ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

26-уми январи соли 2024 дар ҷаласаи навбатии Шурои олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар зимн раиси Шуро, номзади илмҳои филология Абдулфаттоҳ Аминов иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаи фарҳангро яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатиашон низ таъкид намуданд, ки “тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд.

Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”.

Қобили тазаккур аст, ки дар таҳқиқ ва ба Феҳристи ҷаҳонӣ пешниҳод намудани як зумра ёдгорињои таърихию фарҳангӣ, бахусус фарҳанги ғайримоддӣ саҳми ходимони илмии пажўњишгоњ назаррас аст, - таъкид намуд директори муассиса А.Аминов.

Раиси Шурои олимон њамчунин иброз дошт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳам бесабаб набуда, мо-кормандони соњаи фарњангро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, аз ҷумла маърифати ҳуқуқии онҳо ҳамаҷониба мусоидат намоем.   

Сипас, дар мавриди моҳият ва аҳамияти Паёми навбатии Сарвари давлат аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ маърӯзаҳо ироа гардида, дар онҳо ҷанбаҳои мухталифи соҳаи илму фарҳанг арзёбӣ шуданд.

Сараввал ходими пешбари илмӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Қурбон Хоҷаев оид ба самтҳои афзалиятноки рушд додани соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуд. Ӯ ёдовар шуд, ки танҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ тӯли солҳои 2018 – 2023 зимни роҳандозии чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ беш аз 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ба замми он зиёда аз 300 миллион сомонї аз ҷониби бонкҳои кишвар қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки ин имконият ва шароит фароҳам овард, ки ин соҳаи басо муҳимму мубрам ва барои ҷомеа судманд боз ҳам рушд ёбад, самтҳо ва мавзеъҳо, хатсайрҳои навини ҷолиби диққати кишвари моро ба меҳмонони бурунмарзӣ муаррифӣ намояд. Инчунин дастурҳои Президенти мамлакат дар ин масъала моро водор менамояд ва имконият медиҳад, ки нисбат ба ин самту соҳа бетараф ва бетаваҷҷуҳ набошем. Ҳар як мавзеъ ва иншооти таърихӣ, ки намуна ва дастоварди фарҳангии мост, ҳифз намоем ва кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки барои муаррифӣ намудани он ба мардуми бурунмарзӣ тадбирҳо бияндешем.

“Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи кормандони пажӯҳишгоҳ мебошад”, - қайд кард ходими пешбари илмӣ Сафаров Мунаввар. Бояд ёдовар шуд, ки дар самти муаррифии намунаҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик саҳми як қатор олимони ПИТФИ хеле назаррас аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш қайд карданд соли 2023 аз љониби кишвари мо 15 номинатсия дар Рӯйхати репрезентативии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном гардидаанд. Умуман, дар тўли солњои гуногун љињати таҳия ва пешниҳоди 8 унсури фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик саҳми гурӯҳии кории пажӯҳишгоҳ бо сарварии номзади илми филология Дилшод Раҳимӣ хеле назаррас мебошад.

Дар мавриди аҳамияти муҳим доштан ва омили калидӣ маҳсуб ёфтани рушди сармояи инсонӣ, ки меҳвари пешрафти љомеа ба шумор меравад, аз љониби давлату Њукумат дастгирї ёфтани таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он муовини директор оид ба илм, номзади илми филология Мирзоалӣ Ҷӯраев фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд.

Вобаста ба панҷ ҳадафи асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири масъалаҳои сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар тағйирёбии иқлим, бунёди неругоҳи барқӣ обии “Роғун”, таъминоти пурраи аҳолии кишвар бо нерӯи барқ ва кам кардани талафоти он, амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA – 1000,  расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” ва гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат мудири шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр Ифтихор Юсуфов маърӯза кард.

Дар хотима ҳайати ходимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Наќшаи чорабинињои муассисаро љињати иљрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 зикр гардиданд, баррасї ва тасдиќ намуданд.

Носирова Лайло,

котиби илмии ПИТФИ

барчасп: