Таърихи пайдоиши асбоби мусиқии - фортепиано

Асбобҳои мусиқӣ аз рӯи ҳаҷму намуд  мухталиф буда, онҳо ба  мақсади баровардани садои мусиқӣ офарида шудаанд. Умуман  муҳити мо пур аз ҳар гуна садоҳост. Садои кӯча, дарё, гуфтор, нақлиёт ва ҳоказо. Мо ба ҳамаи ин садоҳо чунон сахт одат кардаем , ки ҳаётро бе ҳамаи ин  садоҳо тасаввур карда наметавонем. Аз субҳ то шом мо дар иҳотаи садоҳои ноҷӯр чунон хаста мешавем, ки муҳтоҷ ба шунидани як оҳанги сабук ё як суруди форам мешавем ва аз шунидани оҳанг ё суруди дилхоҳ осудаҳол мегардем, ки он ба мо кайфияти моддию маънавӣ медиҳад. Агар шумо аз ӯҳдаи навохтани ягон асбоби мусиқӣ баромада тавонед, ин боз ҳам авлотар аст зерро, тасаввур кунед, ки аз кор хаста бармегардеду пас аз шустушӯву истеъмоли хӯроки шом ба даст дуторро ё ягон асбоби дигарро гирифта оҳанги дӯстдоштаатонро  зам-зама менамоед ва пай мебаред, ки рӯҳи шумо осуда гардида димоғатон болида мешавад. Агар аз ӯҳдаи навохтан набароед пас шунидани оҳанг  ё суруд аз  радио ва телевизон ба шумо фоидаовару судбахш мегардад.

Ногуфта намонад, ҳар яки мо мусиқиву  сурудҳои дӯстдоштаи худро  дорем ва чӣ оҳанг ва ё суруде, ки ба яки мо писанд аст, шояд ба дигаре маъқул набошад. Яке оҳангҳои эстрадиро дӯст медорад, дигаре фалакро,  сеюмин сурудҳои халқиро ва баъзеҳо шашмақомро ва ғайраву  ғайра. Лек дар маҷмӯъ ҳамаи мо суруду мусиқиро чӣ гунае, ки он набошад дӯст медорем. Бале, ин як ҷаҳони мусиқиест, ки мисоли ҷаҳони растаниву наботот ва ҳайвонот, ки  аз тамошову шунидани он мо одамон ҳаловат мебарем. Чунончи олами мусиқӣ, ки дар он асбобҳои халқӣ, зарбию нафасӣ, клавишӣ ва  ғайраю ғайра мавҷуданд, ки ҳамеша дар хизмати ҳамагонанд ва мо ҳоло дар бораи яке аз онҳо, ки бо ном “фортепиано, роял” мебошад аз таърихи пайдоиши он маълумот медиҳем.  Аслан гуфтан ҷоиз ҳаст, ки фортепиано номи касбии пианино буда, роял бошад шакли консертӣ, яъне саҳнавии он мебошад.

Рояль -  калимаи фаронсавӣ буда, маънии  «сози шоҳона»-ро дорад. Дар ҳақиқат, дар байни асбобхои мусиқӣ аз чиҳати садодиҳии гуногун ба  он ҳеч кадом асбоб баробар шуда наметавонад. Дар он метавон яку якбора  ҳам садодиҳии боқувват ва ҳам мулоиму ҳалим, бо пассажхои нотакрор  навохт.  Он  дар ҳақиқат асбоб - оркестр маҳзсуб меёбад.

Рояль - ҳамчун арфа (сози торӣ) аз як тор ибтидо гирифта, он ба қуттии росткунҷа кашида шуда буд.  Математики қадим Пифагор хусисиятҳояшро  омӯхта, онро чунон мезад, ки ё пурра ё ним ё сеяки вай ба ҷунбиш ояд. Ин асбоб ба асбоби бисёрсима табдил ёфт. Клавесин назар ба дигар асбобҳо бештар писандидаи мутрибон шуд. «Клавис» ё «Клавиша»- маьнияш калид мебошад. Дар хақиқат дар клавесин,  клавишахо фаъолона садо медоданд. Аз он ки бо кадом қувва ту гиронкунаки электрикиро пахш кунӣ рӯшании чароғ вобаста надорад. Аз  қувваи задан ба рӯи клавишаҳои клавесин қувваи садо низ вобастагӣ надошт. Механизми клавесин чунин буд. Дар ин асбоб асарҳои полифониро ( полифония-бисёрсадоӣ) навохтан хубтар буд. Чунки дар полифония хама садоҳо баробаранд ва садодиҳии баробар доранд. Агар навозанда мехост, оҳангро баландтар навохта  аккомпанементро пасттар навозад, дар клавесин ин ғайриимкон буд.

Одатан таьрихи фортепианаро бо оддитарин тарҳ нишон медиханд: клавикорд – клавесин - фортепиано. Дар хакикат, барвақтар аз ҳама клавикорд баьдан клавесин, пас фортепиано пайдо шудаанд. Дар клавикорд ва фортепиано зарба ба сим расида, дар клавесин бошад, сим бо воситаи  пар садо медод. Ихтирои фортепианаро бо номи Барталамео Кристофори пайваст мекунанд. Ӯ дар осорхонаи асбобҳои мусиқие,  ки ба дарбори герцоги Медечи флоренсиягӣ тааллуқ дошт, кор мекард. Рӯзе ба меҳмонони герцог эьлон намуданд, ки онҳоро навгоние интизор аст. Фортепианои ихтироъкардаи Кристофори хамон сюрприз буд, аммо хурсандие ки аз он интизор доштанд, амалӣ нагардид. Фортепиано ба мехмонҳо писанд наомад. Садодиҳии он нисбат ба клавикорд ва клавесин «дағал» буд. Меҳмонон ҳатто тассаввур намекарданд, ки дар пайдоиши асбобе, ки ӯро ин қадар ояндаи дурахшон интизор аст, хузур доранд.

Аммо наметавон онҳоро барои дурандеш набудан гунаҳгор кард. Садодиҳии аввалини фортепиано, ки соли 1709 намоиш дода шуда буд, дар ҳақиқат дағалтар буд.

Барои ҳамин дар Италия эксперимент ҳамчун эксперимент  монд ҳар чанде, ки яке аз рӯзномаҳо муфассал дар бораи Кристофори ва ихтирои ӯ навишта буд. Фортепианаро дар ҳамин ҷо ба чандин даҳсолаҳои баьдан фаромӯш карданд ва пас он ҳам бо кӯшишу ғайрати зиёд машҳур шуд.

Устои итолиёвӣ Бартоломео Кристофори асбоберо сохт, ки дар он болғачаҳо ба симхо зада, бо чарм пӯшонида шуда буданд. Асос дар он буд, ки аз қувваи задан ба клавиша қувваи садо вобастагӣ дошт. Ин ба мутрибон он қадар муҳим намуд, ки онҳо асбобро бо чунин механика «форте-пиано» номиданд.  

   Калимаи - «форте» маьниаш баланд  ва «пиано» - паст мебошад.

Фортепиано дар Германия бештар маъмул гардид. Устои созҳои мусиқӣ Готфрид Зильберман, ки дар Дрезден фабрикаи клавесинҳоро дошт, сифати истеҳсоли фортепианоро тавассути устоҳои худаш хубтар кард. Ин асбобҳо хубтар садо медоданд, аммо назар ба асбобхои муқарарӣ сифати паст доштанд. Бештари охангсозон ва навозандагони ҳамон давра фортепианаро қабул намекарданд.

Зильберман, яке аз асбобҳои худро ба Иоганн Себастян Бах нишон медиҳад, лекин таърифро намешунавад. Бах рӯирост мегӯяд, ки фортепиано дағал ва сабук садо медихад. Баьди 20 сол Зильберман боз фортепианаро пешкаши Бах мекунад ва пайваста кӯшиш менамояд, ки намунаҳои бехтаринро интихоб кунад. Устоди бузург ин бор ба ин асбоб баҳои хубтар медихад.  Шояд ӯ намехост, ки дуюмбора Зильберманро нороҳат кунад. Ба хамаи ин нигоҳ накарда, фортепиано оҳиста-оҳиста барои худ роҳ мекушод. Ин роҳ тӯлонӣ буд: қариб 100 сол фортепиано бо клавикорд ва клавесин рақобат карда наметавонист.

Муддати дарозе клавесин  ҷои худро ба асбоби нав иваз накард, аммо сухани охиронро охангсозон гуфтанд. Онҳо барои форте-пиано чунин мусиқиро эҷод мекарданд, ки иҷрои он дар клавесин ғайриимкон буд. Мотсарт  форте-пиано ва клавесин  менавохт. Бетховен бошад, танҳо барои роял мусикӣ эчод мекард ва менавохт.  Ҳамаи оҳангсозон барои роял асарҳо эчод мекунанд. Шоми дароз пианист метавонад дар роял навозад ва ба шунавандагон садои он якхела нест. Бисёре аз оҳангсозон пианистони машҳур буданд- Мотсарт, Бетховен, Лист, Шуман, Шопен, Рубинштейн,Рахманинов, Скрябин дар назди тамошобинон асарҳои худро дар роял менавохтанд….

Номхои пианистони машҳурро  дар тамоми ҷахон медонанд ва мусиқӣ дар иҷрои пианистони барҷаста Святослав Рихтер, Эмиль Гилелс, Ван Клиберн, Глен Гулд то рӯзхои мо дар тамоми ҷаҳон садо медиҳанд.

Акнун хело мушкил аст, ки бойигарии мусиқии классикиро бе сонатахои  (асари калонҳаҷми мусиқӣ) фортепиании Бетховен, ё тамоми асарҳои  барои фортепианои Шопен - вальсҳо, балладаҳо , этюдҳо тасаввур кунем.

Аммо на ҳама фортепианоро дӯст медоранд ва бештар барои он мебошад, ки онҳо садодиҳии ҳақиқии ин асбобро нашунидаанд. Назар ба орган, ки умуман  онро бо тамоми хусусиятхояш имкони сабт кардан нест, фортепианоро бошад, метавон гӯш кард,  ба шарте, ки   асбобҳои сабткунанда дорои сифати хуб бошанд, ки тамоми нозукиҳои садодиҳиро инъикос карда тавонанд.   Аз ҳама хубтар ин асбобҳоро дар толори консертӣ бояд гӯш кард.

Дигар сози клавишадор орган ё арғунун низ мебошад.

Дар луғати Назарияи  ибтидоии мусиқӣ -  Ҷ.Охунов онро ҳамчун асбоби садопардадори (бодӣ) нишон додааст. «Вай бо корпуси калонтарин ва бо ҳачми васею қувватноки садодиҳии худ аз ҳамаи асбобҳои дигари мусиқӣ фарқ мекунад». Он чанд то чанд тонна вазн дошта, калонтарин асбоб ба ҳисоб меравад. Органро - «Шоҳи асбобҳо» меноманд. Ин соз - сози дӯстдоштаи  Иоганн  Себастян Бах буд, ки асарҳои зиёде барои он эҷод кардааст.

Дар Тоҷикистон  фақат дар бинои Донишгохи Давлатии санъат ва фарҳанг ба номи М.Турсунзода, орган аз давраи шӯравӣ вуҷуд дорад. Ягона органнавоз зани тоҷик  духтари хореграфи барҷастаи тоҷик -  Ғаффор Валаматзода -Дилбар Валаматзода буд, ки марги номаҳал солхои 90- уми асри гузашта, ӯро аз байн бурд. Мутаассифона, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ орган  корношоям шуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз фонди худ 3 млн. сомонӣ барои таъмири он ҷудо карданд, аз Чехия,  устоҳо даъват карда шуданд, ки ин сози мусиқӣ аз он ҷо оварда шуда буд, бо воситаи онҳо он бо  сифати баланд таъмир гардид. Ҳар сол аз тамоми ҷахон органистон, ки хело камшуморанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, консертҳои мусикии органӣ барпо мекунанд.

Рустамова Саида

Мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносии   ПИТФИ

барчасп: