Мардуми кишвари мо бо сарварии Пешвои мунису ғамхор ин сарзамини кӯҳанбунёдро тадриҷан ободу сарсабзу хуррам менамоянд. Дар тӯли беш аз 30 сол дар самтҳои мухталифи ҷомеа пешравиҳои азим ба назар мерасад, ки мебоист ба ҳар яки он самтҳо рисолаҳо навишт. Ҳанӯз аз солҳои нахуст масоили эҳё ва рушди фарҳанги бостонӣ ва мерос аз ниёгони мо бо сатрҳои заррин дар ҳама Паёмҳои сарвари давлат ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ тӯли солҳои 2018 – 2023 зимни роҳандозии чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ беш аз 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, бар замми он зиёда аз 300 миллион аз ҷониби бонкҳои кишвар қарзҳои имтиёзнок қисмат карда шудааст, ки ин имконият ва шароит фароҳам меоварад, ки ин соҳаи басо муҳимму мубрам ва барои ҷомеа судманд боз ҳам рушд ёбад, самтҳо ва мавзеъҳо, хатсайрҳои навини ҷолиби диққати кишвари моро ба меҳмонони бурунмарзӣ муаррифӣ намояд. Дар ин бобат дастовардҳои назаррас ба миён омад: ташкили Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани чандин мутахассис, бунёди 1450 иншооти сайёҳӣ ва таъсиси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, филиалҳои он дар Хатлону Хуҷанд, коллеҷҳо ва литсейҳо ва соирин аз зина ба зина боло рафтани ин самт гувоҳӣ медиҳад. Донишгоҳи мазкур дар муддати як сол ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар бунёди иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ комёбиҳои беназирро ноил гардид. Ташкилу таъсиси факултаву кафедраҳои соҳаи сайёҳӣ, технопарку осорхонаҳо, бунёди меҳмонхонаи таълимӣ, хизматрасонии тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо таъмини тамоми дастгоҳу воситаҳои омӯзиш муҷаҳҳаз гардонида, ба хизмати толибилмон қарор дорад. Дар нақшаи таълимии факултаи сайёҳӣ фанҳое шомил гардидаанд, ки бевосита ба самту соҳаи сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва қабули меҳмону пазироии он марбут аст. Ҳамаи ин чорабиниҳо ва бунёдкориҳо дар асоси татбиқи ҳуҷҷати муҳимми ҷомеаи мо – Паёми сарвари давлат роҳандозӣ гардида, дастури амалии ҳар як фарди равшанзамир ва масъулиятшинос аст.
Ва инак, шаш сол мешавад, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баҳрабардорӣ ва роҳандозӣ қарор дорад. Мувофиқи шарҳу тавзеҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳлилгарони Воситаи ахбори умум Стратегияи мазкур фарогири се марҳала: марҳалаи рушди суръатнок (2019 – 2022); марҳалаи ба анҷом расидани саноатикунонии босуръат (2023 – 2026) ва марҳалаи ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (2027 – 2030) роҳандозӣ мегардад.
Барои боз ҳам боло рафтан ва тақвияту рушди соҳаи сайёҳӣ сарвари давлат чунин чораву тадбирҳоро муҳим мешуморад:
“Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.
Ин дастур водор менамояд ва имконият медиҳад, ки нисбат ба ин самту соҳа бетараф ва бетаваҷҷуҳ набошем. Ҳар як мавзеъ ва иншооти таърихӣ, ки намуна ва дастоварди фарҳангии мост, ҳифз намоем ва кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки барои муаррифӣ намудани он ба мардуми бурунмарзӣ тадбирҳо бияндешем. Дар Паём мушоҳидаҳо дар асоси асноду далелҳо зикр мешавад, ки “имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда басо зиёданд” ва ин имкониятҳо кормандони соҳаи сайёҳиро водор менамояд, ки ба ҷуғрофиё ва харитаи кишвари Тоҷикистон дида бардӯхта, фаъолият ва захираҳои зеҳнии хешро ба кор бигиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навин “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2023) иброз доштанд, ки дар соли 2023 мувофиқи ҳисоби оморӣ аз хориҷи мамлакат беш аз як миллиону дусад ҳазор нафар сайёҳон вориди кишвар гардидаанд.
Таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ғамхориҳои беназири он нисбат ба осорҳои бостонӣ ва иншооти фарҳангии сарзамини Ватани хеш басо бузург аст. Мо анқариб ҳар сол дар ин ё он гӯшаи марзу буми хеш иншооту мавзеи фарҳангиеро тармим ва аз нав эҳё намуда, таърихи онро муайян ва ҷашн мегирем. Ва дар ин ободкориву бунёдгарӣ миллионҳо маблағи давлат сарф мешавад, то ки аз ин пораи хоки Ватан шаҳрвандони ин сарзамин ва мардуми аз хориҷ воридгардида ғизои маънавӣ бигирад ва аслу насабу гузаштаву бумӣ будани соҳибони ин марзро бидонад.
Президенти мамлакат маҳз дар ин ҳамин бобат қазоват менамояд:
“ ...тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масоили соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеи башарӣ гардид.”
Дар ин бобат Сарвари давлат бар ҳадафи боз ҳам густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ дар ин соҳа пешниҳод менамояд, ки “дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.” Чунин тадбир шароити боз ҳам муфидеро фароҳам меоварад, ки мутахассисони варзида ва корозмудаву таҷрибаандӯхта пайи пажуҳиш ва тармиму барқарорсозии осори фарҳангии ҳазорсолаҳо, ки чун “зар дар зери хоку хокистар мастурмонда” қарор дорад, барҷаста муҷассам гардад ва нишоне аз умқи бостон ба мо дарак ва башорат бидиҳад.
Пажуҳишҳои илмӣ чун сармояи инсонӣ дар ҳама давру замон пояи асосии пешравии ҷомеа қарор дорад. Ин самт дар Паём “калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа” арзёбӣ гардидааст. Мусаллам аст, ки солҳои охир пажуҳишҳои илмӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа сифатан коста гардидааст. Рисолаҳои илмие, ки баҳри ҳимоя пешниҳод мегарданд, ағлаб хушку сатҳӣ, тарҷума аз дигар забонҳо, такрори маводҳои пешин, суистифода аз интернету дигар васоити техникӣ мебошанд. Иллати асосӣ дар он аст, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи амалӣ – таҷрибавӣ надоранд. Муаллифон ин рисолаҳоро танҳо барои шуҳрат, обурӯй гирифтан, маоши баландтар ба даст овардан, унвон доштан ҳимоя менамоянд ва баъд аз ҳимоя солҳои сол дар фикри эҷоду иршод нестанд. Чунин вазъи ногувор нигароникунанда буда, оқибат ба натиҷаҳои манфӣ мебарад ва қадру қимат ва арзиши илм коста мегардад.
Низоми маориф, рушду нумуи он яке аз самтҳои асосӣ буда, бунёд ва бунлоди ҳар як миллату давлат маҳсуб мегардад. Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар таъкид менамояд, ки “ ... авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо дорад.” Мутаассифона, ин самт дигаргуниҳои ҷиддиро тақозо дорад. Эроду шикоятҳое, ки солҳои охир аз ҷониби падару модарон, таҳлилгарони Воситаҳои ахбори умум ва аҳли фазлу дониш арзёбӣ мегардад, заминаи воқеиро моликанд. Бо истиснои муассисаҳои президентӣ, хусусӣ ва шартномавӣ сифати таълим дар ағлаби муассисаҳои таълимии ҳамагонӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин костагӣ ва холигӣ сабабҳои бисёре дорад. Аз ҷиҳати ҷанбаи педагогӣ – психологӣ орӣ ва мураккабу чигил будани китобҳои дарсӣ низ ҷавобгӯйи замони истиқлол нест. Аз ин лиҳоз, дар Паём ин нукта таъкид гардидааст: “Вазорати маориф ва илм, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, “ Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро таҳия намояд. Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад”.
Дар радифи ин тадбирҳо бояд иброз дошт, ки дар тӯли беш аз 30 соли истиқлолият чандин лоиҳаҳо аз хориҷ ва дохил дар низоми маорифи кишвар, Академияи таҳсилот, Пажуҳишгоҳи рушди маориф роҳандозӣ гардид, вале мутаассифона, натиҷа ва самараи дилхоҳ ба даст наовард. Зеро мутахассиси таҷрибадоре, ки донандаи хуби мактабу маориф бошад, ангуштшумор аст. Солҳо дар боби таълими салоҳиятнок ҳарф мезананд, вале дар амал ҳеҷ аст. Ин шеваи таълим ҳанӯз соли 1990 дар барномаи адабиёти тоҷики синфҳои 5 - 11 дарҷ гардида буд. Дигар ин ки омӯзгорони фанни адабиёти тоҷик ҳанӯз ҳам аз барномаи пурғалати соли 2007 дарс дода истодаанд, ки аз бемасъулиятии кормандони Пажуҳишгоҳи рушди маориф башорат медиҳад.
Хулоса, Паёми навин ба ҳайси як падидаи тоза дастур ва маншури ҳар як фарди поквиҷдон, масъулиятшинос, фарҳангдӯсту посдори мероси ниёгон роҳандозӣ мекунад. Дар ин боб Сарвари давлат басо хуб қазоват мекунад: “Биёед, соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”.
Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ,
Ходими пешбари илмӣ,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор