Сабти ном шудани се унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО
Чоп шуд: 13/12/2023Аз 4-ум то 9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд. Дар ин ҷаласа дар қатори масъалаҳои зиёди дигар инчунин баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт. Аз тамоми кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ имсол 55 парвандаи номинатсионӣ, 45 адад ба “Феҳристи репрезентативӣ”, 6-то ба “Феҳристи унсурҳои ҳифзи фаврӣ” ва 4-то ба “Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба комиссия ворид шуданд.