Шаҳри Панҷакенти бостонӣ яке аз куҳандиёрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, ки бо таърихи панҷунимҳазорсолааш таҷассумгари фарҳанг, маърифат, маданияти мардуми тамаддунофараш мебошад.
Аз тадқиқоти бостоншиносон дар Панҷакенти бостонӣ жанрҳои гуногуни мусиқии маҳаллӣ байни мардум паҳн гаштааст. Аз ҷумла, мусиқии мавсимӣ, мазҳабӣ халқию классикӣ ва мақомҳои маҳаллӣ аз ҷониби иҷрокунандагон рушду сайқал ёфта, шакл ва мазмуни худро муайян сохтааст.
Шаҳри Панҷакент ба олами санъати мусиқии тоҷик ҳунармандони варзидаеро тарбия намудааст , ки онҳо бо маҳорат ва эҷодиёти хеш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтаанд. Аз ин куҳандиёр устодони бузурги созу наво аз қабили Гулоб Амонов, Искандар Бобоев, Темур Ҷалолов, Сироҷ Сафаров, Баёнқул Облоқулов, Аслиддин Мастонов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Умрибой Баҳриев мактаби нотакрори баргузидае ба насли ояндаи диёрамон ба мерос гузоштаанд. Ин мактаби ҳунарӣ бо суннатҳои маҳаллӣ заминаи боэътимод барои ҳунармандону мутрибони хушилҳоми ин диёр гардид.
Бобоев Уктам Азизқулович ( 23-05-1964) аз зумраи он мутрибоне мебошад, ки дар рушду нумуи санъати асили аҷдодӣ дар фазои фарҳангии кишвар ва хоса фазои фарҳангии Панҷакенти бостонӣ нақши боризе дорад. Бобоев Уктам дар оилаи хизматчӣ ба камол расида , пас аз хатми мактаби миёнаи № 15-и ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1971-1981 фаъолияти ҳунариашро ба ҳайси маъмур дар Театри халқии шаҳр оғоз намудааст.
Пас аз баргаштан аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ соли 1985 сар карда дар бахши фарҳанги мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба ҳайси мутриб ва донандаи мусиқии ҳирфавии аҷдодӣ шомил гардида пайваста баҳри эҷоди оҳангу сурудҳои нав камар бибаст.
Бобоев Уктам дар фазои фарҳангии бузурги Панҷакент ба камолоти ҳунарь расида, бевосита аз устодони зиндаёд Баён Облоқулов, Сироҷ Сафаров, Умрибой Баҳриев ва Олим Бобоев нозукиҳои санъати мутрибиро сабақ гирифт, ва дар фаъолияти ҳунариаш истифода бурд.
Дар тӯли ин солҳо сароғоз аз соли 1985 дар Театри халқӣ ба ҳайси мутриб, соли 1986 мудири клуби сайёр, соли 2012 роҳбари бадеии Кохи Фарҳанг ва соли 2013 роҳбарии мусиқии ансанбли “Тарона ва рақс”адои вазифа менамоял. Собиқаи ҳунарӣ, мактаби фаҳангии бою ғанӣ, ки ӯ худ шомили он буд водор намуд, ки баҳри эҷоду навовариҳо кӯшиш намояд ва аъзои ансамбли “Тарона ва рақс”-ро пайваста ба ин раванд ҳидоят намояд.
Мутриби чирадаст будани ин ҳунармандро иштирок дар ҳамоишҳои бузурги фарҳангӣ, озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, шаҳриву ноҳиявӣ исбот менамояд. Соли 1999 бо Ҳунарпешаи шоисти Тоҷикистон, зиндаёд Олим Бобоев дар озмуни “Шарқ тароналарӣ” фаъолона иштирок намуда, мақоми сеюмро сазовор гардидаанд. Устоди зиндаёд, Олим Бобоев ба ҳунари мутрибии Уктам Бобоев баҳои баланд дода, дар ҳама консертҳояшон нозукиҳои ҷӯрии ансамблро бо ӯ вогузор менамуданд. Дар баробари ин Уктам Бобоев ба ҳайси роҳбари ансамбл ва мутриб дар озмунҳои “ Бӯстон 2”- соли 1986, “Ганҷина”- соли 1984, “Андалеб” солҳои 1996 то соли 2018 иштирок намуда мактаби ҳунарии Панҷакенти бостониро муаррифӣ намудааст.
Фаъолияти пурмасъули ҳунарӣ ӯро ба мартаби устодӣ расонда, дар байни мардум чун мутриби чирадаст соҳиби обрӯву эътибор гардидааст. Мартаби устодӣ ӯро барои эҷодӣ мусиқиҳои асил ба матнҳои “Илоҳо зинда бошӣ”, соли 1983, “Ватан”,- 2003, “Истиқлол”, 2012, “Тоҷикистон”, 2013, “Милиса”, 2017, “Ҷавониро фидо кардам”, 2022, Панқакент”, 2004 ва даҳҳо мусиқиҳои ҷолиб эҷод намудааст.
Уктам Бобоев ҳамчун мутриби чирадаст дар чорабиниҳои оммавӣ- фарҳангӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ фаъолона иштирок намуда, барои пуршукӯҳ ва ҷолиб гузаронидани он ҳиссагузор мебошад ва нисбат ба худ ва шогирдонаш сахтгир буда, пайваста дар омӯзишу таълими шогирдонаш заҳмат мекашад. Дар баробари ин, ҳунарманд донандаи хуби “Шашмқом” мебошад ва дар ансамбли шашмақомсароёни “Наво”-и Панҷакент ба ҳайси мутриб ширкат варзида дар тозасароию суфтанавозӣ шахси масъул мебошад. Ӯ дар ҳамаи созҳои миллӣ , чи торӣ бошад ва чи зарбию созҳои аврупоӣ устоди варзида буда, пайваста барои омӯзондани нозукиҳои ин созҳо ба шогирдонаш маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Ин ҳунарманд мактабаи ғании худро дорад ва дар Бостоншаҳри Панҷакент мавқеи сазовори хешро касб намуда, дар байни ҳамкорон ва мардуми фарҳангпарвари шаҳру деҳоти Панҷакент эҳтироми баланд дорад. Шогирдони Уктам Бобоев аз қабили, Сурайё Абдуллоева, шодравон Савринисо Маъмурова, Улмас Исломов, Дилрабо Қурбонова, Далери Исматулло, Некбахти Аброр, Зулфия Юсуфӣ, Файзулло Тошев ва даҳҳо нафари дигар имрӯз давомдиҳандагони мактаби ҳунарии арбобони санъати мусиқии Панҷакенти бостонӣ мебошанд. Бо роҳбари Уктам Бобоев ба ҳайси роҳбари ансамбл, чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо иштироки ин ҳунармандон дар сатҳи касбӣ гузаронида мешаванд.
Хидматҳои шоистаи Бобоев Уктам Азизқулович дар ҷодаи ҳунарварӣ ва рушди санъати мусиқии миллӣ аз тарафи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ шуда, ӯро соли 1996 бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуд, инчунин ӯ дорандаи сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва дипломҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мебошад.
Дар маҷмӯъ ин ҳунарманди асил, мутриби чирадасти фазои ҳунарии Панҷакенти бостонӣ дар партави сиёсати фарҳангпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, камари ҳиммат баста, баҳри рушду нумуи фарҳанг, суннатҳои миллӣ, санъати мусиқии ҳирфавии аҷдодӣ кору фаъолият намуда истодааст.
Раҳимов Билолиддин Раҳмонзода,
Ходими калонӣ шуъби санъатшиносии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг
ва иттилоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон