Ҷавонӣ - фасли беҳтарин ва дилпазиртарини зиндагии мо бо шунидани сурудҳои дилнишину муассири як қатор ҳунармандон чун Ҷӯрабек Мурод, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Нуқра Раҳматова, Махфират Ҳамроқулова, Тоҷиддин Муҳиддин, Муқаддас Набиева, Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Лайло Фуруҳар, Мӯин, Саттор ва дигарҳо сипарӣ шуд ва дар дилу хотираҳо монд. Аксари онҳо имрӯз дар ҳаёт нестанд ва ба абадият пайвастанд. Мо бояд имрӯз ба қадри ин ҳунармандони асил, ки дар қайди ҳаётанд, бирасем Дар тамоми ҷашнвораҳо онҳоро суроғ кунему эҳтиромашонро ба ҷой орем. Солгарди умрашонро ботантана қайд намоем. Бахусус шабакаҳои телевизионӣ бояд дар ин самт намунаи ибрат бошанд.
Чунончи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногоҳ зи якдигар намонем.
Ғаразҳо тира доранд дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Ҳанӯз 15 сол муқаддам бо Нуқрабону мусоҳиб гардида, онро дар рӯзномаҳои “Ваҳдат”-у “Ҷавонони Тоҷикистон” ба табъ расондам. Зимни суҳбат, ки бароямон хеле гуворо ва таассурнок буд, хостам, ки сину соли ин бонуи ҳунарро ноаён муайян намоям. Ҳини гуфтани “баъди хатми мактаби миёна” пурсидам, ки “он кадом сол буд?” Нуқрабону бо як табассуми малеҳ гуфт: -А, не, шумо мехоҳед, сину соламро муайян намоед?...
Чун аз интернет огоҳ шудам, ки Нуқрабону дувуми январ зодрӯз доранд ва ҳаштоду дувумин баҳори умрашонро таҷлил менамоянд, дасти дуо бардошта, саломативу сарбаланди ва саодати дунёву уқборо таманно дорем ва он мусоҳибаро чун зангулаи ёдҳо пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.
-Нуқрабону қадамҳои нахустини шумо ба ҷодаи санъат чӣ сон сурат гирифт ва ҳидоятгаратон кӣ буд?
-Ин касбест, ки онро таҳмил нанамоянд ва ҳунарест худодод. То оне ки Худованд дар дил ва рагу пйванди инсон ҷой накунад, касе ӯро ба ин роҳ ҳидоят карда наметавонд. Ман шукр мекунам, ки Офаридгор ин ҳунарро ба ман ато карда, ба ин роҳ ҳидоят намудааст. Дар хонадон ва авлоди мо чунин ҳунар ба ман муяссар гардид. Падарам гарчанде ҳуқуқшинос буданд, садои хеле форам ва дилпазир доштанд. Он кас сетору рубоб ва модари хонанишинам дойра менавохттанд. Мо хурдакак будему дар ҳавои он мусиқӣ мерақсидему суруд мехондем ва он дар мағзи мо ҷой гирифт. Замоне, ки соҳибақл гаштам, ҳаваси сарояндагӣ дар дилам пайдо шуд. Баробари мактабхон шудан ба дастаи ҳаваскорон шомил гаштам ва дар иду ҷамъомадҳо баромад мекардам. Ҳар тобистон дар азназаргузаронии санъаткорони вилоятию ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамудам. Ҳамин тавр шавқу завқи ман ба ин касб зиёд шуд. Аз тариқи радио сурудҳои Шоиста Муллоҷонова, Муслима Боқиева, Барно Исҳоқова ва дигаронро шунида орзу доштам, ки мисли онҳо сароянда бошам. Ҳануз мактаби миёнаро ба итмом нарасонда, маро ба Филармонияи давлатӣ даъват карданд. Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғуломҳайдар Ғуломалиев маро таълим медоданд. Ҳамчун ҳаваскор борҳо аз тариқи телевизион баромад кардам. Бо пешниҳоди устод Аҳмад Бобокулов ба шуъбаи вокалии Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил шуда, баъди хатми он солҳои тӯлонӣ дар ансамбли “Шашмқом” -и радио ва телеизион фаъолият доштам.
-Устод Абӯабуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз 1150 сол қабл шеъри ноби тоҷикӣ-форсиро ба дараҷаи баланд гуфтаанд. Бешубҳа, ба чунин поя эҷод шудани шеър ошноӣ ба мусиқист. Манзурам он аст, ки барои интихоби суруд ба шумо кӣ дасти ёрӣ дароз мекард ва аз ашъори кадом шоирон интихоб мегардид?
-Ман аз ашъори аксари шоирон аз устод Абӯабуллоҳи Рӯдакӣ сар карда то устод Лоиқ Шералӣ сароидаам. Ин худситонӣ нест, далелу исботҳо хаст. Аксари онҳоро бароям худи оҳангсозон интихоб мекарданд. Дар асоси он шеъре, ки ба оҳангсоз маъқул аст, оҳанг эҷод мешавад. Ҳангоме ки суруд бо оҳанг омузиши пухта ёфт, сарояндагон низ онро мепазиранд. Онҳо сабки хониши маро хуб медонистанд. Чуноне, ки коргардон дарк менамоянд, ки кадоме актёр аз ӯҳдаи иҷрои нақш мебарояд, оҳангсозон низ ҳангоми эҷоди оҳанг медонанд, ки ҳамин нотаҳои пасту баланд ба садои кадом сароянда мувофиқ аст. Зеро ҳар як сароянда диапозони худро дорад. Кам аст овозхонҳое, ки садояшон ба авҷҳои пасту мобайн ва баланд расад. Ин дар мусиқӣ хеле муҳим аст. Оҳангҳое ҳаст, ки хеле мураккабанд ва онро аз худ кардан мушкил аст. Вақте ки сароянда онро дарк накунад ва ба фаҳми он наравад чӣ тавр ба шунаванда расонида метавонад? Қариб бо ҳамаи оҳангсозон ҳамкорӣ доштам.
-Шуморо бештар кадом мавзӯъҳо; ишқӣ, васфи Ватан, табиат, дӯстӣ ва ғайра ба худ ҷалб мекунад?
-Аксарияти сурудҳоям дар васфи Ватанамон–Тоҷикистон ва Душанбеанд. Бештари сарояндагон сурудҳои лирикию ишқӣ мехонанд, то ҳаводоронашон зиёд бошанд. Мардум, хоса ҷавонон сурудҳои ишқиро дӯст медоранд. Бо вуҷуди ин сурудҳои ишқӣ низ дорам.
Ҳоло сарояндагони ҷавон дар васфи Тоҷикистон, Душанбе суруд мехонанд. Ман аз он ифтихор дорам, ки васфи Ватанро кайҳо сурудаам.
Чунончӣ шеъри Боқӣ Раҳмизода “Навбаҳори нозанинам, Тоҷикистон”, шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ “Шаҳри меҳнат, шаҳри роҳат, шаҳри ман”, ҳамчунин, аз Ҳадиса Қурбонова “Тоҷикистони азизам, модари ҷони азизам”. Дар репертураи ман, ки ҳоло “ситора”- ҳо онро “албом” мегуянд, суруде бахшида ба чупон дорам, ки аз Мирзо Турсунзода аст; “Чӯпон ба сари кӯҳ чаридан рама дорад”, ё “Рӯди кӯҳӣ” ; “Рӯди кӯҳӣ ту сароӣ ба ҳавои дили ман”, “Ба деҳқон” шеър аз Лоиқ Шералӣ; “Рӯи сурху чашми серу хотири шод”.
Суруд аз Зиё Абдулло: “Таронаӣ, таронаӣ ”, Суруди “Дӯстӣ” аз Нодир Шанбезода; “Нағмаи нав месароям бо рубоби дӯстӣ”, ё худ суруд аз Лоиқ “Аз дур ошёни туро ёд мекунам”.
- Сурудҳо ҳамчун фарзанданд. Модар ҳамаи фарзандонашро дӯст медорад. Вале аз байни ҷигарбандон боз онҳое азизанд, ки бештар ба ӯ меҳрубонанд. Шояд ман хато кунам? Чунончи Паёмбар Яъқуб аз ҳамаи фарзандонаш бештар Юсуфро дӯст медошт...
- Бале, ҳамин тавр аст. Дар байни сурудҳоям сурудҳое ҳастанд, ки ба ман бештар маъқуланд. Ҳамаи сурудҳоям бамаънӣ, панду ахлоқӣ, ибратбахш ва барои тарбияи насли наврас мусоидат мекунанд.
Ҳоло дар толорҳо баъзан сурудҳои кӯчагӣ, бемънӣ, ки вазну қофия надоранд, садо медиҳанд. Сатҳи маънавӣ паст шудааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки кӯдакону наврасон ҳамон сурудҳои бемаъноро қабул мекунанд. Дар замони Шӯравӣ бачаҳои то 16- соларо ба толор роҳ намедоданд. Ё дар вақти сарояндагӣ гулдаста тақдим кардан мумкин нест, зеро он халал мерасонад. Азбаски аксарияти овозхонҳо бо фонограмма мехонанд, бинобар ҳамин барояшон хам шудан ё ҷаҳидан фарқ надорад. Ин ба дараҷае расид, ки дар тӯйҳо низ бо фонограмма мехонанд. Барака ёбад Сардори давлат, ки онро манъ кард. Ҳамаи сарояндаҳо садо ва симои хуб доранд, вале танбалӣ мекунанд.
Дар пахши мустақими телевизион ба яке аз сарояндаҳои маҳбуби мо саволе доданд, ки чаро ӯ бо лаҳни эронӣ мехонад? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки байни лаҳни эрону афғону тоҷик фарқе намебинад.
Сарояндаи машриқзамин Аҳмад Зоҳир аз аксари оҳангҳои ҷаҳон бохабар буд, вале бо лаҳни хеш месароид. Шодравон Тоҷиддин Муҳиддин суруди “Ошиқ шудаӣ, эй дил” ё “Ман омадам вой, вой”- ро бо лаҳни ба худ хос иҷро мекард. Гарчанде сурудро аввал оқои Залон ва баъдан овозхони маъруфи Афғонистон оқои Хаёл месуруданд. Тақлид ҳунармандро ба ҷое намерасонад, ҳар кас бояд роҳи худро ёбад. Ин насиҳати дӯстона аст.
-Беҳтарин сурудаи шумо кадом аст ва ҳангоми сурудан худро чӣ тавр эҳсос мекунеду пеши назартон чӣ ҷилвагар мешавад?
- Шояд “Дилнома”–и Лоҳутӣ аз дӯстдоштатарин сурудҳоям бошад, ки бо тамоми вуҷудам ба он дода мешудам;
Чаро берангу бӯй зй дил, зй дил?
Киро дар ҷустуҷӯӣ эй дил, эй дил?
Бирав з-ин дар намехоҳад туро ёр,
Аҷаб беобурӯӣ эй дил, эй дил.
Масалан, вақте ки суруди “Бадахшон” ё “Тоҷикистон” - ро мехонам, беихтиёр пеши назарам ҳамон манзараҳои зебои табиати диёрамон, кӯҳҳои сарсафеду чашмасорон, хониши мурғон, рӯду дараҳои сабзу хуррами Бадахшону Зарафшон ва Хуҷанду Хатлон меоянд.
-Чӣ бояд кард, ки дар муқобили ҷаҳонишавӣ забони мо, анъанаҳои хуби миллии мо пойдор бимонанд?
-Миллатро аз чӣ мешиносанд? Аз забон, фарҳанг, либос. Забони тоҷикӣ-форсӣ аз бойтарин забонҳои дунёст. Он ба мо бо шири модар ворид шудааст.
Касе, ки миллату ватанро дӯст дорад, бояд ба забони адабии хеш сухан гӯяд, бо лаҳни тоҷикона сарояд ва дорои фарҳанги баланди тоҷикона бошад. Мо бояд мусиқӣ ва лаҳни шевои хешро дошта бошем. Агар таҳкурсии мо мустаҳкам бошад, касе онро дигар карда наметавонад. Мехоҳам, ки санъати асили тоҷикро ҳунармандони ҷавон рушду нумӯ диҳанд. Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Муслима Боқиева, Ҷӯрабек Мурод, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Нигина Рауфова ва дигарҳо санъати миллии моро ба пояҳои баланд расондаанд. Чаро имрӯз Нигинаро суроғ намекунанд? Барои чӣ дар консертҳои ҳукуматӣ Лола Азизова, Хосияти Зарафшонӣ ва Муҳаррама Шарифова иштирок надоранд. Эстрадаи мо навбаромад ва ба назари дигарҳо хандовар аст. Баръакс бояд санъати миллии худро рушд диҳем, то дар муқобили ҷаҳонишавӣ пойдор бимонем.
Мунаввари Сафар