НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПЕШРАФТИ ФАРҲАНГ

Ифтихорӣ одамӣ аз зан бувад,

Эътиборӣ одамӣ аз зан бувад.

Фарҳанг, ки худ ҷавҳари ҳастии миллат аст, аслан дар ниҳоди зан нуҳуфта гашта, онро бо тавлид ва то даврони камолот дар тинати шахс тақвияту пурҷило месозад. Агар ба мафҳуми фарҳанг бандҳои  3, 4, 5 ва 6  - и  Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем,  мақсади аслии зайлро дар меёбем, ки чунин дарҷ гардидааст:

  Банди 3. Одоб, шуур, тарбияи иҷтимоӣ.

  Банди 4. Илм, маърифат.

  Банди 5. Ақл, хирад.

  Банди 6. Тадбир, чора.  

Ҳақиқатан ҳам, ин маъноҳо аз фаъолияту муваффақиятҳои мардумони кураи Замин дарак медиҳад, ки маҳз аз вазифаи ҷонии зан сарчашма гирифта, то кунун идома ёфта истодааст. Оре, зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тȳли таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад.

Дар баробари офаридгор, зан – модар, тарбияткунанда, ва дигар вазоифи мушкили ҳаёт бар дȳш доштан, ҳамчунон мусовии мардон дар самтҳои мухталифи давлатдорӣ қадам зада, фаъолият намуда истодаанд, ки саҳми назаррас гузошта, мавқеи муайянеро пайдо намудаанд. Дар ин маврид шоири ширинсухан, Мирзо Турсунзода хуб қайд кардааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар тȳли қарнҳо нақши занон дар сиёсати пешбаранда мумтоз буда, аз ватану миллати худ ҳимоят намуда, номуси савганди ёд кардаро аз ҷон болотар донистаанд. Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон барои рушду такомул ёфтан ба нақши зан ва саҳми вай ниёз дорад. Зан олиҳаи софу беғубор, инъикосгари зоҳир ва ботини ҳар халқу миллат аст. Бархе аз онҳо дар самтҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, бо ақлу идроки дурандешонаашон чорасозандаи ояндаи дурахшон ҳастанд.

Дар пешрафти сиёсати фарҳангдӯстонаи амалишавандаи Тоҷикистони азизамон, мавқеи зан хело баланд буда, бо лутфу латофат ва заковату олиҳимматӣ мунъакискунандаи чеҳраи намоёни ин давлату миллатанд. Имрӯз тамоми самтҳои пешравандаи давлатро бе зан тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар чеҳраи зани тоҷик омӯзгор, эҷодкор, табиб, муҳандис, рӯзноманигор, сиёсатмадор, муҳаққиқ ва ҳоказо таҷассум ёфтаанд. Дар тȳли 32 соли соҳибистиқлолӣ яке аз пойяҳои устувори созандаи кишвар ин занон мебошанд.

Нақш ва пешрафти зан дар сиёсати маорифпарваронаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар мадди аввал меистад. Доимо бар таъкид ҳастанд,  «Миллат дар он вақт комёб мегардад, ки зан модари он босавод бошад». Маҳз бо ҳамин мақсад 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки аз ба имзорасии он 25-сол сипарӣ гардид. Ба ҳамин гуна аз сабаби рӯзи 8 март иди байналхалқии занон эълон гардиданаш, 6 марти соли 2009 – мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март – «Рӯзи модар» эълон гардид, ки ҳамасола бо як шукȳҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ин қувваи олиҳа бо арзишҳои баланде, ки Худованд дар тинаташ овардааст, воқеан қобили парастиш ҳаст. Бо он қудрати тобу тавонаш дунёро такон медиҳад. Эҳёгари гаронбаҳотарин фарҳанги волои миллати аҷдодист. Муҳимтарин сифати зан дониш, самимият ва навозиш аст.  Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳояшон дар рӯзи модарон қайд карда буданд:  «Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад». Ҳамчунон гуфтаанд: «Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад».

Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.

Дар муаррифӣ ва шинохти миллат нақши фарҳанг, санъату ҳунар хеле муассир аст, ки яке аз арзишҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанги миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Дар ин росто, ки саҳми як қатор бонувон бесобиќа аст. Аз ҷумла дар соҳаи фарҳангу санъат Мушаррафа Қосимова, Фотима Ғуломова, Нигина Раупова, Малика Собирова, Малика Қаландарова, Тȳҳфа Фозилова, Барно Исҳоқова, Марям Исоева, Сайрам Исоева, Дилбар Қосимова, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон саҳми назаррас дошта, бо санъати нотакрори худ хизматҳои шоиста намудаанд.

Пажȳҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз муассисаҳои илмии Вазорати фарҳанг ба шумор рафта, дар даврони соњибистиќлолї фаъолияти таҳқиқотиии он дар рушди самтҳои мухталифи фарҳанг натиҷаҳои назаррас нишон дода, ба комёбиҳои арзишманд ноил гардидааст. Дар натиҷа ва комёбиҳои ба даст овардаи Пажȳҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот саҳми чанде аз бонувон низ қобили ќайд аст. Ба монанди: Назокат Қлычева, Мунаввара Рузиева, Шаҳодат Абдураҳмонова, Гулинор Раҳмонова, Шарофат Мирзоева ва ҳоказо.

Нуќтаи дигарро низ ёдовар шудан зарур аст, ки солҳои охир занон баробари мардон дар самти идоракунии бахшҳои роҳбарикунандаи давлат нақши муҳим ва босазо доранд. Ин аз қудрату лаёқати нотакрори зани ҷасуру далери тоҷик дарак медиҳад. Занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, анъанањои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳунарҳои косибӣ ва ѓайра таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд. Чеҳраи намоёну сиёсатпешгирифтаи ин занон Фароғат Азизӣ, Зевар Давлатзода, Зулфия Давлатзода, Матлубахон Сатториён ва дигарон мебошанд.

Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як фарди баору номус аст.

 

Обрӯи аҳли дин аз пои хоки модар аст,

Ҳарчи дорад ин ҷамоъат аз дуои модар аст!

Ончи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст!

 

                                                                                  Каримова Шамъигул,

Ходими калони илмии

Маркази мероси фарҳангии

 тоҷикон

барчасп: