АНДЕШАЕ ЧАНД ПЕРОМУНИ РУШДИ ҲУНАРИ КИНОИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ
 

Баръакси замони Истиқлол, дар замони шуравӣ кинои тоҷик хеле тараққӣ карда, бо тавлиди як қатор филмҳои таърихию бадеӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Сенариянависони он замон кӯшиш мекарданд, чизи наве эҷод намоянд, чизе, ки ба дарди мардум хурад ва дар баробари фароғати онҳо эҳсоси шинохти худу худогоҳиро дар вуҷудашон тавлид созад.

Филмҳои он замон моломоли ҳувияти миллӣ буд. Дар он ҷо таърихи миллат, фарҳанги оламшумули он ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба маърази намоиш гузошта мешуд. Ҳамчунин  он филмҳо дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ нақши босазое доштанд. Тавлиди филмҳои “Дохунда”, “Ҳасани аробакаш”,  “Қисмати Шоир”, “Коваи Оҳангар”(1961), “Достони Рустам” (1970), “Рустам ва Суҳроб” (1971), “Достони Сиёвуш” (1976) далели гуфтаҳои болоянд.

Дар муқоиса ба давраи шуравӣ, баъди соҳибистиқлол шудани кишвар кинои тоҷикро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта, таваҷҷуҳ ба филмҳои таърихӣ коста гардид. Чеҳраҳои бузурги таърихии халқи тоҷикро маҳз ҳунари кино метавонад эҳё созад. Шинохти чеҳраҳои таърихӣ, мисли Спитамен, Шерак, Абумуслими Хуросонӣ, Фазли Бармакӣ, Тоҳир ибни Ҳусейн, Яъқуб ибни Лайс, Темурмалик ва ғ. мардумро ба худшиносии миллӣ раҳнамун карда, бахусус насли наврасро дар рӯҳияи ватандорию ватанхоҳӣ тарбия менамояд.

Барои рушди бемайлони соҳаи киноматографияи тоҷик, тарбияи мутахассисони соҳа, сохтмони кинотеатрҳои замонавӣ ва ғайраҳо ҳарчанд аз ҷониби ҳукумату давлат ва алалхусус Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Э. Раҳмон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде ба тасвиб расидаанд, вале ҳануз пешрафту рушди кинои тоҷик ба талаботҳои худшиносии миллию ҳувияти миллӣ ҷавобгӯ буда наметавонад. Аз ҷумла, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Э. Раҳмон (9.12.2004.№67) барои соҳаи ҳунари кино воқеаи муҳим ва тақдирсоз ба шумор меравад. Санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ, мисли “Барномаи рушди кинои тоҷик дар солҳои 2006-2010”, “Барномаи рушди кинои тоҷик дар солҳои 2011-2015”, “Барномаи рушди кинои тоҷик дар солҳои 2018-2021”, “Барномаи рушди кинои тоҷик дар солҳои 2023-2027” низ қабул гардида, бояд ба амал татбиқ карда шаванд.

 Вале дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо моро зарур аст, ки қаҳрамонони худро тариқи филмҳо ба худ ва ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ифтихороти миллӣ дошта бошем, бо гузаштагони бошарафи худ ифтихор намоем ва донем, ки дар муборизаҳои ватанхоҳию ватандорӣ аз миллатҳои дигар ҳеч камӣ надорем. Эҳсоси баланди озодипарастӣ, ғурури ватандорӣ ва хештаншиносиро бо тамошои филмҳои таърихӣ дар вуҷуди ҳар як фарди миллат тарбия намоем.

Муборизаи озодихоҳонаи Спитамен ва пайравони ӯ аз 300 сарбози Спарта ягон камӣ надорад. Деваштичу Темурмалик – ҳаммиллатони қаҳрамонамон намоди барҷастаи мубориза ва ҷоннисорӣ муқобили бегонагон аст. Мо магар наметавонем ба ҷои филмҳои бемундариҷаву бемазмун филмҳои таърихиро ба навор гирем? Чеҳраҳои оламшумули фарҳангиамон, мисли Носири Хисрав, Ҷомии бузургвор ва дигаронро ба маърази тамошо гузорему қаҳрамонони худро на аз силсилафилмҳои туркию узбакӣ, балки аз филмҳои худӣ ҷустуҷӯ намоем?

Ба ин пурсишҳо ҷавобандешаҳои Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов бисёр бамаврид хоҳад буд:

“...Барои ба по хестан ва қомат афрохтани синамои миллӣ бояд сохтори алоҳида ва мустақили идораи давлатии киноматография дубора эҳё гардад;

Барои тавонмандии комили синамои миллӣ – ба нақша гирифтани таҳияи филмҳои калонҳаҷми таърихӣ... Таҳияи ин гуна филмҳо имкон медиҳад, ки тамоми потенсиали эҷодии филмноманависон, ҳунармандон, наққошон, оҳангсозон, коргардонҳо... ва ғайраро ба кор дарорад ва нишон диҳад, ки то чи андоза синамои тоҷик қобилияти созандагӣ дорад...

Фикр мекунем, ки ҳамин зайл филмҳоро оид ба тамаддуни тоисломӣ, оид ба саҳми бузургони пешин ба мисли Зардушт, Маздак, Монӣ , Борбад... ва дигарон бояд таҳия кард”.

Зимни андешаронии ӯ маълум мегардад, ки барномаҳои рушди кинои тоҷик барои солҳои 2006-2010 ва барои солҳои 2011-2015 (бо сабаби воқеӣ набудан!) ба пуррагӣ иҷро нагардидаанд. Аз ин рӯ, масъулон, мутахассисон ва тамоми синамогарони Тоҷикистонро зарур аст, ки сабабҳои иҷро нагардидани ин барномаҳои ҳукуматиро баррасӣ намоянд ва дар таҳияи барномаҳои воқеъӣ ва иҷрошаванда саҳмгузор бошанд.  

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Э. Раҳмон аст, ки бо ҷиддияти тамом иброз медоранд:

«Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зўроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».

Дар ин замина, афкору андешаҳои зиёди хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Э. Раҳмон, барои пешбурди соҳаи кино, мутаассифона ҳануз ҳалли худро наёфта, боиси нигарониҳои зиёде мегарданд. Инак аз пешниҳодоти Э. Раҳмон ёдовар мешавем:

“Кинои тоҷик марҳалаи душвори фаъолияти худро аз сар мегузаронад. Маҳдуд будани имкониятҳои маблағгузорӣ, пароканда шудани ихтисосмандон, куҳна ва корношоям гардидани дастгоҳҳои филмбардорӣ фаъолияти киностудияи “Тоҷикфилм”-ро хеле суст кардаанд.

Таҷрибаи самарабахши истеҳсоли филмҳои ҳунарии телевизионӣ низ, мутаассифона аз байн рафтааст. Барқарор кардани ин соҳа хеле зарур мебошад.

Имрӯз лозим аст, ки соҳаи кино – ин соҳаи бисёр муассир ва фарогири фарҳанги мо аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёбад.

Ба корҳои эҷодӣ ҷалб намудани маблағҳои сарватмандони дохилӣ ва хориҷӣ низ барои пешрафти кинои тоҷик бисёр муҳим аст”.

Хулосаи калом, ҳунари синамои тоҷикро зарур аст, дар ташаккули маънавии миллат саҳмгузор бошад ва эҳсоси баланди ватандорию ватанхоҳиро, ки бешубҳа, ба ҳувияти миллӣ мерасонад, тарвиҷ диҳад ва тарғиб намояд. Бо суханони Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоларо хотима дода, ба он умед мебандем, ки масъулини соҳа ҷиҳати пешбурди ҳунари кино дар кишвари азизамон тамоми чораҳоро меандешанд ва гуфтаҳои Президенти мамлакатро сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод:

“Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намояд, масъалаҳои муҳимми ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ чораҳои зарурӣ андешанд”.  

АДАБИЁТ:

  1. Бозтоби масъалаҳои фарҳанг дар ВАО, / Маводи таълимбарои донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ// – Хуҷанд: Меъроҷ, 2013. – 179с
  2. Қодирӣ С. Режиссураи телевизион, кино ва радио, Душанбе: Ирфон, 2011,– 60с.
  3. Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Ҳақдодов С.М., барои Анҷумани ХI, бо таҳлили фарогири авзои Кинои тоҷик дар солҳои 2011-2015, –Душанбе. 2016, –51-52с.
  4. Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Ҳақдодов С.М., барои Анҷумани ХI, бо таҳлили фарогири авзои Кинои тоҷик дар солҳои 2011-2015, –Душанбе. 2016, –51-52с.
  5. Маърӯзаи Пешвои миллат зимни ифтитоҳи ТВ «Синамо» / Ҷумҳурият – 2016.– 02 март. – №43(22865)
  6. Маърӯзаи Пешвои миллат зимни ифтитоҳи ТВ «Синамо» / Ҷумҳурият – 2016.– 02 март. – №43(22865)
  7. Некқадам Т. Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино; Душанбе , Аржанг, с.2019. саҳ. 3
  8. Некқадам Т. Аҳамияти мулоқотҳои наврӯзии Пешвои миллат бо зиёиён. Т. Некқадам.//Адабиёт ва санъат.– 2023. 6 апрел. №13(2192).
  9. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, //Адабиёт ва санъат”, 2015. 29 январ– №5(1768).
  10.  Садулло Рахимов, Очерки истории и теории таджикского кино: этапы идентификации, Душанбе, типография ГУП «Матбаа» – 2220, 196 с.
  11.  Тоҷикистони сурх.– 1930.– 19 май .– №458 (3565)
  12.  Ҷонбобоев, С. Истиқлолият ва эъмори тафаккури нави умумимиллӣ дар Тоҷикистон / С. Ҷонбобоев // Истиқлол ва фарҳанг (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 2017.– С. 100-114.