САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Таҳти чунин унвон рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар доир гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ, н.и.ф. Аминов Абдуфаттоҳ Ҳакимович бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва нақши боризи бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ андешаҳояшро иброз намуд. Пасон, ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, д.и.ф. Ҷумъаев Меҳроб бо унвони «Таҷассуми чанд лаҳзаи ҷолиб дар очерки «Ҷасорати зан»-и Ҷамолиддин Тошматов» маърӯзаеро пешкаши ҳозирин намуд. Мавсуф аз заҳматҳои як зан (ронандаи рустабор Зинаида, ки аз минтақаи Сибири Федератсияи Россия бо ҳамроҳии шавҳараш-Борис ба Тоҷикистон омада, дар сохтмони ГЭС-и Норак ва Роғун саҳм гузоштааст) дар истеҳсолот ва нерӯгоҳҳо дар баробари мардон ёдовар шуда, тариқи баёни воқеоти асар гуфтаҳояшро тақвият бахшид.

Баъдан тибқи барнома ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввари Сафар оид ба мафҳуми зан-модар дар ривоятҳои мардумӣ суханронӣ намуд. Дар маърӯза на танҳо аз ривоятҳои мардумии тоҷикӣ, балки эронӣ ва ҳинду араб низ корбурд кардааст. Дар зимн ӯ ёдовар шуд, ки мақому манзалати зан, хусусан модар дар назди аҳли башар баланд аст.

Маърӯзаи дигар, ки «Нақши зан дар рушди фарҳанг» ном дошт аз тарафи ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Каримова Шамъигул ироа гардид. Мавсуф оид ба нақши занони ҳунарвар ёдовар шуда, ҳамзамон аз занони собиқадори ПИТФИ, ки солиёни дароз дар рушди фарҳанги миллӣ саҳм гузоштанд тариқи слайдҳо маълумот дод.

Дар бахши фарҳангии мизи мудаввар ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мирзоев Саъдӣ таҳти унвони «Модари ман аз табори  бениёзӣ буд…» шеърҳои эҷодкардаашро қироат намуд. Пасон, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Раҳимов Билолиддин бо ҳамроҳии шогирдаш Абдумалик таҳти унвони «Дасти дуои модар» суруду таронаҳои марғуберо пешкаши аҳли нишаст гардониданд, ки хеле таъсирбахш буданд.

Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он профессор Ҷ. Обидпур, фолклоршинос, номзади илмҳои филологӣ Д. Раҳимӣ, ходими пешбари илмӣ А. Шарипов ва дигар ходимони илмии ПИТФИ андешаҳояшонро доир ба ҳамоиш ва Рӯзи Модар иброз доштанд. Мизи мудаввар барои ҳамангон аз манфиат холӣ набуд.                            

Ифтихор Юсуфӣ

мудири шуъбаи ВАО ва

 табъу нашри ПИТФИ

барчасп: