Сабти ном шудани се унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО

Аз 4-ум то 9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд.  Дар ин ҷаласа дар қатори масъалаҳои зиёди дигар инчунин баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт. Аз тамоми кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ имсол 55 парвандаи номинатсионӣ, 45 адад ба “Феҳристи репрезентативӣ”, 6-то ба “Феҳристи унсурҳои ҳифзи фаврӣ” ва 4-то ба “Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба комиссия ворид шуданд.  Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа парвандаи 3 унсури фарҳангӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шуда буданд. Инҳо “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, ки ҳамчуни номинатсияи мустақили миллӣ танҳо аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гашта буд; номинатсияҳои “Ҷашни Сада” (муштарак бо ҶИ Эрон) ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон).

Рӯзи 5-уми декабр зимни ҷаласа номинатсияи “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” бо гирифтани кулли овозҳои ҳайати комиссия расман дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт карда шуд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои ин номинатсия соли 2018 аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии Дилшод Раҳимӣ ва аъзои он - Аминов Абдуфаттоҳ, Холмуродов Зафар шуруъ шуда, соли 2023 такмил шуданд.

Дар раванди гирдоварӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо аъзои гурӯҳи корӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров сафар карда, бо ҳунармандон мулоқотҳо гузарониданд ва маълумоти заруриро сабт карданд. Дар ин сафарҳо онҳо бо  МД “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”-и вилояти Суғд, директораш Муҳаммадҷон Ёқубӣ, МД Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, директораш Насриддин Хоҷаев, Маркази ҳунаромӯзии ба номи Зулфия Баҳриддиноваи шаҳри Хуҷанд, сарвараш Мавҷуда Ҳакимова ҳамкорӣ карда, ҳамчунин бо адрасбофи собиқадор шодравон Иброҳимов Муҳаммадҷон (1934-2022),  адрасбофони марказҳои таълимию истеҳсолии “Дугонаҳо” (воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови н. Бобоҷон Ғафуров), “Арбоб”, “Кулангир” рафта, бо ҳунармандон мусоҳибаҳо анҷом дода, маводи лозимиро сабт карданд.  

Қайд кардан даркор аст, ки барои бастаи ҳуҷҷатҳои номинатсия мактубҳои ҷонибдории ҳунармандон зарур мебошад ва ҳунармандони марказҳои мазкур мактубҳои ҷонибдорӣ навишта, бо имзою муҳр розигӣ ва тарафдории худро баён намуданд.

Баъдтар дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии “Тоҷикфилм” ва шабакаи телевизиони “Сафина” филми мустанади дар бораи ҳунари атласу адрасбофӣ дар ҷумҳурӣ  (10 дақиқа) бо иловаи субтитри англисии таҳия гашт.

 Дар бахши тарҷума, ҳуҷҷатгузорӣ, мукотиба ва пешниҳод ба дафтари ЮНЕСКО кормандони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, котиби масъули комиссия Зулфия Бурҳон бо гурӯҳи корӣ ҳамкории зич доштанд.

Номинатсияи дигари имсол сабтшуда “Ҷашни Сада” мебошад, ки муштарак бо коршиносони эронӣ омода шудааст. Таҳияи ҳуҷҷатҳои ин парванда солҳои 2020-2023 сурат гирифтааст. Замоне ки бемории CОVID-19 дар авҷ буд, корҳо тариқи онлайн сурат гирифтанд. Роҳбари ин парванда аз ҷониби ҶИ Эрон доктор Алиризо Ҳасанзода, мудири бахши Пажӯҳишкадаи мардумшиносӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ, мудири Маркази мероси фарҳангиии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошанд. Дар таҳияи ҳуҷҷатҳо корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Солеҳов, ходими калони илмии Институти фанҳои гуманитарии Хоруғи АМИТ, номзади илмҳои таърих Қурбон Аламшоев ва дигарон ҳамкорӣ кардаанд.

Номинатсияи севум “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” (муштарак кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон) унвон дорад. Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази дастхатҳои АМИТ (махсусан устод Маҳмадёр Шарифзода, Иззатулло Мирзоев), Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн (ба вижа миниатюранигори варзида Олим Камолов, Иттифоқи рассомони шаҳри Хуҷанд, факултаи рассомии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ва Коллеҷи ҳунармандони шаҳри Истаравшан ҳамкорӣ карда, маълумоти муфиди мардумшингосӣ ва санъатшиносӣ ҷамъ оварданд.

Ҳуҷҷатҳои ин номинатсияҳоро низ   кормандони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва ба дафтари ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд.

Инак аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО то имрӯз 10 унсури фарҳанги миллӣ сабт шудаанд, инҳо номинатсияҳои «Шашмақом» (соли сабт 2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016),  номинатсияи муштараки «Наврӯз» (2016), ки аз ҷониби 12 кишвар (Афғонистон, Ироқ, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон),«Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), мусиқии суннатии «Фалак» (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва се номинатсияи тозаи дигар, ки дар боло шарҳ додем.

Ин дастоварди фарҳангӣ низ ба ҳамаи тоҷикону Тоҷикистониён муборак бод!

 

Холмуродов Зафар

Корманди Пажӯҳишгоҳи

илмӣ-тадқиқотии фарҳанг

ва иттилооти Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барчасп: