақсади асосии ман кушодани ҳамин роҳ, ҳамин равзана ба дурдонаҳои шеъри муосири тоҷик мебошад.
Назруллоҳ ғайр аз он шеъру достонҳои шоирони тоҷикро, ки тӯли солҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои мамолики араб ба табъ расондааст, ҳамчунин, намунаи ашъори чандин шоирони тоҷику арабро тарҷума намуда, дар шакли китоб чоп кардааст.
Ҳанӯз соли 1992 намунаи рубоиёти шоирони маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Гулназар, бо номи “Рубоиёт”, намунаи ашъори шоирони тоҷик “Ёздаҳ ситора”, “Фарҳанги хурди арабӣ ва тоҷикӣ”, шеърҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар бо номи “Табассуми ғунчаҳо” ба забони арабӣ ба табъ расидаанд. Ҳамчунин намунаи ашъори шоирони араб Суод-ас-Сабоҳ, “Хаймаи қудсии сухан” Алмақолеҳ, “Ҷоми ашк”, тавассути тарҷумаи устод Гуланзар ба тоҷикӣ ба табъ расонидааст.
Баробари қабул шудани суруди миллӣ Назруллоҳ онро ба забони арабӣ тарҷума кард, ки он мақбули хонандагони араб гардид.
- Суруди миллӣ-ин шиносномаи ҳар як давлат аст, - мегӯяд Назруллоҳ, - ва орзуву омоли мардуми тоҷик дар он ифода ёфтааст. Ростӣ, суруди миллӣ ба ман хеле маъқул аст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки тарҷумааш ниҳоят хуб баромадааст. Эҳсоси оламдӯстии мо дар ҳамон як мисраи суруди миллӣ: “Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост” таҷассум ёфтааст. Яъне тавассути Тоҷикистон мо ҳама ҷаҳонро дӯст медорем. Бузургии Гулназар дар он аст, ки тавонистааст расми хуби тоҷиконро дар ҳамон як мисраъ ифода намояд. Яъне, мо, ки Ватани худро дӯст медорем ба фазилати он тамоми ҷаҳонро дӯст медорем ва ҷузъи ҷудошавандаи ҷаҳон ҳастем ва фарқият намегузорему масъулият дорем. Дар таърих ҳам мо бо фарҳанги бузург омадаем. Ин масъулият ифтихори мост.
Оре, Назруллоҳ худ равзанаест байни фарҳанги тоҷику араб, ки бо як муҳаббати самимӣ гузаштаву имрӯзаи пурифтихори Тоҷикистони азизи моро ба мардуми араб шинос менамояд.
Саъдӣ Мирзоев
ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ