ТАҲҚИҚИ ПУБЛИТСИСТИКАИ НАВИСАНДА

Дар ҷаҳони муосир аҳамияти публитсистика барҷаста буда, нақши публитсистон дар бозтоби воқеияти замон бориз мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣбунёдкориҳои азим, аз қабили тармиму таҷдиди роҳҳо, кандани нақбҳо, бунёди неругоҳҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, тиббӣ, корхонаҳои азим ва амсоли инҳо анҷом пазируфта, дар зимн Тоҷикистон ба кишвари амнтарини сайёра табдил ёфт. Дар саргаҳи бунёдкориҳо ва таъмини сулҳу субот дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва кору пайкори ин шахсияти таърихӣ дар адабиёти бадеиву публитсистӣ ва матбуоти даврӣ ба таври барҷаста инъикос гардидааст. Аз ин ҷост, ки мавзую матолиби публитсистикаи тоҷик тағийр ёфт ва публитсистон бештар ба масъалаҳои созандагӣ таваҷҷуҳ намуданд. Онҳо бо офаридани асарҳои публитсистӣ, аз як тараф, корномаи Пешвои миллатро бозтоб намоянд, аз ҷониби дигар, дар офаридани симои коргарон ва бозтоби раванди бунёдкориҳо хидмати босазо карданд. Яке аз публитсистони пурмаҳсул, Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мӯсо вобаста ба раванди бунёдкориҳои азими кишвар асарҳои мондагор таълиф кардааст, ки дар ин миён аз китобҳои «Достони Роғун», «Ҷасорат», «Президенти мо», «Мардистон» ва амсоли инҳо ёдовар шудан бамаврид аст. Мусаллам аст, ки омӯхтани осори бадеиву мустанади адибон масъулият ва заҳмати зиёд тақозо мекунад. Ба ин мазмун, бо кӯшишу талош ва заҳмати мудири шуъбаи васоити ахбори омма ва табъу нашри Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Ифтихор Юсуфӣ китоби нав таҳти унвони «Шералӣ Мӯсо дар пажуҳишҳои илмиву оммавӣ» (-Душанбе: Истеъдод, 2023. – 480 с.) ба нашр расид. Дар китоби мазкур навиштаву матолиб доир ба фаъолият ва эҷодиёти публитсист Шералӣ Мӯсо гирд оварда шудаанд. Дар оғози китоб доктори илми филология, профессор Мурод Муродӣ таъкид кардааст: «Маводи ҷамъовардаи муҳаққиқ аз он далолат мекунад, ки таҳқиқи осори бадеиву публитсистии нависандаи пурмаҳсул Шералӣ Мӯсо ҳанӯз аз нимаи дуюми соли 1980 шуруъ гардидааст. Ин нигошта ба қалами нависандаи публитсист ва рӯзноманигор Ато Ҳамдам мансуб буда, дар шакли сарсухан ба маҷмуаи очеркҳои «Боғи падар» (1986) интишор гардидааст».

Муҳаққиқ дар сарсухани китоб ба таври муфассал дар хусуси фаъолият ва эҷодиёти нависанда Шералӣ Мӯсо маълумот дода, вижагиҳои эҷодиёташро мушаххас кардааст. Фаъолияти эҷодии ӯро ба ду давра – замони Шуравӣ ва давраи Истиқлол радабандӣ намуда, махсусияти таълифоташро дар ин давраҳо баҳогузорӣ кардааст. Ба таъбири Ифтихор Юсуфӣ, «Чеҳраофарӣ, арзишҳои маънавии инсон – виҷдону инсоф, адолат, нуқсону мушкилоти баъзе шахсон, симоҳои хотирмон, сарнавишту талошҳои созандаи ҳамзамонони ӯ дар китобҳояш, аз қабили «Нек ва бад» (1995), «Сӯг» (200), «Осоиш» (2003), «Тулуъ дар ғуруб» (2008), «Ошёни уқобон» (2010), «Қомати сабзи имон» (2011), «Қиссаи баҳорӣ» (2011), «Мардистон» (2013), «Ситам» (2013), «Президенти мо» (2014), «Ота» (2014), «Саодати рӯ ба гардун» (2015), «Достони Роғун» (2015), «Ҷасорат» (2016), «Маҷмааи ифтихор» (2017), «Як қисса бо се забон» (2019), «Барфи сабз» (2020) ва ғайра вомехӯранд».
Китоб аз чор бахш иборат мебошад. Дар бахши аввал сарсухан ва пешгуфторҳо, ки ба асарҳои Шералӣ Мӯсо навишта шудаанд, ҷой гирифта, дар онҳо махсусиятҳои китобҳои мавриди назар муайяну мушаххас гардидаанд.

Дар бахши дуюм китобиёт ва тақризҳое гирд оварда шудаанд, ки ба асарҳои алоҳидаи публитсист эҷод гардидаанд ва вижагиҳои услубию жанрии асарҳояшро баҳогузорӣ кардаанд.

Дар бахши сеюм мақолаву нигоштаҳои илмию оммавӣ пешниҳод шудаанд, ки дар маҷаллаи илмӣ ва маҷмуаю китобҳо ба табъ расидаанд ва шахсияту коргоҳи эҷодии адибро бозгӯ мекунанд.
Бахши чорумро мусоҳибаҳои Шералӣ Мӯсо бо рӯзноманигорон, ки дар солҳои гуногун ба вуқӯъ пайвастаанд, дар бар гирифтааст.
Китоби «Шералӣ Мӯсо дар пажуҳишҳои илмиву оммавӣ» барои доираи васеи хонандагон, махсусан, муҳаққиқону пажуҳишгарони соҳаҳои публитсистикаву адабиёт муҳимму судманд мебошад.

 

Н. ОХУНЗОДА,

ходими калони илмии шуъбаи

ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.