Яке аз маросими тӯйи арӯсии мардуми Дарғи Шариф “Шаҳбарун”маҳсуб меёбад, ки сокинони ин русто аз қадимулайём ду соат қабл аз фаро расидани шом бо баланд шудани садои дойра дар хонаи домод ҷамъ омада, базм меороянд. Сипас шаҳ либоси миллӣ мепӯшаду ӯро ба аспи беҳтарин савор карда, оҳиста-оҳиста роҳи хонаи арӯсро пеш мегиранд. Мардон пеш-пеш ва дар атрофи шаҳ роҳравон ин таронаҳои қадимаро, ки хоси мардуми Дарғ аст, дастҷамъона ва бо як овоз мехонанд. Устод Ҷӯрабек Муродов зимни ширкат дар базми хонадоршавии шогирдаш Саидмирзои Назрӣ ин таронаҳоро навишта, сипас бо ҳамон оҳанги дарғиёна суруд, ки бо номи “Сюитаи Зарафшон “ маъруф шуд.
Дар урфият мегӯянд, ки “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст”. Ду сол қабл бо устод Ҷӯрабек дар Душанбеву Хуҷанд мусоҳиб гардида, китоберо бо номи “Саду як пурсишу посӯх бо Ҷӯрабек Муродов” таълиф ва мураттаб сохтам, ки дар арафаи чоп аст ва ин нуқтаро худи устод таъйид ва тасдиқ карданд, ки онро меорем:
-Бешубҳа, орзуву омол, ишқу муҳаббат, фироқ , дарду ҳасрат ва тамоми шодиву фараҳ ва ғаму андӯҳи мардум, пеш аз ҳама, дар кӯтоҳтарин манзумаҳо- байту рубоӣ ва дубайтӣ таҷассумва ифода меёбанду аз ёдҳо ба ёдҳо мемонанду аз хотираҳо зудуда намегарданд. Рӯ овардани шумо ба ин жанрҳои шеърӣ чӣ сон сурат гирифт?
-Дар овони бачагию наврасӣ ба лалмидаравӣ мерафтем. Замони душвори баъдиҷангӣ буд. Бо вуҷуди ҳама душвориҳо мардум зиндадилу фараҳманд ва ба саодати оянда бо эътимоди қавӣ менигаристанд. Дар як тарафи доманакӯҳ мардону мӯйсафедону писарбачаҳо ва дар тарафи дигар занону духтарон гандум медаравиданд. Байни ҳам дар чидани лалму хондани байту рубоӣ мусобиқа доштанд. Бахусус, чунин сабқат дар шабҳои маҳтобӣ хеле дилпазиру хотирмон буд. Баъдтар сароидани рубоиёт аз ҷониби Шералӣ Ҷӯраеви Мавригӣ бароям таъсир гузошт. Сипас, 21 декабри соли 1977, бори аввал ба яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Айнӣ-Дарғ ба тӯйи хонадоршавии шогирдам Саидмирзо Назриев ташриф овардам. Ростӣ, аз базмороии ин мардум бахусус дар хондани байту рубоӣ ва таронаҳои “Аввал зи Худо гӯяму...”, «На чаман, на гул…», Сарвинозе», «Дилбари ягонаи ман» , «Як дона гул ду донае…» ба ҳайрат омадам, ки дар як гӯшаи дурдасти Ватанамон ҳамин ҳел мардуми ҳунарманду санъатдӯст зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо ҳам чун дар Куруд мардум зимни базмороӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, бо ҳам дар байтгӯиву рубоихонӣ сабқат мекарданд. Ҳамон гурӯҳ дастболо ва пирӯз маҳсуб меёфт, ки дар ҷавоб байти обдор ва аз ҷиҳати мазмуну мантиқ баланд ва муносибро гӯяд. Масалан яке мехонад:
Дар айни ғурури бачагим ман мастам,
Афсӯс, ки ҷавонӣ меравад аз дастам.
Дигаре дар ҷавоб мехонад ва ӯро мазаммат мекунад:
Аз уҳда намебурӣ чӣ корат мундас,
Ин хешу табори ту ба кулфат мундас.
Яке аз сарчашмаҳои тавлиди «Сюитаи Зарафшонӣ» ана ҳамин байту рубоӣ ва таронаҳои мазкур мебошанд, ки пешкаши тамошобинон ва шунавандагон гардид. Бешубҳа, он чи аз халқ мебарояд, ба халқ писанд меояд.
Чанде аз ғазалҳои “Шаҳбарун”-ро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:
АВВАЛ ЗИ ХУДО ГӮЯМУ...
Аввал зи Худо гӯяму дуюм зи Расул,
Як номи Муҳаммад(с) асту олам машҳур.
Аз бесабрӣ касе ба ҷое нарасид,
Аз сабр расид ба ҷой Айюби сабур.
Эй Қодири Зулҷалолу Султони карим,
Дармондаи кори хешаму дастам гир.
Ман рафта ба Шоҳи Зинда сар мемонам,
Бо рӯҳу равони Хоҷа, дурдони басир.
Эй сирри ту дар синаи ҳар соҳиби роз,
Пайваста дари раҳмати Ту бар ҳама боз.
Ҳар кас,ки ба даргоҳи Ту ояд ба ниёз,
Маҳрум зи даргоҳи Ту кай гардад боз?[1]
Ё Раб ба ҷамоли Мустафои арабӣ,
Бо ҳурмати шасту чор авлоди Набӣ,
Шарманда масоз ба ҳурмати рӯҳи Набӣ,
Рӯзе, ки ҳисоби бандаро металабӣ.
Вой аз ману вой аз ману аз ман гӯяд,
Таъзия ба он касе, ки имон набарад...
Шамшери Алӣ ба қабза як шери дусар,
Пайғамбари мо нишаста рӯйи минбар,
Қуфлаш Ҳасану Ҳусайн, калидаш Ҳайдар,
Дидори Худо, шафоати Пайғамбар.
Ҳой тавба, ёри мане,
Ҳой ту ҳамон, ҳамон, ҳамонӣ, ёре,
Ҳой ту ки ҳоли мо надонӣ, ёре,
Ҳой ту ҳамон номеҳрубонӣ, ёре,
Ҳой ту ба назар чӣ хушнамоӣ, ёре...
Бо хатми он ғазали дигар оғоз меёбад:
НА ЧАМАН НА ГУЛ
На чаман, на гул, на бӯстон,
Ки канад гул аз гулистон.
Хабарест, ки нав расида,
Ту магар хабар надорӣ?
Ту биёӣ аввали шаб,
Дари субҳ(у) боз(у) бошад.
Шаби ошиқони бедил,
Чи шаби дароз(у) бошад.
Чи шабест,ки маҳ барояд,
Маҳи ман зи дар дарояд.
Маҳи ман чу хирмани гул,
Ба канори шаҳ дарояд.
Ба канори дашту ёбон,
Шуда ёри ман муғелон.
Ба ҷуз аз суроғи Лайлӣ,
Хабари дигар надорам.
Хабарест, ки пур зи ғавғо,
Зи даруни қаъри дарё.
Зи талош(у) меравем ло,
Ғами болу пар надорам.
Сарамон ниҳода бар сар,
Рухамон ба оби дида.
Чу газида мори ишқат,
Ҷигари кабоби моро.
На табибу мешиносад,
На ҳакиму ин даворо,
Ба тавофи Каъба рафтам,
Ба Ҳарам раҳам надоданд.
Ки буруни дар чи кардӣ?
Ки даруни хона ойӣ.
Ба суроғи хона рафтам,
Ҳама бозу боз дидам...
Сипас суруди “Гуфтам духтар...” оғоз мешавад.
ГУФТАМ ДУХТАР...
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, бӯса ба мо деҳ, озодаҷоне,
Бӯса ба танга, эй шоҳи ҷоне,бӯса ба танга,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, танга ба мо деҳ, озодаҷоне,
Танга ба киса, эй шоҳи ҷоне, танга ба киса,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, киса ба мо деҳ, озодаҷоне,
Киса ба ҷома, эй шоҳи ҷоне, киса ба ҷома,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, ҷома ба мо деҳ, озодаҷоне,
Ҷома ба буғча , эй шоҳи ҷоне, ҷома ба буғча,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, буғча ба мо деҳ, озодаҷоне,
Буғча ба сандуқ, эй шоҳи ҷоне, буғча ба сандуқ,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, сандуқ ба мо деҳ, озодаҷоне,
Сандуқ ба уштур, эй шоҳи ҷоне, сандуқ ба уштур,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, уштур ба мо деҳ, озодаҷоне,
Уштур ба қатор, эй шоҳи ҷоне, уштур ба қатор,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, қатор ба мо деҳ, озодаҷоне,
Қатор ба корвон, эй шоҳи ҷоне, қатор ба корвон,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, корвон ба мо деҳ, озодаҷоне,
Корвон ба сорбон, эй шоҳи ҷоне, корвон ба сорбон,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, сорбон ба мо деҳ, озодаҷоне,
Сорбон ба овул, эй шоҳи ҷоне, сорбон ба овул,
Гуфтам духтар, гуфтам духтар, овул ба мо деҳ, озодаҷоне,
Овул ба шовул, эй шоҳи ҷоне, овул ба шовул...
Минбаъд базми дастҷамъона бо сурудҳои “Оҳо-оҳо ёри ман, “Ҳой ҷӯра -сози ман”, “Як дона гул- ду донае...” Дилбари ягона”, “Сад доғи ту...”, “Сабзак ширине”, “Секинак”, “Сарвинозе”, “Дар Пушти Тӯда” дар хонаи арӯс ё ҳамсояи он идома меёбад. Занҳо низ дар алоҳидагӣ базм меороянду сурудҳои “Ёри шаҳ булбуле...”, “Шаҳ барояне...” ва таронаҳои “Воя ҷувунийе (ҷавоние)...”, “Ҳай ҷуне...” ва ғайраро месароянд.
Тафсилоти маросими хонадоршавии мардумии деҳаи Дарғи Шариф, аз ҷумла, “Шаҳбарун” дар китобҳои устод Ҷӯрақул Ҳасанов “Қомӯси диёри мардуми сарбаланд”, Саидмирзои Назар “Бо лаҳҷаи дарғӣ”, Мунаввари Сафар “Дарғ дар масири таърих” оварда шудааст.
Мунаввари Сафар,
мутахассиси пешбари
Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот