НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Рӯзи 7-уми декабри соли 2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин” гузаронида шуд.

Кори ҷаласаро Раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони озмунро ба ҳамагон муаррифӣ намуд. Дар зимн қайд гардид, ки дар озмуни “Мақолаи беҳтарин” 5 нафар: “Нақши парчам дар таъриху тамаддуни тоҷикон” (Юсуфов Ифтихор – мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр), “Нақши ВАО дар оммавигардонии Конститутсия” (Охунзода Насриддин – ходими калони илмӣ, номзади илми филология), “Пешвои миллат – абармарди таърихӣ” (Мадимарова Гулҳаё – ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои филологӣ), “Баррасии масъалаҳои глобалӣ дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” (Баҳромзода Манижа – ходими калони илмӣ, номзади илмҳои филологӣ), “Парчам – инъикосгари ғурури миллии мо” (Наслохонова Миҷгона – ходими илмӣ) иштирок карда, донишу маҳорати хешро санҷиданд.

Мақолаҳои пешниҳодгардида аз ҷониби ҳайъати Шурои олимони пажӯҳишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи муҳокима аъзои Шуро ва дигар иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки бо назардошти мазмуну муҳтаво ва интихоби мавзуъ мақолаи мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр Юсуфов Ифтихор арзиши баландтар дошта, метавонад ҷойи аввалро ишғол намояд. Дар ҷойи дуюм мақолаи Мадимарова Гулҳаё “Пешвои миллат – абармарди таърихӣ” ва дар ҷойи сеюм мақолаи Баҳромзода Манижа “Баррасии масъалаҳои глобалӣ дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” қарор дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа муаллифон вобаста ба мазмуну муҳтавои мақолаҳояшон суханронӣ карданд. Инчунин дар бахши музокираҳо ходимони илмии ПИТФИ баромад карда, фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба озмуни мазкур ва мавзуъҳои интихобгардида иброз доштанд.

Дар охири чорабинӣ ғолибони озмун бо Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

Носирова Лайло

Котиби илмии ПИТФИ