Дар асоси фармоиши директори ПИТФИ Аминов А., таҳти № 20 аз 06 феврали соли 2024 ҷиҳати омӯзиши вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ва ҷамъоварии мавод аз 12 то 19-уми феврали соли 2024 мо - аъзои гурӯҳи сафари хидматӣ М.Сафаров ва С Мирзоев ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом додем.
Баробари ба шаҳри Бохтар расидан, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омадем. Чун раиси вилоят Давлаталӣ Саидов дар сафари хидматӣ буд, моро муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат Абдусалом қабул кард. Мо зимни суҳбат мақсади худро, ки аз ҷамъоварии мавод барои таҳияву таълифи мақолаҳои илмӣ, тибқи лоиҳаи «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол (барои солҳои 2021-2025)», аз ҷумла, фаъолияти муассисаҳои фарҳангии вилоят – “Хатлонсинамо”, муассисаҳои консертӣ, Дайри буддоии “Аҷинатеппа” буд, иброз доштем.
Муовини раиси вилоят моро бо Мустафо Ватанов, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон муаррифӣ намуд. Ӯ дар навбати худ оид ба фаъолият ва вазъи муассисаҳои фарҳангии вилоят маълумот дод. Назар ба гуфти мавсуф дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои фарҳангӣ 886 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 492 адад китобхона, 286 муассисаи клубӣ, 3 филармонияи халқӣ, 5 театри халқӣ, 3 театри касбӣ, 35 боѓи фарҳангӣ-фароѓатӣ, 18 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли тарона ва рақс ва 3 адад ансамбли касбии вилоятӣ фаъолият намуда, инчунин 933 адад ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2023, аз ҷониби Раёсат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 36459 чорабинии гуногуни фарҳангиву фароѓатӣ, конференсияву озмунҳо, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои омӯзишӣ бо фарогирии 3 011 272 нафар сокинон ташкилу баргузор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи қаблӣ 11847 чорабинӣ ва 1463820 нафар иштирокчӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Назар ба гуфти сардори раёсати фарҳанги вилоят имрӯзҳо бо сабаби хеле кам маблағгузорӣ кардан ва паст будани маош нарасидани раққосаҳо дар ансамблҳои тарона ва рақс бармало эсос мегардад.
Ҳамчунин, бо мудири бахши фарҳанги шаҳри Бохтар Дилбар Зарифова оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва вазъи кунунии онҳо мусоҳиб гардидем.
Рӯзҳои дигар бо мақсади татбиқи мавзуи илмӣ ва иҷрои нақшаҳои инфиродӣ дар ҳошияи лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021-2025)» ҷиҳати омӯзиши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва ҷамъоварии мавод ба
Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омадем. Директори Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” Муҳаббатзода Зафар Валӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки
бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 марҳилаи якуми «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022» ва марҳилаи дуюми «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2023-2027» таҳия ва қабул гардид, ки барои рушди ин соҳа шароити воқеӣ фароҳам овард.
Дар вилояти Хатлон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 5-уми июни соли 2017 дар доираи барномаи рушди кинои тоҷик Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” таъсис ёфта, соли 2023 бо Қарори раиси вилояти Хатлон дар шакли фаъолият, ном ва оиномаи Муассиса баъзе тағиротҳо дароварда шуда, номи Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” ба Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иваз карда шуд. МД «Хатлонсинамо»-и МИҲД-и вилояти Хатлон бо ҷалби мутахассисони қобилиятнок ва ҷавонони соҳибистеъдод фаъолияташро ба роҳ мондааст. Дар давоми шаш соли фаъолияти худ муассиса тавонист якчанд филми ҳунариву мустанад, аз ҷумла 12 филми ҳунарӣ, чун “Марги Сафед” “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Саҳв”, “Фариштаи Умед”, “Бозгашт” “Рӯзноманигор”, “Гирдоб”, “Номус”, “Модар фаришта буд...”, “Сабр” ва силсилафилми “Артист” инчунин, якчанд филмҳои мустанад ва ролику лавҳаҳои телевизионӣ аз манзараҳои зебои вилояти Хатлон омода намуда, тавассути шабакаҳои телевизиониву интернетӣ ва кинотолорҳо пешкаши тамошобинон гардондааст.
Мавриди зикр аст, ки МД “Хатлонсинамо”-и МИҲД вилояти Хатлон то ин муддат бо шароити хуби корӣ муҳайё гардида, бо техникаҳое, ки ба сифати стандартҳои синамои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, таъмин гардидааст, ки ин ба рушди соҳаи синамо дар вилояти Хатлон заминаи хубе фароҳам меоварад.
Мавсуф зикр кард, ки айни ҳол аз ҷониби мутахасисони МД “Хатлонсинамо”-и МИҲД вилояти Хатлон лоиҳаҳои силсилафилми “Пайгир” ва филми ҳунарии “Офтоби сард” коркард шуда истодааст. Ҳамчунин, дар назар аст, ки соли равон боз як филми муштараки бадеӣ дар ҳамбастагӣ бо синамосозони Ҷумҳурии Узбекистон таҳия шавад. Дар оянда низ “Хатлонсинамо” нақшаҳои хеле калон дошта, баҳри муаррифии арзандаи мавзеъҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии вилояти Хатлон филмҳои мустанаду бадеӣ ва видеороликҳои телевизиониро рӯйи навор оварда, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи роҳбарияти кишвар дар самти татбиқи идеологияи миллӣ ва ба ин васила дар рушди синамои миллӣ саҳм мегузорад.
Мо ходимони Пажӯҳишгоҳ, ҳамчунин, Дайри буддоии Аҷинатеппаро дида, оид ба он маълумот ҷамъ кардем. Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми садаи VII ва ибтидои садаи VIII фаъолият доштааст. Аҷиннатеппаро дар ноҳияи Кушониён (15 км дуртар аз шаҳри Бохтар) вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кард. Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом расид.
Дайри буддоии Аҷинатеппа ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод гардидааст.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ
Ходими калони илмии шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ
М. Сафаров
С. Мирзоев